Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Хоҷагии Хонавода

Чи тавре ки маълум аст, хоҷагиҳои хонавода яке аз субъектҳои асосӣ ва ба иқтисодӣ бозорӣ таъсиррасонанда мебошанд. Дар замони муосири бозорӣ хар як иштирокҷии он максади фоида ба даст оварданро дорад. Бинобар ин вай бояд ба ҷаҳони атрофро иҳотакарда мутобиқ гардида, маҷбур аст, ки душворию мушкилиҳои онро паси сар намояд. Бозор ин пеш аз хама рақобат аст .Бинобар ин хоҷагиҳои хонавода низ маҷбуранд барои истеъмолгар мубориза баранд, дар ин ҳангом барои зарари худ кор карда намешавад, роҳҳои халли ин муаммоҳоро ёфтан лозим меояд.1. Моҳияти бекорӣ
Дар аввал лозим меояд, ки мафҳуми калиди «бекорӣ»-ро шарҳ диҳем. Аз рўи маънидоди ташкилоти байналхалқии меҳнат – бекор ин одамест, ки кор кардан мехоҳад, вале ҷои кор надорад. Барои муайян кардани миқдори бекорон дар ҳар мамлакат лозим меояд, ки аҳолиро аз рўи дараҷаи фаъолияти меҳнатӣ ба гурўҳҳо ҷудо намудан лозим аст. Барои ин аз таснифи нави қувваҳои корӣ, ки соли 1933 пешниҳод шуда буд, истифода мебарем. {амаи шахсҳо ба 2 гурўҳи калон ҷудо мешаванд.

Аҳолии ғайрифаъоли иқтисодӣ-аҳолии мамлакае, ки ба гурўҳи қувваҳои корӣ дохил намешаванд:
а) хонандагон ва донишҷўёни шўъбаи рўзона
б) нафақахўрон (аз рўи синну сол ва сабабҳои гуногун)
в) шахсони бо кори хона машғул буда (ба ин дохил мешавад, онҳое ки бо нигоҳубини кўдак ва бемор машғуланд ва ғ.);
г) Онҳое, ки аз наёфтани кор дилгир шудаанд;
д) шахсоне, ки ба кор кардани онҳо зарурате нест (новобаста аз сарчашмаи даромади онҳо)
2. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол -қисми шаҳрвандони қобили меҳнат мебошанд.
Аз ин сохт бармеояд, ки дараҷаи фаъолияти иқтисодии аҳолӣ – шумораи одамони фаъоли иқтисодӣ дар ҷамъи умумии аҳолӣ муайян мешавад.
Дараҷаи шумораи он бо чунин формула ифода мешавад:

Ya=(H-Эа)/H*100

Ya-дараҷаи аҳолии фаъоли иқтисодӣ
H-шумораи аҳолӣ
Эа- шумораи аҳолии фаъоли иқтисодӣ
Дар навбати худ аҳолии иқтисодӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад.

а) Шахсони машғул аз синни 16 – сола ва боло (ҳамчунин шахсони синни хурд), ки(дар шароити рӯзи кории пурра ва ё нопурра) кор мекунанд;
б) Шахсоне, ки бо кори бемузд дар хоҷагии оилавӣ машгуланд.
2. Бекорон – шахсони аз синни 16 – сола ва боло, ки:
а) ҷои кор надоранд (ҷои даромаднок);
б) дар ҷустуҷӯи коранд (шуғли аҳолӣ) ва ғайра.
в) ба кор кардан тайёранд;
г) аз рӯи ҷараёни хизмати шуғли аҳолии давлатӣ омӯзонида мешавад.

Дараҷаи бекорӣ- ин вазни қиёсии шумораи бекорон дар шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол мебошад. Дар ИҶШС охири солҳои 30-юми асри XX шумораи бекорон ба қайд гирифта нашуда буд. Вале дар айни ҳол ҷойҳои кори маҷбурӣ мавҷуд буданд (нафақат дар давраи ҷанг, балки дар давраи осоишта низ), ки мубориза бар зидди «бекорӣ» маънидод карда мешуд.

2. Сабаб ва шаклҳои бекорӣ.
Дар тараққиёти иқтисодиёт бекорӣ зинаҳои худро дорад. Дар аввали тараққиёти капитализм саршавии бекорӣ шакли пинҳонӣ ва карахтӣ дошт. Бекор ин он шахсест, ки ҳаматарафа солим асту, лекин кор ёфта наметавонад. Дар замони ҳозира бекории технологӣ маълум аст, ки аз сабаби одамонро, ки мошинаҳои электрони иваз мекунанд, пайдо мешавад.
Бекории таркибӣ, корхонаҳо техника ва технологияи худро нав ё васеъ карда аз ҷое ба ҷое кӯчонида мераванд аз ҳамин сабаб сафи бекорон боз ҳам зиёд мешавад. Аз соли 70-ум иқтисодчиёни ғарб боз 2 намуди бекориро муайян кардаанд.

Таркибӣ (сохт, таркиб)
Фркисионӣ (аз калиами лотини fuiction буда), зери ин истилоҳ одамони бекор фаҳмида мешавад. Шахси бекори муваққатӣ ҳаракат мекунад, ки ҷои кор ёбад ва ё ихтисосашро иваз кунад. Имрӯзҳо дар адабиёти иқтисодии ғарб шумораи бекоронро ҳисоб карда истодаанд. Олими амрико Артур Оукен тадқиқот бурда ба чунин хулоса омад, ки агар шумораи бекорон 1% – ро ташкил кунад, нисбатан ашёҳои истифода набурда 2,5 % – ро ташкил мекунад.
3. Сиёсати иштиғол.
Мақсади иштиғол – шумораи одамонро ба назар гирифта онҳоро бо кор таъмин кардан мебошад. Онҳо принсипҳои ишғоли меҳнат инъикос мешавад, аз ҷумла :
а) Дар бораи манъ намудани кори маҷбурӣ ва озодона интихоб намудани касб;
б) дар бораи машғул шудани ҳар як шахс бо кор ва гирифтани музди кор;
в) пурра машғул шудан ба кор ҳуқуқи меҳнат ва ҳуқуқи ҳимоя шудан аз бекорӣ.
Дар давлати ҳуқуқбунёд системаи муҳофизати иҷтимоӣ ҷорӣ карда шудааст, ки барои таъмини коргарон зарур аст.
Унсури аввали ин система худидоракунии давлат аст. Боз як унсури ин система барои биржаи кори хизмат менамояд. Ин система дар аввали нимаи аcри XIX ташкил шудааст.
Биржаи корӣ- ин корхона муносибати байни соҳибкор ва коргарро назорат мекунад. Боз як унсури системаи иқтисодӣ бехатарии коргарон мебошад, ки ин фонди суғурта аз бекорӣ ба коргарон ёрии модди мерасонад.
Дар мамлакатҳои дигар ин масъалаҳо ба назар гирифта, вобаста ба шароити иқтисодӣ гуногун мебошанд. Солҳои 80-ум миқдори гирифтаи ёрдампулӣ аз бекорӣ ва мӯҳлати додани музд дар баъзе мамлакатҳо ба таври зайл:
дар ИМА-36% музд дар 14 ҳафта;
дар Япония –60-80% музд дар 3-12 моҳ ба синну сол ва дигар шароитҳо нигоҳ карда;
дар Фаронса – 40 франк ва илова 42% музд аз 1-2,5 сол, ёрдампулии зарури то 3-сол.
дар Британияи Кабир 28,5 фунт дар муддати 52 ҳафта, ба шарте ки агар аз ташкилоти шуғли аҳолӣ аз қайд гузашта бошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.