Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Назарияи иқтисод: Заминаҳои густариш ва таҳҳавули он. ( Пайдоиш ва марҳилаҳои асосии инкишофи назарияи иқтисод)

Аз давраҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки аз чӣ вобаста будани инкишофи ҷамъияти инсонӣ ва бо кадом қонунҳо вобаста будани тараққиёти иқтисодиётро дарк намоянд. Бинобар ҳамин мулоҳизаҳо оид ба ҳаёти иқтисодӣ қонунҳои тараққиёти иқтисодиётро аз лаҳзаи пайдошавиашон ҳамроҳӣ мекарданд…Инкишофи афкори иқтисодӣ то меркантилизм
Саҳми меркантилистон ва физиократҳо дар инкишофи имлӣ иқтисодӣ
Иқтисоди сиёсии классикӣ
Таълимоти иқтисодии К.Маркс
Назарияҳои иқтисодии муосир
Андешаҳои иқтисодии даврони Сомониён

1.1. ИНКИШОФИ АФКОРИ ИҚТИСОДӢ ТО МЕРКАНТИЛИЗМ

Ҳар як илм дар натиҷаи кӯшиши одамон оид ба ҳал намудани масъалаҳои муайяни ба табиат, ҷамъият ва баҳамтаъсиррасонии онҳо тааллуқ дошта пайдо мешавад. Ҳамаи ин гуфтаҳо ба пуррагӣ ба маҷмааи илмҳои иқтисодӣ мансубанд.
Аз давраҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки аз чӣ вобаста будани инкишофи ҷамъияти инсонӣ ва бо кадом қонунҳо вобаста будани тараққиёти иқтисодиётро дарк намоянд. Бинобар ҳамин мулоҳизаҳо оид ба ҳаёти иқтисодӣ қонунҳои тараққиёти иқтисодиётро аз лаҳзаи пайдошавиашон ҳамроҳӣ мекарданд.
Барои омӯзиши назарияи иқтисодӣ генезиси онро, яъне пайдоиш, ҷараёни ташаккулёбӣ ва пойдоршавии онро ҳамчун илм дарк намудан зарур аст.
Сарчашмаҳои илми иқтисодиро мо дар таълимотҳои мутафаккирони дунёи қадим, пеш аз ҳама дар таълимотҳои мутафаккирони Шарқи Қадим, ки гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, дарёфт карда метавонем.
Дар «Қонунҳои Ману» – и Ҳиндустони қадим (асрҳои IV-III то мелодӣ) оид ба тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, муносибати ҳукмронӣ ва тобеият қайд карда шудааст. Дар асарҳои илмии мутафаккирони Хитои Қадим, махсусан дар асарҳои Конфутсий (солҳои 551-479 то мелодӣ) оид ба фарқияти меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ гуфта шуда буд. Ба фикри онҳо меҳнати фикрӣ танҳо ба табақахои болоии ҷамъият тааллуқ дошта, меҳнати ҷисмонӣ бошад ба одамони оддӣ, ки миқдори зиёди онҳоро ғуломон ташкил мекарданд, мансубият дошт. Аҷибаш он ки дар ҳамон давра масалан, дар асарҳои файласуфи хитоӣ Сюн Тси (асри III то мелодӣ) ақидае вуҷуд дошт, ки мувофиқи он ҳамаи одамон аз тавлидёбӣ баробаранд, бинобар ҳамин боигарии ғуншударо бояд ҳама истифода баранд ва одамони оддӣ низ бояд ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ба замин дошта бошанд.
Инкишофи минбаъдаи илми иқтисодӣ дар Юнони Қадим ба вуҷуд омад. Афкори мутафаккирони Юнони Қадим ба монанди Ксенофонт (солҳои 430-354 то мелодӣ), Афлотун (солҳои 427-347 то мелодӣ) ва Арастуро (солҳои 384-322 то мелодӣ) ҳамчун асосҳои ибтидоии назариявии илми иқтисодии муосир тавсиф кардан мумкин аст.
Ксенофонт асареро бо номи «Экономикс» навишта ба илми нав номгузорӣ намуд, ки бо воситаи он, ба ақидаи ӯ, одамон хоҷагии худро ғанӣ гардонида метавонанд. Гуфтаҳои Ксенофонт дар давраҳои мо низ муҳимии худро гум накардаанд: «Ҳеҷ кас он қадар пул надорад, ки хоҳиши зиёдтар доштани онро надошта бошад, лекин дастрас намудани дигар молҳо ҳудуди худро дорад»; «Пулҳо арзиш надоранд, агар онро истифода бурда натавонӣ».
Қадами ҷиддиро дар инкишофи афкори иқтисодӣ Арасту амалӣ гардонид, донишҳои маълуми давраи худро ӯ ҷамъбаст намуда, ба низом даровард ва ба пешравии онҳо мусоидат намуд. Мазмуни (предмети) тадқиқотро таҳлил намуда, Арасту иқтисодиёт ва хрематистикаро аз ҳам маҳдуд намуд. Иқтисодиёт асоси хоҷагии муқаррарӣ буда, мақсади он таъсисдиҳии арзишҳои истеъмолии барои ҳаёти хоҷагиҳои хонавода ва давлат зарурбуда мебошад, яъне мақсад аниқ муайян карда шуд. Хрематистика бошад, ба ақидаи Арасту, ин санъати ғункунии боигарӣ ба воситаи савдо ва савдогарӣ мебошад. Дар ин ҷода «ҳеҷ гоҳ ҳудуди дастрасии мақсад вуҷуд надорад, худи мақсад бошад ин соҳибӣ ба пулҳо мебошад». Агар «иқтисодиёт сазовори таҳсин» бошад, хрематистика «аз рӯи адолат сарзаниш» мебошад. Арасту аввалин шуда категорияҳои алоҳидаи назарияи иқтисодиро ҷудо намуд, масъаларо оид ба муқоисашавии ҳама чизҳо, ки ба мубодила дучор мешаванд, гузошт; ду намуди фаъолиятро аз ҳам ҷудо намуд: истеъмолот (фаъолияти фаъолнок) ва истеҳсолот (фаъолияти махсулнок); ақидаро оид ба фоиданокии неъматҳои хоҷагидорӣ (ҳамчун асоси арзиш), оид ба мубодилаи дурусти неъматҳои хоҷагидорӣ ҳамчун мубодилаи эквивалентҳо ва ғайраҳо баён намуд.
Давоми худро афкори иқтисодии Юнони Қадим дар ақидаҳои иқтисодии файласуфони Рими Қадим дарёфтанд. Дар асосноккунии зарурияти ғуломдории онҳо ақидае ба назар мерасид, ки мувофиқи он сохти ғуломдорӣ ба интиҳои худ расида истодааст, бинобар ҳамин ғуломдорӣ ва ё меҳнати ғуломона бояд шаклҳои дигарро бигирад. Ҳамин тавр мутафаккирони Рими Қадим оид ба меъёрдарории меҳнати ғуломон, инчунин ба меъёрҳои мавсимии таъминоти моддӣ тавсияҳо пешкаш карда, ҳамчун тарафдорони водоркунии ҳалимона ба меҳнат баромад мекарданд. Лекин назарияи иқтисодӣ ҳачун илм дар давраи пойдоршавии капитализм, пайдошавии мануфакура, вусъатёбии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, васеъшавии бозорҳои дохилӣ ва беруна, шиддатёбии муомилоти пулӣ пайдо шуд. Ҳиссёти тадқиқодчиён ба ин ҷараёнҳои иқтисодӣ ба таъсисёбии равияи меркантилизм дар назарияи иқтисодӣ сабаб шуд.

