Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ФАН, УСУЛ, ВАЗИФА ВА МАҚСАДИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

мавзуъ. фан усул принсип ва вазифахои назарияи иктисод. назарияи иктисод илм оиди самаранок истифодабарии захирахои махдуди иктисоди коркард ва ба рох мондани онхо дар ин асос конеъ гардонидани талаботи руз аз руз талаботи ахолиро меомузад. назарияи иктисод аввалин бор аз чониби олими франсус Антуон Мон Кренти дар асри 17 (1615) хамчун илм эътироф шудааст.Антуон Мон Кретин хочагидориро ба ду кисм чудо намудааст. 1. илм оиди хонадори ва хочагидори. 2. хочагидори давлати ё худ иктисоди сиёси. назарияи иктисоди ба 4 кисм чудо мешавад. 1. Микра иктисод. 2. Макра иктисод. 3. Меза иктисод. 4. Мега иктисод.МАВЗӮИ 2. ФАН, УСУЛ, ВАЗИФА ВАМАҚСАДИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД.
2.1. Таҳаввули афкор оид ба мазмуни назарияи иқтисодӣ
2.2. Маънидодкунии муосири мазмуни назарияи иқтисодӣ
2.3. Вазифаҳои назарияи иқтисодии муосир
2.4. Усулҳои назарияи иқтисодӣ
2.5. Назарияи иқтисодӣ дар низоми илмҳо
2.6. Қонунхо ва категорияхои инкишофи ҷамъият

Назарияи иқтисодӣ ҳамавақт диққати олимон ва одамони маълумотнокро ба худ ҷалб менамуд. Ин гуфтаҳо бо он тасдиқ карда мешавад, ки омӯзиши назарияи иқтисодӣ амалигардонии зарурияти объективии дарккунии майл ва амали хоҷагидории одамон, дарккунии қонунҳои хоҷагидориро дар ҳама давру замон дар бар мегирад. Дар ин ҷода мисолеро овардан мумкин аст, ки шоҳ Николайи I ба А.С.Пушкин оид ба коркарди принсипҳои тарбияи ҷавонон вазифагузорӣ намуд, дар натиҷа А.С. Пушкин бар зидди таълимоти хонагӣ баромад намуд, оид ба зарурияти омӯзиши ҳатмии иқтисоди сиёсӣ ақидаро пешкаш кард.
Барои тавсифи илме, ки ҳаёти хоҷагидориро тадқиқ мекунад, истилоҳҳои гуногуни зерин истифода мешуданд:
Экономия – аз калимаи юнонии ойкос – хона, хоҷагӣ ва номос – санъат, қонун, дониш гирифта шудааст, ки бояд маънои санъати хоҷагидориро дошта бошад.
Иқтисодиёт – фанни илмие, ки фаъолияти хоҷагидориро дар низоми иқтисодӣ ва соҳаҳои алоҳидаи, унсурҳо, шароитҳо (иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ, маориф, аҳолиншинӣ, меҳнат) ва ғайраҳоро меомӯзад.
Иқтисоди сиёсӣ – аз калимаи юнонии политея – сохтори давлатӣ, ойкос ва номос гирифта шуда, маънои санъати хоҷагидориро дар чаҳорчӯбаи давлат дар назар дорад. Мувофиқан, то даме ки давлат вуҷуд дорад, илми хоҷагидориро дар чаҳорчӯбаи давлат омӯхтан низ арзи вуҷуд мекунад. Дар аксари ҳолат ин истилоҳро бо иқтисоди сиёсии классикӣ алоқаманд мекунанд, ки нисбатан нодуруст аст. Инчунин фаҳмиши ин истилоҳ ҳамчун маҷмӯаи сиёсат ва иқтисодиёт низ нодуруст аст.
Экономикс – илм оид ба рафтори инсон дар иқтисодиёти бозорӣ, доир ба истифодабарии захираҳои маҳдуд дар фаъолияти хоҷагидорӣ мебошад, ки ба услубияти маржиналистӣ такя мекунад.
Назарияи иқтисодӣ – илм оид ба санъати хоҷагидорӣ дар низомҳои иқтисодии гуногун, ки маҷмӯаи дастовардҳои зарурии афкори иқтисодиро дар ибтидои асри ХХI истифода мебарад.

2.1. ТАҲАВВУЛИ АФКОР ОИД БА МАЗМУНИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ
Бо баробари инкишофи назарияи иқтисодӣ ҳамчун илм нигоҳи олимон – назариячиён ба мазмуни он тағйир меёфт. Ин масъала қисман ҳангоми дида баромадани таъсисёбӣ ва инкишофи мактабҳои гуногуни илми иқтисодӣ дида баромада шуда буд, бинобар ҳамин дар ин маврид ба маънидодкунии мухтасари афкори олимон – иқтисодчиён ба мазмуни назарияи иқтисодӣ диққат дода мешавад.
Намояндагони аввалин мактаби иқтисодӣ – меркантилистон, ки манфиатҳои савдогарони давраи ғункунии ибтидоии капиталро ифода мекарданд, мазмуни тадқиқотҳои илмӣ боигарӣ ба ҳисоб мерафт. Аз тарафи меркантилистон сарчашмаи боигарӣ савдо эълон шуда, ба фикри онҳо худи боигарӣ одатан бо пул ифода карда мешуданд. Қоидаҳои ин таълимот инҳо ба ҳисоб мерафтанд: фаъолгардонии муносибатҳои молию пулӣ; ба мамлакат ҷалб намудани тилло ва нуқра, вобаста ба зиёдшавии эҳтиёҷот ба пул.
