Контактная информация
Назарияи иқтисод аввалин бор аз ҷониби олими франсуз – Антуан Мон Кретин дар асри 17 (соли 1615) ҳамчун илм эътироф шудааст. Антуан Мон Кретин хоҷагидориро ба ду қисм ҷудо намудааст:
1. Илм оиди хонадорӣ ва хоҷагидорӣ;
2. Хоҷагидории давлатӣ ё худ иқтисоди сиёсӣ.
Назарияи иқтисодӣ ба 4 қисм ҷудо мешавад: 1) Микроиқтисод; 2) Макроиқтисод; 3) Мезоиқтисод; 4) Мегаиқтисод.
Барои тавсифи илме, ки ҳаёти хоҷагидориро тадқиқ мекунад, истилоҳҳои гуногуни зерин истифода мешуданд:
Экономика – аз калимаи юнонии ойкос – хона, хоҷагӣ ва номос – санъат, қонун, дониш гирифта шудааст, ки бояд маънои санъати хоҷагидориро дошта бошад;
Иқтисодиёт – фанни илмие, ки фаъолияти хоҷагидориро дар низоми иқтисодӣ ва соҳаҳои алоҳида, унсурҳо, шароитҳо (иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ, маориф, аҳолиншинӣ, меҳнат) ва ғайраҳоро меомӯзад;
Иқтисоди сиёсӣ – аз калимаи юнонии политея – сохтори давлатӣ, ойкос ва номос гирифта шуда, маънои санъати хоҷагидориро дар чаҳорчӯбаи давлат дар назар дорад. Мувофиқан, то даме, ки давлат вуҷуд дорад, илми хоҷагидориро дар чаҳорчӯбаи давлат омӯхтан низ арзи вуҷуд мекунад. Дар аксари ҳолат ин истилоҳро бо иқтисоди сиёсии классикӣ алоқаманд мекунанд, ки нисбатан нодуруст аст. Инчунин фаҳмиши ин истилоҳ ҳамчун маҷмӯаи сиёсат ва иқтисодиёт низ нодуруст аст;
Экономикс – илм оид ба рафтори инсон дар иқтисодиёти бозорӣ, доир ба истифодабарии захираҳои маҳдуд дар фаъолияти хоҷагидорӣ мебошад, ки ба услубияти маржиналистӣ такя мекунад;
Назарияи иқтисодӣ – илм оид ба санъати хоҷагидорӣ дар низомҳои иқтисодии гуногун, ки маҷмӯаи дастовардҳои зарурии афкори иқтисодиро дар ибтидои асри ХХI истифода мебарад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.