1.2. САҲМИ МЕРКАНТИЛИСТОН ВА ФИЗИОКРАТҲО БА ИЛМИ ИҚТИСОДӢ

Меркантилизм – мактаби аввалини назарияи иқтисодӣ, ки дар давраи ибтидоии пойдоршавии капитализм дар Англия, Франсия, Италия ва дигар мамлакатҳо, ки дар онҳо савдои байналхалқӣ босуръат инкишоф ёфтааст, пайдо шудааст. Дар адабиёти иқтисодӣ дар инкишофи меркантилизм одатан ду марҳиларо ҷудо мекунанд – ибтидоӣ ва марҳилаи дуюм. Ҷиҳати асосии чунин ҷудо намудани меркантилизм, асосноккунии роҳҳои дастраскунии тавозуни савдои мусбӣ, яъне бақияи мусбӣ дар савдои беруна мебошад.
Меркантилизми ибтидоӣ то кашфиётҳои бузурги географӣ пайдо шуда, то миёнаи асри XVI давом ёфтааст. Дар ин марҳила алоқаҳои байни мамлакатҳо на онқадар инкишоф ёфта, хусусияти лаҳзагӣ доштанд. Барои дастрас намудани бақияи мусбӣ дар савдои беруна, меркантилистони ибтидоӣ чунин чорабиниҳоро мақсаднок меҳисобиданд:

ҷорӣ намудани нархҳои баланд ба молҳои содиротшаванда;
воридоти молҳоро ҳаматарафа маҳдуд намудан;
роҳ надодан ба барориши тилло ва нуқра аз мамлакат (бо тилло ва нуқра боигарии пулӣ монанд карда мешуд).

Меркантлизми марҳилаи дуюм, давраи аз нимаи дуюми асри XVI то ниммаи дуюми асри XVII-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила алоқаҳои савдоии байни мамлакатҳо инкишоф меёбанд ва доимӣ мегарданд, ки бо ҳавасмандкунии инкишофи саноати миллӣ ва савдо аз тарафи давлат асоснок шуда буд. Барои дастрас намудани тавозуни мусбии савдо чунин чорабиниҳо пешкаш карда мешуданд:

