Пятница, Июль 19Вместе создадим светлое будущее!


50 саволҳо аз фанни ботаника

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Афзоиши растаниҳо дар чӣ мебошад?
А) дар зиёдшавии микдори баргҳои растаниҳо мебошад;
В) дар зиёд шудани ҳуҷайра дар таркиби растаниҳо;
С) дар нест кардани растаниҳои зараровар мебошад;
D) дар тағйирёбии обу ҳаво мебошад;

2. Пардаи тунуки пиёзро барои он бофта меноманд, ки он:
А) хеле тунук аст;
В) аз ҳуҷайраҳои аз ҷиҳати сохт якхела ва иҷрокунандаи вазифаи муҳофизатӣ иборат мебошад;
С) дар таркибаш равғани эфир дорад;
D) аз якчанд қабат иборат аст;

3. Кадоме аз узвҳои номбаршуда қисми навдаи тани растаниҳоро ташкил медиҳанд?
А) реша ва баргҳо;
В) муғҷа ва баргҳо;
С) пӯст;
D) гул;

4. Мева аз чӣ ташаккул меёбад?
А) аз муғҷаҳои калон ташаккул меёбад;
В) аз танаи навда ташаккул меёбад;
С) аз ғураи тухмдон ташаккул меёбад;
D) аз витаминҳои организми растанӣ;

5. Мева аз тухмҳои дорои патҳои сафед, парашутчаҳо ва болҳо ба воситаи:
А) ба воситаи ҳашаротҳо паҳн мешаванд;
В) ба воситаи барфу борон паҳн мешаванд;
С) ба воситаи шамол (бод) паҳн мешаванд;
D) ба воситаи растаниҳои атроф паҳн мешаванд;

6. Лунда – ин:
А) муғҷаҳои калони сабз ба шумор меравад;
В) шакли дигаргуншудаи навда ба шумор меравад;
С) баргҳои лундашакли хурд ба шумор меравад;
D) гули растанӣ ба шумор меравад;

7. Лундачаҳое, ки хокро хосилхез мегардонанд, дар кадоме аз оилаҳои номбаршуда ҳосил мешаванд?
А) дар настаранҳо ҳосил мешаванд;
В) дар лубиёгиҳо ҳосил мешаванд;
С) дар буттаҳо ҳосил мешаванд;
D) дар растаниҳои якпалла ҳосил мешаванд;

8. Муғча – ин:
А) ҳуҷайраҳои пухтаи растанӣ мебошад;
В) навдаи ҳанӯз инкишофёфтаи ҷанинӣ мебошад;
С) меваи инкишофнаёфта мебошад;
D) навдаи хушкшуда аст;

9. Аввалин ихтироъкори микроскоп кист ва он микроскоп ашёро чанд маротиба калон нишон медод?
А) Ч. Дарвин, 150 маротиба;
В) А. Арасту, 270 маротиба;
С) А. Сино, 300 маротиба;
D) А. Левенгук, 270 маротиба;

10. Нуқтаи сабзиши муғҷа аз чӣ иборат аст?
А) аз бофтаи бавучудоваранда,(хосилкунанда) иборат аст;
В) аз бофтаи мевадиҳанда иборат аст;
С) аз бофтаи сабзиш иборат аст;
D) аз бофтаи муғҷабарор;

11. Вазифаи пояи растаниҳо дар чист?
А) хокро нарм ва ҳосилхез мекунанд;
В) моддаҳои химиявиро нест карда моддаҳои органикиро ба растанӣ мефиристонанд;
С) маҳлули модаҳои ғизоиро мегузаронанд, моддаҳои органикиро ҳосил мекунанд;
D) растаниро аз ҳашаротҳои дар зери хок буда эмин медоранд;

12. Кадом узви растаниро гул меноманд?
А) узви генеративии растаниро;
В) узви хромотофории растаниро;
С) узви бордоршавандаи растаниро;
D) узви сапрофитии растаниро;

13. Барои аксариятҳои биогеосензҳои табиӣ ба сифати манбаи энергия чӣ баромад мекунад?
А) поя;
В) барг;
С) хлорофилл;
D) мӯякрешаҳо;

