Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Монитор ва модем

Монитор (дисплей) таҷҳизоти асосии компютер буда, барои намоиш додани информатсияи ба воситаи клавиатура ё дигар таҷҳизотҳои воридкунӣ дохилкардашуда, инчунин барои ба экран баровардани натиҷаҳои кор хизмат мекунад (расми 2.9.).
Монитор дар зери идоракунии видеоадаптер кор мекунад. Параметрҳои асосии монитор ченаки экрани он мебошад. Воҳиди ченаки экран дюмҳо мебошанд. Масалан, экрани мониторхо 14, 15, 17, 19, 20 ва 21 дюма шуда метавонанд.Монитор (дисплей) таҷҳизоти асосии компютер буда, барои намоиш додани информатсияи ба воситаи клавиатура ё дигар таҷҳизотҳои воридкунӣ дохилкардашуда, инчунин барои ба экран баровардани натиҷаҳои кор хизмат мекунад (расми 2.9.).
Монитор дар зери идоракунии видеоадаптер кор мекунад. Параметрҳои асосии монитор ченаки экрани он мебошад. Воҳиди ченаки экран дюмҳо мебошанд. Масалан, экрани мониторхо 14, 15, 17, 19, 20 ва 21 дюма шуда метавонанд.
Экрани монитор аз ду реҷаи корӣ дорад: матнӣ ва графикӣ.
Дар реҷаи матнӣ, экрани монитор аз 25 сатр ва 80 сутун иборат аст. Ба сатр ва сутунҳои экран рақамҳои тартибӣ (аз нол сар карда) вобаста карда шудаанд. Дар буриши онҳо як рамзро ҷойгир кардан мумкин аст.
Реҷаи графикии экрани монитор ба нуқтаҳои алоҳидаи равшанидиҳанда ҷудо мешавад. Миқдори чунин нуқтаҳо аз намудуди монитор вобаста аст, Масалан 640х480. Яъне миқдори чунин нуқтаҳо дар хати амудии экран 640 буда ва дар хати уфуқи 480 мебошанд

Тавсифҳои асосии монитор инҳооянд:

имконияти нишон додан. Барои мониторҳои графикӣ миқдори нуқтаҳои дар хатҳои амудӣ ва уфуқӣ равшаншаванда (пиксел) нишон дода мешавад;
миқдори рангҳо инъикосшуда;
андозаи экран;
вазн ва ҳаҷм;
2.6.4. Модем

Модем таҷҳизоти иловагии компютер ба ҳисоб рафта барои ворид ва хориҷ кардани информатсия хизмат мерасонад.

Бо ёрии модем маълумоти компютерро бо сими телефон интиқол додан мумкин аст. Ба воситаи модем компютерҳо ба розеткаи оддии телефон пайваст карда мешаванд ва бо ҳамин усул имконияти додугирифти информатсия байни компютерҳоба амал меояд. Инчунин бо ёрии модем одамон ба якдигар мактуб менависанд, аз китобхонаҳои электронӣ матни китобҳоро мефиристанд ё ба даст меоранд. Якчанд одам, ҳар яке назди компютери худ нишаста метавонанд бо якдигар ягон намуди бозиро анҷом диҳанд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳои номбаршуда компютер ба шабакаи клмпютерӣ пайваст карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.