Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Моликият – асоси низомҳои иқтисодӣ

Дигаргуншавиҳо дар муносибатҳои моликиятӣ бевосита ба ҳаёт ва некуаҳволии одамон таъсир расонида, ба манфиатҳои онҳо дахолат мекунанд, ки оид ба зарурияти тағйирёбии пояҳои ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳанд…1. Моликият ҳамчун ифодаёбии алоқаҳои иқтисодӣ ва вобастагиҳо.
2. Таркиби иқтисодии категорияи моликият.
3. Шаклҳои моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ.
4. Ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликият.
5. Тавсифи низомҳои иқтисодӣ.

1. Моликият ҳамчун ифодаёбии алоқаҳои иқтисодӣ ва вобастагиҳо.

Мафҳуми моликият дар илм ва ҳаёт дар тӯли садсолаҳои зиёд, то ҳатто ҳазорсолаҳо таъсис ёфта, дар давраи муосир низ мафҳуми моликият объекти тадқиқот ва мубоҳисаҳои зиёд мебошад.
Таъсисёбии моликият дар ҷамъияти ибтидоӣ оғоз ёфта, ҳуқуқи Римӣ бошад, мафҳуми моликият ва муносибатҳои асосии бо он алоқамандбударо, махсусан соҳибӣ кардан, истифодабарӣ ва идоракуниро муайян кард.
Баромади муносибатҳои моликиятӣ ба саҳнаи афкори илмӣ ва ҷамъиятӣ тасодуфӣ намебошад. Дигаргуншавиҳо дар муносибатҳои моликиятӣ бевосита ба ҳаёт ва некуаҳволии одамон таъсир расонида, ба манфиатҳои онҳо дахолат мекунанд, ки оид ба зарурияти тағйирёбии пояҳои ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳанд.
Моликият тааллуқдории объектро ба субъекти муайян тавсиф менамояд.

Субъекти моликият (моликиятдор) ин шахсе, ки имконият ва ҳуқуқи соҳибии объекти моликиятро дорад. Объекти моликият – ин ашёҳои табиат, амвол, энергияҳо, ахборот, арзишҳои маънавӣ ва ақлие, ки пурра ва ё бо дараҷаи муайян ба субъект тааллуқ доранд.
Инсон зиндагӣ мекунад, натиҷаҳои меҳнатро дар ҳамзистӣ бо дигар одамон истеҳсол ва истифода мебарад. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо қайд кардан мумкин аст, ки моликият ин муносибати байни одамон аст, ки шакли муайяни азонихудкунии неъматҳоро, махсусан шакли азонихудкунии воситаҳои истеҳсолотро ифода мекунад.
Барои тасаввуроти пурра оид ба моликият зарур аст, ки мавқеи моликиятро дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намоем:
Якум, моликият – асоси таҳкурсии тамоми низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Аз хосияти шакли моликияти пойдоргашта шаклҳои тақсимот, мубодила ва истеъмолот вобастагӣ доранд.
Дуюм, аз моликият ҳолати гурӯҳҳои, синфҳо ва табақаҳои муайяни ҷамъият, инчунин имкониятҳои онҳо барои истифодабарии ҳамаи омилҳои истеҳсолот вобастагӣ доранд.
Сеюм, моликият ин натиҷаи инкишофи таърихист. Шаклҳои он бо назардошти тағйирёбии тарзҳои истеҳсолот иваз мешаванд. Бо вуҷуди ин қувваи асосии ҳаракатдиҳанда тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд.
Чорум, бо вуҷуди он ки дар ҳар як низоми иқтисодӣ шакли асосии махсуси моликият вуҷуд дорад, лекин дар онҳо дигар шаклҳои моликият ҳамчун ба низоми иқтисодии пешина хосбуда, мавҷуданд.
Панҷум, гузариши як шакли моликият ба дигар шаклҳо ба таври таҳаввулӣ (эволютсионӣ) ва роҳи инқилобӣ (револютсионӣ), вақте ки шаклҳои нави моликият маҷбуран ҳукмронии худро тасдиқ мекунанд, амалӣ шуданаш мумкин аст.
Ҳамин тавр, муносибатҳои моликиятӣ – муносибатҳои такрорёбандаи систематикиро ифода мекунанд, ки байни одамон ба миён омада, бо ҳуқуқҳои амволии соҳибӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва азонихудкунии воситаҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои истифодабарии онҳо алоқаманданд.

