Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Пойдоршавӣ ва моҳияти истеҳсолоти моли.

нақши истеҳсолоти молӣ дар тараққиёти иқтисодии ҷамъият.
Агар ба таҳаввули фаъолияти иқтисодии одамон назар намоем, метавонем мушоҳида кунем, ки чӣ тавр шаклҳои хоҷагидори тайир ёфтаанд…Назарияи иқтисодии мол, арзиш ва нарх.

Шарт, хусусиятҳои асоси ва нақши истеҳсолоти моли дар тараққиёти иқтисодии ҷамъият.
Мол ва хусусиятҳои он. Мафҳуми фоиданокӣ ва арзиш.
Назарияи нархи мол. Намудҳои нархҳо ва тарифҳо.

Шартҳои пойдоршави, хусусиятҳои асосӣ ва
нақши истеҳсолоти молӣ дар тараққиёти иқтисодии ҷамъият.
Агар ба таҳаввули фаъолияти иқтисодии одамон назар намоем, метавонем мушоҳида кунем, ки чӣ тавр шаклҳои хоҷагидори тайир ёфтаанд.
Аввалин намуди ташкили иқтисодии истеҳсолот хоҷагии натурали ба шумор меравад, ки дар арафаи пойдоршавии ҷамъияти инсони ба миён омада, то пайдошавии тарзи истеҳсолоти капиталисти давом кардааст.
Ба хусусиятҳои асосии хоҷагидории натурали дохил мешаванд:

Консентратсияи хаёти иқтисоди дар истеҳсолотҳои пӯшида: дар община, латифундияи (латифундия – соҳибии замини калон) гуломдори ва хоҷагидории феодали;
Мавҷуд набудани на танҳо бозори ягонаи милли, ва тоҳатто мавҷуд набудани чунин мафҳум;
Алоқаи ноустувор ва стихияви байни хоҷагиҳо;
Худтаъминкунии хоҷагӣ бо чизҳои лозимӣ: аз номи одди то воситаҳои истеҳсолот, ба гайр аз молҳои қимматбаҳо.
Қисми асосии маҳсулоти истеҳсол карда мешуда бевосита ба истеъмолот равона карда мешавад. Андӯхт ниҳоят кам буда, натиҷахои он ба суръатхои афзоиши истехсолот танхо дар давоми садсолахо таъсир мерасонид.
Сатхи пасти тараққиёти қуввахои истехсолкунанда, ки аз тарафи одамон истифода мешуданд, асосан қуввахои истехсолкунандаи муқаррари.
Афзалияти истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар истеҳсолоти ҷамъияти.
Аз ин лиҳоз ба хоҷагидории натурали чунин таъриф додан мумкин аст:
Хоҷагидории натурали ин чунин хоҷагидориест, ки дар он одамон маҳсулотҳоро танҳо барои қонеъгардонии эҳтиёҷотҳои худ бе мубодила ва иштирок дар бозор истеҳсол мекунанд.
Дар хоҷагидории натурали шакли муқаррарии боигари маҳсулоти тайёр, неъмати модди баромад мекунад, ки арзиши истеъмоли ва натиҷаи меҳнат бошад.
Арзиши истеъмолии маҳсулот – ин фоиданокии чизҳо, ки қобилияти қонеъгардонии ягон эҳтиёҷотҳои инсонро дорад.
Дар шароитҳои хоҷагии натурали се масъалаи асоси «Чи истеҳсол кардан», «Чи тавр истеҳсол кардан» ва «Барои ки истеҳсол кардан» соҳибони хоҷаги (онҳо низ коргар хастанд) мувофиқи эҳтиёҷотҳои хоҷагии худ муайян мекарданд.
Ҳамчун шакли ҳукмрон хоҷагии натурали кайҳо роҳи таърихии худро тай намудааст. Лекин унсурҳои онро дар ҷамъияти имрӯза дар сатҳи микроиқтисод ва макроиқтисод низ мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли хоҷагии натурали дар сатҳи микроиқтисод ин корҳо дар қитъаҳои боу полизи баромад карда метавонад. Мисоли хоҷагии натурали дар сатҳи макроиқтисод сиёсати абcтарaкcия баромад карда метавонад, ки мақсади худтаъминкуниро дар сатҳи иктисодиёти милли дорад. Чунин сиёсат ба изолятсияи мамлакат аз бозори ҷаҳони сабаб шуда, ба қафомонии тараққиёти иқтисоди оварда мерасонад.
Бо баробари пошхӯрии общинаҳо ва инкишофи тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, бо таъсисёбии моликияти хусуси муносибатҳои молию-пули пайдо шуда, тараққи мекунанд. Дар натиҷа бозор дар тӯли ҳазорсолаҳо мукаамал гардида қувваи худро пурзӯр менамояд. Инкишофи муносибатҳои молию-пули ва тараққиёти бозор сабаби асосии ҷудошавии феодализм гашта, ба пайдоиши хоҷагидории моли ва тарзи истеҳсолоти капиталистии дар он асос ёфта замина мегузоранд.
Азбаски дар ҷараёни омӯзиши назарияи иқтисоди мафҳумҳои неъмат, мол ва ё хизмат бисёр истифода мешаванд, кушодани таркиби онҳо зарурати худро пайдо мекунад.
Неъмат – ин ҳамаи чизҳое, ки дар худ маънои мусбиро дар бар мегирад, хусусан, предмет, ҳодиса, маҳсули меҳнат, ки эҳтиёҷоти инсонро қонеъ гардонида, ба манфиатҳо, мақсадҳо ва кӯшишҳои одамон ҷавобгӯ аст.
Барои дарк намудани неъмат таснифоти онҳо аҳамияти ниҳоят калон дорад. Одатан неъматҳоро ба модди ва айримодди ҷудо мекунанд.
Неъматҳои модди неъматҳои табиат ва маҳсули истеҳсолотро дар бар мегиранд. Неъматҳои айримодди – ин неъматҳое, ки ба тараққиёти қобилияти инсон таъсир расонида, дар соҳаи айриистеҳсоли офарида мешаванд.
Ҷудо намудани неъматҳои ба иқтисоди ва ғайри иқтисоди аҳамияти хосаро дорад. Ба неъматҳои иқтисоди он неъматҳое, дохил мешаванд, ки объект ва ё натиҷаи фаъолияти иқтисоди мебошанд. Неъматҳои ғайримодди (неъматҳои додашуда) аз тарафи табиат бе ягон таъсири меҳнатии инсон пешкаш карда мешаванд.
Мол – ин неъмати маҳсуси иқтисодиест, ки барои мубодила истеҳсол карда шудааст.
Хизмат – ин фаъолияти мақсадноки инсон, ки натиҷаи он самарии фоиданоки баромад мекунад, ки ягон эҳтиёҷоти одамонро қонеъ мегардонад.
Хоҷагидории моли ин чунин хоҷагидориест, ки дар он маҳсулотҳо барои фурӯш истеҳсол карда шуда, алоқаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда бо воситаи бозор амали гардонида мешавад.
Шарти асосии пойдоршавии истеҳсолоти моли тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад, ки ҳангоми он маҳсусгардонии истеҳсолкунандагон барои тайёр намудани маҳсулоти конкрети ба миён меояд.
Хоҷагидории моли на танҳо ба таври принсипиали аз хоҷагидории натурали фарқ мекунад, балки бо мавҷудияти худ онро пурра инъикор менамояд.
Хоҷагидории моли бо чунин ҷиҳатҳо ва хусусиятҳои ташкили истеҳсолоти ҷамъияти фарқ мекунад:

Системаи тақсимоти ҷамъиятии меҳнати инкишоф ёфта, вақте ки ҳар як истеҳсолкунанда барои истеҳсоли ягон моли додашуда махсус гардонида мешавад. Истеҳсолот бо истеҳсолкунандагони маҳсусгардида ба миён меояд.
Маҳсулотҳо танҳо бо мақсадҳои фурӯши онҳо истеҳсол карда мешаванд, ки дар натиҷа ин гуна маҳсулот характери молиро пайдо мекунад.
Муносибатҳои молию-пули характери умуми доранд.
Бозорҳои миллии ягона таъсис меёбанд, ва мувофиқан мафҳуми меҳнати ҷамъияти пайдо мешавад.
Алоқаи байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон бо воситаи бозор ба миён меояд.
Молҳо барои бозорҳои номаълум истеҳсол карда мешаванд.
Истеҳсолоти моли дар шароити рақобати озод амали мегардад.
Қонуни асосии иқтисоди аниқ аён мегардад, яъне танзимкунандаи инкишофи истеҳсолоти моли – қонуни арзиш.
Мол ва хусусиятҳои он. Мафҳуми фоиданоки ва арзиш.
Категорияи асосии истеҳсолоти моли ин мол мебошад. Мол барои худи истеҳсолкунанда не, балки барои эҳтиёҷмандон ва харидорон истеҳсол карда мешавад.
Дарк намудани гуногуни мафҳуми мол мавҷуд аст. Ду муносибатро оиди ин масъала дида мебароем.

