Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Биосфера – қисми таркибии биогеография

Организмхое, ки дар сайёраи мо маскун ва дар қишри Замин ҷойгир шудаанд биосфера ном дорад. Мафхуми биосфераро соли 1875 олими австриягӣ Э. Зюсс ба илм дохил кард. Илми мунтазамро дар бораи биосфера олими рус В.И.Вернадский инкишоф дод ва ба ибтидои омӯхтани геокимиёвӣ ӯ асос гузошт.Нақша:
1. Таълимоти В.И.Вернадский дар бораи биосфера
2. Функсияи моддахои зинда дар биосфера-энергетикӣ ва мухитхосилкунӣ. Продутсентхо, консументхо ва редутсентхо.
3. Роли организмхо дар гардиши элементхои асосӣ кимиёвӣ дар биосфера.

Таълимоти В.И.Вернадский дар бораи биосфера
Организмхое, ки дар сайёраи мо маскун ва дар қишри Замин ҷойгир шудаанд биосфера ном дорад. Мафхуми биосфераро соли 1875 олими австриягӣ Э. Зюсс ба илм дохил кард. Илми мунтазамро дар бораи биосфера олими рус В.И.Вернадский инкишоф дод ва ба ибтидои омӯхтани геокимиёвӣ ӯ асос гузошт.
1.Биосфера-қишри Замин, ки маҷмӯаи организмхои бошандаи Замин ишщол кардааст. Ин қишр дарбар мегирад: 1) қисми поёнии қабати хавоӣ (атмосфера), ки тропосфера ном дорад, хаёт то баландии 10-15 км мавҷуд шуда метавонад. Хаёти ором то баландии зиёда аз 20 км хам гузаштанаш мумкин аст; 2) хамаи қабати обӣ (гидросфера), дар он хаёт то чуқурии калони укёнуси ҷахон зиёда аз 11 км мерасад; 3) қисми болоӣ қабати сахт (литосфера)-қишри бодхӯрдашуда, ки одатан щафсӣ 30-60, баъзан 100-200 м ва зиёдтар дорад. Берун аз қишри бодхӯрдашуда хаёт дар холатхои алохида ёфт мешавад. Масалан; солхои охир дар чуқурии зиёда аз 4500 м, дар обхои нафтдор микроорганизмхо ёфт шудааст. Агар ба биосфера, қабатхои болоӣ атмосфераро дохил кунем, худуди ӯ аз рӯи самти амудӣ 25-40 км-ро ташкил мекунад.
В.И.Вернадский нишон дод, ки дар зери биосфера қабати ҷинсхои тахшинӣ мехобад, ки щафсиаш 5-6 км. Ин қабатро вай стратосфера номид. Стратосфераро биосфера хосил кардааст, чунки дар хосилшавии ҷинсхои тахшинӣ организмхо роли бузургро мебозанд. Ин ҷинсхо дар қабати обии Замин-гидросфера пайдо мешаванд.Хамин тавр, офарандаи асосӣ стратосфера-организмхо, об, шамол мебошанд, ки баъди аз сатхи об бардошташавии ҷинсхои тахшинӣ онхоро аз нав кор мекунанд ва ҷой иваз мекунонанд.
Қабати бетанаффуси моддахои зинда, чи тавре, ки ӯро В.И.Вернадский хамин тавр номид, қабати обро ишщол мекунад ва чун тасмаи борик қад-қади худуди литосфера ва тропосфера тӯл мекашад, ки хок, зери хокро бо решахои растанихо, замбӯрущхо, микроорганизмхо ва хайвоноти хокӣ ва тропосфераи болои хокиро, ки дар он қисми болои заминӣ растанихо ҷойгир аст, дарбар мегирад. Ин қабатро В.Б.Сочава (1944) фитосфера, Е.М.Лавренко (1949) фитогеосфера номид, чунки дар он ҷамъоварии асосӣ энергия растанихо мебошанд. Щафсии фитосфера фақат дар уқёнусхо бузург ва зиёда аз 11 км, дар хушкӣ якчанд ё даҳҳо метр, фақат дар регионхои алохида то 100-150 м мерасад. Дар литосфера ва гидросфера, инчунин дар сархади бо тропосфера организмхо хамаи сикли инкишофро иҷро мекунанд, дар тропосфера мавҷудоти зинда фақат муваққатан вуҷуд дошта метавонанд, чунки баъзе функсияхо, масалан, зиёдшави дар ин ҷо иҷро намешавад.