2. Таркиби иқтисодии категорияи моликият.
Барои дарк намудани маънои категорияи моликият тақсимоти моликият ба воситаҳои истеҳсолот (шароитҳои моддии ҷараёни истеҳсолот) ва ба ашёҳои истеъмолоти шахсии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Танҳо мавҷудияти воситаҳои истеҳсолот дар моликияти субъект аз ҳисоби миқдори онҳо, сифат ва мувофиқияти шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳиссаи захираҳои моддии маҳдуди аз тарафи ин субъект азонихудкарда мешударо муайян менамоянд. Лекин барои дарк намудани маънои моликият ин гуфтахо кифоягӣ намекунанд. Мавҷудияти субъекти воситаҳои истеҳсолот дар моликият ин танҳо соҳибии имконияти имконпазир барои азонихудкунии захираҳои маҳдуд мебошад. Бо ибораи дигар соҳиби воситаҳои истеҳсолот бояд субъекти хоҷагидорӣ бошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки воситаҳои истеҳсолоти ба инсон ва ё гурӯҳ тааллуқ дошта бояд дар ҷараёни такрористеҳсолот иштирок кунанд, яъне молҳои навро бо хусусиятҳои истеъмолии нав ва арзиши иловашуда истеҳсол намоянд.
Дар байни хоҳишҳои гуногуншакл ва кӯшишҳои одамон, ки моҳияти иқтисодии онҳоро инъикос мекунанд, мавқеи асосиро манфиати соҳибӣ кардан ба боигарии моддӣ ишғол мекунад.
Ин манфиати ба тафаккури одамон воридшуда, ифодаи худро дар пайдоиш ва мавҷудияти ҳиссиёти махсус – ҳиссиёти соҳибӣ, моликиятдор дарёфт мекунад.
Моликият боваринокии инсонро дар таъсири бевосита ба чизҳо ва ҳодисаҳо пойдор карда, одамонро барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи обектҳои муҳити иҳота карда водор месозад.
Муносибатҳои моликият ин пеш аз ҳама ҳуқуқ мебошад. Ҳуқуқ барои чӣ? Ҳуқуқ ба соҳибиӣ. «Ман соҳибам». «Дар соҳибии ман чизе ҳаст, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дорад».
Соҳибӣ – заминаи аввалин ва асосии моликият. Лекин худ ба худ соҳибӣ маънои моликиятро бо маънои пурраи иқтисодиаш дар назар надорад. Соҳибӣ кардан ғайрифаъол низ шуда метавонад. Соҳибиро танҳо субъекти моликият муайян мекунад, яъне онро аниқ мекунад.
Соҳибӣ барои он зарур аст, ки имконияти (ҳуқуқи) идоракунии амволро фароҳам меоварад. Бо чунин тарз ибтидои ғайрифаъоли моликият ба амали фаъол мегузарад. Лекин бо соҳибӣ ва идоракунии амвол муносибати моликиятӣ ба маънои иқтисодиаш тамом намешавад. Соҳиби моликият онро идора мекунад. Ӯ ҳуқуқи фурӯхтан, тӯҳфа кардан ва ё мерос гузоштани моликиятро дорад. Дар ин ҷода ҳоло муносибатҳои истеҳсолӣ амалӣ намегарданд. Дар ҳолати пайдоиши хоҳиши моликиятдор барои истифодабарии амволи худ, ӯ қувваи кориро киро менамояд, онро бо амволи худ бо мақсадҳои истеҳсолӣ алоқаманд мекунад, истеҳсолотро ташкил ва идора мекунад, баъдан натиҷаҳои истеҳсолоти воситаҳои истеҳсолотро азонихуд мекунад. Ҳамин тавр, ӯ пурра муносибатҳои моликиятиро бо маънои иқтисодиаш амалӣ мегардонад.
Таркиби иқтисодии муносибатҳои моликиятӣ бо худ чиро ифода мекунад?
Якум, ба воситаҳои истеҳсолот қувваи корӣ дохил карда шудааст, ки барои он фаъолият мекунад. Ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд.
Дуюм, байни моликиятдорони воситаҳои истеҳсолот ва қувваи корӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ (истеҳсолӣ) ба миён меоянд.
Сеюм, неъматҳои моддӣ ва ё хизматҳои зарурии ҷамъиятӣ офарида мешаванд.
Ҳамин тавр, боз як сатҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба фурӯши маҳсулот, истеъмолоти он ва инчунин тақсимоти (азонихудкунии) даромади ба даст омада ба миён меояд.
Мувофиқан, амвол танҳо бо пайдоиши муносибатҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ оид ба истифодабарии он ба моликият (бо маънои иқтисодиаш) мубаддал мешавад.
Ин гуфтаҳоро бо мисоли зерин маънидод кардан мумкин аст. Шахс соҳиби мошин буда, ба воситаи он ба кор меравад ва оилаи худро мекашонад. Хуллас, ӯ мошини худро ҳаматарафа истифода мебарад. Ин мошин моликияти шахсии ӯ ба ҳисоб меравад. Бо мурури замон соҳиби мошин мусофиркашониро оғоз намуд. Яъне ӯ бо баробарии истифодабарии моликият даромадро ба даст овард. Ӯ хизматрасонии нақлиётиро оғоз намуд.
Мувофиқан, байни соҳиби мошин ва мусофирон муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба харидуфурӯши хизматҳои нақлиётӣ ба миён омад. Ин муносибатҳо дар истифодабарии амволи соҳиби мошин, яъне моликият асос ёфтаанд. Моликияте, ки ба ғайр аз соҳиби он ва оилаи он истифода намешуд, ба моликияти хусусӣ мубаддал шуд, ки акнун аҳамияти ҷамъиятро гирифт.