забт намудани бозорҳои беруна тавассути молҳои арзон (яъне, бо нархҳои пасттар), инчунин аз нав фурӯхтани молҳои як мамлакатҳо ба мамлакатҳои дигар;
роҳ додани воридоти молҳо (ба ғайр аз молҳои қиматбаҳо) дар ҳолати нигоҳдории тавозуни мусбии савдо дар мамлакат;
барориши тилло ва нуқра барои амалигардонии муомилаҳои фоидаовари савдоӣ, миёнарав, яъне барои зиёд намудани миқдори онҳо дар мамлакат ва нигоҳдории тавозуни мусбии савдо.
Намояндагони мушҳуртарини меркантилизм Т.Мэн, А.Монкретен, Ж.Колбер ва дигарон мебошанд.
Т.Мэн (1571 – 1647) – иқтисодчии англис, тоҷири калон ва сарвари ширкати «Ост – Индия», дар асари машҳури худ бо номи нишонии «Боигарии Англия дар савдои беруна ва ё тавозуни савдои беруна ҳамчун танзимкунандаи боигарии мо» асосҳои меркантилизми баркамолро ифода кардааст: сарчашмаи боигарӣ дар соҳаи истеҳсолот набуда, балки дар барзиёдии содирот аст. Вазифаҳои афзоишдиҳандаи боигарии пулии миллӣ бар дӯши давлат мебошад, ки ба воситаи амрҳои зиёд ва қонунҳо бояд сиёсати протексионизмро амалӣ гардонад. Дар марҳилаи ибтидоии меркантилизм ин намуди сиёсат дар манъ намудани барориши тилло аз мамлакат ифода ёфта буд, ки ба инкишофи савдои беруна халал мерасонид. Бинобар ҳамин дертар сиёсати протексионизм дар маҳдудияти воридоти молҳо бо воситаи ҷорӣ намудани боҷҳои баланди гумрукӣ ва нигоҳдории истеҳсолоти миллӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои содиротӣ ифода ёфтааст.
Ж. Колбер ва А.Монкретен. Ба ғайр аз Англия, меркантилизм дар Франсия низ инкишоф ёфтааст. Дар ҳар ду мамлакат меркантилистон аксар вақт вазифаҳои калони давлатиро ишғол мекарданд ва имконият доштанд дар сиёсати давлатӣ аз назарияи пешкаш мешуда истифода баранд. Масалан, намояндаи номдори меркантилизм ва сиёсати протексионизм Ж.Колбер (1619 – 1683), вазири молияи шоҳ Людовики XIV буд. Сиёсати ӯ таъсисдиҳии истеҳсолоти монуфактуриро, ташкилёбии ширкатҳои савдоии монополиро, сохтмони роҳҳо ва каналҳоро ҳавасманд менамуд.
Дигар меркантилисти франсузӣ А.Монкретен (1576–1621) ба таърихи илм ҳамчун муаллифи «иқтисоди сиёсӣ» ворид шудааст. Монкретен аввалин маротиба истилоҳи «иқтисоди сиёсиро» соли 1615 дар «Рисолаи иқтисоди сиёсӣ» («Трактат политической экономии») истифода бурдааст. Дар истилоҳи «иқтисоди сиёсӣ» ақидаи устувори меркантилистон оид ба мавҷудияти алоқаи зичи байни иқтисодиёт бо сиёсати давлат ифода ёфтааст.
Меркантилистон ба назарияи иқтисодӣ як қатор муқарраротҳои муҳимро ворид карданд, ки асосан ба савдои беруна ва тавозуни савдо, табиати пулҳо ва сатҳи фоиз тааллуқ доранд.
Мувофиқи ақидаи меркантилистон, асоси устувори боигарии ҳар як мамлакатро афзоишдиҳии маҳсулоти натуралӣ не, балки ғункунии пулҳо (тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ) ба воситаи савдои берунаи самаранок ташкил мекунанд, яъне афзоиши барориши молҳо аз мамлакат нисбат ба барориши онҳо.
Ҳамин тавр, консепсияи меркантилистон, ки ба таҷрибаи ҳаёти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст, низоми сиёсати амалии ба танзими савдои беруна бо мақсади таъмини воридоти тилло ва нуқра ба мамлакат равона шуда буд. Мақсади асосии чунин сиёсат дастгирии саноат ба воситаи воридоти ашёи арзон, ҷорӣ намудани тарифҳои протексионистӣ ба молҳои саноатии воридшаванда, ҳавасмандгардонии содироти молҳои тайёр ба ҳисоб меравад.
Дар инкишофи назарияи иқтисодӣ ҳамчун илм У.Петти (1628 – 1689) дар Англия ва П. Буагилбер (1648–1714) дар Франсия мавқеи хосаро ишғол мекунанд. Афкори онҳо ҳамчун асоси гузариш аз меркантилистон ба илми (ҳақиқи) иқтисоди сиёсии классикӣ мебошад. Хизмати шоистаи онҳо дар ҷудошавии зинагии ақидаи меркантилизми кӯҳна оид ба зарурияти дахолати доимии давлат ба иқтисодиёт мебошад. Онҳо ба пойдоршавии физиократҳо – равияи иқтисодие, ки дар Франсия дар асри XVIII ба миён омада буд, роҳ кушоданд. Асарҳои машҳури У. Петти «Рисола оид ба андозҳо ва боҷҳо» ва «Арифметикаи сиёсӣ» мебошанд. Махсусан У. Петти ба назарияи пулҳо саҳми бузург гузоштааст. Ӯ пулро ҳамчун моли пайдоиши меҳнатӣ дошта муайян кард ва бинобар ҳамин, пулҳо эквиваленти умумӣ мебошанд. У. Петти аввалин шуда дар илми иқтисодӣ масъаларо оид ба миқдори пулҳои барои муомилот зарур бударо гузошт, лекин худи ӯ ин масъаларо ҳал накарда, хизмати ӯ дар ин ҷода танҳо дар масъалагузорӣ мебошад. Ҳамаи ин масъалаҳоро У.Петти дар асари худ бо номи «Баъзе масъалаҳо оид ба пулҳо» тадқиқ карда буда, ки ин асари ӯро Ф.Энгелс ҳамчун шоҳасари иқтисоди сиёсӣ баҳо додаст.