Мактаби физиократҳо мазмуни иқтисоди сиёсиро аз боигарии миллӣ, яъне аз соҳаи муомилот ба соҳаи истеҳсолот гузаронид. Ин дастоварди бузурги иқтисодчиён – физиократҳо ба ҳисоб меравад, бо вуҷуди ин физиократҳо сарчашмаи боигариро нодуруст маънидод карда, онро танҳо бо меҳнати дар соҳаи кишоварзӣ сарфшуда алоқаманд мекарданд. Аз ин лиҳоз вазифаи амалии иқтисоди сиёсӣ ба ҳавасмандгардонии инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ алоқаманд карда шуда, хулосаи асосии амалӣ бошад, зарурияти маҳдудкунии дахолати давлатро ба ҷараёни муқаррарии тараққиёти иқтисодиёт тасдиқ мекард.
Намояндагони иқтисоди сиёсии классики англис мазмуни иқтисоди сиёсиро то тадқиқоти шароитҳои истеҳсолот ва андӯхт (А.Смит) ва инчунин тақсимоти боигарии миллии (Д.Рикардо) дар ҳама соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ба вуҷуд оварда мешуда, ки ба онҳо саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, хоҷагии ҷангал ва ғайраҳо дохил мешуданд, васеъ намуданд.
Айнан чунин ақидаро оид ба мазмуни иқтисоди сиёсӣ як қатор иқтисодчиёни муосири ғарб низ дастгирӣ мекунанд, ки иқтисоди сиёсиро ҳамчун илм оид ба истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли боигарии миллӣ маънидод менамоянд. Аммо фаҳмиши боигарии миллӣ дар ҷараёни инкишофи таърихии афкори иқтисодӣ тағйир меёфт. Дар аввал боигарии миллиро дар намуди пул, баъдан дар намуди натиҷаи истеҳсолот тасаввур мекарданд. Дар давраи муосир бошад, ба боигарии миллӣ худи инсон, тафаккури он, ахборот ҳамчун сарчашмаи инкишофи минбаъдаи ҷамъият дохил карда мешаванд.
Вазифаи амалии иқтисоди сиёсии классикӣ ба асосноккунии омилҳои зиёдкунандаи боигарии миллӣ мансуб карда мешавад. Дар ин таълимот вазифаҳои позитивӣ (чӣ ҳаст) ва нормативии (чӣ бояд бошад) назарияи иқтисодӣ ҷудо карда мешаванд. Хулосаи амалӣ ин дасткашӣ аз ҳамагуна шаклҳои дахолати давлат ба ҷараёни муқаррарии бозорӣ мебошад.
Мазмуни тадқиқоти иқтисоди сиёсии марксистӣ дар мувофиқа бо муносибати синфӣ ба таҳлили ҳаёти ҷамъиятӣ, танҳо муносибатҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки асоси онҳоро муносибатҳои моликиятӣ ташкил мекунанд. Ин гуфтаҳо аҳамияти хосаро доранд, зеро аз низоми муносибатҳои истеҳсолӣ қонунҳои иқтисодӣ, зиддиятҳо, муноқишаҳои синфӣ, зарурияти диктатураи пролетариат ва ҳукмронии низоми хоҷагидории маъмурӣ – фармондеҳӣ бармеоянд.
Муносибатҳои истеҳсолӣ ин муносибатҳои объективона байни одамон дар ҷараёни истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолоти неъматҳои ҳаётӣ мебошанд.
Тавсифи умумии муносибатҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, тасдиқ намоем, ки муносибатҳои истеҳсолӣ ин тарафи зарурии истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. К.Маркс чунин менависад: «Дар истеҳсолот одамон на танҳо бо табиат муносибат мекунанд. Барои истеҳсол намудан, одамон ба алоқаҳо ва муносибатҳо дучор мешаванд, ки айнан дар чунин алоқаҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ муносибати онҳо ба табиат ба миён омада, истеҳсолот арзи ҳастӣ менамояд».
Маржиналистон мазмуни иқтисоди сиёсиро рафтори индивидуумҳо ва институтҳои иҷтимоӣ, таҳлили роҳҳо ва воситаҳои дастрасии мақсадҳои онҳо эълон намуданд. Мувофиқи таълимоти маржиналистон, вазифаи амалии иқтисоди сиёсӣ ба омӯзиши ҳаматарафаи рафтори субъектон дар ҳолати мушахаси иқтисодӣ мустаҳкам карда шуд. Хулосаи амалии асосӣ ин таъмини сиёсати иқтисодии фирма мебошад. Бо ин равия пайдошавии микроиқтисод алоқаманд аст.
Мувофиқи консепсияи кейнсӣ мазмуни назарияи иқтисодӣ фаъолияти иқтисодиёти миллӣ мегардад. Вазифаи амалӣ дар ин ҷода ба коркарди сиёсати иқтисодии давлат вобаста карда мешавад. Хулосаи амалии асосӣ ин зарурияти ҳавасмандгардонии маҷмӯаи талаботи аҳолӣ ва соҳибкории хусусӣ мебошад.

2.2. МАЪНИДОДКУНИИ МУОСИРИ МАЗМУНИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ
Дар китоби дарсии машҳури П.Самуэлсон «Экономикс» дар байни маънидодкуниҳои бисёри назарияи иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ) қайд карда мешавад, ки экономикс ин илм оид ба ҳаёти ҳамарӯза ва фаъолияти одамон мебошад.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ мазмуни иқтисоди сиёсӣ ҳамчун омӯзиши камёфтӣ ва маҳдудияти захираҳо паҳн гаштааст. Миқдори муайянкуниҳои мазмуни назарияи иқтисодиро давом додан мумкин аст. Лекин дурустар аст, ки бо фикри П.Самуэлсон розӣ шавем, ки мувофиқи он ҳамаи муайянкуниҳои назарияи иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ) ҳамчун илм мазмуни онро аз тарафҳои гуногун кушода медиҳанд, зеро дар ин маънидодкуниҳо ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти инсон ба эътибор гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр, муайян намудани мазмуни назарияи иқтисодӣ ниҳоят мураккаб ва бисёрҷабҳа мебошад, чунки худи ҳаёти инсон аз он ҷумла ҳаёти иқтисодии ӯ мураккаб ва бисёрҷабҳа аст. Ҳамаи ин имконият намедиҳад, ки ба мазмуни назарияи иқтисодӣ муайянкунии мухтасари ҳаматарафа дода шавад.