3. Шаклҳои моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ.
Ҳангоми омӯзиши шаклҳои моликият мо ба базаи гуногуни истилоҳҳо дучор мешаваем. Барои дастрас будани маводи минбаъда муайян намудани чунин истилоҳҳо зарур аст: шаклҳои моликият чист, аз рӯи кадом нишондодҳо он муайян карда мешавад ва кадом шаклҳои моликиятро аз ҳамдигар фарқ кардан зарур аст.
Шакли моликият намуди он дар назар дошта мешавад, ки аз рӯи аломати субъекти моликият муайян карда мешвад, яъне шакли моликият таъиноти объектҳои гуногуни моликиятро ба субъекти табиати ягона муайян мекунад.
Мувофиқи ин нишондод, шаклҳои моликияти инфиродӣ, коллективӣ ва ҷамъиятиро аз ҳам фарқ мекунанд.
Субъекти моликияти инфиродӣ ҳамчун шахси воқеи дорои ҳуқуқи пурраи идора кардани объекти моликияти ба ӯ тааллуқ дошта (дар чаҳорчӯбаи қонун) мебошад. Ҳангоми чунин шакли моликият, моликиятдор медонад, ки ба ӯ чӣ тааллуқ дорад.
Дар чаҳорчӯбаи моликияти инфиродӣ ва характери истифодабарии он аз тарафи моликиятдор, моликияти шахсӣ ва хусусиро аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар чаҳорчӯбаи шакли коллективии моликият субъекти он ҳамчун шахсият баромад накарда, бо худ маҷмӯа, ҷамъият ва коллективи моликиятдоронро ифода мекунад. Субъекти моликият дар намуди шахси ӯҳдадор ва ё гурӯҳи шахсон баромад карда метавонад, ки манфиатҳои моликиятии ҷамъият ва ё коллективро ифода мекунад.
Моликияти ҷамъиятӣ ҳамчун алтернативаи моликияти хусусӣ баромад мекунад. Мантиқи ташкили ҷамъияти инсонӣ дар асоси моликияти ҷамъиятӣ чунин аст: он дар шакли давлатӣ ва ё умумимиллӣ ҷорӣ ва амалӣ мегардад. Инчунин ин намуди моликият дар ин ё он шакл якбора баромад карда метавонад. Гуногуншаклии моликияти ҷамъиятӣ аз эҳтимол дур нест.
Моликияти ҷамъиятӣ ба монанди дигар шаклҳои моликият соҳибӣ, идоракунӣ ва ғайраҳоро дар назар дорад. Агар моликияти хусусӣ фардикунонида шуда бошад, моликияти ҷамъиятӣ бошад фардӣ нест (шахсият надорад).
Моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҳамаи аъзоёни ҷамъиятро ҳамчун ҳамсоҳиб баробар мекунад. Ҳамаи аъзоёни ҷамъият моликиятдор мебошанд. Ҳеч кас барои соҳибӣ кардан ҳуқуқи афзалтар надорад. Аммо ягон шахс бояд бо воситаҳои истеҳсолот идора кунад, эҳтиёҷоти ҷамъиятиро муайян намояд, яъне таносубҳои истеҳсолотро муайян менамояд. Шахси алоҳида мустақилона ин корҳоро иҷро карда наметавонад. Дар ҳамин ҳолат ҷамъияти ба моликияти ҷамъиятӣ оид ба воситаҳои истеҳсолот асос ёфта, аз қаъри худ «аппарати идоракуниро» дар ин баробарӣ пайдо менамояд, ки он аз номи халқ – моликиятдори воситаҳои истеҳсолот дар амал соҳибӣ ва идоракуниро амалӣ мегардонад.
Дар таркиби боигарии мамлакат, моликияти шаҳрвандон, ташкилот ва давлатҳои хориҷӣ вуҷуд дошта метавонад, ки қисман ва ё пурра ба субъектони хориҷӣ тааллуқ дорад. Аз ин лиҳоз моликияти хориҷиро ба шаклҳои моликият дохил кардан мумкин аст.
Таркиби назарияи иқтисодии ҳуқуқҳои моликият. Асоси таъсисёбии назарияи иқтисодии ҳуқуқҳои моликият консепсияи англосоксонӣ баромад мекунад. Маънои ин назария дар он аст, ки ҳар як қарори иқтисодӣ бояд ба маҷмӯаи ҳуқуқҳо такя кунад, ки барои боз ҳам беҳтар амалигардонии ҳар як лоиҳаи иқтисодӣ заруранд.
Таснифоти моликият, ки аз тарафи ҳуқуқшиноси англис А.Оноре пешкаш шуда буд, нисбатан машҳуртар ба ҳисоб рафта, аз 11 унсур иборат мебошад:

ҳуқуқи соҳибӣ кардан;
ҳуқуқи истифодабарӣ;
ҳуқуқи идоракунӣ;
ҳуқуқ ба даромад;
ҳуқуқ ба арзиши капиталӣ, яъне ҳуқуқи мутлақ ба муайян намудани тақдири ояндаи моликият;
ҳуқуқ ба бехатарӣ, яъне ҳимоя намудан аз мусодира;
ҳуқуқ ба мерос ва ё васиятнома;
ҳуқуқ ба бемӯҳлатии соҳибии неъматҳо;
манъ намудани истифодабари зараровар;
ҳуқуқ ба ӯҳдадорӣ дар намуди мусодира, яъне имконияти бар ивази қарз гирифтани моликият;
ҳуқуқ ба характери боқимонда, яъне ҳуқуқ ба мавҷудияти ҷараёнҳо ва институтҳое, ки ҳуқуқҳои вайроншударо барқарор месозанд.
4. Ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликият.
Омили систематизатсияшудаи иқтисоди бозорӣ моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот баромад карда, механизми асосии он бошад, рақобат байни молистеҳсолкунандагон мебошад.
Модели маъмурӣ – фармондеҳии хоҷагидории намуди шӯравӣ нисбат ба модели ғарбии хоҷагидории бозорӣ самаранокии иқтисодии нисбатан паст дошт, ки аз ҳамин сабаб ислоҳоти бозорӣ дар мамлакатҳои собиқ сотсиолистӣ ногузир буд.
Дар низоми ин ислоҳот моликияти давлатӣ – монополӣ ба воситаҳои истеҳсолот асоси ислоҳоти иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар ин мамлакатҳо гардид.
Умуман, ғайридавлатигардонии моликият, ҷараёни мураккаб ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ихтилофнок ба ҳисоб меравад, ки фосилаи дарози вақтро талаб менамояд. Ғайридавлатигардонии моликият барои мамлакатҳои собиқ сотсиолистӣ ҷараёни куллан нав ба ҳисоб рафта, барои таҷрибаи ҷаҳонӣ бошад чизи нав набуд.
Ғайридавлатигардонӣ ин маҷмӯи чораҳо оид ба ислоҳоти моликияти давлатӣ мебошад, ки ба бартараф намудани нақши ниҳоят калони давлат дар иқтисодиёт равона карда шудааст. Лекин ғайридавлатигардонӣ маънои аз соҳаи иқтисодиёт рафтани давлатро надорад. Истеҳсолоти муосир наметавонад бе танзими давлатӣ инкишоф ёбад.
Ғайридавлатигардонӣ бо ҷараёни хусусигардонӣ дар алоқамандии зич қарор дорад. Хусусигардонӣ яке аз равияҳои ғайридавлатигардонии моликият мебошад, ки дар гузаронидани моликияти давлатӣ ба моликияти хусусии шахсони алоҳида ва ё шахсони ҳуқуқӣ ифода меёбад.
Ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликият бо усулҳои гуногун мавҷуд буда метавонанд: дар асоси гузаронидани бепардохти моликият; хариди корхонаҳо бо шароитҳои имтиёзнок; фурӯши саҳмияҳо; ба иҷора додани корхонаҳо; фурӯши корхонаҳои хурд дар музоядаҳо (ауксионҳо); озмунҳо ва ё бе ин ҷараёнҳо.
Таҷриба нишон медиҳад, ки хусусигардонӣ дар ҳолати мавҷуд будани шароитҳои гуногун бомуваффақият сурат мегирад. Пеш аз ҳама, ба ин шароитҳои зерин дохил мешаванд: а) мавҷудияти базаи ҳуқуқии боэътимод; б) таъсисдиҳии инфрасохтори бозории инкишофёфта (пеш аз ҳама бозори фондӣ); в) ҷараёни дуруст ба роҳ мондани фурӯши корхонаҳои давлатӣ; г) баҳодиҳии пешакии ҳаҷми талабот ба соҳаи хусусигардонида мешудаи иқтисодиёт.
Дар мамлакатҳои бо иқтисодиёти гузариш ва иқтисоди бозории инкишофёфта мақсадҳои хусусигардонӣ гуногунанд.

