Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Омӯзиши иқтисодиёт чӣ медиҳад?

Омӯзиши иқтисодиёт чӣ медиҳад?
(Андешаҳо перомуни китоби нави дарсии «Асосҳои иқтисодиёт», барои синфи 11)
Ҷорӣ гардидани фанни асосҳои иқтисодиёт дар синфи 11 тибқи Нақшаи нави таълим (с.2015) иқдоми саривақтӣ ва талаботи замон ба шумор меравад. Вобаста ба омӯзиши фанни мазкур китоби ҳамноми таълимӣ (муаллифон Р.Мирбобоев, М.Саидмуродова, Ф.Убайдов, И.Хоркашов, Д.Фозилхонов ва М.Имомназаров) таълиф ва мавриди омӯзиши хонандагон қарор гирифт, ки дар шинохти мафҳумҳо ва дарку фаҳми мавзӯоте, ки ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёт бахшида шудаанд, нақши бузурге мебозанд.
Дарвоқеъ, бе донистани масоили иқтисодӣ дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ наметавон донишҳои васею фарогирро дар иртибот бо азхуд кардани маълумот дар ин боб ҳосил ва пайдо кард. Тафсиру маънидоди мавзӯъҳои дарсӣ аз ҷониби муаллифон бо забони содаву фаҳмо ва ба фаҳму зеҳни хонандагон наздик сурат гирифтааст. Шурӯъ аз мавзӯи нахустин, ки «Масъалаҳои асосии иқтисодиёт» номида шудааст, мафҳуми «иқтисодиёт» ба 3 тарз таъриф карда мешавад.
Муаллифони китоб қайд мекунанд, ки «дар ҳаёти иқтисодӣ одатан се иштирокчии асосӣ фаъолият мекунанд: оилаҳо (хоҷагиҳои хонагӣ), фирмаҳо ва давлат». Зимнан, ҳар як мафҳуми иртиботманди илми иқтисод, ба монанди «Неъматҳо», «Омилҳои истеҳсолот», «Хоҷагии хонагӣ», «Неъматҳои ғайрииқтисодӣ», «Меҳнат», «Сармоя», «Соҳибкорӣ», «Мол», «Хизматрасониҳо» ва «Тиҷорат» ба гунаи алоҳида шарҳу эзоҳ дода мешавад.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои зиёд (чи дар даврони Шӯравӣ ва чи соҳибистиқлолии кишвар) аз фанҳое чун таърихи умумӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ бо мавзӯоти «Пайдоиши муносибатҳои сармоягузорӣ» ва мафҳумҳои сармоя, тиҷорат ва монанди инҳо хонандагон бархӯрд мекарданд, вале, мутаассифона, маъною муҳтавои мафҳумҳои зикршуда таҳлил ва тафсир карда намешуд. Инак, дар китоби «Асосҳои иқтсодиёт» равшану бармало мегардад, ки «мафҳуми сармоя ҳамчун омили истеҳсолот, биною иншооти истеҳсолӣ, дастгоҳу таҷҳизотро, ки барои истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ истифода мешаванд, дар бар мегирад». Ҳангоми омӯзиши мавзӯи «Намудҳои низоми иқтисодӣ» хонандагон дар хусуси низомҳои иқтисодӣ ва хелҳои он, амсоли низоми иқтисодиёти анъанавӣ, низоми иқтисодиёти бозорӣ, моликияти хусусӣ, рақобат, низоми иқтисодиёти маъмурию фармонфармоӣ, низоми иқтисодиёти омехта маълумот пайдо мекунанд.