Бо вуҷуди ин, ақидаи аксарияти иқтисодчиёнро оид ба универсалӣ будани илми назарияи иқтисодӣ ба эътибор гирифта, инчунин бо назардошти он ки омӯзиши рафтори одамон ва гурӯҳҳои онҳо маънои дасткаширо аз тадқиқоти муносибатҳои истеҳсолӣ бо алоқамандӣ бо қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятро надорад, мазмуни назарияи иқтисодиро чунин маънидод кардан мумкин аст: «Назарияи иқтисодӣ муносибатҳои истеҳсолиро (бо баҳамтаъсиррасонӣ бо қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият) меомӯзад, ки байни субъектони иқтисодиёт оид ба истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ ва маъанавӣ дар шароити маҳдудияти захираҳо ба миён меоянд».
Лекин дар китобҳои дарсии муосир оид ба назарияи иқтисодӣ чунин маънидодкуниҳои мазмуни илмии мазкур оварда шудаанд: «Назарияи иқтисодии муосир мазмуни худро ҳамчун омӯзиши истифодабарии неъматҳои камёфти иқтисодӣ бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти одамон муайян мекунад» ва ё «Назарияи иқтисодии умумӣ – ин илмӣ ҷамъиятие, ки рафтори одамонро ва гурӯҳҳоро дар истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолоти неъматҳои моддӣ бо мақсадҳои қонеъгардонии эҳтиёҷот дар шароити маҳдудияти захираҳо (ин ибора бо маънои ҷисмонӣ нею, балки ҳамчун имконнопазирии қонеъгардонии эҳтиёҷоти ҳамаи аъзоёни ҷамъият ба пуррагӣ ва якбора дарк карда мешавад), ки рақобатро барои истифодабарии онҳо ба миён меорад, меомӯзад».

2.3. ВАЗИФАҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИИ МУОСИР
Назарияи иқтисодӣ ба монанди дигар илмҳо вазифаҳои ба ӯ тааллуқдоштаро иҷро мекунад. Муайян намудани чунин вазифаҳо имконият медиҳад, ки маънои мавҷудият ва инкишофёбии назарияи иқтисодӣ ҳамчун илм дарк карда шавад ва мақсадҳо ва масъалаҳои аниқи он муайян карда шаванд.
Вазифаҳои назарияи иқтисодӣ ба асосӣ ва ёрирасон ҷудо мешаванд.
Ба вазифаҳои асосии назарияи иқтисодӣ дохил мешаванд: дарккунӣ, методологӣ ва амалӣ.
Маънои вазифаи дарккунӣ дар он аст, ки дар одамон эҳтиёҷоти фаҳмидан, тадқиқ кардан ва маънидод кардани моҳият ва натиҷаҳои ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои дар ҳаёти иқтисодӣ ва дар ҳама сатҳҳои он ба миён меомада, пайдо мешавад. Зарурияти мавҷудияти вазифаи дарккунӣ бо он алоқаманд аст, ки набудани дониш ва ё тасаввуроти нодуруст оид ба ҳолати аслии иқтисодиёт сабаби асосии қабули қарорҳои нодуруст мегардад ва дар натиҷа ба хатогиҳои иқтисодӣ ва сар задании бӯҳронҳо оварда мерасонад.
Вазифаи методологии назарияи иқтисодӣ дар муайян намудани усулҳо ва фишангҳои илмӣ барои амалигардонии корҳои тадқиқотӣ дар илмҳои иқтисодии дигар зоҳир мегардад.
Яке аз вазифаҳои дигари назарияи иқтисодӣ ин муайян намудани қонуниятҳои тараққиёти иқтисодӣ мебошад, ки бе дониши онҳо дуруст баҳогузорӣ намудани ҳолати иқтисодӣ ва интихоби оптималии равиши минбаъдаи тараққиёт ғайриимкон мебошад.
Вазифаи амалии назарияи иқтисодӣ дар истифодабарии таҳлилҳои он дар таҷрибаи хоҷагидорӣ мебошад. Шаклҳои инъикосёбии ин вазифа коркарди сиёсати иқтисодӣ ва ё сиёсати стратегӣ дар лаҳзаи додашуда ва ё барои дурнамо ва инчунин таҳияи моделҳои микроиқтисодию макроиқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.
Вазифаҳои ёрирасони назарияи иқтисодӣ, вазифаҳои таълимӣ ва идеологӣ мебошанд.
Вазифаи таълимӣ дар он зоҳир мегардад, ки дарккунӣ ва фаҳмиши таркибҳои асосии назарияи иқтисодӣ – муносибатҳои иқтисодӣ, қонунҳои иқтисодӣ, ҳодисаҳо ва категорияҳо ба инсон имконият медиҳанд, ки дониши пурраро оид ба ҳолати иқтисодиёт ва имкониятҳои фаъолияти инсонӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим пайдо кунад.