5. Тавсифи низомҳои иқтисодӣ.
Низоми иқтисодӣ гуфта маҷмӯи нишондодҳои институтсионалӣ, ҳуқуқӣ, техникӣ – технологӣ, психологӣ ва табиӣ – захиравиро бо имконятҳои истеҳсолии онҳо барои қонеъгардонии эҳтиёҷот ва амалигардонии манфиатҳои субъектони иқтисодӣ дар назар доранд, ки дар ҷараёни такрористеҳсолот амал мекунанд.
Ҳар як низоми иқтисодии дар чаҳорчӯбаи захираҳои маҳдуд ва афзоишёбии эҳтиёҷот амалкунанда чунин масъалаҳоро ҳал мекунад:

Чӣ истеҳсол кардан? Ҷамъият наметавонад ҳамаи мол ва хизматҳои заруриро бо миқдори номаҳдуд истеҳсол намояд. Бояд муаммои тақсимоти захираҳои маҳдуд байни молҳои зарурӣ ҳал карда шавад. Афзоиши истеҳсолоти ҳамагуна мол танҳо дар ҳолати кам намудани моли дигар имконпазир аст.
Чӣ тавр истеҳсол кардан?Ҳар як мол дар ҳолати истифодабарии захираҳо бо комбинатсияҳои гуногун амалӣ шуданаш мумкин аст. Технологияҳои нав нисбат ба меҳнат, ашё, энергия ва ғайраҳо сарфанок мебошанд. Дар назди ҷамъият на танҳо интихоби технология, балки интихоби шаклҳои оптималии ташкилӣ – ҳуқуқии истеҳсолот меистад.
Барои кӣ истеҳсол кардан? Муаммои тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ яке аз муаммоҳои ҳалталаб мебошад. Аз ҳалли ин муаммо самаранокии иқтисодии низом, мӯътадилии иҷтимоии он вобастагӣ дорад.
Низомҳои иқтисодии гуногун ин муаммоҳоро ҳархела ҳал мекунанд. Тарзи ҳалли ин муаммоҳо нишондоди ҷудо намудани чор моделҳои низомҳои иқтисодӣ мебошад: анъанавӣ, идоракунии марказӣ (маъмурӣ – фармондеҳӣ), бозорӣ ва омехта.
Низоми иқтисодии анъанавӣ бо он тавсиф карда мешавад, ки рафтори одамон ва ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҷамъият дар асоси хислатҳои мавҷудият, урфу одатҳо ва анъанаҳо амалӣ мегардад. Мисоли чунин низоми иқтисодӣ ҷамъиятҳои инсонии тодавлатии давраи ҷамъияти ибтидоӣ мебошад. Дар шароитҳои муосир ба ин низом мисол шуда метавонад: қабилаҳои ҳиндуёни амазонӣ, аборигенҳои австралиягӣ ва африкоӣ.
Масъалаҳои чӣ ва чӣ тавр истеҳсол кардан ва чӣ гуна будани нақши шахсият дар истеҳсолот, ҳалли худро бо урфу одатҳо муайян мекунад, ки онҳо аз насл ба насл мегузаранд. Барои ҷамъияти анъанавӣ пешравии ниҳоят сусти иқтисодӣ ва такрористеҳсоли маҳдуд хос аст. Шахсияти алоҳида оид ба масъалаҳои истеҳсолӣ ва оилавию шахсӣ пурра ба ҷамоат итоат мекунад.
Дар айни ҳол дар мамлакатҳои тараққикардаистода унсурҳои иқтисодиёти анъанавиро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷорӣ намудани навовариҳои техникӣ ва технологӣ дар ин низомҳо бо зиддияти анъанаҳои мавҷудбуда дучор мешаванд, ки ба мӯътадилии ҷамъият хатар мекунад. Масалан, дар мамлакатҳои мусалмонӣ ҷалби занҳо ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба тақсимоти анъанавии ӯҳдадориҳо дар оила ва мавқеи зан дар ҷамъият муқобил баромад мекунад.
Низоми иқтисодии маъмурӣ – фармондеҳӣ. Тавсифи асосии чунин низом инҳо мебошанд:
а) монополияи моликияти давлатӣ ба воситаҳои истеҳсолот;
б) усулҳои маъмурӣ – фармондеҳии идоракунӣ: банақшагирии директивӣ, нархгузории хароҷотӣ, тақсимоти марказонида, фондсозии мақсаднок;
в) сиёсати иқтисодии бо ҳокимияти мутлақи давлатӣ муайян кардашаванда;
Норасогиҳои асосии иқтисодиёти маъмурӣ – фармондеҳӣ ба эътибор нагирифтан ва истиснои натиҷаҳои пешравии илму техника мебошад, ки ба паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ имконият намедод ва мувофиқан имкониятҳои қонеъгардонии эҳтиёҷоти афзоишёбандаро маҳдуд мекард.
Низоми иқтисодии бозорӣ дар моликияти хусусӣ ва ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ вобаста аз манфиатҳои шахсӣ ва хусусии ҳар як истеҳсолкунанда асос мегирад. Қарорҳои инфиродӣ бо воситаи рақобати бозорӣ танзим карда мешаванд. Дар натиҷа ҳокимияти иқтисодӣ васеъ паҳн карда мешавад.
Барои иқтисоди бозорӣ чунин хусусиятҳо хосанд:
а) фаъолияти самараноки моликияти хусусӣ ва ҳавасмандгардонии рақобат аз тарафи давлат;
б) баҳамтаъсиррасонии талабот ва пешниҳод бо воситаи баҳамтаъсиррасонии фурӯшандагон ва харидорони захираҳо, молҳо ва хизматҳо;
в) сиёсати давлатии дар демократияи иқтисодӣ асос ёфта.
Афзалияти асосии низоми бозорӣ дар он аст, ки рақобати истеҳсолкунандагон ва рақобати истеъмолкунандагон механизми худтанзимшавӣ худинкишофёбиро ҳаракат мебахшад, ки амалигардонии дастовардҳои пешравии илм, техника ва ҳаракатро бо роҳи хароҷоти ҳадди ақал ва фоидаи ҳадди аксар таъмин менамояд. Ҳамаи ин барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти афзоишёбанда имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад.
Низоми иқтисодии омехта. Дар охири асри ХХI қисми зиёди давлатҳои дунё зарурият ва мақсаднокии иқтисодиёти дар муносибатҳои бозорӣ асосёфтаро дастгирӣ карданд. Лекин бозор барои ҳалли як қатор муаммоҳои бо таъсисдиҳии неъматҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, мӯътадилии иқтисодӣ, инкишофи пешравии илмӣ – техникӣ ва мувозинатии экологӣ алоқамандбударо қобилияти ҳал кардан надорад. Ин масъалаҳоро давлат ҳал мекунад. Бинобар ҳамин, дар ҳаёти аслӣ иқтисоди бозории соф вуҷуд надорад, яъне дар асл иқтисодиёти омехта мавҷуд аст, ки дар он ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар сатҳи истеҳсолкунандагони хусусӣ ба воситаи бозор амалӣ мегардад. Масъалаҳои аҳамияти ҷамъиятӣ дошта бошанд, аз тарафи давлат ҳал карда мешаванд.

