Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Капитали савдо

Маркази фурӯши молҳо биржаҳо ба хисоб мераванд. Биржаи молӣ ин шакли махсуси бозор буда, дар он савдои миқдори зиёди молҳои якхела аз ҷиҳати шакл ва стандарташон гузаронида мешавад.Нақша :

Моҳият ва хусусияти капитали савдо.
Меъёри фоидаи капиали савдо.
Маркетинг: мақоми иқтисодии вай.

Капитали савдо- ин капиталиест, ки дар соҳаи савдо амал мекунад.вазифаи махсуси вай аз фурӯши мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдо иборат мебошад. ҳаракати капитали савдоро бо чунин формула ифода кардан мумкин аст;

П – М- П

ҳамин тавр, капитали савдо доимо дар соҳаи муомилот буда, дар равнди истеҳсолот иштирок намекунад.
Дар аввал, молистеҳсолкунанда бо баробари машғул дошт. Раванди фурӯши мол воситаҳои иловагиро барои ташкили ҷои савдо, машинаҳо, музди кори коргарон, реклама ва ғайраҳоро талаб мекард. Аз ин ҷо молистеҳсолкунанда барои ташкили чунин фаъолият капитали иловагиро бояд сарф мекард. Ин як қисми капитале, ки барои мол истеҳсол кардан лозим буд, бояд ба соҳаи савдо равона карда мешуд. Чунин фаъолият меъёри фоидаро паст мекунад.
Аз ҳамин сабаб ҳам истеҳсолкунандагон, ки қисми фаъолияташон, ба фурӯши мол вобаста аст, фурӯшро ба гурӯҳи шахсони дигар медиҳанд ва худашон ба раванди истеҳсолот машғул мешаванд. ҳамии тавр соҳибкории соҳаи савдо ба вуҷуд меояд.
Соҳибкорони ин соҳа танҳо бо хариду фурӯши мол машғул шуда капитали худро ба ҳамин соҳа давр мезанонанд.

Савдои яклухт – ин харид ва фурӯши гурӯҳи калони мол аз тарафи як сохибкор дар биржаи молӣ ва ё дар бозор мебошад.
Маркази фурӯши молҳо биржаҳо ба хисоб мераванд. Биржаи молӣ ин шакли махсуси бозор буда, дар он савдои миқдори зиёди молҳои якхела аз ҷиҳати шакл ва стандарташон гузаронида мешавад.
2. Савдои чакана чун мағозаи умумӣ, ки бо хариду фурӯши молҳои гуногуни шакл ва ё якхелаи махсус ба монанди пойафзол нон ва ғайраҳо машғуланд.

Савдои тиҷорати бо формулаи зерин ишора карда мешавад:

П- М- П
П- хароҷоти пул барои савдо
М- молҳои яклухт, ки чакана фурӯхта шудаанд.
П- даромад аз фурӯши молҳо.

Аз ин ҷо, фоидаи савдо чунин муайян карда мешавад.
Пс = П- П ; яъне фарқи байни даромади пулӣ ва суммаи пули аввала. Акнун меъёри фоидаи савдоро чунин тасаввур кардан мумкин аст:

Меъёри фоидаи капитали савдо бо нисбати фоида ба капитали аввала, ки дар фоиз ифода ёфтааст, муайян карда мешавад.
омилҳои ба меъёри фоидаи капитали савдо таъсиркунанда.
Хароҷоти ибтидоиии соҳаи бизнеси савдо. (П) Ин хароҷот аз 2 қисм иборат аст:
А) хароҷот барои харид бон архи яклухт (Ня);
Б) хароҷоти савдо (хароҷот барои ташкили нуқтаи савдо)
Капитали авансгузошташуда ин маҷмӯи: 1 хароҷот барои хариди ҳамаи неъматҳо (М) бо нархи яклухти он (Ня); 2 дараҷаи хароҷоти савдо (Хс)

П = М Ня + Хс
Даромади пули (П)- ин миқдори фурӯхташуда (Т) ба нархи фурӯши чакана (НЧ)

П = М НЧ
Аз ин ҷо формулаи фоидаро чунин ишора кардан мумкин аст.