Функсияи моддахои зинда дар биосфера-энергетикӣ ва мухитхосилкунӣ. Мафхум дар бораи продутсентхо, консументхо ва редутсентхо.
Барои биосфера на фақат хозир будани моддаи зинда хос аст. Ба фикри Д.Хатчисон (1972) ӯ инчунин дорои се хосияти зерин аст: 1) дар он миқдори зиёди оби моеъ мавҷуд; 2) ба ӯ энергияи пуршиддати шуоъи офтоб меафканад; 3) дар биосфера сатхи таксимшавии байни моддахо вуҷуд дорад, ки дар се фаза-сахт, моеъ ва газмонанд мавҷуданд. Вобаста аз ин барои биосфера бетанаффус даврзании моддахо ва энергия хос аст, ки дар он организмхо роли фаъол мебозанд.
Хисоби аниқи миқдори моддахои зинда дар биосфера набошад хам андозаи тахминии ӯ маълум аст. Биомассаи растанихо аз биомассаи хайвонот хеле зиёд ва аз рӯи як маълумотхо 1019г., дигархо -1019-1021г, биомассаи хайвонот бошад, аз рӯи як маълумотхо 1016г., дигархо аз биомассаи растанихо 4-5 дараҷа кам аст.
Аз рӯи ҳисобҳои И.А.Суетова (1974) ҳамаи моддаи зиндаи хушкӣ 6,4•1018г,моддаи зиндаи уқёнус 29,9* 10 гр. Ҳамин тавр биомассаи уқёнус аз биомассаи хушкӣ тахминан ба се дараҷа кам аст. Аз рӯи ҳисобҳои И.А.Суетова дар хушкӣ биомассаи растаниҳо 6,4•1018г, биомасаи ҳайвонҳо 0,006• 1018г, дар уқёнусҳо бошд биомасаи растаниҳо 1,1*1015гр, биомассаи ҳайвонҳо28,8*1015гр. Ҳамин тавр дар хушкӣ биомассаи растаниҳо аз биомассаи ҳайвонҳо тахминан се дараҷа зиёд, дар уқёнусҳо бошад биомассаи ҳайвонҳо аз биомассаи растаниҳо 28 маротиба зиёд аст.
Ҷамъшавии хеле зиёди биомасса дар хушкӣ, дар беша мушохида мешавад, ки ба онхо 1017-1018г. Рост меояд. Биомассаи набототи алафӣ кураи Замин 5-10 маротиба камтар аз биомассаи набототи бешахо аст.
Хамаи ҷараёни энергияи офтобӣ дар худуди болоӣ атмосфера ба хисоби миёна 700 ккал/см2 дар шабу рӯз ташкил мекунад. Наздик 55 ккал/см2дар як сол қисми намоёни спекир ба сатхи Замин мерасад ва аз ҷониби организмхо истифода мешавад. Қобилияти ҷамъкунии энергияи шуоъи офтобро дар моддахои органикӣ, махсулнокӣ организмхои зинда меноманд. Фарқ мекунанд: 1)ҷамъи маҳсулоти ибтидоӣ- миқдори умумии моддаи органикӣ ё энергияи дар ӯ вобаста, ки одатан ба 1м² дар як сол ҳисоб карда мешавад. Қисми асосии ин маҳсулотро маҳсулоти растаниҳои хлорофилдор ташкил мекунад. Маҳсулоте,уъки дар натиҷаи хемосинтези бактерияҳо гирифта мешавад роли хеле хурдро мебозад;
2) маҳсулоти ибтидоӣ тоза – миқдори моддаҳои органикӣ ё энергияи дар он вобаста, ки ба нафасгирӣ истифода мешавад аз ҳисоб бароврда шудааст;
3)маҳсулоти такрорӣ (дубора)- маҳсулоти организмҳои истеъмолкунанда ё аз нав коркарди биомасса, дар натиҷаи маҳсулоти ибтидоӣ гирифта шудааст, яъне моддаҳои ҳайвонҳо ва спораҳо- итеъмолкунандаҳои моддаҳои органики мурда. Аз рӯи ҳисобҳои Р.Уиттекер(1980) маҳсулоти умумии тоза дар курраи Замин 1,7•10¹7г/сол, яъне тахминан 11 маротиба камтар аз биомассаи ҷамъбасти.Маҳсулоти ҳайвонҳо 3,9•10¹² г/сол, дар биомассаи онҳо 2,0•10¹² , яъне аз биомасса камтар зиёд.
