Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


10 саволхо аз фанни ботаника (варианти 3)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Кадом намуди растанӣ тавассути лундаҳо афзоиш меёбанд?
А) себ;
B) картошка;
С) гандум;
D) меваҳои тропикӣ (банан, ананас, …);

2. Ботаника чиро меомӯзад?
А) узвҳои растаниҳоро;
В) фаъолияти ҳаёти растанӣ ва сохти берунию дарунии растаниҳоро;
С) растаниҳои нестшударо;
D) тамоми организми зиндаро;

3. Барои чӣ танаи растании дарҷаи олӣ организми том дониста шудааст?
А) барои он, ки онҳо аз хок ғизо мегиранд;
В) барои он, ки онҳо организми зиндаанд;
С) барои он, ки ҳамаи узвҳои он аз ҳуҷайра таркиб ёфтаанд;
D) танаи растании дараҷаи олӣ организми том дониста нашудааст;

4. Таснифот (систематика) – илмест, ки:
А) растаниҳои қадимаи дар вақти ҳафриёт ёфташударо меомӯзад;
В) рӯшноӣ ва ғизогирии растаниҳоро меомӯзад;
С) аломатҳои умумии гурӯҳҳои растанҳои хешро меомӯзад;
D) ба воситаи ҳайвонҳо гардолуд шудани растаниҳоро меомӯзад;

5. Растаниҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
А) ба ду гурӯҳ: якпалла ва дупалла;
В) ба ду гурӯҳ: тропикӣ ва субтропикӣ;
С) ба гурӯҳҳо тақсим намешавад;
D) ба се гурӯҳ: соядиҳанда, мевадиҳанда ва буттагӣ;

6. Тухми растаниҳои лубиёгӣ аз миқдори зиёди:
А) моддаҳои химиявӣ таркиб ёфтааст;
В) сафедаҳо таркиб ёфтааст;
С) мӯякрешаҳо таркиб ёфтааст;
D) крахмал таркиб ёфтааст;

7. Такомул (эволюсия) гуфта чиро меноманд?
А) аломатҳои умумии растанҳоро меноманд;
В) аз нав эҳё шавии қисмҳои зараровари растаниро;
С) инкишофи таърихии олами растаниҳоро меноманд;
D) вобаста ба шакл, намуд, оила ҷудо намудани растаниҳоро меноманд;

8. Дар кадом намуди организми растаниҳо, ҳуҷайраҳои гуногун вазифаҳои ҳархеларо иҷро мекунанд?
А) растаниҳои бисёрҳуҷайра;
В) растаниҳое, ки якранга нестанд;
С) растаниҳои рӯшноидӯст;
D) растаниҳои гулкунанда;

9. Тани гулсангҳо аз кадом организмҳо таркиб ёфтаанд?
А) пӯст ва мӯякчаҳо;
В) занбуруғ ва обсабз;
С) барг;
D) решачаҳои зиёдатӣ;

10. Вакуолаҳо бештар дар ҳуҷайраҳои кадом растанӣ хуб намоёнанд?
А) дар ҳуҷайраҳои растаниҳои пир ва тарбузи пӯхта;
В) дар растаниҳои тропикӣ аз ҷумла банан, ананас, афлесун ва ғ.
С) дар растаниҳои хушкшуда, ки аллакай қобилияти нестшавиро дороянд;
D) дар ҳеҷ растанӣ вакуолаҳоро хуб дида намешавад;


Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.