Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


10 саволхо аз фанни ботаника (варианти 1)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Афзоиши растаниҳо дар чӣ мебошад?
А) дар зиёдшавии микдори баргҳои растаниҳо мебошад;
В) дар зиёд шудани ҳуҷайра дар таркиби растаниҳо;
С) дар нест кардани растаниҳои зараровар мебошад;
D) дар тағйирёбии обу ҳаво мебошад;

2. Пардаи тунуки пиёзро барои он бофта меноманд, ки он:
А) хеле тунук аст;
В) аз ҳуҷайраҳои аз ҷиҳати сохт якхела ва иҷрокунандаи вазифаи муҳофизатӣ иборат мебошад;
С) дар таркибаш равғани эфир дорад;
D) аз якчанд қабат иборат аст;

3. Кадоме аз узвҳои номбаршуда қисми навдаи тани растаниҳоро ташкил медиҳанд?
А) реша ва баргҳо;
В) муғҷа ва баргҳо;
С) пӯст;
D) гул;

4. Мева аз чӣ ташаккул меёбад?
А) аз муғҷаҳои калон ташаккул меёбад;
В) аз танаи навда ташаккул меёбад;
С) аз ғураи тухмдон ташаккул меёбад;
D) аз витаминҳои организми растанӣ;

5. Мева аз тухмҳои дорои патҳои сафед, парашутчаҳо ва болҳо ба воситаи:
А) ба воситаи ҳашаротҳо паҳн мешаванд;
В) ба воситаи барфу борон паҳн мешаванд;
С) ба воситаи шамол (бод) паҳн мешаванд;
D) ба воситаи растаниҳои атроф паҳн мешаванд;

6. Лунда – ин:
А) муғҷаҳои калони сабз ба шумор меравад;
В) шакли дигаргуншудаи навда ба шумор меравад;
С) баргҳои лундашакли хурд ба шумор меравад;
D) гули растанӣ ба шумор меравад;

7. Лундачаҳое, ки хокро хосилхез мегардонанд, дар кадоме аз оилаҳои номбаршуда ҳосил мешаванд?
А) дар настаранҳо ҳосил мешаванд;
В) дар лубиёгиҳо ҳосил мешаванд;
С) дар буттаҳо ҳосил мешаванд;
D) дар растаниҳои якпалла ҳосил мешаванд;

8. Муғча – ин:
А) ҳуҷайраҳои пухтаи растанӣ мебошад;
В) навдаи ҳанӯз инкишофёфтаи ҷанинӣ мебошад;
С) меваи инкишофнаёфта мебошад;
D) навдаи хушкшуда аст;

9. Аввалин ихтироъкори микроскоп кист ва он микроскоп ашёро чанд маротиба калон нишон медод?
А) Ч. Дарвин, 150 маротиба;
В) А. Арасту, 270 маротиба;
С) А. Сино, 300 маротиба;
D) А. Левенгук, 270 маротиба;

10. Нуқтаи сабзиши муғҷа аз чӣ иборат аст?
А) аз бофтаи бавучудоваранда,(хосилкунанда) иборат аст;
В) аз бофтаи мевадиҳанда иборат аст;
С) аз бофтаи сабзиш иборат аст;
D) аз бофтаи муғҷабарор;


Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.