3.3. Манфиатҳои иқтисодӣ – қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи тараққиёти иқтисодиёт

Манфиатҳои иқтисодӣ ва хусусиятҳои онҳо. Иқтисоди бозорӣ дорои низоми қувваҳои ҳаракаткунанда мебошад, ки иштироки ихтиёрӣ ва доимо такрорёбандаи шахсиятҳоро (индивидҳоро) дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятӣ таъмин менамоянд. Ба ин низом инҳо дохил мешаванд: эҳтиёҷоти иқтисодӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, мотиватсияҳо, шаклҳо ва низомҳои ҳавасамандгардонии меҳнат, манфиати моддӣ ва уҳдадорӣ.
Манфиати иқтисодӣ – ин шакли инъикосёбии эҳтиёҷоти иқтисодӣ. Манфиат он гоҳ ба миён меояд, ки агар қонеъгардонии эҳтиёҷот ҳамчун мақсади аниқ дарк карда мешавад (таъмини фоиданокии ҳадди аксар, азонихудкунии мол, истифодабарӣ ва соҳибӣ ба моли муайян).
Бояд қайд намуд, ки манфиатҳои иқтисодӣ бо эҳтёҷот ва қонеъгардонии онҳо монанд нест. Якум, эҳтиёҷот ва тарзи қонеъгардонии онҳо сабаб ва шакли инъикосгардии манфиатҳои иқтисодӣ мебошад. Дуюм, манфиати иқтисодӣ ҳамавақт сатҳи муайян ва динамикаи қонеъгардонии эҳтиёҷотро ифода мекунад.
Манфиатҳои иқтисодӣ ин сабаб ва шароитҳои баҳамтаъсиррасонӣ ва худинкишофёбии субъектони иқтисодӣ мебошад. Муносибатҳои иқтисодӣ ҳамчун амалкунанда дар ҳолате фаъолият мекунанд, ки агар шакли алоқаи тарафайнро бигиранд. Эҳтиёҷот – манфиатҳои на танҳо муносибатҳои моҳиятиро ифода мекунад, балки онҳо аввалин «хишт» дар сохтори муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.
Манфиатҳои иқтисодӣ дорои чунин хусусиятҳо мебошад:
а) онҳо характери объективӣ доранд, зеро худи муносибатҳои иқтисодӣ низ объективианд;
б) онҳо моддӣ мебошанд.
Намудҳои манфиатҳои иқтисодӣ. Манфиатҳои иқтисодиро пеш аз ҳама вобаста аз субъектони амалӣ гардонандаи онҳо таснифот кардан мумкин аст:
а) манфиатҳои давлатӣ;
б) манфиатҳои гурӯҳӣ;
в) манфиатҳои шахсӣ.
Манфиати давлатӣ метавонад ба воситаи чунин манфиатҳо ифода ёбад:
а) манфиатҳои ҷамъиятию иқтисодӣ – қисми манфиатҳои давлатӣ ва дигар субъектони хоҷагидорӣ мувофиқат мекунад (андозбандӣ дар ҳудудҳои муайян, ҷудо намудани инвеститсияҳои давлатӣ ва субсидияҳо, ҳавасмандгардонии тарифии содирот ва ғайраҳо);
б) манфиатҳои бюрократияи давлатӣ – манфиатҳои худинкишофёбии низоми давлатӣ, ки асоси корпоративии манфиатҳои давлатӣ мебошанд;
в) манфиатҳои худназоратӣ ва оптимизатсияи ҷамъияти шаҳрвандӣ – давлат наметавонад чун ифодакунандаи манфиатҳои як синф ва ё табақаи алоҳида баромад кунад, дар ҷамъияти демократӣ давлат одатан ҳамчун институти созишномавӣ (консенсусӣ) баромад мекунад.
Манфиати гурӯҳӣ ин ҷамъи манфиатҳои хусусии якҷинсаи институтсионалӣ мебошад, ки соҳибони онҳо метавонад истеъмолкунандаҳо, саҳмиядорон, биржаи фондӣ ва ғайраҳо бошанд. Шаклҳои ифодаёбии манфиати гурӯҳӣ гуногунанд: манфиати корпоративӣ; манфиати бюрократии корхонаҳо; ассотсиатсияҳои субъектони фаъолияти хоҷагидорӣ; коллективи коргарон. Бо баробари ин манфиати коллективи коргарон аз шакли моликият вобаста аст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ манфиати гурӯҳӣ бо воситаи иқтисодиёти пинҳонӣ дар намуди сохторҳои ҷиноятӣ ифода ёфтанаш мумкин аст.
Манфиати шахсӣ эҳтиёҷотеро дар бар мегирад, ки бо амалигардонии моликияти хусусӣ, ҳуқуқи соҳибӣ кардан, идора кардан, истифодабарӣ, азонихудкардани даромадҳо алоқаманд мебошанд.
