Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Ҷамъияти саҳҳомӣ ва бозори қоғазҳои қиматнок

Бо ташкил намудани ҷамъияти саҳҳомӣ соҳибкорон бо ҷалби иштироки бонкҳо машғул мешаванд.
Саҳмия ин қоғазҳои қиматноке, ки оид ба ҳиссагузории соҳиби он бо капитали корхонаи саҳомӣ шаҳодат медиҳад…Моҳияти ҷамъияти саҳоми. Миқёси саҳмия.
Бозори қоғазҳои қиматнок. Бозори фондӣ.
Ҷамъияти саҳҳомӣ ин шакли ташкили корхонаест, ки воситаҳои
Пули он бо воситаи фурӯши саҳмия таъсис меёбад. Бо ташкил намудани ҷамъияти саҳҳомӣ соҳибкорон бо ҷалби иштироки бонкҳо машғул мешаванд.
Саҳмия ин қоғазҳои қиматноке, ки оид ба ҳиссагузории соҳиби он бо капитали корхонаи саҳомӣ шаҳодат медиҳад.
Саҳмия ба соҳибаш ҳуқуқи гирифтани дивидендро медиҳад, ки ба саҳмия рост меояд. Дар намуди дивиденд танҳо қисми фоидаи корхона тақсим карда мешавадн. Қисми боқибондаи фоидаи ҷамъияти саҳҳомӣ барои равона карда мешавад.
Суммаи дар саҳмия нишон додашуда арзиши номиналиионро ташкил менамояд. Арзиши номеналии саҳмия ҳамчун суммаи капитали реалӣ муайян карда мешавад, ки ба ҷамъияти саҳҳомӣ гузошта шудааст.
Вале харидуфурӯши саҳмия бо арзиши номиналӣ ба вуҷуд меояд. Бинобар ҳамин нархе, ки бо он саҳмия фурӯхта мешавад, миқёси саҳмия номида мешавад.
Миқёси саҳмия аз дуо мил вобастагӣ дорад: аз ҳаҷми дивиденд ва мизони фоиз:
Дивиденд
Миқёси саҳмия = ___________________________* 100.
Мизони фоизи депозитҳо.
Аз ин баробарӣ маълум мешавад, ки миқёси саҳмия бо афзоиши дивиденд баланд мешавад ва бо афзудани мизони фоиз паст мешавад.
Нархи саҳмия доимо тағйир меёбад, зеро талабот ва таклифот ба саҳмия ба миқёси саҳмия мерасонад.
Саҳмияҳо ба имтиёзнок ва оддӣ ҷудо мешаванд. Саҳмияҳои имтиёзнок ба соҳибони худ ҳуқуқи овоздиҳиро оид ба фаъолияти ҷамъияти саҳоми медиҳанд. Зеро, ки ин гунна саҳмияҳо имконит медиҳад, ки соҳиби он қисми фоидаро дар намуди дивиденти устувор ба даст орад.
Саҳмияи оддӣ ба соҳибони худ ҳуқуқи овоздиҳиро медиҳанд, ҳаҷми дивиденд бошад аз рӯи натиҷаи хоҷагидорӣ муайян карда мешавад.
Ҷамияти саҳҳомӣ бо алоқамандӣ бо бозори қоғазҳои қиматнок ва пӯшида (саҳмияро намефурӯшанд) ва кушода (бо хариду фурӯши саҳмия машғуланд) ҷудо мешаванд.
Вусъатёбӣ ва васеъшавии фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба таъсиссёбии бозори қоғазҳои қиматнок оварда мерасонад.

