Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Қонунияти пахншавии организмхо ва ҷамоахо

Хар як категорияи систематикӣ (ҷинс, авлод, оила ва щ.) на фақат бо хусусиятхои морфологӣ ва тарзи хаёти организмхои ба таркиби ӯ дохилшаванда хос аст, балки бо нохияи пахншавии муайян-ареал хам. Дар доираи ареал ҷинс бо ҷойхои зисти ба ӯ хос пахн шуданаш мумкин аст.Нақша:
1. Ареал. Мафхум дар бораи ареалхо. Типи ареалхо.
2. Тарзи сокиншавии организмхо. Космополитхо. Эндемикхо. Реликтхо.
3. Таълимоти Н.И.Вавилов дар бораи марказхои пайдоиши растанихои маданӣ.

Ареал. Мафхум дар бораи ареалхо. Типи ареалхо.
Хар як категорияи систематикӣ (ҷинс, авлод, оила ва щ.) на фақат бо хусусиятхои морфологӣ ва тарзи хаёти организмхои ба таркиби ӯ дохилшаванда хос аст, балки бо нохияи пахншавии муайян-ареал хам. Дар доираи ареал ҷинс бо ҷойхои зисти ба ӯ хос пахн шуданаш мумкин аст. Ягон ҷинс дар майдони ареали худ фарши яклухт хосил намекунад. Қитъаҳо мавҷуд, ки вай бисёр ва баръакс комёб ё тамоман нест. Бо вуҷуди он мо як ареалро яклухт, дигарашро кандашуда ё дизъюнктивӣ меномем. Ареалхои яклухт онхо, ки хамаи қитъахояш барои фардхои ҷинси ин ареалро ишщолкунанда дастрас мебошад, яъне гузаштани ҷинс аз як қитъа ба дигар бо ёрии омилхои табии хозиразамонаи сокиншавӣ иҷро мешавад ва ин гузаштан характери ногахонӣ надорад ва мавҷудияти ҷинс дар қитъахои гуногуни ареал таъминшуда мебошад. Дигар хел гӯем дар дохили ареали яклухт монеахои гузаштанашаванда вуҷуд надорад, ки вайро ба қитъхои алохида тақсим кунад. Дар он холатхо, ки гузаштани ҷинс аз як қитъа ба дигар бо ёри омилхои табии хозиразамона имконнопазир аст, яъне байни қисмхои алохидаи ареал монеахои гузаштанашаванда мавҷуд бошад ареалхои кандашуда ё дизъюнктивӣ мебошанд.
Дар кандашавии ареалхо қитъахои алохидаи ҷудошуда бо фардхои як намуд маскун шуданаш мумкин дар ин холат кандашавии якхела гомогенӣ мебошад. Ин қитъахо бо зерҷинсхои гуногуни як намуд, бо намудхои гуногуни як авлод, бо авлодхои як оила маскун шуданаш мумкин, дар ин холат кандашавӣ хархела гетрогенӣ мебошад. Гетерогенӣ чи қадар баланд бошад, кандашавӣ қадимтар мебошад, яъне кандашавӣ ҷинсӣ аз зерҷинсӣ қадимтар мебошад. Кандашавии гомогении ареал аз кандашавии гетрогенӣ ҷавонтар, чунки дар шароити якхела барои пайдоиши кандашавии гетрогеӣ нисбат ба гомогенӣ вақти зиёд лозим. Кандашавии ҷинси нисбати зерҷинсӣ қадимтар.
Сархади ареалхо харакатнок (транзитӣ), прогрессив (васешаванда) ё регрессивӣ (хурдшаванда) ва стативӣ шуданаш мумкин аст.