Хонандагон ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои «Бозор ва хусусиятҳои он. Унсурҳои асосии бозор» бо омилҳо ва раванди сохтори бозор, аз қабили талабот, қонуни талабот, таклифот ва бузургии он, нарх ва намудҳои он, ташаккули нархи бозорӣ, нархи мувозинатӣ ва механизми нарх шинос мегарданд. Қобили зикр аст, ки омӯзиши ин мавзӯот дар алоқамандӣ бо марҳилаҳои таърих сурат мегирад. Аз ҷумла, тавзеҳи истилоҳоте, назири «талабот» («пардохтпазирии талабот») дар заминаи таъриф ва баҳои иқтисодчиёни бузурги англис – Томас Роберт Малтус, Адам Смит пешниҳод гардидааст.
Рақобат чист, рақобати озод, рақобати озоди арзанда, норасоии рақобати озод, таснифоти сохтори бозорӣ чӣ маънию моҳият дорад? Ин ҳамаро хонандагон аз мавзӯи «Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат» фаҳмида мегиранд.
Муаллифон дар зимн дар хусуси ҳолати олигополӣ ва дуополия маълумоти муфассал дода, ҳамчунин мафҳумҳои «монопсония» ва «корхонаи истифодабарандаи гуногунии нарх»-ро ба гунаи хеле сода ташреҳ медиҳанд. Дар таълими мавзӯи «Пул: таърихи пайдоиш ва вазифаҳои он» сабабҳои пайдоиш ва намудҳои пул бо далелҳои ҷолибу марғуб ва тоза баён карда мешавад. Заминаҳои таърихии ба миён омадани пул ва муомилоти пулӣ ва хусусиятҳои хосу афзалияти он ба таври зер маънидод мегардад:
Нодирӣ, бозоргузорӣ, дарозумрӣ, қулай будан, фарқкунӣ, ба қисмҳо ҷудошавӣ, якхелагӣ. Дар бораи пайдоиши пулҳои коғазӣ сухан ронда, фактҳои шавқовар оварда мешавад. Аз ҷумла, аз ин маълумоти овардашуда фаҳмида мешавад, ки аввалин маротиба соли 1690 пули коғазӣ дар Иттиҳоди шимолии Амрико (штати Массачусетс) ба нашр расидааст. Дар Аврупо ин таҷрибаи Амрикоро аввалин маротиба дар Фаронса солҳои 1716-1720 иқтисодчӣ-бонкир Ҷон Ло интишор додааст. Ва дар ниҳоят, муаллифон таърифи мафҳумро «пул»-ро дар ин шакл пешниҳод мекунанд:
«Пул моли махсусест, ки аз тарафи ҳама барои мубодила ва молу хизматрасониҳои дигар истифода мешавад, имконият медиҳад, ки арзиши тамоми молҳои ғун кардашуда, ҳисоби онҳо бурда ва қисми даромадҳои ҷорӣ ҳамчун пасандоз нигоҳ дошта шавад». Перомуни бонкҳо: сабабҳои пайдоиш ва нақши онҳо дар иқтисодиёт сухан ронда, зикр мегардад, ки бонкҳо таърихи хеле қадимӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои УП-У1 то милод дар Шарқи қадим ва баъдан Юнони қадим ба вуҷуд омада будаанд. Шаклҳои асосии бонкҳо се навъ мебошанд: эмиссионӣ; тиҷоратӣ, амонатӣ; махсус.
Мавзӯи 9-и китоб ба масъалаҳои иқтисодии бекорӣ бахшида шудааст. Дар ин ҷо шаклҳои бекорӣ ва сабабҳои пайдоиши он, намудҳои хоси бекорӣ (фриксионӣ: таркибӣ: даврӣ, мавсимӣ) бо арқому далели илмӣ эзоҳ меёбад. Иловатан, мафҳуми «шуғли нопурра» оварда мешавад, ки ин аст:
«Шуғли нопурра вазъиятест, ки дар он корманд расман гӯё кор мекунад, аммо музди меҳнат намегирад, зеро дар рухсатии маҷбурӣ аст, ё бо сабаби рӯзи пурраи корӣ меҳнат накардан танҳо як қисми музди меҳнатро мегирад»…
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.