Дар назарияи марксисти мол хамчун маҳсули меҳнати барои инсон зарур дарк карда мешавад, ки барои фурӯш пешбини шудааст. Аз ин маънидодкуни бармеояд, ки:
мол ин чизест, ки ягон эҳтиёҷоти инсонро қонеъ мегардонад;
мол он чизест, ки бо меҳнати инсон офарида шудааст; масалан, моҳии дар дарё мавҷуд буда мол нест, вале ин моҳи баъд аз доштани он (меҳнати барои доштани он сарф шуда) ба мол мубаддал мегардад;
мол он чизест, ки барои фурӯш пешбини шудаас
Дар мақтаби иқтисодии австряги (намояндаи асосии он К.Менгер) мол ҳамчун неъмати маҳсуси иқтисоди дарк карда мешавад, ки барои мубодила истеҳсол карда шудааст.
Ба неъматҳои иқтисоди К.Менгер он неъматҳоро дохил мекунад, ки объект ва ё натиҷаи фаъолияти иқтисоди буда, онҳоро бо миқдори маҳдуд нисбат ба эҳтиёҷот дастрас кардан мумкин аст.
Умумияти байни маънидокунии назарияи марксисти ва мактаби иқтисодии австряги дар он аст, ки онҳо молро ҳамчун натиҷаи меҳнат тавсиф мекунанд.
Фарқияти ин маънидодкуниҳо дар он мебошад, ки маънидокунии мактаби иқтисодии австряги мутаносубии байни эҳтиёҷотҳо ба неъматҳо ва дастрасии онҳоро ба эътибор мегирад, назарияи марксисти бошад чунин ҳусусиятро дар назар надорад.
Ба фарқияти муносибатҳо нигоҳ накарда, ҳар ду муносибат дар назар дорад, ки ба сифати мол маҳсулотҳои бо меҳнати инсон офаридашуда ва неъматҳои дигаргуншудаи табиат баромад мекунанд.
Мол дорои ду хусусият мебошад:

қобилияти қонеъгардонии ягон эҳтиёҷоти инсон;
қобилияти ба дигар молҳо иваз шудан.
Хусусияти фоиданок будани мол барои инсон, қонеъгардонии эҳтиёҷоти он, арзиши истеъмолии мол номида мешавад.
Арзишҳои истеъмоли таркиби амволии боигарии ҷамъиятиро ташкил мекунанд. Як қатор арзишҳои истеъмоли танҳо эҳтиёҷотҳои шаҳсии инсонро қонеъ мегардонанд (масалан, хӯрок, хона,либос, китобҳо, расмҳо, мусиқи). Дигар арзишҳои истеъмоли ин эҳтиёҷотҳои истеҳсоли инсон (таҷҳизотҳо ва мошинаҳо, ашёи хом ва материалҳо).
Худи молистеҳсолкунанда ба арзиши истеъмоли барои он диққат медиҳад, ки он бо қобилияти ивазшавии мол ба моли дигар алоқаманд аст.
Хусусияти мол, ки ба молҳои дигар бо таносуби муайян иваз карда мешавад арзиши мубодилавии мол номида мешавад.
Масъалаи, асоси мубодила дар чист, ва чи таносуби шуморавии онро муайян менамояд, ки дар он як мол ба моли дигар иваз карда мешавад, аввалин маротиба Арасту барои муҳоқима пешкаш кардааст. ӯ мегуфт, ки «Мубодила бе баробари вуҷуд дошта наметавонад, баробари бошад – бе муқоисакуни». Аз ин ҷо яке аз саволҳои характери фундаментали дошта бармеояд, ки эквиваленти мубодила чист? Иқтисодчиёни гуногун ба ин савол ҷавобҳои ҳархела медиханд.
Мувофиқи ақидаи тарафдорони назарияи меҳнатии арзиш, молҳои ивазшаванда дар намуди хароҷотҳои меҳнат асоси умуми дошта, арзиши молро муайян менамоянд.
Мувофиқи ақидаи тарафдорони назарияи фоиданокии интиҳои дар асоси мубодила фоиданоки хобидааст.
Намояндагони консепсияи хароҷоти арзишро бо хароҷотҳо алоқаманд мекунанд.
Назарияи меҳнатии арзиш дар давоми асрҳои 17 ва 18 таъсис ёфтааст. Асосҳои ин назария дар корҳои классикҳои иқтисоди сиёси У.Петти, А.Смит, Д.Рикардо, К.Маркс поягузори карда шудаанд.
К.Маркс гумон дорад, ки дар асоси арзиш меҳнати ҷамъиятии абстракти хобидааст. Мувофиқи ақидаи Маркс меҳнати молистеҳсолкунанда духела аст. Аз як тараф ин меҳнати намуди муайян, яъне меҳнати конкрети. Аз тарафи дигар, меҳнат – ин хароҷоти қувваи кори умуман буда, он меҳнати абстракти номида мешавад. Айнан ҳамин намуди меҳнат арзишро ба вуҷуд меоварад, зеро он меҳнати умумии мутахассисони гуногун буда, имконият медиҳад, ки арзишҳои истеъмолии гуногун бо хамдигар муқоиса карда шаванд.
Арзишҳои истеъмоли сифатан фарқ мекунанд, онҳоро набояд муқоиса намуд, чунки онҳо эҳтиёҷотҳои гуногуни одамонро қонеъ мегардонанд. Масалан, набояд чунин масъала гузошт: чи беҳтар аст ва хубтар аст – нон ва ё металл? Лекин ҳамаи арзишҳои истеъмолиро танҳо як чиз муттаҳид менамояд, ки онҳо ҳама маҳсули меҳнати инсон мебошанд.
Молҳоро дар бозор мубодила намуда, яъне бо ҳамдигар муқоиса карда, мо моҳиятан меҳнатҳоро баробар мекунем, ки дар ин молҳо таҷассум ёфтаанд. Молҳо маҳсули меҳнатанд ва танҳо ҳамчун эквивалент мубодила карда мешаванд. Ченаки худи меҳнат бошад вақти кори ба ҳисоб меравад, ки барои истеҳсоли мол сарф карда мешавад. Лекин арзиши мол бо вақти кории коргари инфироди, истеҳсолкунандаи алоҳида не, балки бо вақти кории зарурии ҷамъияти таъсис меёбад.
Бо чунин тарз К.Маркс арзишро бо вақти кории зарурии ҷамъияти муайян мекард, ки барои истеҳсоли маҳсулот ҳангоми шароитҳои мӯътадил равона карда мешавад: сатҳи миёнаи тавонои ва шиддатнокии меҳнат.
А.Смит ба сифати ченаки арзиш вақти кориро қабул мекард. Д.Рикардо ба сифати арзиши меҳнат вақти кориро дар шароитҳои бадтарини истеҳсоли қабул мекард.
Назарияи фоиданокии интиҳои аосан дар асарҳои намояндагони мактаби австряги К.Менгер, Е.Бем-Баверк, Л.Валрас, У.Джевонс инъикос ёфтааст.
Тарафдорони ин назария арзишро вобаста аз баҳодиҳии субъективии харидор муайян менамоянд. Баҳодиҳии субъективии мол аз ду омил вобаста аст: аз заҳираи мавҷудбудаи неъмати додашуда ва аз дараҷаи қонеъгардии эҳтиёҷот бо он неъмат. Масалан, шумо дар биёбон қарор доред ва ташна ҳастед, дар чунин ҳолат пиёлаи аввалини об барои шумо арзиши ниҳоят калон дорад. Бо баробари истеъмоли якчанд пиёла об, фоиданокии ҳар як пиёлаи навбатии об пасттар мешавад. Пиёлаи охири он барои шумо фоиданокии ниҳоят паст дорад.
Фоиданокии интиҳои – ин фоиданокии иловае, ки онро истеъмолкунанда аз истеъмоли ҳар як воҳиди моли навбати ба даст меоварад. Фоиданокии интиҳои ба нисбияти тайирёбии микдори умумии фоиданоки ва тайирёбии миқдори истеъмолот баробар аст.
Дар назарияи иқтисоди фоиданокиро ҳамчун бузургии шуморави, ҳисобшаванда мешуморанд.
Назарияи фоиданокии интиҳоиро айниятан ифода мекунем.
Фарз мекунем, ки фоиданокии костюм бо шумораи ютилҳо (ютил аз калимаи англиси – фоиданоки) ҳисоб карда шуда, ба шумораи рӯзҳои сол баробар аст, ки дар давоми он шахс онро мепӯшад. Аз он бармеоем, ки соҳиби костюм ҳар яки онро дар шумораи рӯзхои баробар мепӯшад, яъне гара ӯ соҳиби як костюм бошад, он гоҳ ӯ онро 365 рӯз мепӯшад, агар ду костюм дошта бошад 182 рӯз, агар се костюм дошта бошад 122рӯз ва ҳоказо. Яъне афзоиши фоиданоки ба 365 тақсими шумораи афзоишёбандаи костюмҳо баробар аст. Дар ин ҳолат вобастаги байни фоиданокии аз тарафи ҳар як костюми мепӯшида бо воситаи ҷадвали зерин муқаррар карда мешавад:

Шумораи костюм (воҳид)

1

2

3

4

5

6

Афзоиши фоиданоки, фоиданокии интиҳои бо ютилҳо

365

182

122

91

73

61

Фоиданокии маҷмӯъавии ҳамаи костюмҳо

365

547

669

780

833

894

Консепсияи хароҷоти дар корҳои Джеймс Мил, Мак-Кулох ва дигарон инъикос ёфтааст, ки онҳо арзишро бо хароҷотҳои истеҳсоли, яъне ба хароҷотҳои воситаҳои истеҳсолот ва пардохти меҳнат алоқаманд мекунанд.
Кӯшишҳои якҷоякунии ин се назария аз тарафи Бем-Баверк, А.Маршалл, Дж.Кларк, П.Самуэлсон амали карда шудаанд.
Аз байни ин олимон кӯшиши А.Маршалл нисбатан бомуваффакият буд. ӯ аз ҷустуҷӯи сарчашмаи ягонаи арзиш даст кашида, назарияи фоиданокии интиҳоиро бо назарияи талабот ва пешниҳод ва назарияи хароҷоти истеҳсолот алоқаманд намуд.
Маршалл гумон дошт, ки назарияи меҳнатии арзиш нарҳро яктарафа муайян мекунад. Ин яктарафаги дар он ифода меёбад, ки мувофиқи тарафдорони назарияи меҳнатии арзиш, нарх ин ифодаёбии пули арзиш мебошад. Инчунин назарияи фоиданокии интиҳоиро Маршалл низ яктарафа шуморид, чунки ин назария дар нархи бозори ифодаёбии баҳодиҳии субъективиро дар назар дорад.
Ин зиддиятҳоро муайян намуда, Маршалл ба чунин хулосаҳо омад.
Дар ҷараёни таъсисёбии нархи бозори афзалияти пешниҳоди фурӯшанда ва ё афзалияти талаботи харидор нодуруст аст. Бинобар ҳамин ба маркази тадқиқот Маршалл таъсисёбии нархҳоро дар бозорҳои гуногуни моли гузошт, ки бо таъсири талабот ва пешниҳод ба миён меоянд. Дар натиҷа вобастагии фундаменталии байни нарх ва пешниҳод аён гардид. Нархи мувозинати мувофиқи таълимоти Маршалл, ин нархи максималие, ки онро истеъмолкунанда тайёр аст (мувофиқи баҳодиҳии субъективонаи фоиданокии мол) пардохт намояд ва ҳамзамон нархи минималие, ки бо он истеҳсолкунанда тайёр аст молро фурӯшад.

Назарияи нархи мол. Намудҳои нархҳо ва тарифаҳо.
Аз соҳаи истеҳсолот молҳо ба соҳаи муомилот мегузаранд, ки дар он ҷо омилҳои бозори фаъолият доранд. Омилҳои бозори баландшави ва ё пастшавии нархҳоро ба миён меоранд. Дар навбати худ нарх ба талабот ва пешниҳоди мол таъсир мерасонад, ва мувофиқан ба рафтори истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон низ таъсир мерасонад.
Дар таҷрибаи иқтисоди ду муносибати асоси ба таъсисёбии нарх мавҷуд аст: муносибати бозори ва муносибати хароҷоти (истеҳсоли). Ин муносибатҳо бо хамдигар пеш аз ҳама бо омилҳои ба таъсисёбии нархҳо таъсиррасонанда фарқ мекунанд.
Ҳангоми тарзи бозори омилҳои муайянкунанда – ин вазъияти бозор, талабот ва пешниходи мол. Ҳангоми муносибати хароҷоти асоси ҷоришавии нарх хароҷотҳои истеҳсоли ҷамъ карда мешаванд, пеш аз ҳама хароҷотҳои меҳнати, ки бо офаридани мол вобастаанд. Нархҳо бо як қатор хусусиятҳои фарқ мекунанд: вобаста аз масштаби муомилаҳои савдои ва намудҳои моли фурӯхташаванда нархҳои яклухт ва нархҳои чаканаро фарқ мекунанд; вобаста аз дараҷаи озоди нархҳо мешаванд: нархҳои сахт устувор, нархҳои устувор, нархҳои танзимшаванда, нархҳои бозорӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.