Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Худтанзимшавии системаи бозори ва таъмини мувозинатии бозори

Бозор, мубодила, муомилот – ҳамаи ин категорияҳо байни худ алоқамандии зич дошта, аксар вақт дар ҳаёти рўзмаъра ҳаммаъно дарк карда мешаванд.1.Мафҳум ва шароитҳои пайдоиши бозор.
2. Вазифаҳои асосии бозор.
3. Хусусиятҳои асосии иқтисодиёти бозори.

1. Бозор, мубодила, муомилот – ҳамаи ин категорияҳо байни худ алоқамандии зич дошта, аксар вақт дар ҳаёти рўзмаъра ҳаммаъно дарк карда мешаванд.
Локин ин мафҳумҳо фарқияти ҷидди дошта, бо худ зиннаҳои таърихии инкишофи муносибатҳои молиро дар назар доранд.
Мавҷудияти тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба зарурияти пайдошавии мубодилаи фаъолиятҳо ва маҳсули меҳнат сабаб мешавад. Бо чунин маъно, мубодила ин категорияи иқтисодие, ки ба ҳама давраҳои иктисоди хос аст. Намуди паҳнгаштаи мубодила ин бартер мебошад.
Бартер – ин ивазшавии бевоситаи як мол ба моли дигар бе миёнаравии пулҳо мебошад (М – М/).
Байни мафҳумҳои «мубодила» ва «муомилоти моли» фарқият мавxуд аст.
Муомилоти моли – ин мубодилаи молие, ки бо воситаи пул ба амал меояд (М – П – М/).
Чи хеле, ки мебинем муомилоти моли бо муомилоти пули алоқаманд мебошад ва мавҷудияти системаи инкишофёфтаи пулиро дар назар дорад.
Боиси қайд аст, ки дар тўли садсолаҳои дароз муомилоти моли ҳодисаи тасодуфи буд. Танҳо дар натиҷаи характери умуми пайдо намудани муомилоти моли оиди пойдоршавии системаи бозор гуфтан мумкин аст. Ба ақидаи як қатор иқтисодчиён ин ҳодиса 6 – 7 аср пештар ба миён омадааст.
Пайдошавии бозор асосан бо инкишофёбии тақимоти ҷамъиятии меҳнат пайдо шуда инкишоф ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки ҷамъияти инсони се давраи асосии тақсимоти ҷамъиятии меҳнатро аз сар гузаронидааст:

давраи аввал ин мустақил шавии (аз ҳам xудошавии) қабилаҳои чорводорӣ ва зироаткорӣ;
давраи дуюм, ин пайдо шудани гурўҳи қосибон, ҳунармандон;
давраи сеюм, ин ба соҳаи алоҳида ҷудо шудани савдо.
Бозор характери умумиро дар зинаи сеюми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат пайдо намудааст, ки дар ин давра дар ҳаёти хоҷагидории ҷамъият тағйиротҳои кулли ба миён омада будаанд.
Аз ин гуфтаҳои боло хулоса бар меояд, ки бозор ин натиxаи ҷараёни муқаррари – таърихии инкишофи истеҳсолоти моли буда, бо тақсимоти ҷамъиятии меҳнат асос ёфтааст.
Дар аввал бозор ҷойе ба шумор мерафт, ки дар он ҷо хариду фурўш ба вуҷуд меояад (мисол, майдонҳои шаҳрҳо). Бо баробари инкишофёбии истеҳсолоти моли худи бозор мураккаб гашта, фахмиши он аз тарафи иқтисодчиён мушкил мегардад. Ин хусусиятҳо ба он сабаб мегардад, ки дар байни иқтисодчиён маънидодкунии гуногуни моҳияти бозор ба миён меояд. Чи хеле, ки як қатор олимон қайд мекунанд, бозор мафҳуми бисёрҷабҳа аст, бинобар ҳамин онро аз ҷиҳатҳои гуногун омўҳтан мумкин аст.
Аз нуқтаи назари хариду фурўш бозор ҳамчун соҳаи ба ҳамтаъсиррасонии талабот ва пешниҳоди истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда фаҳмида мешавад.
Аз нуқтаи назари ташкилии иқтисодиёт бозорро шакли фаъолияти иқтисодиёт меноманд.
Аз мавқеъи иштироқчиёни бозор, бозор ҳамчун шакли алоқаи ҷамъиятии байни субъектони хоҷагидори маънидод карда мешавад.
Бояд гуфт, ки чунин маънидодкуниҳои бозор фаҳмиши маҳдуди бозорро ифода мекунанд.
Мафҳуми васеъи бозорро чунин маънидод кардан мумкин аст:
Бозор – ин системаи муносибатҳои ташкили – иқтисоди, ки бо воситаи хариду фурўш дар ҳама зиннаҳои такрористеҳсолот ба вуҷуд меояд: дар соҳаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила, истеъмолот.
2. Бозор як қатор вазифаҳои заруриро иҷро мекунад, ки онҳо моҳияти иқтисодии бозорро боз ҳам васеътар кушода медиҳанд.
1. Дар аввал бозор танзими истеҳсолоти ҷамъиятиро амали мегардонад, яъне бо воситаи бозор масъалаҳои «чи истеҳсол кардан?», «чи тавр истеҳсол кардан?» ва «барои ки истеҳсол кардан?» ҳал карда мешавад. Ин вазифаи бозор, вазифаи танзимкуни номида мешавад;
2. Бо воситаи бозор алоқаи байни фурушандагон ва харидорон таъмин карда мешавад. ҳар иштирокчии бозор дар як вақт ҳам ҳаридор ва ҳам фурўшанда мебошад. Иштирокчии бозор молҳои барои ҳаёташ зарурро харидори намуда, дар бозор маҳсулоти истеҳсолкардаашро ва ё қувваи кори худро мефурўшад. Ин вазифаи бозор, вазифаи алоқамандкуни номида мешавад;
3. Бо воситаи бозор ҳисоби хароҷотҳои истеҳсоли маҳсулотҳо амали гардонида мешавад. Бозор имконият медиҳад, ки ҷамъият барои истеҳсоли молҳо ва хизматҳо кадом хароҷотҳоро ба вуҷуд оварда метавонад. Ин вазифаи бозорро вазифаи ҳисоби меноманд;
4. Бозор имконият медиҳад, ки нархи молҳо ва хизматҳо муайян карда шавад. Ин вазифаи бозор зери таъсири элементҳои талабот ва пешниҳоди бозор амали мегардад. Зери таъсири ин элементҳо дар бозор нархи мувозинати ҷори карда мешавад. Ин вазифаи бозор, вазифаи нархгузори номида мешавад;
5. Бозор истеҳсолкунандагонро фарқгузори мекунад. Дар ҷараёни рақобати бозори танҳо фирмаи самаранок фаъолият баранда мавқеъи худро дар бозор нигоҳ дошта метавонад. Яъне, агар хароҷотҳои истеҳсолкунанда аз нархи бозори баланд бошад, ин гунна истеҳсолкунанда аз бозор берун мешавад. Ин вазифаи бозор, вазифаи фарқгузори номида мешавад (дар баъзе адабиёти иқтисоди ин вазифаи бозорро «санирони» меноманд).