П. Буагилбер низ кӯшиш кард, ки арзишро ба меҳнат мансуб намояд ва бо баробари ин муқаррароти заруриро оиди ҷустуҷӯи сарчашмаи боигарӣ дар соҳаи истеҳсолот маънидод намояд.
Дар сарчашмаи иқтисоди сиёсии классикӣ иқтисодчӣ – физиократ Ф. Кенэ (1694 – 1774) низ қарор дошт.
Физиократҳо (аз калимаи юнонии phisis – табиат; kratos – қувва, ҳукмронӣ) – гурӯҳи олимон, ки ақидаи асосии худро оид ба либерализми иқтисодӣ ҳаматарафа тарафдорӣ мекарданд, ки дар принсипи машҳури «laissezfaire» (озодии фаъолият, халал нарасонидан) ифода меёфт. Оид ба пайдоиши ин принсип ривояте пайдо шуда буд. Мувофиқи ин ривоят аз сарватманди корчаллон пурсиданд, ки давлат ба ӯ чӣ тавр кӯмак расонида метавонад. Ба ин савол сарватманди корчаллон бо ибораи «laissezfaire» (халал нарасонед) ҷавоб дода, маълум кард, ки ба кӯмак ниёз надорад. Мантиқи назариявии ин принсип чунин аст: модоме ки бозор дар асоси худтанзимшавӣ ба ҳолати мӯътадил ноил мегардад, бинобар ҳамин ҳаргуна дахолати давлат ба ин ҷараён метавонад танҳо иқтисодиётро аз ҳолати мӯътадил берун намояд. Ҳамагуна ҳолати аз мӯътадил фарқкунанда дорои хислатҳои бадтар нисбат ба худи ҳолати мӯътадил мебошад. Бо асосноккунии ақидаи худтанзимшавии бозор аз тарафи физиократҳо, дахолат накардани давлат ба худтанзимшавии бозорӣ дар илми иқтисодӣ ва ҳаёти аслӣ зиёда аз якуним аср ҳукмронӣ кард.
Ақидаи дигари муттаҳидкунандаи физиократҳо ин тасаввуроти нодуруст оид ба таъсисёбии боигарӣ танҳо дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Физиократҳо саноатчиёнро «синфи безуриёт» номиданд, ки гӯё боигарии навро истеҳсол накарда, танҳо маҳсулоти дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсолшударо шаклан дигаргун мекарданд. Чунин хулосаи физиократҳо бечунучаро ба ҳолати иқтисодии Франсияи ҳамонвақта асоснок карда шуда буд. Франсияи ҳамонвақта 95 фоиз мамлакати аграрӣ буд, бинобар ҳамин маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи зиёди истеҳсолоти мамлакатро ташкил мекард.
Ҳамин тавр физиократҳо нисбат ба меркантилистон дар инкишофи илми иқтисодӣ қадами бузургеро ба пеш гузоштанд. Онҳо масъалаи таъсисёбии боигариро аз соҳаи муомилот ба соҳаи истеҳсолот гузарониданд. Гарчанде физиократҳо гумон доштанд, ки соҳаи ягонаи истеҳсолоте, ки дар он боигарии миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад ин соҳаи кишоварзӣ буда, шакли ягонаи арзиши изофа ин рентаи замин мебошад, саҳми онҳо ба инкишофи иқтисоди сиёсӣ ниҳоят бузург аст.
Оид ба хизматҳои физиократҳо қайд намуда, нақши онҳоро дар ҳалли муаммои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ қайд накардан мумкин нест. Дар тӯли таърихи умумии инкишофи назарияи иқтисодӣ масъалаҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ аввалин маротиба айнан аз тарафи физиократҳо, хусусан аз тарафи намояндаи номдори он Франсуа Кенэ дар «Ҷадвали иқтисодии» ӯ (с. 1757) маънидод карда шуда буданд. Дар ин кори худ Ф.Кенэ сикли пурраи ҳаракати маҳсулотро нишон дод, яъне аз истеҳсоли он дар соҳаи кишоварзӣ, бо воситаи тақсимот ва мубодила байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ то истеъмолот. Ҳамин тавр аввалин маротиба муаммои такрористеҳсол, яъне муайян намудани қобилияти сол ба сол нигоҳдории фаъолияти иқтисодиёти миллӣ, ба монанди муҳаррики абадӣ дар ягон лаҳза қатъ нагардидани истеҳсолот ва истеъмолот баррасӣ шуда буд.
Инкишофи минбаъдаи таълимоти физиократҳо, махсусан Ф.Кенэ дар корҳои А.Тюрго (сс. 1727 – 1781) инъикоси худро ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки А.Тюрго худро ба ин мактаб шомил намеҳисобид. Масалан, ба монанди физиократҳо, А.Тюрго тасдиқ мекард, ки «заминдор қувваи ибтидоии ҳаракатдиҳанда дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ мебошад; айнан заминдор дар замини худ музди ҳамаи косибонро ба вуҷуд меоварад. Меҳнати заминдор – меҳнати ягонае, ки нисбат ба музди меҳнат зиёдтар истеҳсол мекунад. Бинобар ҳамин ин меҳнат сарчашмаи ягонаи боигарӣ мебошад».