Хусусан, вазифаи таълимии назарияи иқтисодӣ дар замони муосир ниҳоят муҳим гаштааст, зеро муносибатҳои иқтисодӣ дар давраи муосир дар ҳама соҳаҳои ҳаёти инсон муайянкунанда (ҳалкунанда) шуда истодаанд. Айнан барои ҳамин назарияи иқтисодӣ ҳамчун фанни таълимӣ дар ҳама донишгоҳҳои дунё омӯхта мешаванд.
Вазифаи идеологии назарияи иқтисодӣ дар он зоҳир мегардад, ки ин илм яке аз илмҳо оид ба ҷаҳонбинӣ ба ҳисоб меравад. Ба воситаи ин илм асосноккунии маънои ақидаҳои глобалӣ ва мақсадҳои инкишофи ҷамъият (давлат) ба миён меояд.

2.4. УСУЛҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ.
Усул (метод) аз калимаи юнони гирифта шуда, маънои «роҳ»-ро (тарзи дастрасии мақсад, роҳ ба сӯи чизеро) дорад. Омӯзиши ҳодисаҳои иқтисодӣ мавҷудияти усулҳои махсуси дарккунии илмиро дорад. Худи усулҳо ҳамчун ҷараёни дарккунӣ дар радифи инкишофи илми иқтисодӣ доимо мукаммал шудаанд.
Усули эмпирикӣ. Тарзи аввалини омӯзиши ҳодисаҳои иқтисодӣ усули эмпирикӣ ба ҳисоб меравад, ки мантиқи он дар ҷамъоварӣ ва баён намудани фактҳо ва ё ҳодисаҳо инъикос меёбад. Усули эмпирикӣ ба маълумотҳои мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо такя мекунад. Таҷрибаҳоро дар иқтисодиёт амалӣ гардонидан ниҳоят душвор аст, махсусан дар масштаби умумиҷамъиятӣ. Фактҳои нави муайяншуда дар навбати худ барои хулосабарории илмӣ ҳамчун асос баромад мекунанд. Усули эмпирикиро меркантилистон дар замони худ истифода бурда буданд ва имрӯзҳо низ ин усул аз тарафи иқтисодчиён истифода мешавад, зеро ин тарзи асосии бадастовардани ахбори ибтидоӣ оид ба иқтисодиёт мебошад.
Усули оморӣ. Дар асри ХVIII У.Петтӣ усули эмпирикиро мукаммал гардонид ва усули омориро (ва ё ба гуфти худи ӯ «арифметикаи сиёсиро»), бо роҳи пурра намудани ҷамъоварии ахборот бо таҳлили миқдорӣ таҳия намуд.
Дар натиҷа омори иқтисодӣ ба илми зарурии мустақили иқтисодӣ мубаддал шуд. Ҳамин тавр хусусияти усули иқтисодӣ – оморӣ ин ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои миқдорӣ оид ба ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои ҳаёти хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.
Усули сабабӣ – оқибатӣ (причинно – следственный метод) ба давраи иқтисоди сиёсии классикӣ мувофиқат мекунад. Ин усул дар замони муосир низ васеъ истифода бурда мешавад. Маънои ин усул дар муайян намудани алоқаҳои сабабӣ – оқибатӣ байни ҳодисаҳои алоҳидаи иқтисодӣ мебошад.
Усули сабабӣ – оқибатӣ моҳияти ҳодисаҳоро аз нуқтаи назари сифатӣ таҳлил намуда, барои сохтани иерархияи мантиқии категорияҳои иқтисодӣ аз рӯи принсипҳои зерин кӯмак мерасонад: аз ҳодисаи А ҳодиса Б давом мегирад, аз ҳодисаи Б бошад ҳодиса В давом мегирад ва ғайраҳо. Ҳамаи ин барои маънидодкунӣ ва пешбинии ҳодисаҳои иқтисодӣ замина мегузорад. Инкишофи усули сабабӣ – оқибатӣ дар иқтисоди сиёсӣ асосан ба дастовардҳои фалсафа ва чунин усулҳои дарккунии умумиилмӣ, ба монанди индуксия, дедуксия, таҳлил, омезиш (синтез), аналогия, муқоисакунӣ ва ғайраҳо, такя мекунад.
Таҳлили позитивӣ ва нормативиро ба иқтисодиёт А.Смит ворид намуд. Таҳлили позитивӣ ба муайян намудани қонуниятҳои объективӣ ва ҳодисаҳо дар он намуде, ки онҳо вуҷуд доранд равона карда мешавад, яъне мақсади таҳлили позитивӣ ин тасдиқи фактҳо мебошад. Таҳлили нормативӣ хаёлоти баҳодиҳиро дар назар дорад. Ин муносибат аз нуқтаи назари бояду шояд, муайян намудани зарурият ва ё нодурустии ин ё он ҳодисаи иқтисодӣ мебошад.
Таҳлили нормативӣ барои таҳияи сиёсати иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад. Бо баробари ин ҳангоми муносибати нормативӣ, махсусан манфиатҳои одамон ба инобат гирифта мешаванд ва мувофиқан баҳодиҳии субъективӣ баландтар мешавад. Мақсадҳои барои як қатор одамон зарур ва фоидаовар тасаввур карда мешуда, ба ақидаи дигарон, дуюминдараҷа ва ё зараровар ҳисобида шуданаш мумкин аст. Ҳамин тавр, ҳангоми амалигардонии таҳлил интихоби мақсади дуруст муаммои аввалиндараҷа ва зарур ба ҳисоб меравад.