14. Барои чӣ занбурӯғхо кобилияти гузаронидани раванди фотосинтезро доро нестанд?
А) чунки онҳо фотосинтезро қабул наменамоянд;
В) чунки онҳо хлорофил надоранд;
С) чунки дар ҳуҷайраи онҳо вакуола вуҷуд надорад;
D) чунки нури офтоб ба онҳо намерасад;

15. Сохти ҳуҷайравии тамоми растаниҳо чиро тасдиқ мекунанд?
А) пайдоиши онҳоро аз пешгузаштагони умумиро тасдиқ мекунанд;
В) ранги сабзашонро тасдиқ мекунанд;
С) ҷиҳати сохт ва шаклашонро;
D) макони сабзишро тасдиқ мекунанд;

16. Санавбар барои чӣ дар чангалзор табақаи болоиро ишғол намудааст?
А) чунки пояи дароз дорад;
В) чунки иқлими хушкиро дӯст медорад;
С) чунки равшанидӯст аст;
D) чунки дар онҳо барг намесабзад;

17. Ситоплазма дар ҳуҷайра чиро таъмин менамояд?
А) ранги гуногунро вобаста ба иқлимро таъмин менамояд;
В) ҳифзи қисмҳои дигари ҳуҷайраро таъмин менамояд;
С) аз пӯсидан ва нест шудани организм эмин медорад;
D) алоқамандии қисмҳои гуногуни ҳуҷайраро таъмин менамояд;

18. Кадоме аз шохаҳои илми биология сохти растаниҳоро меомӯзад?
А) Зоология;
В) Экология;
С) Ботаника;
D) Биологияи умумӣ;

19. Системаи реша таркиб ёфтааст аз:
А) аз мӯякрешаҳо;
В) аз патакрешаҳо;
С) аз тиррешаҳо;
D) аз тамоми хелҳои решаҳои растанӣ;

20. Тухм аз чӣ таркиб ёфтааст?
А) аз ҳуҷайраҳои нав инкишофёфта;
В) аз реша, поя, барг ва гул;
С) аз ҷанин ва моддаҳои ғизоӣ таркиб ёфтааст;
D) аз моддаҳои органикӣ;

21. Кадом намуди растанӣ тавассути лундаҳо афзоиш меёбанд?
А) себ;
B) картошка;
С) гандум;
D) меваҳои тропикӣ (банан, ананас, …);

22. Ботаника чиро меомӯзад?
А) узвҳои растаниҳоро;
В) фаъолияти ҳаёти растанӣ ва сохти берунию дарунии растаниҳоро;
С) растаниҳои нестшударо;
D) тамоми организми зиндаро;

23. Барои чӣ танаи растании дарҷаи олӣ организми том дониста шудааст?
А) барои он, ки онҳо аз хок ғизо мегиранд;
В) барои он, ки онҳо организми зиндаанд;
С) барои он, ки ҳамаи узвҳои он аз ҳуҷайра таркиб ёфтаанд;
D) танаи растании дараҷаи олӣ организми том дониста нашудааст;

24. Таснифот (систематика) – илмест, ки:
А) растаниҳои қадимаи дар вақти ҳафриёт ёфташударо меомӯзад;
В) рӯшноӣ ва ғизогирии растаниҳоро меомӯзад;
С) аломатҳои умумии гурӯҳҳои растанҳои хешро меомӯзад;
D) ба воситаи ҳайвонҳо гардолуд шудани растаниҳоро меомӯзад;

25. Растаниҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
А) ба ду гурӯҳ: якпалла ва дупалла;
В) ба ду гурӯҳ: тропикӣ ва субтропикӣ;
С) ба гурӯҳҳо тақсим намешавад;
D) ба се гурӯҳ: соядиҳанда, мевадиҳанда ва буттагӣ;

26. Тухми растаниҳои лубиёгӣ аз миқдори зиёди:
А) моддаҳои химиявӣ таркиб ёфтааст;
В) сафедаҳо таркиб ёфтааст;
С) мӯякрешаҳо таркиб ёфтааст;
D) крахмал таркиб ёфтааст;