Ҳар як инсон дар як вақт метавонад дорандаи манфиатҳои гуногун бошад, зеро ӯ дар шаклҳои гуногун баромад мекунад: якум, ҳамчун шахсият (индивид); дуюм, ҳамчун намояндаи табақаи муайяни ҷамъият; сеюм, ҳамчун аъзои коллективи муайяни коргарӣ. Манфиати ҷамъиятӣ ва коллективӣ танҳо дар шахсият фардикунонида мешавад. Ҳамин тавр маълум мегардад, ки алоқамандии мураккаби манфиатҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад.
Ҳамзистии манфиатҳоро дар мисоли ифодаёбии онҳо дар соҳаҳои истеҳсолот ва мубодила мушоҳида кардан мумкин аст. Дар соҳаи истеҳсолот соҳибкорон ва коргарони кироя чун тарафҳои мутақобили муносибатҳои иқтисодӣ баромад карда, нисбат ба бозор бошад, онҳо ҳамчун истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда манфиатҳои умумӣ доранд. Манфиатҳои истеъмолкунандаро қонеъ накарда, истеҳсолкунанда наметавонад манфиатҳои худро таъмин намояд. Баҳамвобастагии ин гурӯҳҳо объективона ҳамкории онҳоро ба миён меоварад.
Амалигардонии манфиатҳои иқтисодӣ бо роҳи дастрасии мақсадҳои иқтисодӣ аз тарафи субъектон ба миён меояд. Ҳамин тавр амалигардонии манфиатҳои инфиродӣ бо афзоиши даромадҳои инфиродӣ таъмин карда мешавад. Воситаи амалигардонии манфиатҳои коллективӣ таъмини фоидаи ҳадди аксар ва фонди музди меҳнати ҳадди аксар мебошад. Воситаи амалигардонии манфиати ҷамъиятӣ – ин таъмини даромади миллии ҳадди аксар ва таъмини ҳадди ақали фонди рӯйпӯшкунии маҳсулоти ҷамъиятии офаридашуда мебошад. Ҳамин тавр, муаммои мувофиқаткунонии манфиатҳо инъикоси худро дар таъсисёбии таносубҳои муайяни тақсимоти даромадҳо дарёфт мекунад.
Яке аз ҷиҳатҳои таснифоти манфиатҳои иқтисодӣ ҷудо намудани манфиатҳои моликиятдор, соҳибкор ва коргари кироя мебошад.
Манфиати моликиятдор дар афзоиши моликият ва ба даст овардани даромади кафолатнок мебошад. Амалигардонии ин манфиат интихоби стратегияи дурусти бозорӣ, таъмини рақобатпазирӣ ва ҳангоми зарурият ҳаракати капиталро ба дигар объектҳои моликият, ки дар он даромади нисбатан зиёд таъмин карда мешавад, дар назар дорад. Хислати асосии тавсифи моликиятдор ин кӯшиши ӯ оид ба дурнамоӣ мебошад, зеро айнан ҳамин муносибатро афзоиши моликият талаб мекунад.
Манфиатҳои менеҷер пеш аз ҳама дар таъмини самаранокии ҷории капитал, таъмини даромади ҳадди аксар дар ҳар як лаҳзаи вақт ифода меёбад. Бо баробари ин менеҷерони баландихтисос қобилият доранд, ки самаранокии баландро дар дурнамо таъмин намоянд. Дар ин ҷода манфиатҳои менеҷер бо манфиатҳои моликиятдор мувофиқат мекунанд.
Дар низоми манфиатҳои иқтисодӣ манфиати асосии ҷамъиятро ҷудо намудан мумкин аст. Манфиати асосии ҷамъият бояд ба чунин нишонаҳо ҷавобгӯ бошад: а) моҳияти низоми иқтисодӣ ва хусусиятҳои хоси онро инъикос намояд; б) қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи иқтисодии низоми муайянро таъмин намояд.
Мувофиқи ин нишондодҳо, манфиатҳои асосии иқтисоди бозории муосир манфиати шахсӣ, махсусан манфиати истеъмолкунанда мебошад. Манфиати истеъмолкунанда истеҳсолкунадаро барои амалҳои муайян, яъне истеҳсоли маҳсулоти зарурии босифати бо нархи назаррас водор месозад. Барои қонеъгардонии ин манфиат,истеҳсолкунанда маҷбур аст, ки технология ва воситаҳои истеҳсолоти навро ҷорӣ намояд, қувваи кории тахассуснокро киро намояд ва роҳҳои паст намудани хароҷотро ҷустуҷӯ намояд. Ҳамаи ин амалигардонии на танҳо манфиати истеъмолкунадаро, балки манфиатҳои шахсии истеҳсолкунада (таъмини фоидаи ҳадди аксар) ва манфиатҳои ҷамъиятро умуман таъмин менамояд.
Ҳамин тавр манфиати истеъмолкунанда қувваи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти иқтисодии иқтисоди бозории муосир мебошад.