Усули абстраксияи илмӣ. Аввалин маротиба дар илми иқтисодӣ ин усулро Д.Рикардо аниқ маъниод кардааст. Ба фирки ӯ, маънои абстраксияи илмӣ дар дарёфти ҳодисаҳои нисбатан зарур ва истиснои фикрӣ аз тафсилҳои (деталҳои) дуюминдараҷа ифода меёбад. Ин усул имконият медиҳад, ки объекти тадқиқот ба қисмҳои ҷудо карда шавад ва алоқамандиҳои асосӣ дар намуди соф таҳлил карда шаванд. Усули абстраксияи имлӣ дар асоси ҳамагуна моделсозӣ (аз он ҷумла математикӣ) хобидааст.
Усулҳои материализми диалектикӣ ва таърихӣ. Ба инкишофи методологияи (услубияти) илми иқтисодӣ К.Маркс ниҳоят саҳми бузург гузоштааст. Ӯ усули материализми диалектикӣ ва таърихиро таҳия намудааст. Маънои асосии муносибати материалистӣ ба таърихӣ дар он аст, ки тафаккур бо ҳастии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Бинобар ҳамин дар сохтори ҷамъият қувваҳои истеҳсолкунандаи моддӣ асосӣ ба ҳисоб мераванд. Дар вобастагӣ аз қувваҳои истеҳсолкунанда муносибатҳои истеҳсолии одамон, аз он ҷумла унсури асосии он – муносибатҳои моликиятӣ таъсис меёбанд.
Масъала оиди он, ки оё ҳамавақт ҳастӣ нисбат ба муносибати созандагӣ аввалин аст, дар илми иқтисодӣ ҳоло ҳам муҳокима карда мешавад. Ақидаҳо оид ба маҳдудияти диалектикаи материалистӣ баён карда мешаванд. Лекин маҳсулнокии таҳлили ҷиҳати материалистии истеҳсолот барои дарк намудани масалан, муносибати моликиятӣ, аз тарафи ҳеҷ кас иникор карда намешавад.
Таҳлили функсионалӣ – ин таҳлили ҳамаи категорияҳо дар алоқаи сабабӣ – оқибатии «вертикалӣ» набуда, балки дар баҳамтаъсиррасонии онҳо бо якдигар ба сифати гуногун мебошад. Масалан, гуфтан мумкин аст, ки нархи мол аз талабот ба мол вобастагӣ дорад. Инчунин гуфтан мумкин аст, ки ҳаҷми талабот аз нарх вобастагӣ дорад. Усули функсионалӣ имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои миқдории баҳамтаъсиррасонии ҳодисаҳои гуногун муайян карда шаванд, моделҳои иқтисодӣ таҳия карда шуда, тарзҳои бисёромилаи ноилгардӣ ба мақсад коркарда шаванд ва масъалаҳои оптимизатсия ҳал карда шаванд.
Эконометрика. Муваффақиятҳои истифодабарии таҳлили функсионали дар иқтисодиёт ба таъсисёбии эконометрика ва ё усули иқтисодӣ – математикӣ оварда расонид. Дар чаҳорчӯбаи он таҳлили регрессионӣ, моделсозии математикӣ, барномасозии хаттӣ ва ғайрихаттӣ ва таҳлили системавӣ фаъолона истифода бурда мешаванд. Лекин имкониятҳои таҳлили функсионалӣ сарҳадҳои худро дорад. На ҳама ҳодисаҳо ва ҷараёнҳоро дар иқтисодиёт ва ҷамъият формаликунонида ба забони функсионалии математикӣ овардан мумкин аст.

2.5. НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ ДАР НИЗОМИ ИЛМҲО
Назарияи иқтисодӣ дар низоми донишҳои илмӣ мавқеи хосаро ишғол мекунад. Илми ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, назарияи иқтисодӣ бо илмҳои табиӣ – техникӣ алоқаманд мебошад; бо ҳамроҳии дигар илмҳои ҷамъиятӣ инсон ва ҷамъиятро тасвир мекунад; барои инкишофи як қатор фанҳои махсуси иқтисодӣ асоси базавӣ ба ҳисоб меравад.
Назарияи иқтисодӣ ва илмҳои табиӣ – техникӣ. Нисбат ба илмҳои табиӣ ва техникӣ назарияи иқтисодӣ ҳамчун истеъмолкунандаи дастовардҳои ин илмҳо ва ҳамчун зинаи алоқамандкунии байни илмҳои табиӣ – техникӣ ва фанҳои ҷамъиятӣ баромад мекунад.
Махсусан, истифодабарии дастовардҳои илмҳои дақиқ дар истифодабарии аппарати математикӣ инъикос меёбад. Дар назарияи иқтисодӣ истифодабарии васеи донишҳои математикӣ ифода меёбад: аз алгебраи элементарӣ ва геометрия то математикаи олӣ ва қисмҳои махсуси он.
Барои илми иқтисодӣ аз нуқтаи назари ҳамкории он бо илмҳои табиӣ, дар давраи муосир назарияи низомҳои худтаъсисёбанда (дар якҷоягии философия ва математика) аҳамияти калон доранд, ки доимо дар назарияи инкишофи (таҳаввули) умумӣ ҷамъ мешаванд. Ин назария аппарати махсуси математикиро дорад, ки қобилияти тавсиф намудани низоми додашударо дорад. Нисбати ҷараёнҳои табиӣ инкишоф ёфта, ин назария барои тавсиф ва моделсозии бисёр ҷараёнҳои иқтисодӣ дар иқтисоди бозорӣ мувофиқияти худро ифода кардааст.
Низоми худтаъсисёбанда бо худ чиро ифода мекунад? Ин низом қобилият дорад, ки дар ҷараёни амал намуданаш алоқамандиҳои дохилии худ, тартиб ва ташкилоти худро вобаста аз омилҳои ба он таъсиррасонанда тағйир диҳад (агар ин омилҳо аз ҳудудҳои критикии он берун набароянд). Мисоли классикии чунин низом – алаф дар майдон. Вақте ки аз болои он роҳ мегарданд, он хам шуда баъдан ба ҳолати пешинаи худ бар мегардад. Лекин агар аз болои он одамони бисёре роҳ гарданд, ҳудуди мустаҳкамии он аз доираи худ баромада, роҳрав пайдо мешавад.