27. Такомул (эволюсия) гуфта чиро меноманд?
А) аломатҳои умумии растанҳоро меноманд;
В) аз нав эҳё шавии қисмҳои зараровари растаниро;
С) инкишофи таърихии олами растаниҳоро меноманд;
D) вобаста ба шакл, намуд, оила ҷудо намудани растаниҳоро меноманд;

28. Дар кадом намуди организми растаниҳо, ҳуҷайраҳои гуногун вазифаҳои ҳархеларо иҷро мекунанд?
А) растаниҳои бисёрҳуҷайра;
В) растаниҳое, ки якранга нестанд;
С) растаниҳои рӯшноидӯст;
D) растаниҳои гулкунанда;

29. Тани гулсангҳо аз кадом организмҳо таркиб ёфтаанд?
А) пӯст ва мӯякчаҳо;
В) занбуруғ ва обсабз;
С) барг;
D) решачаҳои зиёдатӣ;

30. Вакуолаҳо бештар дар ҳуҷайраҳои кадом растанӣ хуб намоёнанд?
А) дар ҳуҷайраҳои растаниҳои пир ва тарбузи пӯхта;
В) дар растаниҳои тропикӣ аз ҷумла банан, ананас, афлесун ва ғ.
С) дар растаниҳои хушкшуда, ки аллакай қобилияти нестшавиро дороянд;
D) дар ҳеҷ растанӣ вакуолаҳоро хуб дида намешавад;

31. Вазифаи ситоплазма дар ҳуҷайра аз чӣ иборат аст?
А) алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар;
В) таъмин намудани органоидҳои ҳуҷайра аз моддаҳои фоидаовар;
С) қабул намудани фотосинтез аз нурҳои офтоб;
D) зиёд кардани узвҳои растанӣ;

32. Аз рӯйи аломатҳои систематикӣ (таснифотӣ) номи дуюми растаниҳои пушидатухм чигуна муаррифӣ карда шудааст?
А) растаниҳои буттагӣ;
В) растаниҳои гулдор;
С) растаниҳои якпалла;
D) растаниҳои дупалла;

33. Растаниҳои гулдор ба олами кадом намуди организмҳо дохил кардаанд?
А) ба организмҳои зинда дохил кардаанд;
В) ба организмхои ядродор дохил кардаанд;
С) ба организмҳои серҳуҷайра;
D) ба организмҳои ғайризинда;

34. Муҳитеро номбар кунед, ки барои растании дараҷаи олӣ ба сифати манбаи аз худ намудани нитрогене, ки барои онҳо аз ҷиҳати синтез намудани пайвастагии органикӣ зарур аст, баромад кунад?
А) об;
В) офтоб;
С) хок;
D) ҳаво;

35. Тассавур кунед, ки мавҷудотҳои зиндаи дар поён овардашуда ба ҳайати як занҷири ғизоӣ дохил мешаванд. Гӯед, ки кадоме аз онҳо дар занҷири ғизоӣ мавқеи аввалинро ишғол намудааст?
А) одам;
В) ҳайвонҳо;
С) растаниҳо;
D) ҳама баробаранд;

36. Вазифаи ядро дар ҳуҷайра:
А) дар рафти алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар иштирок мекунанд;
В) дар рафти нестшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд;
С) дар рафти тақсимшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд;
D) дар рафти фиристодани моддаҳо ба дигар органоидҳои ҳуҷайра иштирок мекунанд;

37. Ҷузъҳои асосии гулро номбар кунед?
А) ғӯрак ва тухмдон;
В) гардбарг ва тухмдон;
С) косабарг ва гулбарг;
D) гулбарг ва ғӯрак;

38. Навда гуфта чиро меноманд?
А) муғҷаеро меноманд, ки қобилияти навдабарориро доранд;
В) пояеро меноманд, ки дар он гулҳо мерӯянд;
С) пояеро меноманд, ки дар он муғҷаҳо ва баргҳо инкишоф меёбанд;
D) пояе, қобилияти мевадиҳиро дорад, навда меноманд;

39. Вазифаи селексионерҳо дар чист?
А) рӯёнидани навъҳои нави растаниҳо;
В) ҳифзи растанӣ аз ҳашаротҳои зараррасон;
С) инкишофи ҷузъҳои растанӣ;
D) тағйир додани шакли растанӣ;