1.3. ИҚТИСОДИ СИЁСИИ КЛАССИКӢ

Иқтисоди сиёсии классикӣ ба назарияи иқтисодӣ ҳақиқатан ҳам хислати илмиро дод. Классикӣ ин муайян намудани категорияҳои иқтисодӣ ва барориши қонунҳоро аз воқеияти аслӣ ва таҷрибаи ҳаётӣ дар назар дорад.
Мактаби классикӣ номи худро барои саҳми бузургаш дар инкишофи назарияи иқтисодӣ ва пойдоршавии он ҳамчун илми ҳақиқӣ гирифтааст. Дар ташаккулёбии иқтисоди сиёсии классикӣ дар тӯли тақрибан 200 сол бисёр иқтисодчиён аз мамлакатҳои гуногун иштирок варзидаанд, бо вуҷуди ин хусусиятҳои умумии онро ҷудо кардан мумкин аст, ки онҳоро ба як мактаби илмӣ муттаҳид месозад.
1. Иқтисоди сиёсии классикӣ дар даврае ҳукмрон буд, ки дар он капитал босуръат ба саноат ворид шуда, ҷалби миқдори зиёди захираҳои меҳнатӣ ва табиӣ, ихтироотҳои техникӣ ва қоибилиятҳои соҳибкорӣ ба истеҳсолот амалӣ карда мешуд.
2. Боигарии миллат аллакай бо пулҳои тиллоӣ не, балки бо миқдори молҳои офаридашуда маънидод карда мешуд (ин ақида барои тоҷир шубҳанок ба ҳисоб рафта, ба мавқеи ҳаёти саноатчӣ мувофиқат мекард). Албатта, табаддулоти афкори иқтисодӣ дар ин равия пуразоб мегузашт. Ҷамъият бе майлу рағбат аз нигаҳҳои пешинаи худ даст мекашид.
3. Иқтисоди сиёсии классикӣ дар даврае ба миён омад, ки дар он низоми бозорӣ дар ҷараёни инкишоф ва пойдоршавӣ имкониятҳои худтанзимшавии худро аниқтар муайян карда буд. Бинобар ҳамин классикон консепсияи либерализми иқтисодиро коркард намуданд, ки дар боварии мутлақ ба саховатмандии соҳибкори хусусӣ асос ёфта, нозарурии дахолати давлатро ба иқтисодиёт эътироф мекард.
4. Классикон ҷараёни нархгузории бозориро аз мавқеи истеҳсолкунандагон ва хароҷоти онҳо барои истеҳсоли мол ва хизматҳо тадқиқ мекарданд. Онҳо истеъмолкунандаро ба сифати иштирокчии ин ҷараён мушоҳида намекарданд.
Ҳамин тавр, мактаби классикии назарияи иқтисодӣ бо чунин мунсибатҳо фарқ мекунад:

усули абстраксияи илмиро истифода бурда, классикон кӯшиш мекарданд, ки ба мафҳуми мантиқии ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ ба воситаи гузаронидани тадқиқот ба соҳаи истеҳсолот сарфаҳм раванд;
мавҷудияти қонунҳои иқтисодии объективиро тасдиқ мекарданд, ки омӯзиши онҳо ба масъалаи (фанни) назарияи иқтисодӣ дохил мешаванд;
оид ба маҳдудкунии дахолати давлат ба иқтисодиёт, савдои озод ва принсипи «laissezfaire» баромад мекарданд;
қувваи асосии тараққиёти иқтисодиётро дар манфиати шахсӣ, фоида, «худпарастӣ» ва дар асоси моликияти хусусӣ медиданд;
капитализм ҳамчун сохти имконпазири «муқаррарии» ягона мушоҳида карда мешуд.
Аввалин маротиба истилоҳи «мактаби классикӣ» – ро К.Маркс истифода бурдааст. Ба классикон ӯ пеш аз ҳама тарафдорони назарияи меҳнатии арзишро мансуб медид. Аз ин лиҳоз, К.Маркс ба мактаби классикӣ чунин олимонро дохил мекард: У.Петти, П.Буагилбер, А.Смит, Д.Рикардо. Ба ақидаи К.Маркс, ба ҷои мактаби классикӣ «иқтисоди сиёсии буржуазии вулгарӣ» омадааст, ки ҳодисаҳоро рӯяки мушоҳида карда, ба сифати ҳомии капитализм баромад мекунад ва моҳияти истисмории даромади синфҳои ҳукмронро пинҳон менамояд.
Дар назарияи иқтисодии муосир «иқтисоди сиёсии вулгарӣ» истифода намешавад, лекин нисбати истилоҳи «классикӣ» маънидодкуниҳои васеъ истифода мешаванд.
Адам Смит (1722 – 1790) иқтисодчии машҳури ҳама давру замон ба ҳисоб меравад. Дар асари безаволи худ «Тадқиқот оид ба табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо» (1776) ӯ аввалин шуда аз ҳалли муаммоҳои алоҳидаи иқтисодӣ ба низоми донишҳои иқтисодӣ рӯй овард. Муносибати ӯ се қисми асосиро дар бар мегирифт:

Мафҳуми инсони иқтисодӣ ва ё ба гуфти А.Смит инсони худпараст;
Принсипи «дасти ноаён»;
Тартиби муқаррарӣ.
Ҳамин тавр аз тарафи А.Смит «ташкили худсаронаи ҷаҳони иқтисодӣ зери таъсири манфиати шахсӣ» маънидод карда шуд.
Модели (тамсилаи) инсони иқтисодии А.Смит таҳти таъсири назарияи файласуфии ҳуқуқи муқаррарӣ пайдо шуд, ки масъали баҳамтаъсиррасонии шахсият ва давлатро ба тарафи манифати шахсии инсон ҳал менамуд. Ҳар як шахсият ба фикри А.Смит табиатан худпараст буда, кӯшиш мекунад, ки доимо боигарии худро афзоиш диҳад, лекин ин камбудӣ набуда, балки баръакс ҷамъиятро ба некӯаҳволӣ меоварад.
Принсипи «дасти ноаён» гӯё ҳолати аҷиби зеринро маънидод мекарда бошад. Чӣ тавр ҷамъияте, ки аз худпарастони ба зиёд намудани боигарии моддии худ майлдошта иборат буда, арзи вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд? А.Смит нишон дод, ки бозор чунон сохта шудааст, ки, инсон манфиатҳои худро танҳо дар ҳолати пешкаш намудани меҳнат ва маҳсулоти худ барои мубодила амалӣ гардонида метавонад. «На аз саховатманди қассоб, пивопаз ва ё нонвой мо дастоврдани нисфирӯзии худро интизор ҳастем, балки аз риоя намудани пешбарии манифатҳои худо онҳо мо соҳиби таоми нисфирӯзӣ мешавем». Яъне шахси манфиатҳои худро пешбарикунанда ба воситаи «дасти ноаён» ба мақсадҳои тамоми ҷамъият равона карда шуда, ба тараққиёти он мусоидат менамояд.
Зери мафҳуми тартиботи муқаррарӣ А.Смит шароитҳоеро дарк менамуд, ки дар он амали хайрхоҳонаи манфиати шахсӣ ва «дасти ноаён» амалӣ карда мешавад. Муҳити ҳамонвақтаи ба ӯ муносиб буда, дар амал модели идеализатсияшудаи капиталзми ибтидоиро ифода мекард: бозори аз ҳама гуна маҳдудиятҳои феодалӣ озод; корхонаҳои зиёди байни худ рақобаткунанда; нақши ҳадди ақали давлат дар иқтисодиёт.
А.Смит ба омӯзиши арзиши мол саҳми босазое гузошт. Мувофиқи таълимоти А.Смит, арзиши мол танҳо бо меҳнат муайян карда мешавад. Ин консепсия номи «назарияи меҳнатии арзиш»-ро гирифта, дар таърихи илми иқтисодӣ ниҳоят нақши бузургро бозидааст, зеро он ба масъалаҳои сарчашмаи боигарӣ ҷавоб медод. А.Смит навишта буд: «Аз ҳама ҳам ҳуқуқи муқаддастарин ва дахлнопазири моликият ин ҳуқуқ ба меҳнати азони худӣ мебошад, зеро меҳнат сарчашмаи ибтидоии ҳамагуна моликият мебошад». Аз тарафи А.Смит назарияи пулҳо, даромадҳо, капитал, тақсимоти меҳнат ва такрористеҳсол тадқиқ шуда буданд.
Ҳамин тавр, схемаи мантиқии консепсияҳои иқтисодии А.Смитро дар намуди зерин тасвир кардан мумкин аст:

боигарӣ ин маҷмӯаи воситаҳои моддии истеҳсолот ва истеъмолоти мамлакати додашуда мебошад. Сарчашмаи боигарӣ – меҳнат дар ҳамагуна соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ мебошад. Воситаи зиёдкунии боигарӣ – тақсимоти меҳнат, баландшавии ҳосилнокии он мебошад. Тақсимоти меҳнат ва мубодила – асоси иқтисодии ҷамъият мебошад;
дар ҷараёни мубодила зарурият ба пулҳо ҳамчун моли махсус ба миён меояд, ки бо талаботи махсус таъмин аст;
бо воситаи пулҳо арзиши мол муайян карда мешавад. А.Смит арзиши истеъмолӣ (бизоат дар истеъмолот) ва арзиши мубодилавиро (бизоат дар мубодиларо) фарқ мекард. Дар асоси таносубҳои мубодила хароҷоти меҳнат хобидааст.
А.Смит ба таърихи назарияи иқтисодӣ ҳамчун «офарандаи ҳақиқӣ» – и иқтисоди сиёсӣ ворид шуд.
Давид Рикардо (1772 – 1823) анъанаи иқтисоди сиёсии классикиро давом дода, ақидаи А.Смитро инкишоф додааст. Д.Рикардо илми иқтисодиро аз бисёр хатогиҳои тадқиқотчиёни пешин ислоҳ намуд ва назарияи меҳнатии арзишро аз зиддиятҳои дохилӣ озод намуд.
Назарияи иқтисодӣ дар таълимоти Д.Рикардо дар намуди консепсияи давомнокии мантиқӣ инъикос ёфтааст. Д.Рикардо аввалин шуда мафҳуми хароҷоти зарурии ҷамъиятии меҳнатро ва тафовути онро аз хароҷоти инфиродии меҳнат маънидод карда, исбот намуд, ки арзиш айнан бо меҳнати зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.
Саҳми назарраси Д. Рикардо дар илми иқтисодӣ дар маънидодкунии ҷараёни гузариши арзиши воситаҳои истеҳсолот ба маҳсулоти тайёр ифода ёфтааст. Ӯ нишон дод, ки дар ҷараёни офаридани арзиш меҳнати зинда иштирок мекунад, лекин ба таркиби арзиши маҳсулоти тайёр арзиши дар воситаҳои истеҳсолот таҷассумёфта низ дохил мешавад.
Ба ғайр аз ин Д.Рикардо бисёр муаммоҳои иқтисодиро ҳал намуд, аз қабили аз самаранокии иқтисодии савдои байналхалқӣ ва назарияи афзалияти муқоисавӣ (нисбӣ) то муайян намудани «сатҳи ҳадди ақали музди меҳнат» ва ё ҳадди ақали рӯзгузаронӣ.
Кори асосии Д.Рикардо «Ибтидои иқтисоди сиёсӣ ва андозбандӣ» мебошад. Дар ин кор кӯшиши тадқиқи муносибатҳои иқтисодӣ аз мавқеи назарияи меҳнатии арзиш ба назар мерасад.
Ба итмомрасии мантиқии анъанаҳои идеализатсияи иқтисоди бозорӣ, тадқиқотҳои Жан Батист Сей (1767 – 1832) иқтисодчӣ ва соҳибкори франсуз мебошанд. Ӯ қонуни бозорро, яъне «Қонуни Сей»-ро тавсия додааст. Ин қонун худтанзимшавии мукаммали низоми бозориро тасдиқ карда, то ҳатто имкониятҳои бӯҳронҳои иқтисодиро рад мекард. Мувофиқи ин қонун, ҳангоми дастрасӣ ва риояи принсипи laissez faire аз тарафи ҷамъият, истеҳсолот (пешниҳод) истеъмолоти мувофиқро (талаботро) тавлид мекунад, яъне истеҳсоли мол ва хизматҳо ҳатман даромадҳоро ба вуҷуд меоварад, ки аз сабаби нархгузории тағйирёбанда ва озод дар бозор ба ин даромадҳо мол ва хизматҳо фурӯхта мешаванд.

1.4. ТАЪЛИМОТИ ИҚТИСОДИИ К.МАРКС

«Маркс ниҳоят муҳим мебошад, ки ӯро танҳо ба марксистон мустаҳкам намоем», – менависад иқтисодчии номдори америкоӣ П.Самуэлсон.
Барои чӣ К.Марксро иқтисодчии бузург меҳисобанд? Барои он ки К. Маркс бисёр кашфиётҳои аҳамияти калондоштаро дар назарияи иқтисодии классикӣ амалӣ кардааст, ки онҳо илми иқтисодиро қариб то мукаммалӣ оварда расонидаанд. Бо баробари ин гуфтаҳо, таълимоти К.Марксро ба таври кӯтоҳ маънидод кардан ниҳоят мушкил аст. Ӯ ниҳоят саҳми бузургеро ба инкишофи илми иқтисодӣ гузоштааст.
Дар ҷодаи итмомёбии мантиқӣ ва маънидодкунии систематикии назарияи меҳнатии арзиш чунин хусусиятҳоро ҷудо кардан ҷоиз аст:

Ақидаи асосие, ки имконияти ба таври формалӣ – мантиқӣ ҳал намудани зиддияти дар консепсияҳои гузаштагон мавҷуд бударо фароҳам меоварда ин ақидаи К.Маркс оид ба хислати духелагии меҳнат мебошад. Дар шакли мушаххаси худ, меҳнат арзиши истеъмолиро ба вуҷуд оварда, ҳамчун шакли абстрактии аз фарқиятҳои сифатӣ озодшуда бошад, арзишро ба вуҷуд меоварад. Коргар дар ҷараёни истеҳсолот бо меҳнати мушаххаси арзиши воситаҳои истеҳсолотро ба арзиши маҳсулоти нав мегузаронад, бо меҳнати абстрактӣ бошад, арзиши навро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо аз рӯи сохтори худ арзиш дар худ хароҷоти меҳнати гузашта ва арзиши навро дар бар мегирад, ки бо меҳнати зинда офарида шудааст.
Арзиш мувофиқи таълимоти К.Маркс ин хосияти мол, ки танҳо дар ҷараёни мубодила бо воситаи арзиши мубодилавӣ ба назар мерасад. Дар ҷараёни инкишофи таърихии мубодила арзиши мубодилавӣ «аз шакли оддитарини номаълум то шакли пулӣ» инкишоф меёбад. К.Маркс моҳияти пул, вазифаҳои он ва қонуни муомилоти пулиро ниҳоят бомуваффақият маънидод кардааст. К.Маркс таркиби қонуни арзиш, аҳамият ва вазифаҳои онро маънидод намуд.
Мувофиқи ақидаи Маркс, коргар ба капиталист худи меҳнатро не, балки қувваи кориро – қобилияти ба вуҷуд овардани молҳои навро мефурӯшад. Ҳамин тавр, худи қувваи корӣ ҳамчун мол баромад мекунад. Арзиши ин мол бо арзиши воситаҳои ҳаётии барои такрористеҳсоли қувваи корӣ зарур буда, муайян карда мешавад. Арзиши истеъмолӣ бошад, дар қобилияти ба вуҷуд овардани арзиши нави нисбат ба арзиши қувваи корӣ зиёдтар ифода меёбад. Қувваи кориро харидорӣ намуда, капиталист арзиши онро пардохт мекунад, вале арзиши истеъмолиро истифода мебарад. Мувофиқан, қонуни арзиш, ҳамчун қонуни мубодилаи эквивалентӣ вайрон намешавад. Фарқияти байни арзиши нав ва арзиши мол «қувваи корӣ» – ин арзиши иловагӣ (изофагӣ) мебошад. Дар ҷараёни мубодила арзиши изофа шакли дигаргуншудаи фоидаро мегирад.
«Капитал, – менависад Маркс, – ин арзиши худафзоянда аст». Дар асоси худафзояндагии он истисмори меҳнати кироя хобидааст. Вобаста ба ин Маркс чунин хулосаи асосии сиёсиро баровард: боигарӣ бояд ба шахсе тааллуқ дошта бошад, ки онро ба вуҷуд овардааст.
Назарияи такрористеҳсоли Маркс ҷолиби диқкати махсус аст. Маҳсулоти ҷамъиятиро ба ду ҷузъ ҷудо карда: воситаи истеҳсолот ва молҳои истеъмолӣ, Маркс таносубҳои барои ҷараёни мӯътадили такрорисетҳсоли оддӣ ва васеъ зарурро нишон дод.
Аз тарафи Маркс ақидаҳо оид ба қонуниятҳои таҳаввули шаклҳои иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъият инкишоф дода шуда буд, таълимот оид ба форматсияҳои ҷамъиятӣ – иқтисодӣ таъсис дода шуда, қонуни ивазшавии онҳо, яъне қонуни мувофиқати муносибатҳои истеҳсолӣ ба сатҳ ва характери инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда баён карда шуда буданд. Ҳамаи ин имконияти хулосабарориро фароҳам овард, ки мувофиқи он капитализм, ҳамчун дигар форматсияҳои ҷамъиятӣ – иқтисодӣ характери гузаранда дорад.
Танҳо номбар кардани кашфиётҳои К.Маркс даҳҳо саҳифаро дар гирифтанаш мумкин аст. Лекин ақидаи К.Маркс оид ба хусусияти истисмории сохтори капитализм, бо баробари ин оид ба васеъшавӣ ва инкишофёбии ин хусусият, ки гӯё дар шиддатёбии камбизоатшавии синфи коргар ифода меёбад, инчунин ақида оид ба барҳамхӯрии капитализм таърихан тасдиқ нашудаанд.