Иқтисодчиён ҷараёнҳои ба ин монандро дар хоҷагидорӣ бо осонӣ мушоҳида мекунанд. Ҷорӣ намудани нархи мувозинатӣ, бӯҳронҳои иқтисодӣ, суръатҳои баланди рушди иқтисодии мамлакатҳои алоҳида ва ғайраҳо. Махсусан барои илми иқтисодӣ дар назарияи худтаъсисёбӣ муносибати динамикии он ва қобилияти тасвири иқтисодиёт дар ҷараёни тағйирёбии он заруртар мебошад.
Дигар тарафи баҳамтаъсиррасонии назарияи иқтисодӣ ва фанҳои табиӣ – техникӣ ба он асос меёбад, ки таъсири қонуниятҳои табиии аз тарафи ин илмҳо омӯхта шаванда ба ҷамъияти инсонӣ дар навбати аввал (одатан) дар иқтисодиёт инъикос меёбанд. Дар ҳақиқат ҳам, бо вуҷуди он ки интихоби вариантҳои истифодабарии захираҳои иқтисодӣ дар асоси нишондодҳои ҷамъиятӣ ба миён меояд, техника ва технология низ барои муайян намудани ин вариантҳо хизмат мерасонад. Бо баробари ин хати баҳамтаъсиррасонии байни ҷамъият ва ҷаҳони моддӣ одатан бо воситаи иқтисодиёт мегузарад.
Назарияи иқтисодӣ ва илмҳои ҷамъиятӣ. Азбаски объекти тадқиқоти назарияи иқтисодӣ ва дигар илмҳои ҷамъиятӣ инсон ва ҷамъият баромад мекунанд, бинобар ҳамин лаҳзаҳои асосии ҳамаи илмҳои ҷамъиятӣ ба ҳам мувофиқат мекунанд.
Назарияи иқтисодӣ ва фалсафа. Принсипҳо ва муносибатҳои нисбатан умумиро ба таҳлили ҳодисаҳо ва қонуниятҳои иқтисодиро назарияи иқтисодӣ аз мактабҳо ва равияҳои гуногуни фалсавӣ гирифтааст.
Боигарии фалсафа барои коркарди асоси тараққиёти иқтисодӣ истифода мешавад, яъне барои равиши ҷаҳонбинӣ ба иқтисодиёт ва дигар мактабҳои илмӣ.
Назарияи иқтисодӣ бо усулҳои дарккунӣ истифода мебарад, ки фалсафа коркард кардааст. Ҳамаи маҷмӯаи воситаҳои дарккунӣ, усулҳо, тарзҳои мушоҳидаи объекти тадқиқот ва исботкуниҳои ҷараёнҳои объективӣ услубияти (методологияи) назарияи иқтисодиро ташкил мекунанд. Бинобар ҳамин ибораи таъсири «фалсафа ба илми иқтисодӣ характери методологӣ дорад» дуруст аст.
Назарияи иқтисодӣ ва психология. Назарияи иқтисодӣ бо психологияи шахсӣ ва ҷамъиятӣ (иҷтимоӣ) алоқаманд аст. Назарияи иқтисодӣ қонуниятҳои психологиро васеъ истифода мебарад, зеро айнан дар тафаккури инсон сарчашмаҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодии ӯ хобидааст.
Дар назарияи иқтисодӣ ва психология категорияҳои умумӣ мавҷуданд, ки онҳоро ҳардуи ин илмҳо аз нуқтаи назари худ мушоҳида мекунанд: эҳтиёҷот, манфиатҳо, мақсадҳо, рағбатҳо ва ғайраҳо. Айнан ҳардуи ин илмҳо дар минтақаи наздисарҳадӣ қарор дошта, муносибатҳои махсуси ҳар яки онҳо якдигарро пурра мекунанд. Ҳамин тавр хулосаҳои психологияи ҷамъиятӣ барои ба эътибор гирифтани психологияи миллӣ, анъанаҳо ва эътирофҳои динӣ, ҳангоми коркарди сиёсати иқтисодӣ ва сохтани модели тараққиёти умумииқтисодӣ имконият медиҳад.
Дар даҳсолаҳои охир баҳамтаъсиррасонии илмҳои иқтисодӣ ва психологӣ ба сатҳи нав гузашт, ки дар пайдоиши илми нав – психологияи иқтисодӣ ифода меёбад.
Назарияи иқтисодӣ ва ҳуқуқ. Алоқаи байни назарияи иқтисодӣ ва ҳуқуқ ниҳоят зич мебошад. Аз як тараф, қонунҳои объективии иқтисодӣ таркиби актҳои ҳуқуқии аз тарафи инсон таҳия мегардидаро муайян менамоянд. Қисмҳои калони ҳуқуқи хоҷагидорӣ амалан хулосаи таҷрибаи иқтисодии ба миён омада мебошанд, ки бо обрӯи давлат мустаҳкам карда шудаанд. Бо баробари ин ҳодисаи қонунҳои амалнамекарда нишон медиҳад, ки актҳои ҳуқуқии қабулшудаи ба талаботҳои иқтисодиёт мувофиқ набуда, ба риоя накардани онҳо оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, фаъолияти субъектони иқтисодиёт хавфнок мебошад, агар он берун аз муҳити ҳуқуқӣ ҷараён гирифта бошад. Дар ҳолати мавҷуд набудани қонунҳои ҳуқуқии зарурӣ, бисёр ҷараёнҳои иқтисодӣ дар масштабҳои хурд нисбат ба имкониятҳои объективӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Назарияи иқтисодӣ ва таърих. Байни назарияи иқтисодӣ ва таърих алоқаи зич вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, таърих барои назарияи иқтисодӣ ҳамчун сарчашмаи фактҳо баромад мекунад. аксарияти мактабҳои иқтисодӣ, назарияҳои худро айнан аз таҳлили қонуниятҳои таърихӣ ҳосил мекунанд.
