Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


10 саволҳо аз фанни ботаника (варианти 4)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Вазифаи ситоплазма дар ҳуҷайра аз чӣ иборат аст?
А) алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар;
В) таъмин намудани органоидҳои ҳуҷайра аз моддаҳои фоидаовар;
С) қабул намудани фотосинтез аз нурҳои офтоб;
D) зиёд кардани узвҳои растанӣ;

2. Аз рӯйи аломатҳои систематикӣ (таснифотӣ) номи дуюми растаниҳои пушидатухм чигуна муаррифӣ карда шудааст?
А) растаниҳои буттагӣ;
В) растаниҳои гулдор;
С) растаниҳои якпалла;
D) растаниҳои дупалла;

3. Растаниҳои гулдор ба олами кадом намуди организмҳо дохил кардаанд?
А) ба организмҳои зинда дохил кардаанд;
В) ба организмхои ядродор дохил кардаанд;
С) ба организмҳои серҳуҷайра;
D) ба организмҳои ғайризинда;

4. Муҳитеро номбар кунед, ки барои растании дараҷаи олӣ ба сифати манбаи аз худ намудани нитрогене, ки барои онҳо аз ҷиҳати синтез намудани пайвастагии органикӣ зарур аст, баромад кунад?
А) об;
В) офтоб;
С) хок;
D) ҳаво;

5. Тассавур кунед, ки мавҷудотҳои зиндаи дар поён овардашуда ба ҳайати як занҷири ғизоӣ дохил мешаванд. Гӯед, ки кадоме аз онҳо дар занҷири ғизоӣ мавқеи аввалинро ишғол намудааст?
А) одам;
В) ҳайвонҳо;
С) растаниҳо;
D) ҳама баробаранд;

6. Вазифаи ядро дар ҳуҷайра:
А) дар рафти алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар иштирок мекунанд;
В) дар рафти нестшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд;
С) дар рафти тақсимшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд;
D) дар рафти фиристодани моддаҳо ба дигар органоидҳои ҳуҷайра иштирок мекунанд;

7. Ҷузъҳои асосии гулро номбар кунед?
А) ғӯрак ва тухмдон;
В) гардбарг ва тухмдон;
С) косабарг ва гулбарг;
D) гулбарг ва ғӯрак;

8. Навда гуфта чиро меноманд?
А) муғҷаеро меноманд, ки қобилияти навдабарориро доранд;
В) пояеро меноманд, ки дар он гулҳо мерӯянд;
С) пояеро меноманд, ки дар он муғҷаҳо ва баргҳо инкишоф меёбанд;
D) пояе, қобилияти мевадиҳиро дорад, навда меноманд;

9. Вазифаи селексионерҳо дар чист?
А) рӯёнидани навъҳои нави растаниҳо;
В) ҳифзи растанӣ аз ҳашаротҳои зараррасон;
С) инкишофи ҷузъҳои растанӣ;
D) тағйир додани шакли растанӣ;

10. Нафаскашӣ гуфта чиро меноманд?
А) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо гази карбонат аз худ мешавад ва оксиген хориҷ мегардад;
В) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо моддаҳои химиявӣ аз худ карда мешавад ва газҳои оксигену карбон хориҷ мешавад;
С) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо оксиген аз худ карда мешавад, гази карбонат хориҷ мегардад, энергия ҷудо мешавад;
D) Нафаскашӣ гуфта, сеякӣ узвҳои нафасбарорро меноманд;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.