Дар аз нав хосилкунии ва аз нав коркунии махсулот роли гуруххои гуногуни организмхо хархела аст. Се гурухи асосӣ организмхоро ҷудо мекунанд: продутсентхо-растанихои сабз-фотосинтезро иҷро мекунанд ва бактерияхо-хемосинтезро иҷро мекунанд, яъне организмхое, ки махсулоти ибтидоиро медиханд; консументхо-организмхои махсулоти ибтидоиро ё дубораро истеъмолкунандахо, яъне моддахои органики тайёрро истеъмол мекунанд ва ба шаклхои дигари моддаи органикӣ табдил медиханд (хайвонот, растанихои паразитӣ ва щ); редутсентхо (деструкторхо)-организмхои аз хисоби моддахои органикӣ мурда хаёт мебаранд ва онхоро то моддахои минералӣ вайрон мекунанд (бактерияхои зиёд, замбӯрущхо ва хайвоноти соддатарин)
Дар навбати худ консументхо ба 3 зергурух таксим мешавад: консументхои дараҷаи якум-организмхои алафхӯр, фитофагхо, истеъмолкунандахои моддахои органикӣ, ки растанихо медиханд; консументхои дараҷаи дуюм-дарандахо ва паразитхо бо организмхои алафхӯр щизокунанда; консументхои дараҷаи сеюм-дарандахо ва паразитхо бо хайвонхои даранда ва паразит щизокунанда; намояндахои ду зергурӯхи охирин зоофагхо номида мешаванд. Ин тақсимот то дараҷае шартӣ мебошад, шумораи зиёди хайвонот мавчуд, ки эврифаг мебошанд, ки хам бо растанихо, хам бо хайвонхо щизо мекунанд. Чӣ тавре, ки М.С.Гиляров (1966) нишон медихад, хайвонхо на фақат моддахои органикиро аз як намуд ба дигар табдил медиханд, инчунин миқдори зиёди минералхоро ё моддахои зуд минералшавандаро ҷудо мекунанд, яъне на фақат консументхо, инчунин як дараҷа редутсент хам мебошанд. Ивазшавии моддахо, ки дар табиат рӯй медихад фақат бо иштироки намояндахои хар 3 гурух имконпазир,аст: бе продусентҳо ҳаёт имконнопазир аст, чунки факат онхо асоси хаёт-махсулоти моддахои органикӣ ибтидоиро истехсол мекунанд; консументхои дараҷаи гуногун махсулоти ибтидоӣ ва дубораро истеъмол карда, моддахои органикиро аз як намуд ба дигар табдил дода, ба зиёдшавии шаклхои хаёт дар Замин мусоидат мекунанд; редутсентхо моддахои органикиро то минералхо пусонида сайёраамонро ба қабристони бузурги мурдахо табдил ёфтан рох намедиханд.
В.И.Вернадский (1934) маълумотҳоро дар бораи имконияти бузурги организмҳоро,нисбати зиёдшавии массаимоддаи органикӣ дар шароити мусоид меорад. Масалан, як ҳуҷайраи обсабзи диатом бемонеа зиёд шуда, дар давомим 8 рӯз моддаҳоро дода метавонад, ки аз рӯи ҳаҷм баробар ба ҳаҷми сайёраамон ва дар давоми 2 соати минбаъда ин массаро ду маротиба зиёд кунад. Инфузорияи оддӣ дар 5 сол миқдори моддаи органикиро дода метавонад, ки аз ҳаҷми Замин 104 маротиба зиёд. Як ҳуҷайраи бактерия, ки вазни 1•10ˉ¹¹ -1•10¹°г дорад, дар давоми 3 шабу рӯз массаи моддаи зиёдшавии зиёда аз 1,4•10¹7 дода метавонад, яъне наздик
ба массаи ҳамаи бошандаҳои биосфера. Чӣ тавре, ки В.И.Вернадский нишон медиҳад: агар бактерия дар давоми аз ¼ қисми шабу рӯзи сайёраамонро рӯйпӯш кунад, организмҳои суст зиёдшаванда- фили ҳиндӣ инро дар давоми 3000-2500 сол метавонад; суръати додани энергияи геокимиёвӣ барои ҳаёти бактерия тахминан ба 33000 см/сон баробар, яъне ба суръати мавҷи садо наздик, барои фил наздик 10ˉ²см/сон. Барои беҳудуд тақсимоти геологӣ ҳаёти заминӣ самаронокии (фоида) геокимиёвӣ ҳарду – фил ва бактерия як хел мебошад. Организми аз ҳама суст зиёдшаванда қувваи бузурги иваздиҳии муҳити атроф мебошад, чун зиёдшавандаи босуръат.