Назарияи иқтисодӣ ва дигар илмҳои иқтисодӣ. Назарияи иқтисодӣ барои илмҳои иқтисодӣ таҳкурсии (фундаменти) асосӣ ба шумор меравад: фанҳои мушаххаси иқтисодӣ (иқтисодиёти саноат, иқтисодиёти кишоварзӣ, иқтисодиёти корхона ва ғайраҳо), ки ба омӯзиши амиқи хусусиятҳои фаъолияти соҳаҳои аоҳидаи иқтисодиёт бахшида шудаанд; фанҳои иқтисодии функсионалӣ (молия, қарз, маркетинг, менеҷмент ва ғайраҳо), ки ба таҳлили аниқи ҷараёнҳои асосии иқтисодиёт бахшида шудаанд; фанҳои информатсионӣ – таҳлилӣ (омор, моделсозии иқтисодӣ ва ғайраҳо), ки бо мукаммалгардонии усулҳои ҷамъкунӣ ва коркарди ахбороти иқтисодӣ машғуланд; фанҳои иқтисодии таърихӣ (таърихи хоҷагии халқ, таърихи афкори иқтисодӣ).
Ҷ.М.Кейнс навишта буд: «Иқтисодчии ҳақиқи, касби худро дӯст дошта, бояд дорои қобилиятҳои гуногун бошад: дар сатҳи муайян ӯ бояд математик, таърихчӣ, коркуни давлатӣ, файласуф … бошад. Ӯ бояд оиди қисматҳо ва мафҳумҳои умумӣ хаёл кунад ва қобилияти табдил намудани хаёлоти худро ба абстрактӣ ва конкретӣ дошта бошад. Ӯ бояд гузашта ва имрӯзаро баҳри оянда омӯзад. Ягон хислати инсонӣ ва институтҳои аз тарафи одам офарида шуда набояд аз ҳудуди диққати ӯ берун боқӣ монад.

2.6. ҚОНУНҲО ВА КАТЕГОРИЯҲОИ ИНКИШОФИ ҶАМЪИЯТ
Объективии қонунҳои иқтисодӣ. Ҷаҳони иҳотакардаи мо бо тамоми ҳастиаш чунон тартиб дода шудааст, ки ҷараёнҳо ва ҳодисаҳо дар табиат ва ҷамъият ба қоидаҳои муайян итоат мекунанд. Бо ибораи дигар, алоқаҳо ва таносубҳои умумӣ байни худи ҷараёнҳо ва ҳам байни нишондиҳандаҳои онҳо амал мекунанд, ки чандинбора такрор ёфта, мустаҳкам гаштаанд. Ин гуна алоқаҳо метавонанд характери сабабӣ – оқибатӣ (сабаби додашуда ҳамавақт оқибати додашударо тавлид месозад) ва ё вобастагии устувори байни ин ё он ҷабҳаҳои ҷараёнро дошта бошанд ва ё дар шакли натиҷаҳои якҷинсаи баҳамтаъсиррасонии ҳодисаҳои гуногун ифода ёбанд. Тарзҳои универсалии умумии «рафтори» ҳастии дунёро, ки объективона ба ҳамаи ҳодисаҳои якҷинса хосанд, одатан қонун меноманд.
Мавҷудияти қонунҳо дар дунёи ҷисмонӣ ва физиологӣ мушохида карда шуда, чандин бор тасдиқ карда шудаанд. Ин қонунҳои механика, қонунҳои нигоҳдории энергия ва мубаддалшавии чизҳо ба энергия, қонунҳои насл гузорӣ, таҳаввули организми зинда ва ғайраҳо. Хусусияти принсипиалии чунин қонунҳо дар он аст, ки онҳо новобаста аз хоҳиш ва тафаккури одамон амал мекунанд.
Иқтисодиёт маҷмӯаи қонунҳои худро дорад, яъне қонунҳои иқтисодӣ, ки бо онҳо қисми фундаменталии назарияи иқтисодӣ – иқтисоди сиёсӣ сарукор дорад. Бо ҷараёнҳои иқтисодии ҷамъият қонунҳои ба онҳо мувофиқ идора мекунанд. Гегел дар китоби «Фалсафаи ҳуқуқ» оид ба иқтисоди сиёсӣ ҳамчун илм менависад, ки он ба афкор обрӯ медиҳад, чунки он дар назди худ бисёр ҳодисаҳои тасодуфиро мушоҳида карда, қонунҳои онҳоро дарёфт менамояд. Назарияи иқтисодӣ бо ҷамъкунии омилҳо, аниқ намудани алоқаҳои муайяни байни онҳо машғул буда, онҳоро бо тартиби муайян ҷо ба ҷо мегузорад. Инчунин назарияи иқтисодӣ такрорёбии алоқаҳои фактҳоро ва хислати устувор ва ё тасодуфӣ будани онҳоро муайян мекунад. Маълум аст, ки то кадом андоза алоқаҳои байни фактҳои иқтисодӣ устувор бошанд, ҳамон қадар ҳисобҳои иқтисодӣ дурусттар мегарданд. Мувофиқан, агар алоқаи байни фактҳо, ҳодисаҳо, ҷараёнҳо ва алоқаҳои сабабӣ – оқибатӣ дар ҳаёти иқтисодии ҷамъият устувор ба ҳисоб раванд, ин гуна алоқаҳо қонунҳои иқтисодӣ номида мешаванд. Масалан, қонуни баландкунии ҳосилнокии меҳнат, қонуни афзоишёбии эҳтиёҷот, қонуни арзиш, қонунҳои муомилоти пулӣ ва ғайраҳо.
