Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Бекурбшавӣ ва устувории муомилоти пули

Варианти мусбат. Беқурбшави ба давлат даромад меоварад. Агар, давлат барои рӯйпӯши намудани харҷи давлатӣ зиёд намудани андози мустақимро таъмин накунад дар ин ҳолат вай бо воитаи бонки миллӣ эмиссияи пулро ба вуҷуд меоварад. Миқдори андози беқурбшавӣ (А)ба ҳосили беқурбшавӣ(чи қадар қурби пул паст мешавад -Б) ва ҳаҷми он пулҳои нақдие ки ахоли дорад(П)баробар аст:Нақша:
1. Нархи беқурбшавӣ
2. Омилҳои макроиқтисодии беқурбшавӣ
3. Беқурбшавӣ ва бекорӣ
4. Танзими макроиқтисодии беқурбшавӣ

1. Нархи беқурбшавӣ.
Беқурбшавӣ – ҷамъ шудани миқдори зиёди воситаҳои пулии дар муомилот буда, нисбат ба талаботи ҳакиқии иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Се варианти асосии “нарх”-и беқурбшавӣ маълум аст.

1.Варианти мусбат;

2. Варианти сифри;
3. Варианти зараровар.
Варианти мусбат. Беқурбшави ба давлат даромад меоварад. Агар, давлат барои рӯйпӯши намудани харҷи давлатӣ зиёд намудани андози мустақимро таъмин накунад дар ин ҳолат вай бо воитаи бонки миллӣ эмиссияи пулро ба вуҷуд меоварад. Миқдори андози беқурбшавӣ (А)ба ҳосили беқурбшавӣ(чи қадар қурби пул паст мешавад -Б) ва ҳаҷми он пулҳои нақдие ки ахоли дорад(П)баробар аст:

Аб =Б*П;

Маълум аст, ки даромади хақиқии аҳолӣ мутаносибан ба дараҷаи беқурбшавии андоз паст мешавад. Дар давлатҳои ғарб андоз ба пулҳои нақдӣ то ба 10%-и маҳсулоти умумии миллиро ташкил медиҳад. Соли 1992 дар Руссия дар аввали давраи бозсозӣ андози беқурбшавӣ 28% ба маҳсулоти умумии миллӣ ва 46% ба даромади хоҷагии хонагӣ ташкил дод. Ғайр аз ин, аз ҳисоби беқурбшавии андоз бонкҳои тиҷорати даромади худро пурзӯр менамоянд. Дар давраи беқурбшавӣ асосан гардиши пул бояд зиёд шавад, (яъне, одамон ҳаракати худро ба сарфи пули зиёд ғун шуда равона мекунанд ). Аммо дар Руссия дар солҳои 1992-93 гардиши пул дар муомилот нисбатан суст буд. 4-8 гардиш дар 1 сол; дар ҳолати 24 маротиба дода шудани музди кор. Аз ин ҳолат ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар мӯҳлати муайяншуда ба корхонаҳо музди корро надодаанд, бо мақсади ба фоида соҳиб шудан ин миқдори пулро бо фоизи баланд ба қарз додаанд. Аз чунин ҳолат, корхонаҳои калони саноатӣ ва савдоӣ низ даромади баланд мегиранд. Онҳо танқисии сунъиро ба маҳсулоти талаботи баланд дошта ба вуҷуд оварда, бо ҳамин нархро ба маҳсулотҳо мебардоранд.