Типи якуми ҳудуд, вақте,ки ҷинс ҳоло то ҳудуди табии ареал нараидааст мушоҳида мешавад; дуюм вақто,ки дар зери таъсири ягон омил ареал ихтисор мешавад. Ҳудуди стативӣ (доимӣ) дар он ҳолат мавҷуд мешавад, ки агар ҷинс ба ҳудуди табии ареали худ мерасд. Мавқеи онҳо дар ин ҳолатҳо бо сабабҳои гуногун муайян мешавад. Ҳудуд эдафик шуданаш мумкин, агар берун аз доираи ин ҳудудҳо барои мвҷудияти ҷинс шароити эдафӣ мусоид вуҷуд надорад; конкурентӣ, вақто,ки ҷинс доира мерасад,ки дар он бо ҷинси наздик ва конкурент дучор шуда, дар роҳи маскуншавӣ боз дошта мешавад; онҳо иқлимӣ шуда метавонанд, вақто, ки берун аз ареал шароити иқлим барои зисти ҷинс номусоид мебошад; импедит- гузаштанашаванда, вақто, ки ҷинс то ҳудуде мерасад, ки механикӣ аз он берун гузашта наметавонанд. Ҳудуди ареал ҳаракатнок шудунаш мумкин, агар онҳо ҳар сол васеъ ё танг шавад. Ҳаракати ҳудуд вобаста аз тащирёбии шароити мавҷудӣ дар канори ареал. Масалан, камшавӣ ё зиёдшавии обҳои кӯлҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ба ҳаракати сарҳади ҷанубӣ ареалҳои парандаҳои лонасоз меорад,ки як ба шимол, як ба ҷануб ҷой иваз мекунад.
Андозаи ареалхо гуногун шуданаш мумкин. Хатто байни ареалхои категорияи таксономии асосӣ (ҷинс) хеле васеъ (космополитхо) ва тамоман хурд (эндемикӣ) мавҷуд.
Калимаи «космополит» маънои «дар тамоми ҷахон пахншуда» дорад. Барои организмхои хушкӣ ӯро ба ҷинсхои дар Уқёнуси Ҷахонӣ бошанда буда, мансуб донистан мумкин аст. Аммо космополитхои хақиқӣ, яъне намудхое, ки дар тамоми ба хаёт лоиқ аз Арктика то Антарктида пахншуда, на дар байни хушкигард, на дар байни бахрӣ вуҷуд надорад. Дар бораи космополитхо сухан рондан, мо дар назар дорем, ки онхо дар доираи ареали хеле васеъ вомехӯранд ва ба доираи калони ҷои зист рост меояд. Бинобар ин ҷои зисти ҷинс чӣ қадар васеъ бошад, ареали ӯ хамон қадар космополитӣ мешавад.
Баъзе бошандахои обхавзхои дохилӣ-дарёхо ва кӯлхои обашон ширин космополитхо мебошанд-ҷинсхои редестхо, тайласак, (ряска) аз растанихои наздисохилӣ-қамиш (най). Аз хайвоноти бахрӣ-делфини (омузи) хокистарӣ, кит(дароздаст, касатка) ва щ. Аз намудхои рӯизаминӣ космополитхо кам.
Ареалхои космополитӣ бузург-шунқор(скопо), лочин-сапсам ва зощи сиёх доранд. Дар байни растанихои бегона ва хокрӯба, инчунин байни хайвонхои хамрохи инсон (сиантропхо) космополитхо хеле зиёданд. Дар пахншавии ин растанихо ва хайвонот аз як мамлакат ба дигар роли инсон махсусан калон аст. Хамин хел каломуши хокистарӣ ва сиёх, муши хонагӣ, қоқуи (одуванчик) оддӣ, яруткаи сахроӣ, ҷащ-ҷащ (пастушая сумка) ва дигар намудхои растанихо ва хайвонхо. Аз хашаротхо канаи кӯрпа, нонхӯраки зард, пашшаи хонагӣ ва як қатор дигар намудхо, ки дар хонаи инсон бошанда мебошад, ареали космополитӣ доранд. Онҳо бегона, рудералӣ (хокрӯба) ё сиантропӣ шудаанд ва инсон паҳншавии космополитии онҳоро таъмин кард.

Тарзи сокиншавии организмхо. Космополитхо.
Эндемикхо. Реликтхо.
Истилоҳҳои нимкосмополитҳо (полукосмополит-семикосмополит), ки хеле васеъ паҳн шуда, лекин ҳамаҷоя не ва тропикополитҳо (ҷинсҳои панотропикӣ, бошандаҳои обҳои тропикӣ ё тропики хушкӣ тамоми ҷаҳон), чун истилоҳи космополит номуайян аст.
Пешниход барои намудхои хеле васеъ пахншуда, аммо хамаҷоя не ишора кардани чун нимкосмополитхо (семикосмополтхо) ва тропикополитхо (шаклҳои панотропикӣ, бошандаҳои обҳои тропикӣ ё тропики хушкӣ тамоми ҷаҳон) чун истилохи космополитӣ номуайян аст. Бинобар ин намудхое, ки 1/4 хиссаи сатхи хушкиро ё 1/4 хиссаи акваторияи Уқёнуси Ҷаҳонро нуфуз дорад., шартан космополитӣ номидан мумкин аст.