40. Нафаскашӣ гуфта чиро меноманд?
А) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо гази карбонат аз худ мешавад ва оксиген хориҷ мегардад;
В) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо моддаҳои химиявӣ аз худ карда мешавад ва газҳои оксигену карбон хориҷ мешавад;
С) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо оксиген аз худ карда мешавад, гази карбонат хориҷ мегардад, энергия ҷудо мешавад;
D) Нафаскашӣ гуфта, сеякӣ узвҳои нафасбарорро меноманд;

41. Ба гурӯҳи организмҳои автотрофӣ кадом гурӯҳи организмҳо дохил мешаванд?
А) танҳо растаниҳои гармидӯст, ки бе об зиндагӣ карда метавонанд;
В) растаниҳое, ки қобилияти мевадиҳиро надоранд;
С) тамоми растаниҳо, сианобактерияҳо (обсабзҳои кабуду сабз) ва бактерияҳои хемосинтезкунанда;
D) растаниҳое, ки энергияи (нурӯи) офтобро дӯст медоранд;

42. Дар куҷои картошка оҳар захира мешавад?
А) дар решаҳо;
В) дар эндосперми тухмаш;
С) дар баргҳояш;
D) дар даруни лундаҳо;

43. Аломати асосии синфи растаниҳои дупалла – ин доштани:
А) Доштани пӯсти ғафс;
В) Дар онҳо системаи шохаронӣ дида намешавад;
С) Системаи типи тирреша, ҷанини дорои ду тухмпалла;
D) дар фаъолияти ҳаёташон як бор гул кардан;

44. Растаниҳои пушидатухм аз растаниҳои дигар бо он фарқ мекунанд, ки:
А) онҳо мева ва тухм ҳосил мекунанд;
В) решаи онҳо то 10 метр қад мекашад;
С) онҳо қобилияти мева ҳосил карданро надоранд;
D) тамоми узвҳои растанӣ бо мӯякрешаҳо пӯшонида шудааст;

45. Навъи растаниҳо гуфта:
А) гурӯҳи растаниҳои нисбатан ҳархела ва дорои аломатҳои гуногунро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;
В) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як синфанд ва тарзи инкишофёбиашон якхелаанд;
С) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як навъи растанианд ва бо хосияти пайвандкунӣ зиёд мешаванд;
D) гурӯҳи растаниҳои нисбатан якхела ва дорои аломатҳои муайянро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;

46. Кадом узви номбаршудаи растаниҳоро мева гуфтан дуруст нест:
А) решамева ва лундаро;
В) гул ва реша;
С) муғҷа ва тухм;
D) мева ва тухм;

47. Растаниҳои алафи аз растаниҳои буттагию дарахтӣ бо доштани:
А) рангашон фарқ мекунанд;
В) баргҳои дарозрӯяашон фарқ мекунанд;
С) ранги пӯст ва миқдори паҳнияшон;
D) пояи сабзи сероб фарқ мекунанд;

48. Ҳуҷайраи растанӣ ба воситаи кадом пигмент энергияи нурҳои офтобро аз худ намуда, онро ба энергияи, бандҳои химиявӣ дар таркиби молекулаҳои пайвастагиҳои органикӣ захирашуда, табдил медиҳад?
А) крахмал;
В) сафедаҳо;
С) фотосинтез;
D) хлорофилл;

49. Ранги баланд барои гулҳои растаниҳое хос мебошад, ки онҳо:
А) қади баланд дошта дар тарафи нурҳои офтобанд;
В) ба воситаи хашарот гардолуд мешаванд;
С) хоки заминашон аз моддаҳои органикӣ бой аст;
D) решаи дароз доранд;

50. Растаниҳои дараҷаи олиро барои он ба ин ё он синф дохил мекунанд, чунки онҳо:
А) аз як синф ва оилаанд;
В) узвҳои бо ҳам монанд доранд;
С) аз ҷиҳати хосияташон (яъне соядиҳанда ва мевадиҳанда);
D) дорои типи якхелаи реша мебошанд;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.