Аммо ин имкониятҳо аз сабаби ба сини калон нарасида маҳв мешавад. Бинобар ин массаи моддаҳои зинда бо суръати назариявӣ ҳисоб карда шуда зиёд намешавад, чунки қисми зиёди онҳо маҳв мешаванд, мепӯсанд ва ба пайвастагиҳои минералӣ табдил меёбад, яъне ба даврзанӣ ҷалб мешавад ва суръти ӯро суръатнок мегардонад. Манбаи хамаи ҷараёнхои ибтидоӣ, ки дар Замин мегузарад Офтоб мебошад. Ҷараёнхои асосӣ, ки дар натиҷа моддахои органикии (карбогидридҳо, углеводҳо) синтез мешавад- ҷараёни фотосинтезро растанихои пигменти сабз-хлорофил дошта, дар рӯшноӣ иҷро мекунанд.
Реаксияи умумигардонидашудаи фотосинтез бо формулаи зерин ифода мешавад: 6СО2+6Н2О+674000 калӯС6Н12О6+6О2
Дар хакикат бошад, ҷараёни фотосинтез-занҷири реаксияхои мураккабтарин мебошад.
Карбогидридхо, ки дар натиҷаи ин реаксия аз гази карбон ва об хосил мешавад, баъд ба моддахои органикӣ гуногун, то аз хама мураккабтарин-сафедахо табдил меёбад.
Дар ҷараёни фотосинтез растанихои хлорофилдор, дар як вакт бо ҷамъкунии моддахои органикӣ, энергияи офтобро фурӯ бурда, як кадар вақт онро дар биосфера нигох медорад. Консументхо моддахои органикӣ аз растанихо гирифтаро табдил дода, якҷоя бо ин моддахо энергияро низ фурӯ мебаранд, дар ҷараёни фаъолияти редутсентхо дар пӯсонидан ва минералноккунии моддахои органикӣ мафхшуда энергия озод мешавад. Дар канданихои фоиданок, ки каустобиолитхо (ангишт, торф, нафт ва щ.) ном дорад, энергияи Офтоб дар холати мавқуф вақти зиёд нигох дошта мешавад.(рас. 3)
Энергия аз кайхон ба биосфера гузашта бо ёрии растанихо на фақат дар худи растанихо, балки дар хайвонот, хок, қабатхои хавоӣ назди Замин ва об ҷамъ мешаванд.
Бинобар ин дар биосфера бо воситаи фаъолияти организмҳо дар навбати аввал растаниҳои хлорофилдор, ҷараёни бузурги ҷамшавии захираҳои энергия меравад, ки ба сустшавии ҷараёни энергия, яъне парокандашавии энергия ба фазои кайҳонӣ меорад.
Баъзе организмхо барои сохтани моддахои органикӣ энергияи офтобро истифода накарда, энергияро, ки дар ҷараёни реаксияи оксидшавии ҷудошавандаро истифода мебаранд. Ин ҷараён хемосинтез номида мешавад ва дар ҷамъшавии моддахои органикӣ роли хеле хурдро мебозанд. Дар он баъзе гурӯххои бактерияхо иштирок мекунанд, ки барои онхо оксидшавии минералхо нафасгириро иваз мекунад.
Даврзании энергия бо даврзании моддахо вобаста аст. Фарқ мекунанд: даврзании хурди (биологии) моддахо, ки байни организмхо ва хок дар хушкӣ ва байни организмхо ва об дар гидросфера рӯй медихад ва даврзании калон (геологии), ки байни хушкӣ ва укёнуси ҷахон рӯй медихад.
Дар ҷараёни гардиши хурд дар хушкӣ растанихо моддахои газмонанд ва минералхои дар об махлулшударо фурӯ мебаранд, дар навбати аввал гази карбонро ба моддахои органикӣ, қисман ба дигар моддахои минералӣ табдил медиханд. Дар ҷараёни нафасгирӣ аз хисоби оксидшавии бофтаи худ растанихо қисми гази карбонро ба тропосфера бармегардонад. Қисми зиёди моддахои органикӣ бо воситаи организмхои консументхо ва редутсентхо такро ба такрор ба хок, об, хаво гузашта мепӯсад ва минерал мешавад.