Истилохе, ки барои намудхои ареали хурд дошта истифода мебаранд, хамин хел номуайян аст. Онхоро намудхои эндемикӣ меноманд, ки аз доираи ягон нохияи табиӣ берун намебароянд ва аз хамсояхо ҷудо карда шудааст. Номуайянӣ ин истилох дар он аст, ки андозаи қаламрав ё акватория, ки нисбати истилохи «эндемик» истифода шуданаш мумкин аст, хеле номуайян. Щайр аз он дар маълумотхои дар бораи фауна ва флораи вохидхои маъмурӣ, ки бо хамсоя худуди табиӣ надорад, сухан меронанд. Масалан, ҷинсҳои эндемикӣ вилояти Москав, ҷумҳурии Тоҷикистон ва щ.
Баъзан майдони ареалхо хеле хурд. Масалан, дар кӯлҳои Байкал ва Танганика ҷинсҳои хеле зиёди эндемҳо мавҷуд. Кӯҳи Мущул эндемҳо дорад. Дар Замин нохияхо мавҷуд, ки барои онхо эндемизими ҷинсӣ махсусан хос аст. Инхо қуллахои кӯххо, ки аз хамворӣ ё дигар қуллахо сахт ҷудо мешаванд; ҷазирахо, ки дар гузашта қисми континент буданд, дар хозира аз хушкӣ бо об ҷудо карда шудааст.
Эндемхо синну соли гуногун доштанашон мумкин, қадима ва ҷавон. Ба эндемхои қадима ҷинсхоро дохил кардан мумкин, ки дар гузашта ареали васеъ доштанд, баъд дар натиҷаи тащйирёбии шароити табии географӣ (топографӣ, иқлимӣ, эдафӣ) ареали худро танг кардаанд, яъне дар қитъаи хурд боқӣ монданд. Ба эндемхои ҷавон ҷинсхо, зерҷинсхо, популятсияхои географӣ ё экологӣ, ки дар қитъахои ҷавони сатхи Замин вомехӯранд дохил мекунанд. Онхо дар он мавзеъхо пайдо мешаванд, ки ягон ҷинси қадима дар шароити тащйирёфта ибтидои ҷинси ҷавонро медихад. Эндемхои қадимаро палеоэндем, эндемхои ҷавонро неоэндем меноманд. Палеоэндемизм-зухуроти охиста мурдани ҷинс, неоэндемизм баръакс, зуҳуроти ибтидои паҳншавӣ аст. Палеоэндемизм зуҳуроти-регрессивӣ, неоэндемизм-прогрессивӣ.
Умуман воҳиди ареали ҷинсҳо, аз ҳаракатнокии ҷинс валентнокии экологӣ ва синни ӯ вобаста аст.
Ҳаракатнокии ҷинс ҳар хел шуданаш мумкин аст. Организмҳои хеле зиёди баҳрӣ нектон (фаъол) ва планктон (суст) мебошанд. Сини геологии ҷинс ба воҳиди ареал таъсири гуногун дорад. Агар дар давоми мавҷудии геологии ҷинс шароити зисти ӯ сахт иваз ёбад ареал хурд шуданаш мумкин аст. Агар дар давраи мавҷудии ҷинси қадима шароити зист суст ё тамоман тащир наёбад, ариали ӯ васеъ мешавад.
Ҷинсхое, ки дар муқобили шароити мавҷудӣ хозиразамона воқеъ бошад реликтхо меноманд. Онхо боқимондахои замонхои гузашта мебошанд. Сабабхои реликтнокӣ гуногун шуданаш мумкин аст. Фарқ мекунанд, реликтхои форматсионӣ, эдафӣ ва иқлимро. Ҷинс на дар хамаи тӯли ареали худ реликтнок мешавад, фақат дар қисми хурди он. Дар хама холатхо реликт дар шароити аз аввала фарқкунанда хаёт мебарад.