3. Инсоният дар тўли таърихи дурудароз як чанд системаҳои иктисодиро аз сар гузаронидааст. Аз байни ни системаҳои иқтисоди, иқтисодиёти бозори мавқеъи хосаро дорад, зеро ба гуфти аксарияти иқтисодчиён аз ҳама системаи мукаммал ин системаи иқтисодиёти бозори ба шумор меравад.
Иқтисодиёти бозори як қатор хусисятҳои хоси худро дорад, ки онҳо заминаҳои асосии фаъолияти онро муайян мекунанд.
Дар аввал, қайд кардан зурур аст, ки иқтисодиёти бозори ба моликияти хусуси ба воситаҳои истеҳсолот асос меёбад. Масъалаҳои асосии иқтисоди ба монанди «чи истеҳсол кардан?», «чи тавр истеҳсол кардан?» ва «барои ки истеҳсол кардан?» зери таъсири механизмҳои таъсири бозор амали карда мешаванд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин гуфтаҳои бозор хусусиятҳои мусби ва манфии худро дорад.
Ба хусусиятҳои мусбии бозор дохил мешаванд:

чандири ва қобилияти бо зуди мутобиқшави ба шароитҳои ивазшаванда;
истифодабарии технологияҳои навтарин бо мақсади паст кардани хароҷотҳои истеҳсоли ва баланд кардани фоида;
мустақилияти истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда барои қабули қарор, муомилаҳои гуногун ва ғайраҳо;
қобилияти қонеъгардонии эҳтиёҷотҳои гуногуни афзоишёбанда бо сифатҳои баланд.
Ба хусусиятҳои манфии бозор дохил мешаванд:

бозор таъминоти ҷойи кори ва даромадро кафолат намедиҳад, баръакс системаи бозори нобаробариро ба миён меоварад;
бозор истеҳсоли молҳои истифодабарии оммаро пурра таъмин карда наметавонад (варзиш, маълумот, маориф, тандурусти ва ғайраҳо);
бозор барои истеҳсоли молҳои зарурии ичтимои нигаронида нашуда, балки барои қонеъгардонии талаботи онҳое, ки воситаҳои пули доранд равона карда мешвад.
Аз ин ҷо бар меояд дар ҳар як иқтисодиёти бозори дахолати давлат ба ҳаёти хоҷагидори зарур аст. Зеро давлат имконият медиҳад, ки норасогиҳои системаи бозори нисбатан бартараф карда шаванд.
Оиди бозор сухан гуфта, бояд фаъолияти инфраструктураи онро таҳлил намуд. Дар иқтисодиёт одатан инфраструқтураи се бозорҳоро фарқ мекунанд: инфраструктураи бозори моли, инфраструктураи бозори молияви, инфраструктураи меҳнат.
Инфраструктураи бозори моли бо биржаҳои моли, корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, музоядаҳо (ауксионҳо) ва дигарҳо тавсиф карда мешавад.
Инфраструктураи бозори молияви биржаҳои фонди ва асъориро, бонкҳоро ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Инфраструктураи бозори меҳнат дар худ, биржаи меҳнат, органҳои шуғл ва азнавтайёркунии кадрҳо, танзими муҳоҷирати меҳанат ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки инфраструктураи бозор бо худи муносибатҳои бозори тавлид ёфтаанд. Мақсади асосии инфраструктураи бозор ин фаъолияти бомувафаққияти системаи бозори мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.