Дар гидросфера даврзании хурди моддахо мавҷуд, ки қисми зиёди намакхо ва газхои дар об махлулшударо дарбар мегирад. Дар ин даврзанӣ роли асосиро обсабзхои хлорофилдор мебозад. Ин растанихо фитопланктон ном доранд. Онхо ба зоопланктон озуқа мебошанд-дар навбати худ онхо ба нектонхо озуқа мебошанд, инчунин барои зообентос. Дар ин даврзании фитобентос низ роли худро мебозад. Дар даврзании укёнусӣ растанихо ва хайвонот махв шуда, пӯсида ва минерал шуда, қисман моддахои дар об махлулшударо пурра мегардонанд, қисман тахшинихо хосил мекунанд. Даврзанихои хурд бо хамдигар зич вобаста буда, дар доираи даврзании калон мегузарад. Даврзании калон ҳамаи биосфераро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни даврзании калон моддахо аз хушкӣ ба укёнус бо дарёхо, бод оварда мешаванд, дар уқёнусхо газхои атмосферӣ махлул мешавад, дар натиҷаи харакатхои тектоникӣ, тахшинихои бахрӣ ба хушкӣ мебароянд, қисми хушкӣ ба зери бахрхо мефароянд.

Роли организмхо дар даврзании элементхои асосӣ кимиёвӣ дар биосфера.
Гардиши модда дар Замин азгардиши элементхои кимиёвӣ алохида ташкил меёбанд: Даврзании карбон – яке аз ҷараёнхои хамаҷониба фарогир дар биосфера мебошад. Дар омехтаи мураккаби пайвастагихои кимиёвӣ биосфера, карбон роли барандаро дорад. Пайвастагихои карбон доимо пайдо, тащйир ва вайрон мешавад. Рохи асосии карбон-аз гази турши карбон ба моддаи зинда ва баръакс аз моддаи зинда ба гази турши карбон. Дар ин холат қисми карбон аз даврзанӣ хориҷ шуда, дар тахшинхои уқёнус ё дар намуди канданихои фоиданоки сӯзишворӣ пайдоиши органикӣ дошта мавқуф мегардад.
Ҷараёни мухиме, ки ба хосилшавии моддаи органикӣ аз щайриорганикӣ фотосинтез мебошад.
Ҷараёни оксидшавии бофтахои мавҷудоти зинда, ки дар он гази турши карбон ҷудомешавад, нафасгирӣ мебошад. Фарқан аз фотосинтез, ки фақат дар рӯшноӣ рӯй медихад, нафасгирӣ ҷараёни шабу рӯз мебошад. Манбаи гази турши карбон, инчунин моддахои органикӣ мурдаи вайроншаванда (пӯсида) мебошанд. Захираи гази турши карбон аз хисоби пӯсидани мурдахои растанихо ва хайвонот пурра мегардад.
Даврзании карбон дар уқёнус бо дараҷаи калон автономӣ мебошад. Моддахои органикӣ бо фитопланктон (камтар бо фитобентос) коркардашуда бо дигар бошандахои (зоопланктон, зообентос, нектон) уқёнус истеъмол мешаванд. Гази турши карбон, ки бо нафасгирӣ ва вайроншавии моддахои онхо хосил мешавад, дар оби бахр махлул мешавад. Қисми карбон ба таркиби ҷинсхои тахшин дохил шуда, ба мӯхлати дурру дароз аз даврзанӣ хориҷ мешавад.
Ивазкунии гази турши карбон байни атмосфера ва уқёнус мавҷуд, ки бод ва харакати об ба он мусоидат мекунад. Бинобар ин миқдори гази турши карбон, ки дар қабатхои болоӣ обхои уқёнус махлулшуда бо миқдори дар атмосфера буда, дар мувозинат вуҷуд дорад. Уқёнуси Ҷахонӣ танзимгари миқдори CO2 дар атмосфера мебошад. Дар кам шудани миқдори CO2 дар атмосфера бикарбонаткалсий, қисман ба карбонати калсий табдил ёфта, ба тахшинӣ меафтад ва CO2 озод шуда, ба атмосфера ҷудо мешавад. Бо зиёдшавии миқдори CO2 дар атмосфера баризофаи он дар оби бахр махлул шуда, ба табдилёбӣ карбонати калсий ба бикарбонат меорад
ва ба холати махлулшуда мегузарад. Танзими миқдори CO2 дар оби уқёнус бо реаксияи Са(НСО3)2ӯСаСО3+Н2О+СО2 ифода мешавад. Хамагӣ дар гидросфера наздик 130000•10¹2 кг CO2 махлулшуда дорад, ки қариб 60 маротиба зиёд аз дар атмосфера буда. (М.И.Будико, 1977).