1.5. НАЗАРИЯҲОИ ИҚТИСОДИИ МУОСИР

Ба назарияҳои муосир одатан назарияҳои иқтисодиро дохил мекунанд, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX таъсис ёфтаанд. Онҳо бо мавқеъҳои гуногуни васеъ, нигоҳҳо ва консепсияҳо пешкаш гаштаанд. Дар инкишофи худ назарияи иқтисодии муосир як қатор марҳилаҳоро аз сар гузаронидааст, ки дар ҷараёни онҳо асосан ду равия таъсис ёфтааст: неоклассикӣ ва кейнсӣ.
Равияи неоклассикии назарияи иқтисодӣ. Дар охири асри XIX бар муқобили мактаби иқтисодчиёни англис равияи неоклассикӣ таъсис ёфт, ки назарияи иқтисодиро ба пеш равона сохт. Мулоҳизаҳои зарурии неоклассикон, ки онҳо аз назарияи классикӣ гирифта буданд, принсипи «laissezfaire», «ақидаи дасти ноаёни бозор», ки иқтисодиётро танзим мекард ва дахолатнопазирии давлат гардид. Асосҳои назарияи неоклассикӣ дар ҷараёни тадқиқи рафтори субъекти хоҷагидорӣ дар шароити маҳдудияти захираҳо, коркард шудаанд. Аз тарафи неоклассикон муносибати микроиқтисодӣ ба ҳодисаҳо ва ҷараёнҳо дар сатҳи субъектони хоҷагидории алоҳида асоснок карда шуданд. Асоси ибтидоии равияи неоклассикии назарияи иқтисодӣ, назарияи фоиданокии интиҳоӣ гардид.
Ба назарияи неоклассикӣ чунин хусусиятҳои фарқкунанда хосанд:
Якум, неоклассикон маҳдудияти таълимоти классикиро оид ба мол ва нархи бозорӣ бартараф карданд. Азбаски иқтисоди сиёсии классикӣ рафтори истеъмолкунандагони неъматҳои молиро дар бозор намеомӯхтанд, бинобар ҳамин таълимоти мукаммалро оид ба низоми бозории хоҷагидорӣ таъсис надоданд. Ин нуқсонро мактаби австриягии иқтисоди сиёсӣ бартараф кард, ки консепсияи фоиданокии интиҳоии неъматҳои моддиро коркард намудааст.
Классикони англис гумон мекардад, ки соҳаи ҳалкунандаи иқтисодиёт истеҳсолот мебошад. Мувофиқан ба ин гуфтаҳо, онҳо гумон дошанд, ки нархи бозорӣ бо неъматҳои аз тарафи молистеҳсолкунандагон пешниҳодшаванда муайян карда мешавад. Иқтисодчиёни австрягӣ баръакс нақши асосиро дар тараққиёти иқтисодӣ ба бозор мансуб дониста, нақши асосии нархгузориро ба талаботи харидорон мансуб медонистанд.
Дуюм, ба аз нав дида баромадани мероси классикӣ асосгузори иқтисоди сиёсии америкоӣ Дж.Б.Кларк низ машғул шуда буд. Консепсияи фоиданокии интиҳоии неъматҳои истеъмолиро ӯ бо назарияи ҳосилнокии интиҳоии меҳнат ва капитал пурра намуда, назарияи худро ба зидди таълимоти классикӣ оид ба арзиши изофа ва истисмори синфи коргар дар шароити капитализм вогузошт. Дж.Б.Кларк гумон дошт, ки тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ мувофиқи ҳиссаи ҳар як омили истеҳсолот (меҳнат, капитал ва замин) амалӣ мегардад.
Сеюм, консепсияи фоиданокии интиҳоӣ ва ҳосилнокии интиҳоии омилҳои истеҳсолот имконият дод, ки дар асоси назарияи неоклассикӣ муаммои самаранокии иқтисоди бозорӣ вогузор карда шавад. Чунин самаранокӣ маънои ноилгардӣ ба ҳадди аксари қонеъгардонии эҳтиёҷоти одамонро (ва ё ҳадди аксари даромади соҳибкорро) дар ҳолати хароҷоти ҳадди ақали захираҳои истеҳсолӣ дорад.
Воридкунии бузургиҳои интиҳоӣ ба назарияи иқтисодӣ ба пайдоиши мактаби математики дар иқтисодиёт сабаб шуд. Айнан бузургиҳои интиҳоӣ истифодабарии математикаи олиро дар иқтисодиёт имконият дод. Бо воситаи усулҳои математикӣ имконият пайдо шуд, ки вобастагиҳои фундаменталии математикӣ дар истеҳсолот, истеъмолот ва дар бозор кашф карда шаванд. Чунин усулҳо имконият доданд, ки вариантҳои истифодабарии ҳосилнокии имкониятҳои истеҳсолӣ дар ҳолати маҳдудияти захираҳо дарёфт карда шаванд. Назарияи фоиданокии интиҳоӣ имконият дод, ки ҳаҷми оптималии истеҳсолот, ҳаҷми оптималии корхона муайян карда шуда, сохтори омилҳои истеҳсолоти истифодашаванда низ оптимизатсия карда шаванд. Аз ҳамин сабабҳо табаддулот дар назарияи иқтисодӣ инқилоби маржиналистӣ (маржинализм аз калимаи англисии marginal – интиҳоӣ гирифта шудааст) номида шуд.
Инқилоби маршаллӣ (А.Маршалл 1842 – 1924). А.Маршалл натиҷаҳои инқилоби маржиналистиро ҷамъбаст намуда, онро пурра карда ва ба низом даровард. Саҳми А.Маршаллро дар таҳияи ин равияи назариявӣ, баъзе таърихчиёни афкори иқтисодӣ «инқилоби маршаллӣ» номиданд.
Бар хилофи афкори пештараи арзиши неъматро бо хароҷоти меҳнат ва ё бо баҳодиҳии субъективии фоиданокӣ маънидод мекарда, Маршалл ба хулосае омад, ки мувофиқи он дар таъсисёбии арзиш ҳам хароҷоти меҳнат ва ҳам баҳодиҳии субъективии фоиданокӣ иштирок мекунанд. Омилҳои талабот ва пешниҳодро муайян карда, ӯ ба тадқиқи хусусиятҳои ба мувозинатӣ омадани талабот ва пешниҳод ва таъсисёбии нархи мувозинатӣ шурӯъ намуд. А. Маршал ба таъсири омили вақт ба талабот ва пешниҳод аҳамият дод. Давраҳои лаҳзагӣ, кӯтоҳ, дароз ва дурударозро ҷудо намуда, А. Маршалл чунин хулосабарорӣ кард: «Чӣ қадаре, ки фосила кӯтоҳ бошад, ҳамон қадар талабот ба нарх таъсири калон мерасонад; чӣ қадаре ки фосила дароз бошад, ҳамон қадар пешниҳод ба нарх таъсири калон мерасонад».
Ҳамин тавр, А.Маршалл кӯшиш кард, ки назарияи меҳнатии арзишро бо назарияи фоиданокии интиҳоӣ муттаҳид намояд, лекин ӯ бо яктарафагии ҳам назарияи меҳнатии арзиш (мувофиқи ин назария нарх ин ифодаёбии пулии арзиш – хароҷоти меҳнатии истеҳсолкунанда аст) ва ҳам назарияи фоиданокии интиҳоӣ (мувофиқи ин назария нарх ин ифодаёбии баҳодиҳии субъективии молҳо аз тарафи харидор мебошад) дучор шуд.
А.Маршалл ба бартараф намудани ин зиддият кӯшиш намуда, ба чунин хулоса омада буд, ки дар ҷараёни таъсисёбии нархи бозорӣ изҳор намудани афзалият ба пешниҳоди фурӯшанда ва ҳам ба талаботи харидор нодуруст мебошад. Бинобар ҳамин дар маркази тадқиқот ӯ ташаккулёбии нархҳоро дар бозорҳои гуногуни молӣ бо воситаи баҳамтаъсиррасонии талабот ва пешниҳод вогузор намуд. Бо баробари ин вобастагиҳои фундаменталии байни нарх ва талабот, нарх ва пешниҳод муайян гардиданд. Ин ва дигар ҳолатҳо дар кори асосии А.Маршалл «Принсипҳои иқтисоди сиёсӣ», ки соли 1890 ба чоп расида буд, асоснок карда шудаанд.
Равияи кейнсӣ дар солҳои 30-уми асри XX ташаккул ёфтааст. Равияи неоклассикӣ рафтори субъекти хоҷагидориро дар шароити рақобати мукаммал таҳлил мекард. Лекин дар иқтисодиёти аслӣ нақши калонро монополияҳо мебозидагӣ шуданд. Ба ғайр аз ин неоклассикон қариб ба таври пурра мавҷудияти норасогиҳоро дар иқтисоди бозорӣ, зиддиятҳоро дар истеҳсолот, тақсимот ва истеъмолот ва инчунин бӯҳронҳои иқтисодиро рад мекарданд. Нақши танзимгарии «дасти ноаёни бозор» дар ҳама назарияҳои онҳо далели асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Бо вуҷуди ин солҳои 30-уми асри XX бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ сар зад, ки давомнокӣ, оқибатҳои умумииқтисодӣ ва сиёсии он дар таърихи башарият аввалин буд. Равияи неоклассикии назарияи иқтисодӣ ба муаммоҳои аз тарафи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гузошта роҳи халро дарёфт карда натавонист. Аз ҳамин сабаб, назарияи иқтисодӣ дар миёнаи асри ХХ яке аз табаддулотҳои ҷиддиро аз сар гузаронид, ки номи «инқилоби кейнсиро» гирифт. Номи ин табаддулот бо номи иқтисодчии англис Ҷ.М.Кейнс (1883 – 1946) алоқаманд аст.
Равияи кейнсӣ қобилияти механизми бозориро ба худтанзимшавӣ рад мекунад, яъне мувофиқи ин равия иқтисоди бозорӣ аз чунин бемориҳо, ба монанди бекорӣ, таваррум, суръатҳои пасти рушди иқтисодӣ, бӯҳронҳои сиклӣ ва ғайраҳо қобилияти худмуолиҷавиро надорад.
Мувофиқи ақидаи тарафдорони ин равия, механизми бозорӣ бояд нигоҳ дошта шуда (зеро бо маънои самаранокии иқтисодӣ ба ин механизм ивазшавандаи арзанда вуҷуд надорад), бо танзими ҳаматарафаи давлатӣ пурра шуданаш лозим аст, ки барои ҳалли муаммоҳои ҳалнопазири бозорӣ имкониятҳоро фароҳам меоварад.
Кори илмии асосии Ҷ.Кейнс «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул» (с.1936) ба ҳисоб меравад. Ин кори илмӣ зери таъсири бӯҳр


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.