Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


10 саволҳо аз фанни ботаника (варианти 5)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Ба гурӯҳи организмҳои автотрофӣ кадом гурӯҳи организмҳо дохил мешаванд?
А) танҳо растаниҳои гармидӯст, ки бе об зиндагӣ карда метавонанд;
В) растаниҳое, ки қобилияти мевадиҳиро надоранд;
С) тамоми растаниҳо, сианобактерияҳо (обсабзҳои кабуду сабз) ва бактерияҳои хемосинтезкунанда;
D) растаниҳое, ки энергияи (нурӯи) офтобро дӯст медоранд;

2. Дар куҷои картошка оҳар захира мешавад?
А) дар решаҳо;
В) дар эндосперми тухмаш;
С) дар баргҳояш;
D) дар даруни лундаҳо;

3. Аломати асосии синфи растаниҳои дупалла – ин доштани:
А) Доштани пӯсти ғафс;
В) Дар онҳо системаи шохаронӣ дида намешавад;
С) Системаи типи тирреша, ҷанини дорои ду тухмпалла;
D) дар фаъолияти ҳаёташон як бор гул кардан;

4. Растаниҳои пушидатухм аз растаниҳои дигар бо он фарқ мекунанд, ки:
А) онҳо мева ва тухм ҳосил мекунанд;
В) решаи онҳо то 10 метр қад мекашад;
С) онҳо қобилияти мева ҳосил карданро надоранд;
D) тамоми узвҳои растанӣ бо мӯякрешаҳо пӯшонида шудааст;

5. Навъи растаниҳо гуфта:
А) гурӯҳи растаниҳои нисбатан ҳархела ва дорои аломатҳои гуногунро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;
В) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як синфанд ва тарзи инкишофёбиашон якхелаанд;
С) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як навъи растанианд ва бо хосияти пайвандкунӣ зиёд мешаванд;
D) гурӯҳи растаниҳои нисбатан якхела ва дорои аломатҳои муайянро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;

6. Кадом узви номбаршудаи растаниҳоро мева гуфтан дуруст нест:
А) решамева ва лундаро;
В) гул ва реша;
С) муғҷа ва тухм;
D) мева ва тухм;

7. Растаниҳои алафи аз растаниҳои буттагию дарахтӣ бо доштани:
А) рангашон фарқ мекунанд;
В) баргҳои дарозрӯяашон фарқ мекунанд;
С) ранги пӯст ва миқдори паҳнияшон;
D) пояи сабзи сероб фарқ мекунанд;

8. Ҳуҷайраи растанӣ ба воситаи кадом пигмент энергияи нурҳои офтобро аз худ намуда, онро ба энергияи, бандҳои химиявӣ дар таркиби молекулаҳои пайвастагиҳои органикӣ захирашуда, табдил медиҳад?
А) крахмал;
В) сафедаҳо;
С) фотосинтез;
D) хлорофилл;

9. Ранги баланд барои гулҳои растаниҳое хос мебошад, ки онҳо:
А) қади баланд дошта дар тарафи нурҳои офтобанд;
В) ба воситаи хашарот гардолуд мешаванд;
С) хоки заминашон аз моддаҳои органикӣ бой аст;
D) решаи дароз доранд;

10. Растаниҳои дараҷаи олиро барои он ба ин ё он синф дохил мекунанд, чунки онҳо:
А) аз як синф ва оилаанд;
В) узвҳои бо ҳам монанд доранд;
С) аз ҷиҳати хосияташон (яъне соядиҳанда ва мевадиҳанда);
D) дорои типи якхелаи реша мебошанд;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.