Параметрҳои асосии даврзании карбон дар рас.5 (маълумоти Б.Болин,1972)нишон дода шудааст.
Фаъолияти инсон дар даврзании карбон роли калон мебозад. Инсон хар сол 5-6*10т карбонро хамчун сӯзишворӣ истифода мебарад ва CO2ба атмосфера дохил мешавад. Зиёдшавии миқдори CO2 дар атмосфера ба баландшавии харорати сатхи Замин меорад, мувофикан ба обшавии пиряххо, баландшавии сатхи оби уқёнусхо ва дигар зухуротхои манфӣ, аз ҷумла эффекти гармхона (парникӣ) меорад.
Даврзании нитроген-характери мураккаб дорад. Дар атмосфера 71% нитроген бошад хам барои истифодаи он бояд дар намуди пайвастагихои кимиёвӣ муайян мустахкам карда шавад. Роххои мустахкамкунӣ хеле гуногунанд.
Мустахкамшавии нитроген дар ҷараёни фаъолияти вулкон, дар вақти раъду барқ дар атмосфера дар ҷараёни ионизатсияшавии ӯ, дар сӯхта рафтани метеоритхо рӯй медихад.
Аммо дар ҷараёни мустахкамшавии нитроген микроорганизмхо хам озод хаёт баранда, хам бошандахои дар решахо, баъзан дар баргхои баъзе растанихо ахамияти калон доранд.
Аз бактерияхои озод хаётбаранда намояндахои оилахои нитробактерияхо, ки бе дастраси оксиген бошанда буда, яъне анаэробихо нитрогенро мустахкам мекунанд. Чи тавре, ки К.Делеевич (1972) нишон медихад миқдори мустахкамкунӣ нитроген бо ин хел бактерияхо дар як сол аз 2-3 то 5-6 кгро ташкил медихад.
Организмхои дар решаи растанихо (оилаи лӯбиёгиҳо, оилаи сагойҳо) нитроген мустахкамкунанда бактерияхо, баъзан замбӯрущхо мебошанд. Миқдори нитрогени мустахкамкардашудаи бактерияхои бехрешахо, ки дар решаи лӯбиёгихо бошандамебошанд, бисёр вақт дар 1 сол 350 кг/гаро ташкил медихад.
Пайвастагихои аммонӣ, нитратхо ва нитритхо дар махлулхо ба организми растанихо дохил шуда, бо иштироки онхо моддахои органикӣ сохта мешавад, дар навбати аввал аминокислотахо, баъд хеле мураккаб сафедахо. Ин пайвастагихо дар щизокунии бо ин растанихо ба ҷисми консументхо гузошта дар он тащйир карда мешавад.
Моддахои органикӣ бо махсулоти моддахои ивазшаванда ва мурдахои растанихо ва хайвонот ба хок дохил шуда, то минералӣ вайрон мешаванд. Дар ин холат бактерияхо аммонӣ мустахкамкунанда нитрогени моддахои органикиро ба намаки аммонӣ мегузаронанд.
Қисми пайвастагихои нитроген ба дарёхо аз онхо ба бахр оварда мешаванд. Нитроген дар обхои бахру уқёнусхо дар шакли намакхои аммонӣ, нитритхо ва нитратхо нигох дошта мешавад. Миқдори ӯ сахт тащйир меёбанд, аз 10 то 7000 мг. Дар 1м³. Нитроген дар назди резишгоххои дарё ва сохилхои бахр зиёданд, ки онхо аз хушкӣ оварда мешаванд. Даврзании нитроген дар биосфера дар расми 6 оварда шудааст.
Аз афташ аз хама калон дахолати инсон ба даврзанӣ моддахо дар табиат мустахкамкунии саноати нитроген мебошад. Чунки парвариши растанихо ва баланд бардоштани хосилнокӣ бо порухои минералӣ вобаста аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.