Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Рента ва нархи замин

Рента – ин намуди махсуси даромади нисбатан мустаҳкам буда, ба фаъолияти сохибкорӣ алоқаманд намебошад. Истиоҳи «рента» ду маънӣ дорад: ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ.Нақша:

Рента ва пардохти иҷоравӣ.
Намудҳои рентаи замин.
Нархи замин.
Рента – ин намуди махсуси даромади нисбатан мустаҳкам буда, ба фаъолияти сохибкорӣ алоқаманд намебошад. Истиоҳи «рента» ду маънӣ дорад: ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ.
Ба маънои ҳуқуқиаш «рента»муносибатҳои ҳуқӯқии мустақилро мефаҳмонад, ки муносибати байни пардохткунанда ва ба даст овардаи рентаро ифода менамояд.чунин муносибати байни субъектони созишномаи рента бо амволи иҷорави ва пардохти иҷоравӣ алоқамнд намебошад.
Нисбатан ба фаҳмиши ҳуқуқии рента, фаҳмиши иқтисодии он муносибати байни пардохкунандагон ва ба даст овардагони рентаро бо истифода барии воситаҳои қарзи ва ё амволи иҷоравӣ алоқаманд мекунад. Дар чунин ҳолат соҳиби амволи иҷорави рентаро бо воситаи пардохти иҷорави ба даст меорад. Ба иҷора ҳамаи участкаҳои замин ва дигар объектҳои табиат, корхонаҳо ва дигар комплексҳои амволи, иншоот, таҷизот, воситаҳои нақлиёт ва амволҳои, ки хусусиятҳои натуралии худро гум намекунад, пешкаш карда мешавад.
Пардохти иҷоравӣ ба ҳамаи амволҳои иҷорави муайян карда мешавад.
Рента ба маънои иқтисодиаш бо гирифтани воситаҳои қарзӣ алоқаманд аст. Яке аз намудхои рента- ин рентаи давлати (як намуди заём), қарзи даллати, ки ба мӯҳлати номуайян бароварда мешавад. Ба дорандагони қоғазҳои қиматнок, ки бо қарз алоқаманд мебошад, бо фоизи муайяншуда бо суммаи номеналӣ капитали ба қарз гирифта шуда, дар вақти муайян шуда (семоҳа, нимсол, сол), рента пардохт карда мешавад.
Заёмҳои рентави аз тарафи биржаҳои фондӣ ва бонкҳо фурӯхта мешавад.
Дигар намуди рента бо худ фоизи капиталро ифода менамояд, ки он капитал барои нигоҳдори ба бонк гузошта шудааст.
Инчунин рентаи замин мавҷуд аст, ки бо муносибатҳои аграрӣ алоқаманд мебошад. Чунин рента хусусиятҳои хосе дорад, ки бо муносибатҳои заминдорӣ асос ёфтааст.
Дар хоҷагии қишлоқ замин ҳамчун воситаи истеҳсолот нақши муҳимро мебозад.
Аз они худкунӣ ва истифодабарии хоҷагии ин воситаи истеҳсолот моҳияти муносибатҳои заминдориро ифода менамояд.
Дар хоҷагии қишлоқ соҳибони замин ба ду намуди асосӣ ҷудо мешаванд:
А) соҳибони замин, ки худашон бо истифодабарии меҳнати аъзоёни оила ва ё коргарони кироя бо фаъолияти хоҷагидорӣ машғуланд.
Б) соҳибони замин, бо фаъолияти хоҷагидорашғул нашуда, заминро ба иҷора медиҳанд.
Иҷораи замин – ин намуди истифодаи замин, ки дар он соҳиби замин участкаи заминро ба мӯҳлати муайян ба шахси дигар (иҷорагиранда) барои хоҷагидорӣ медиҳад.
Дар созишномаи иҷоравӣ ба соҳӣби замин пардохти иҷоравӣ пешбинӣ мешавад, ки онро иҷорагиранда пардохт менамояд.
Пардохти иҷоравӣ шаклҳои гуногунро дорад. Ин пардохт бо пул ё маҳсулоти заминдори пардохт карда мешавад. Қисми асосии пардохти иҷоравии замин, муносибатҳои байни заминдорон ва соҳибкорон – иҷорагирандагон ба вуҷуд меояд.
Муносибатҳои рентавӣ муносибатҳои байни моликиятдори замин ва иҷорагирандаро оиди тақсимоти фоида дар назар дорад. Як қисми ин фоидаро дар шакли рента соҳиби замин мегирад.
Дар асоси ақидаҳои дар боло зикр шуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки рентаи замин – ин шакли истифодаи иқтисодии моликият ба замин мебошад.