Варианти сифрии “нарх”-и беқурбшавӣ.
Ин вариант дар ҳаёт кам вомехӯрад. Дар ин ҳолат, зарари аз баландшавии нархҳо ба вуҷуд омада бо воситаи зиёдшавии даромад рӯйпуш карда мешавад.
Ин ҳолат вақти гузароннидани «индексатсияи автоматикӣ»- и даромади пули дида мешавад.
Варианти зараровари “нарх”-и беқурбшавӣ.
Асосан бо сабабҳои зерин дар ширкатҳо ва ё хочагиҳои хонагӣ ба вуҷуд меояд:
А. Бо сабаби нигоҳ доштани миқдори муайяни пул дар хона.
Дар чунин ҳолати “нарх”-и беқурбшавӣ он ба миқдори пуле, ки бонк дар ҳамин мӯҳлат мувофиқи он фоиз медод баробар аст, агар ин пул дар бонк нигоҳ дошта мешуд, на дар хона.
Б. Бо воситаи баланд шудани нархҳо зиёд шудани хароҷот.
Чӣ қадаре, ки нархҳо дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, тарифаи нақлиётҳо ва ғайраҳо зиёд шаванд, хароҷот низ мутаносибан зиёд мегардад.
В. Зарари надонистани амалиёти ҳақиқии қонунӣ.
Дар вақти тартиб додани шартнома шахсони ҳукуқӣ тагйирёбии нарх ва ё индексатсияи онро дар давоми вақти муайян ба ҳисоб нагирифта, бо нархи номиналӣ амалӣ гардонида мешавад. Вай бояд бо ҳисоби асъори устувор тартиб дода шавад.
Г. Харочотҳо вобаста ба тагйиротҳои қонуни андозситонӣ.
Бисёр қонунҳои андозситонӣ шароити беқурбшавиро ба назар нагирифтааст. Нархҳо нисбатан ба андоз аз фоида бисёртар баланд мешаванд.
Д. Хароҷотҳо вобаста ба нақшагирии нодурусти “нарх”-и беқурбшавӣ.
Чунин хароҷот дар он хочагиҳое, ба вуҷуд меояд, ки онҳо “нарх”-и беқурбшавии пешояндаро нодуруст муайян кардаанд ва ё умуман ба эътибор нагирифтаанд. Якбора баланд шудани нархҳо, фоизи қарзро беқурб мекунад ва шахси қарзгирифта бурд меоварад.

2. Омилҳои макроиқтисодии беқурбшавӣ.
Устувории муомилоти пулӣ аз ду баробарии макроиқтисодӣ, яъне аз миқдори молу хизматҳо ва миқдори пул иборат мебошад.
Чунин баробариро Ирвин Фишер иқтисодчии америкоӣ бо чунин формула ифода кардааст:

(П*О=Ц*Т)
П*ГС=Н*МХ

дар ин ҷо:
П- таклифоти пул (ё миқдори пули дар муомилот буда)
ГС- суръати гардиш (гузаштани пул аз даст ба даст)
Н- нархи миёна
МХ- миқдори фурӯши молу хизматҳо.
Устувории муомилоти пулӣ ду давраро дарбар мегирад – стандарти тиллоӣ ва замонавии пулӣ.
Дар давраи стандарти тиллоӣ баробарӣ бо роҳи автоматики таъмин карда мешуд. Дар ҳамин давра гардиши молу пул аз рӯи фишанги бозорӣ амали мегардид, ки фаъолияти фурӯшанда ва харидорро танзим мекард. Агар фурӯшанда ва ё харидор пулҳои зиёдатиро ба даст орад, вай ҳамчун ганҷ баромад мекард, ва дар навбати худ дар оянда вай ҳамчун воситаи муомилот боз баромад мекард.
Дар давраи стандарти тиллоӣ беқурбшавӣ қариб рӯй намедод, рӯй диҳад ҳам сабаби вай ҷанг, хушксолӣ ва ё дигар намуд ҳодисахои ногаҳонӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар давраҳои ҷой надоштани беқурбшавӣ одамон руҳияи иқтисодии мустаҳкам доштанд. Аз ҳамин сабаб ҳам одамон тартиби зерини ахлоқи харидориро, ки мувозинатии молу пулро нигоҳ медоштанд, риоя мекарданд:

Вақте, ки беқурбшавӣ ба вуҷуд меомад, одамон медонистанд, ки ин ҳолати муваққатӣ аст ва ба молхарӣ шурӯъ намекарданд;
Қисми зиёдатии пулро одамон ба ганҷ табдил медоданд;
Дар натиҷа ҳаҷми талабот кам мешуд, ки ин ба зиёдшавии таклифоти мол нисбат ба талабот меовард. Чунин муносибат мутаносибии мол ва пулро баробар карда нархҳоро ба дараҷаи пештара меовард.
Аммо, пас аз барҳам хӯрдани стандарти тиллоӣ шароити иқтисодӣ дигаргун шуд. Муомилоти пулӣ хусусияти ноустуворро гирифт.