Фс =М Н- (М Ня +Хс)
Миқдори мутлақи фоидаи савдо вобастааст:
А) аз миқдори маҳсулоти фурӯхташуда ;
Б) нисбати байни дараҷаи нархи яклухт ва чакана;
В) Хароҷоти савдо:
Дараҷаи ҳаҷми фоида бо омилҳои дар боло зикршуда муайян карда мешавад, аммо ҳамаи онҳоро бизнеси савдо назорат карда наметавонад. Амалиёти инҳо бисёртар бо хароҷот вобаста аст.
Хароҷоти савдои чакана (Хс) ду намуд дорад:

Хароҷоти тағйиёбанда. Дараҷаи вай вобаста аз динамикаи ҳаҷми фурӯш тағйир меёбад. Ба хароҷоти мустақим хароҷоти хариди маҳсулот бо нархи яклухт ва хароҷоти нақлиёт дохил мешавад.
Хароҷоти мутлақ ё доимӣ. Ба ин хароҷот вобаста ба фурӯши маҳсулот мукофотпули ба коркунони соҳаи савдо, иҷорапулӣ, ҳаққи суғурта, хизмати коммуналӣ дохил мешаванд ва онҳо аз миқдори фурӯши маҳсулот вобаста нестанд.
Фоидаи савдо аз дараҷаи нархи фурӯши чакана нисбат ба хароҷоти 1 воҳид мол вобаста аст. ин чунин муайян карда мешавад: ба нархи яклухти мол иловаии савдо (торговая накидка) ҷамъ карда мешавад ва ин илова (Ис) хароҷотро рӯйпӯш намуда , фоидаро ҳамроҳ мекунад.

Ис = Хс= Фс

Нархи чакана иловагиро озодона ба худ гирифта наметавонад, чунки фурӯшанда бояд бо ҳисоб кардан хараҷоташро рӯйпӯш кунад, аммо харидор ҳам нисбат ба нархи мол пули зиёдро дода наметавонад.
Маркетинг (маркет-бозор, маркетинг-бозоршинос) ин маҷмӯи идоракунии фирма мебошад, ки вай истеҳсолотро барои фурӯши даромадноки мол ба талаботи бозор хуб мутобиқ менамояд.
Бозори ҷои вохӯрӣ барои фурӯшанда ва харидор бошад, фаъолияти маркетинг ин ё вазифаи онҳоро бо ҳам вохӯронидан мебошад. Маркетиг ва танҳо рекламаи одии мол, балки аз вай зиёд мебошад. Вай хариду фурӯш, боркашонӣ, нигоҳ доштан, ба нақшагирии номгӯи маҳсулот , тарақиёти бозор, хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон, таъмини молиявӣ, суғуртавӣ ва ғайраҳоро дарбар мегирад.
Консепсияи умумии маркетинг аз 4 давра иборат мебошад: -маҳсулот , нархи фурӯш, ҳаракати он ва ҷойи вай.
Маҳсулот чист?
Соҳибкор ҳар як номгӯйи маҳсулотро, ки барои кулли истеъмолкунандагонро зарур аст, бояд муайян кунад. Барои ин тадқиқоти мураккаби техналогии бозорро мегузаронад.
Бо воситаи пурсиш бо телефон, почта ва ё маълумоти шахсии рӯ ба рӯ «фикри» истеъмолкунандагон муайян мекунад.
Пурсиши якчанд шахсон асоси фикри аксарияти аҳолиро муайян карданаш мумкин аст. барои гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ усули математикиӣ истифода бурда мешавад.
Нархи фурӯш. кампанияҳо чунон нархҳоро муайн менамояд, ки онҳо ҳамаи хароҷотро пурра рӯйпӯш карда боз як қисм фоида оваранд.
Хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда барои муайян намудани ҳудуди истифода бурда мешавад. Вай ба фарқи байни даромад аз фурӯш ва суммаи хароҷотҳои доим тағйирёбанда баробар аст.
ҳаракати маҳсулот. Хусусияти асосии маркетинг ҳаракати маҳсулот мебошад, чунки вай ҳамчун алоқаманкунандаи истеҳсолот ва истеъмолот баромад мекунад. Соҳибкорон хоҳиш доранд, ки маҳсулоташон талаботи доимӣ дошта бошад ва доимо ҳаҷми онро зиёд карданӣ ҳастанд. Онҳо тағйирёбии ногаҳонии вайро намехоҳанд.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳаракати маҳсулот қонеъ, гардонидани талаботи доимоафзоянда мебошад. Реклама, воситаи ахбор, алоқаи телефонӣ ва ё шахсӣ- ин якчанд роҳҳои бо ҳам пайвастани истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон мебошад. Агар харидор дар бораи мол маълумоти кофӣ дошта бошад, онро мехарад, дар акси ҳол, онро мехарад ё унсури.
Ҷойи маҳсулот . Элементи асосии маркетинг ҷойи маҳсулот мебошад. Маҳсулот дар он вақт фоиданок мешавад, киагар вай дар ҷои вақт ва ҳолати зарурӣ вуҷуд дошта бошад. Масалан, оби нӯшокӣ дар мавсими тобистон фоиданок ва зарур мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.