Қонунҳои иқтисодиро набояд бо қонунҳои табиат ва қонунҳои табиатшиносӣ омехта кард, чунки байни онҳо як қатор фарқиятҳои принсипиалӣ вуҷуд доранд:
• қонунҳои табиӣ – ин қонунҳои табиат буда, қонунҳои иқтисодӣ – ин қонунҳои инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ, фаъолияти хоҷагидории одамон мебошанд;
• қонунҳои табиӣ – абадианд, қонунҳои иқтисодӣ бошанд, характери таърихӣ доранд;
• муайян намудан ва истифодаи қонунҳои табиӣ нисбатан мӯътадил мегузаранд, қонунҳои иқтисодӣ бошанд, бо зиддият аз тарафи қувваҳои барҳамхӯрандаи ҷамъият дучор мешаванд.
Қонунҳои иқтисодиро бо қонунҳои ҳуқуқӣ низ омехта кардан мумкин нест. Зеро қонунҳои ҳуқуқӣ аз тарафи одамон қабул мегарданд ва бо хоҳиши онҳо аз байн мераванд.
Таркиби қонунҳои иқтисодӣ ва услубияти (методологияи) омӯзи онҳо. Қонунҳои иқтисодӣ, ҳамчун қонунҳои табиат характери объективӣ доранд, бинобар ҳамин ба ҳоҳиш ва тафаккури инсон итоат намекунанд ва баҳо дода намешаванд. Қонунҳои иқтисодӣ ҳамавақт бо зарурияти ҷараёни вақт амал мекунанд, ба монанди омилҳо, ҷараёнҳо, ки алоқаи байни онҳоро мекунанд. Қонунҳои иқтисодиро манъ кардан мумкин нест. Ба инсон ва ҷамъият танҳо зарур аст, ки механизми амал намудани қонунҳои иқтисодиро омӯзанд ва бо назардошти талаботҳои ин қонунҳо қарорҳои хоҷагидорро қабул намоянд.
Қонунҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ низоми қонунҳои иқтисодии инкишофи ҷамъиятро ташкил мекунанд, ки гурӯҳҳо ва намудҳои гуногуни қонунҳоро дар бар мегиранд.
Таснифоти қонунҳои иқтисодӣ. Қонунҳои иқтисодӣ ба гуруҳҳои зерин тақсим карда мешаванд:
• қонунҳои иқтисодии махсус;
• қонунҳои иқтисодии алоҳида;
• қонунҳои иқтисодии умумӣ.
Қонунҳои иқтисодии махсус – ин қонунҳои инкишофи шаклҳои аниқи таърихии хоҷагидорӣ. Масалан, қонунҳои тақсимот дар давраи ғуломдорӣ ва ғайраҳо.
Қонунҳои иқтисодии алоҳида – ин қонунҳое, ки ба ин ё он давраҳои таърихӣ мансубанд, ки дар онҳо шароитҳои амал намудани ин қонунҳо нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, қонуни арзиш ва ғайраҳо.
Қонунҳои иқтисодии умумӣ – ин қонунҳое, ки ба ҳама давраҳои таърихӣ тааллуқ доранд. Онҳо ҷараёни пайдарпаии инкишофи истеҳсолоти ҷамъиятиро ифода мекунанд. Масалан, қонуни сарфаи вақт, қонуни афзоишёбии эҳтиёҷот, қонуни тақсимоти ҷамъиятии меҳнат.
Аз ин гуфтаҳо чунин бамеояд, ки қонунҳои иқтисодӣ – ин алоқаҳои объективӣ, устувор, такрорёбандаи сабабӣ – оқибатӣ ва баҳамвобастагии ҳодисаҳои иқтисодӣ дар ҷараёни истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолоти неъматҳои моддӣ дар зинаҳои гуногуни инкишофи ҷамъияти инсонӣ мебошанд.
Категорияҳои иқтисодӣ. Ба воситаи хаёлоти абстрактӣ қадам ба қадам муайян намудани моҳияти ҳодисаҳои иқтисодӣ ба миён меояд, ки таъсисёбии мафҳумҳои мантиқии муайянро талаб мекунад, ки ҳолати аслии иқтисодиётро дар инкишофёбӣ инъикос менамоянд. Мафҳумҳои мантиқии тарафҳои ҳаёти иқтисодии ҷамъиятро ифодакунанда, категориҳои иқтисодӣ номида мешаванд.
Масалан, чунин категорияҳоро номбар кардан мумкин аст: талабот, пешниҳод, қарз, моликият, бозор, музди меҳнат, фоида, нарх, пул ва ғайраҳо. Лекин на ҳама истилоҳҳое, ки дар адабиёти иқтисодӣ истифода мешаванд, ба сифати категорияҳои иқтисодӣ баромад мекунанд, зеро категория ин мафҳуми асосӣ мебошад.
Аз як тараф, категорияҳои иқтисодӣ ин натиҷа, аз тарафи дигар бошад, воситаи дарккунии муносибатҳои иқтисодӣ мебошанд. Категорияҳои иқтисодӣ ҳамчун натиҷа ин ифодаёбии мантиқии муносибатҳои иқтисодӣ буда, ҳамчун восита бошад, имконият медиҳад, ки маънои алоқаҳо ва муносибатҳои иқтисодӣ саҳеҳтар дарк карда шаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.