Истеъмолкунандагон ба баландшавии нарх қатъиян боварӣ доранд.
Одамон пулро ҳамчун ганҷ ғун намекунанд.
Талабот нисбат ба таклифот зиёд мешавад.
Зиёдшавии талабот,нисбат ба баландшавии нарх , беқурбшавии талабот номида мешавад.
Барои муайян намудани ноустувории пули дар муомилот буда ба формулаи Фишер бармегардем. Дар тарафи чапи вай таклифоти пул (П*ГС) ва дар тарафи рости талабот ба вай (Н*МХ) нишон дода шудааст.
Иқтисодчиён нисбати ин масъала ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо шудаанд.
Консепсияи монетаристӣ чунин баён мекунад:
а) нархи молҳо асосан аз миқдори пули дар муомилот буда вобаста аст (моҳияти назарияи миқдорӣ дар ҳамин мантиқ дорад).
б) сабаби беқурбшавӣ миқдори зиёди пул дар муомилот аст; (таклифоти пул).
в) ба пайдоиши беқурбшавӣ давлат ҷавобгар аст, чунки вай бемеъёр пул истеҳсол мекунад.
Монетаристон фақат тарафи чапи формуларо дар тагйирёбии муомилоти пулӣ ба назари эътибор мегиранд. Ҳол он, ки тарафи чапи ин формула бо тарафи рост бояд баробар бошад.
Ақидаи дигар аз тарафи назарияи арзиши меҳнатӣ чунин баён карда мешавад:
а) нархи неъматҳо аз арзиши онҳо вобаста аст, на балки аз миқдори пул;
б) нарх- ифодаи пулии арзиши мол мебошад;
в) миқдори пул аз ҳачми арзиши ҳамаи молҳо вобаста аст.
Ин назария низ ҳар ду паҳлуи формуларо дар назар надошта фақат тарафи рости онро сабаби тағйироти муомилот меҳисобад.
Назарияи ба ҳам муқобил ба чунин хулоса меоварад:
Ҳар дуи ин вариантҳоро нодуруст фаҳмидан мумкин нест, чунки онҳо дар алоҳидагӣ ҳақиқати ҳолро баён мекунанд, аммо ҳар яки онҳо онро пурра баён карда наметавонанд. Аз ҳамин сабаб ҳам, барои таҳлил намудани сабаби асосии пайдоиши беқурбшавӣ ҳамаи омилҳои баланд шудани нарх, ки дар тарафи таклифоти пул ва дар тарафи талаботи он аст, бояд омӯхт.
Ҳамин тавр, омилҳои тарафи таклифоти пулро меомӯзем. Онҳо ду шакл доранд: 1) омилҳои дохилӣ ва 2) омилҳои байналмиллӣ.
А) Омилҳои дохилӣ.
а) давлат хароҷоти худро нисбат ба даромад зиёд мекунад (танқисии буҷа ба вучуд меояд). Барои руйпӯш намудани танқисӣ давлат қарзи дохилии худро зиёд менамояд (коғазҳои қимматнок истеҳсол мекунад, қарз мегирад);
б) Бонки миллӣ барои қонеъ кардани талаботи давлатӣ пули барзиёдӣ истеҳсол мекунад;
в) бонкҳо экспансияи қарзиро ба вуҷуд меоваранд.
Б) Омилҳои байналмиллӣ.
а) давлат қарзи берунии худро зиёд мекунад: (асъори хориҷиро қарз мегирад);
б) бонкҳо асъори миллиро ба асъори хориҷӣ иваз менамоянд (ин ба истеҳсоли пули барзиёдӣ меоварад);
Ҳамин тавр, чи хеле ки маълум шуд, сабабгори асосии пайдоиши беқурбшавӣ давлат мегардад.
Омилҳои тарафи талаботро мебинем. Онҳо низ ду шакл доранд:

Омилҳои дохилӣ; 2) омилхои байналмиллӣ.
А. Омилҳои дохилӣ:
а) монополияҳо, ки қисми зиёди молҳоро таъмин намуда, ба баланд намудани нархҳо ҳавасманданд;
б) хароҷоти ҳарбии давлат бисёр вақтҳо талаботро нисбат ба таклифоти пул зиёд менамояд;
в) сармоягузорӣ ба мӯҳлати дуру дароз давлатро ба нагирифтани фоида аз маблағи гузошташуда водор менамояд.
Б. Омилҳои байналмиллӣ:
а) дар бозори ҷаҳонӣ нархи воситаҳои истеҳсолот баланд мешавад, ки ин ба нархи бозори дохилӣ низ таъсир мерасонад;
б) бӯҳрони таркибӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки бо камшавии захираҳо вобаста аст, ба баланд шудани нархи омилҳои истеҳсолот сабаб мешавад;
в) талаботи пулро ҷанги байни давлатҳо пурзӯр мегардонад.