Рентаи замин дар натиҷаи муносибатҳои иқтисодии махсус пайдо мешавад, ки ин муносибатҳо оид ба аз они худкунӣ ва истифодабарии замин ба вуҷуд меояд. Соҳиби замин моликияти хусусӣ, кооперативӣ ва ё давлат бо моликияти монополи ба замин доро мебошад, зеро танҳо он дар асоси қонун заминро аз они худ менамояд. Соҳиби замин ҳуқуқи истифодабарии заминро ба соҳибкор медиҳад.
Хусусан бо ҳамин монополияҳо механизми мубаддалшавии фоида ба рента алоқаманд мебошад.
Мубаддалшавии кисми фоидаро ба рента дида мебароем.
Замин нисбат ба дигар воситаҳои истеҳсолот маҳдудияти шуморавӣ дорад. бо вуҷуди ин замин бо сифаташ фарқ мекунад: беҳтарин, миёна, бад. Барои қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои ҷамъият ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ фақат заминҳои баҳтарин ва миёна нокифоягӣ мекунанд.
Бинобар ҳамин дар шароити ба дастовардани фоидаи оддӣ соҳибкорон участкаҳои бади заминро низ ба иҷора мегиранд.
Дар натиҷа шароитҳои махсуси нархгузорӣ ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пайдо мешавад, нархи бозорӣ чунин маҳсулотҳо мувофиқи шароити истеҳсоли заминҳои бад муайян карда мешавад.
Ҳамаи соҳибкорон маҳсулотҳои худро бо нархи бозорӣ мефурӯшанд, ки он на танҳо хароҷотҳои заминҳои бадро рӯйпӯш менамояд, инчунин фоидаи оддиро низ таъмин менамояд.
Дар участкаҳои беҳтарин ва миёнаи замин арзиши воҳиди маҳсулот нисбат ба дигар участкаҳои замин пасттар мебошад. Дар участкаҳои беҳхтарин нархи инфиродии истеҳсолот аз нархи бозорӣ паст мебошад. Бинобар ҳамин истифодабарандагони ингуна замин дар ҳолати фурӯхтани маҳсулот бон архи бозорӣ, фоидаи зиёдатиро ба даст меоранд.
Бинобар ҳамин вобаста аз ҳосилнокии замин дар иқтисодиёт рентаи диффиренсиалиро аз рентаи мутлақ фарқ мекунанд. Дар навбати худ рентаи диффиренсиалӣ ду намуд дорад.
Рентаи диффиренсиалии I- ин гуна рента дар участкаҳои беҳтарини замин, ки бо ҳосилнокии табиӣ-муқаррарӣ аз дигар заминҳо фарқ мекунанд, гирифта мешавад.
Рентаи диффиренсиалии II- ин гуна рента дар натиҷаи баланд кардани ҳосилнокии замин ба таври сунъӣ (нуриҳои мениралӣ, ашёҳои кимёвӣ) ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат интенсивикунонии хоҷагии қишлоқ амалӣ гардонида мешавад. Яъне истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар натиҷаи самаранок истифодабарии воситаҳои истеҳсолот ва захираҳои меҳнати афзоиш меёбад.
Фоидаи зиёдатие, ки дар заминаҳои бад ба вуҷуд меояд, ба соҳиби замин дасрас мешавад. Мавқеи монополиро ишғол намуда соҳиби замин рентаи мутлақро ба даст меорад, ки чунин рента новбаста аз ҳосилнокӣ ва ҷойгиршавии замин гирифта мешавад.
Инчунин рентаи монополӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолати фурӯши молҳо бон архи монополӣ ба вуҷуд меояд. Чунин даромад дар хоҷагии қишлоқ дар заминаҳои хусусиятҳои нодир дошта, ки дар он маҳсулотҳои баландсифати камёфт истеҳсол карда мешаванд, ба вуҷуд оварда мешавад.

Дар хоҷагидории бозоргони тараққи карда замин ҳамчун предмети хариду фурӯш қарор мегирад. Аммо замин, ки коркард нашудааст ва а он маблағгузорӣ нашудааст, арзиши надорад.
Нархи замин ин рентаи шакли пулӣ гирифта мебошад.
Нархи замин (Н.з) бо ҳаҷми рента (Р3) таносуби роста Буда, бо нормаи фоизи қарзӣ (Фқ) таносуби чаппа дорад.

Рз
нз = ____
Фк
Дар ҳолати рентаи бетағйир, нархи замин дар натиҷаи паст шудани фоизи қарзи баланд мешавад.
Фарз мекунем, ки бонк ба мизоҷони худ 5% солонаро ташкил менамояд, дар ин ҳолат замине, ки дар ҳаҷми 10 хазар сомони рента ба вуҷуд меоварад бон архи 200 ҳ сомони фурӯхта мешавад. Дар ҳолате, ки фоизи бонки ба 2% баробар мешавад нархи ин гуна замин ба 500ҳ сомони баробар мешавад.
Ба нархи бозории замин таносуби таклифот ва талабот ба ин мол таъсири муайян мерасонад.
Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки шумораи замини пешкаш мешуда тағйир ёфта наметавонад, чун , ки шумораи замини коркард шуда маҳдуд мебошад, яъне таклифоти замин ғайричандир мебошад.
Дар шароити ҳозира камшавии таклифоти замин як қатор сабабҳо дорад ба амал омада истодаанд. Яке аз ин сабабҳо афзоиши ҷараёни шаҳришавии ҷамъият ё раванди мебошад, ки ин ҳолат ба истифодабарии ғайри хоҷагии замин сабаб мешавад.
Ин ҷараёнҳо ба маҳдудшавии таклифоти замин оварда мерасонад.
Бо вуҷуди ин талабот ба замин рӯз аз рӯз афзуда истодааст. афзоиши талабот ба замин асосан аз тарафи хоҷагии ҷараёнҳо қишлоқ, ки кӯшиши васеъ намудани истеҳсолотро дорад, ба назар мерасад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.