Дидан карданд: 3236

Мавзӯъҳои нав:

Банакшагири
Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон
Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира
Ба намудҳои шиновари дохил мешавад
Намудҳои туризми экологӣ
Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Орзу mahmadov21@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2013-04-13

Моликият – асоси низомҳои иқтисодӣ

Каментарй дохил кард: Дилором
Санаи дохилгардида: 2014-02-25

офарин.мавзуи бехтарин

Каментарй дохил кард: toji 93
Санаи дохилгардида: 2014-04-10

рахмат

Каментарй дохил кард: Jane Oluda
Санаи дохилгардида: 2015-01-24

Дар зарурати кӯмаки молиявӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ, сармояи бизнес ва бозтамвил Шумо гудохта ширкати ҳуқуқ мо пешниҳод қарзҳо ҳадди ақали ҳаҷми € 5000 ба маблағи ниҳоии 50.000.000 € ба шахсони воқеӣ ва ташкилот дар 2% бе гарав ё тафтиши амният. Тамос бо мо тавассути почтаи электронӣ: janeoluda@outlook.com бо маълумоти шумо оид ба коркарди аризаи шумо.ном:Нишонӣ:кишвар:телефон:синну сол:љинс:шуғл:мавқеи дар ҷои кор баргузор:Маблағи қарз:давомнокии қарз:Мақсади қарз:даромади моҳонаи:Бо эҳтироми самимона,Ҷейн OludaХона молиявӣ CEO / MD Ҷейн Oluda (JOFH).

Каментарй дохил кард: Саидазаматхон
Санаи дохилгардида: 2015-09-18

Хазор ташаккур,бисёр шод шудам аз ин сайт

Каментарй дохил кард: Jovid jova.j.t@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2015-10-16

Дар бораи зарурати иктисодии шаклхои гуногуни моликиятдори . Ягон нафар чизе гуфта метавонад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.