Бозори қоғазҳои қиматнок ҳамчун қисми муайяни соҳаи муомилот баромад менамояд, ки ба он саҳмияҳо, облигатсияҳо, сертификатҳои амонатӣ, ӯҳдадориҳои давлатӣ, вексияҳои хазинавӣ ва ғайра ворид гардонида шудаанд.
Дар бозори қоғазҳои қиматнок чунин субъектҳо иштирок мекунан:
а) инвесторон – шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи, ки қоғазҳои қиматнокро мехаранд;
б) эмитентон – шахсони ҳуқуқие, ки бо эмиссияи (барориш) коғазҳои қимаинок сару кор доранд;
в) институтҳои инвеститсионӣ – шахсони ҳуқуқие, ки дар сифати машваратчиёни инвеститсионӣ, миёнравҳои молиявӣ ва компанияҳои инвеститсионӣ фаъолият менамоянд.
Дар бозори якумдараҷа элиментон қоғазҳои қиматноки навро мефурӯшанд ва воситаҳои заруриро ба даст меоранд.
Бозори дуюмдараҷа аз инвесторони минбаъда иборат аст, ки байни онҳо аз нав фурӯхтани қоғазхои қиматнок амалӣ мегардад.
Бозори дуюмдараҷа ба гардиши биржавии қоғазҳои қиматнок ва гардиши гайрибиржавӣ ҷудо мешавад.
Гардиши биржавӣ чунин хусусиятҳоро дорад.
а) барои харудуфурӯши қоғазҳои қиматнок биржаи фондии марказии ягона ташкил карда мешавад;
б) дар биржа қоғазҳои қиматнок дар музоядаҳо фурӯхта мешаванд;
в) ҳамаи амалиётҳои харидуфурӯши қоғазҳои қиматнок бо қоидаҳои биржа ба қайд гирифта мешаванд;
г) муомилаҳои биржавӣ ба намуди алоҳида махсус гардонида мешавад;
д) фурӯши қоғазҳои қиматнок бо воситаи миёнаравҳои савдоӣ ба амал меояд (маклерҳо, брокерҳо, диллерон).
Гардиши ғайри биравӣ хусусиятҳои нисбатан дигар дорад.
а) дар он маркази савдои ягона мавҷуд нест;
б) хариду фурӯши қогазхои қиматнок бо воситаи муассисаҳои брокерӣ ба амал меод;
в) нархҳои муомилаҳо дар ҷараёни гуфтушуниди байни контрагентон ҷорӣ карда мешавад;
г) муассисаҳои брокерӣ ва намудхои муомилаҳо махсус гардонида шуданд;
д) худи муомилаҳо бо воситаи гуфтушуниди телефонӣ ба шабакаҳои махсуси компютерӣ амалӣ мегарданд.
Ба ҷоришавии капитал аз саҳаи камдаромад ба соҳаи сердаромад мусоидат намудан.
Барои иҷроиши ин вазифаҳо индексҳои фаъолияти корӣ хизмат мекунанд.
Дар давраи муосир индекси Доу-Ҷонс паҳн гаштааст (аз соли 1884). Ин индекс дар асоси миқёси саҳмияҳои 30 корхонаҳои калонтарин ҳисоб карда мешавад.
Бо хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок миёнравон машғул мешаванд:
Маклер – шахсоне, ки харидор ва фурӯшандаи қоғази қиматнокро бо ҳам мепайвандандад, худи ӯ муомиларо ба вуҷуд намеорад ва аз фурӯшандагон ва харидорон пардохти муайянро мегирад;
Брокер – (шахс ва ё фирма) – мутахассис ба намудҳои алоҳидаи қоғазҳои қиматнок, ки мустақиман ба муомилаи савдо таъсир мерасонад. Барои фаъолияти худ брокер даромади муайянро ба даст меоварад.
Дилер – қоғази қиматнокро ба номи худ ва аз ҳисоби худ мехарад ва баъд мефурӯшад.
Ду намуди амалиётҳои биржавиро фаркмекунанд:

Кассагӣ, ки дар он қоғазҳои қиматнок ҳатман ва ё дар давоми 2- 3 рӯз пардохт карда мешаванд.
Фючерсӣ (мӯҳлатнок) – ки дар он қоғази қиматнок ҳатман дода шуда, пули он бошад баъд аз мӯҳлати муайян пардохта мешавад, одатан дар давоми моҳ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.