Мисоли реликтхои форматсионӣ шуда метавонад, дарахти якаи арча, ки дар бешаи пахнбарги булутзор вомехӯрад. Ин гувохи он аст, ки дар гузашта дар ин ҷо бешаи сӯзанбарг мавҷуд буда, баъдан ба ин ҷо бешаи пахнбарг дохил шуда, хукмрон шуд ва фақат дарахтхои алохидаи арча нигох дошта шуд. Реликт гувохи он аст, ки дар гузашта форматсияи ин ё он растанихо васеъ пахн шуда буд. Аз ин ҷост номи онхо, сини онхо ҷавон ба як чанд сад сол баробар аст.
Реликтхои эдафӣ (геоморфологӣ) гувохи дигар хел тақсимоти хушкӣ ва бахр, регхо ва хок ва щ. нисбат ба хозира аст. Масалан, дар обҳавзҳои шӯри дохилӣ мавҷудии растаниҳои баҳрӣ,чун рупия, сианкелия гувоҳи он аст, ки обҳавзҳои дохилӣ бо баҳр пайваста буданд. Гурӯхи сеюми реликтхоро реликтхои иқлимӣ ташкил мекунанд, ки онхо гувохи шароити иқлими он замон буданд. Аз хама қадимтарин реликтхои иқлимӣ реликтхои давраи неоген мебошад. Ҷойхои зисти реликтӣ мавҷуд, ки қисматхои зиёди ҷамоахои давраи неоген нигох дошта шудааст. Ба онҳо мисол шуда метвонад, бешаҳои Пасикавкази щарбӣ, дар зери ҳимояи Кавказ шумораи зиёди дарахтҳо ва алафҳо фақат дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта шудааст. Боқимондаҳои бешаҳои давраи неоген Ҷанубу Шарқӣ Дурр мебошад. Гурӯхи дуюми реликтхои иқлимиро реликтхои давраи яхбандӣ ташкил мекунанд. Ин он ҷинсхо, ки дар давраи зеркарда омадани пирях ба ҷануб ақиб ронда шуданд ва баъди ақибгардии пирях дар он ҷо монданд. Ин хел реликтҳо дар нишебиҳои депрессияи Турщай дар Қазоқистон хеле зиёданд. Гурӯхи сеюми реликтхои иқлимӣ вобаста аст бо давраи чӯлу биёбонӣ баъди яхбандӣ, ки ҷинсхои ксерофилӣ ҷанубӣ ташкил мекунад, ки дар байни ҷамоахои намхох, бисёр вақт шимолӣ бошанда мебошанд. Инҳо қитъаҳои чӯл, ки дар нишебиҳои ҷанубӣ, миёни массивҳои тайгаи вилоятҳои Якутия ва Магадан ҷойгир шудааст.
Хамин тавр, мафхуми реликтӣ, яъне ҷинси боқимонда аз мафхуми палеоэндем пеш аз хама бо он фарқ мекунад, ки ҷинс на дар хамаи тӯли ареал, фақат дар қисми хурди ӯ характери реликтиро дорад. Палеоэндем одатан реаликт мебошад, лекин вай дар қитъаи хурди сатхи Замин боқӣ мондааст. Ҷинси реликт ареали хеле васеъ доштанаш мумкин, лекин фақат дар як ё якчанд қисми майдони махдудшудаи ин ареал реликт мебошад. Истисно карда намешавад, ки реликт дар як вақт палеоэндем шуданаш мумкин аст. Неоэндем – ҳосилаи ҷавон. Бисёр вақт ин ҳатто ҷинс не, зерҷинс ё популятсияи ин ёон дараҷа (табақа) мебошад. Сабаби пайдоиши неоэндемизм, дар вақти на он қадар қадим (дур) тащирёбии ҳолати қаламрав ё акваторияи додашуда мебошад. Масалан, баъди он,ки Қрим аз қаламрави дар ҷануб ва щарб ҷойгиршудаи баҳри Сиёҳ ҷудо шуд, дар Қрими кӯҳи барои пайдоиши неоэндемизм- зерҷинсҳои як чанд ҷинсҳои растаниҳо ва ҳайвонҳо шароити мусоид пайдо шуд. Яке аз шароитҳои пайдоиши неоэндемизми ҷудошавии қитъаҳои монанд, дуюм- ҷудошавии (изолятсия) популятсияи ҷинси ҳамсоя, ки ба ҷуфтшавмонеа мебошад.
3. Таълимоти Н.И.Вавилов дар бораи марказхои пайдоиши растанихои маданӣ.