3. Беқурбшавӣ ва бекорӣ.
Беқурбшавӣ ва бекорӣ вобастагии миқдорӣ доранд. Проффесори мактаби иқтисодии Лондон А.Филипс чунин қонуниятро дар солҳои 50-ӯм муайян кард: чи қадаре ки дараҷаи беқурбшавӣ паст бошад, ҳамон қадар бекорӣ зиёд мегардад ва баръакс. Инро чунин баён кардан мумкин аст: баробари баланд шудани дараҷаи бекорӣ фаъолияти харидории аҳолӣ паст мегардад. Бекорӣ ба дараҷаи музди кор низ таъсири мусбӣ мерасонад. Дар натиҷа дараҷаи беқурбшавӣ паст мешавад.

Аз каҷхаттаи Филипс ба хулоса омадан мумкин аст, ки агар сатҳи бекорӣ паст шавад беқурбшавӣ баланд мешавад (нуқтаи А) ва сатҳи бекорӣ баланд шавад беқурбшавӣ паст мешавад (нуқтаи Б).
Каҷхаттаи Филипс алоқамандии бекорӣ ва беқурбшавиро дар мӯҳлати кӯтоҳ нишон медиҳад.
Дар давраи дарозмуддат каҷхаттаи Филипс нодуруст баромад мекунад. Чунки дар ин давра нархҳо бисьёр тез баланд шуда, давраи дуру дарозро дарбар мегиранд.
Соҳибкорон ва коркунон оид ба додани кор шартномаи дарозмӯҳлат мебанданд. Пас аз баланд шудани нархҳо соҳибкорон музди корро низ баланд мекунанд. Дар натиҷа беқурбшавии хароҷот ба вуҷуд меояд.
Беқурбшавии хароҷот ин баланд шудани нархҳоро вобаста ба зиёд шудани хароҷоти истеҳсолӣ (зиёд шудани музди меҳнат, баланд шудани нархи ашёи хом, қувваи барқ ва ғ-ҳо ) мебошад.
Аз ин чо, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар ҳолати беқурбшавӣ хароҷоти нархҳо ва бекорӣ баробар зиёд мешудааст.

4. Танзими макроиқтисодии беқурбшавӣ.
Дар давраи ҳозираи иқтисодиёти бозорӣ давлат чунин танзими макроиқтисодии беқурбшавиро истифода мебарад:
А. Давлат сиёсати даромадро истифода мебарад, яъне хароҷоти беқурбшавиро боз медорад. Дар иқтисодиёти бозории инкишофёфта истеҳсолот таъсири худро барои мустақиман танзим намудани музди кор бозмедорад. Вай усули танзими гайримустақимро дар шакли “ҳамкории иҷтимоӣ”, яъне сухан яккунии кордиҳанда бо воситаи иттифоқи касаба ва иттифоқи коргари кироя ба вуҷуд меоварад.
Б. Давлат фаъолияти монополиро оиди нархгузорӣ маҳдуд менамояд.
Дар ин ҳолат давлат нархгузориро зери назорати худ мегирад, то ки нархро ҳамчун “тӯб-и” калон “пуф” накунанд.
В. Сиёсати мустаҳками давлат зидди беқурбшави ба пастшавии беқурбшавии талабот меоварад. Ин ҳолат дар он вақт ба вуҷуд меояд, ки агар халқ ба давлат боварӣ дошта бошад.
Асоси барномаи давлатиро бояд чорабинӣ бар зидди баландшавии нарх ташкил диҳад, набалки пардохти нархи баланд, ки вай ба пурқувватшавии беқурбшавӣ меоварад.
Г. Аз моҳирона ташкил додани сиёсати пулии бонки миллӣ самаранокии танзими тағйирёбии нарх вобаста аст.
Таҷрибаи Бонки федералии захиравии ИМА оиди ин масъала зиёд аст.
Вай чунин шаклҳои танзимро истифода мебарад:
а) амалиёт дар бозори кушод;
б) тагйирдиҳии мизони қарз;
в) тағйирдиҳии меъёри шартии захира.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.