Таълимот дар бораи пайдоиши растанихои маданӣ аз ҷониби олимони хеле зиёд кор карда шудааст. Ба ӯ Ч.Дарвин ва А.Д-Кандолл хиссаи бузург гузоштанд. Лекин корхои мухимро дар ин самт генетик ва ботаник, географ Н.И.Вавилов иҷро кардааст.Н.И.Вавилов муқаррар кард, ки марказхои пайдоиши растанихои маданӣ мавҷуд ва хар як маркази пайдоиши ҷинсхо бо тащйирёбии хеле шиддатнок тавсиф меёбад, бинобар ин навъхои зиёд ҷамъ мешавад. Марказхое, ки Вавилов дар вақти экспедитсияхои зиёд омӯхт дар мамлакатхои кӯхӣ ҷойгир аст, чунки хархелагии калони қаламрав ба гуногунии навъхо мусоидат мекунанд. Мавҷудии фосилаи калони баландӣ ба гуногунии шароит меорад, ки барои фаъол шаклёбии фардхо зарур аст. Вавилов нишон дод, ки барои пайдоиши маркази калони инкишофи таърихӣ флораи маданӣ зарур аст: 1) бой будани флораи махаллӣ, барои дохил кардан ба маданӣ; 2) мавҷудӣ маданияти қадимаи зироаткорӣ.
Вавилов мавҷуди хашт маркази асосӣ пайдоиши растанихои маданӣ бо якчанд тақсисоти дуюминдараҷа муқаррар кард. Дар замони хозира дах маркази пайдоиши растанихои маданӣ мавҷуд: пешиосиёгӣ, бахримиёназаминӣ, эфиопӣ, осиёи миёнагӣ, хитоӣ, хиндӣ, индонезӣ, мексикоӣ, перугӣ, судонӣ.
Дар маркази пешиосиёгӣ аз афташ растанихои маданӣ гандуми якдонагӣ Triticum топососсин ва дудонагӣ. T.diccocum пайдо шуданд, ҷав ва ҷавдор сар шуд, аз растанихои маданӣ юнучқаи кабуд, эспарсет, нахӯди даштӣ,кишти харбуза, каду, ангур, нок, олуча, гелос, анор, анҷир пайдо шудаанд. Маркази бахримиёназаминӣ ҷави русӣ, защир, кӯкнор, хардали сафед, зайтунро дод, аз растанихои полизӣ карам, сабзӣ лаблабу, пиёз, сир, турб, спарҷаро дод. Маркази эфиопӣ-чойҷуворӣ, канадона, дарахти кофе, гандуми сахт ва англисиро дод. Дар маркази осиёи миёнагӣ гандуми мулоим ва дигар гандумхои 42хромосома, аз лӯбиёгихо нахӯд, наск, мош, нут, зироати бангдона, хардали сарапетӣ, навъхои махаллии ангур, нок, зардолу, себ пайдо шудаанд. Дар маркази хитоӣ кишти арзан, соя, мармунҷак, канатник, хурмо, зардолуи мущулӣ, олуи хитоӣ ва олуболу пайдо шуд. Дар маркази хиндӣ навъхои зиёди зироати тропикӣ маданӣ гардонида шудаанд: биринҷ, ситрусихо, найчаи қанд, пахтахои осиёгӣ, манго, бодириг ва боимҷон. Дар маркази индонезӣ навъхои зиёди тропикӣ нам ва зироат дароварда шудаанд: дарахти нон, палмаи коксӣ, мангустан, банан, дуриан, мурч, кардамон, дарахти қаранфул, чормащзи мускатӣ. Дар маркази мексикоӣ ҷуворимакка, лӯбиёи оддӣ, қаланфури сурх, пахтаи америкоӣ-упланд ва махорка ба зироат дохил карда шуд. Дар маркази перугӣ картошка, помидор, пахтаи мисрӣ дарозтола, тамокуи туркӣ ба зироат дароварда шуд. Маркази судони щарбӣ нисбат ба дигар марказхо ҷавон бошад, хам флораи маданиро бо биринҷи луч, дарахти нахли зайтунӣ, чормащзи кола ва дигар навъхо бой гардонад. Хар як аз ин марказхо қаламрави васеъро ишщол мекард.

Пайдоиши на хамаи растанихои маданӣ бо ин дах маркази қадимтарин пайдоиш вобаста аст. Бой гардонидани флораи маданӣ дар қадим ва дар хозира хам идома дорад. Берун аз қаламрави марказхои пайдоиш вай хеле кам мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.