Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Доираи сикли иқтисодӣ: аз пастравӣ ба болоравии истеҳсолот

Асоси якум – аз рўи вайроншавии таносуб дар системаи хоҷагӣ. Бўҳронҳои умумӣ тамоми хоҷагии миллиро фаро мегиранд. Бўҳронҳои ҷузъӣ як ришта ё соҳаи иқтисодиётро фаро мегирандНақша:
1. Таснифи бӯҳронҳо
2. Доираи иқтисодии сиклӣ

1. Таснифи бӯҳронҳо
Шаклҳои гуногуни бўҳрони иқтисодиро аз рўи асосҳои зайл ба се гурўҳ тақсим кардан мумкин аст.
Асоси якум – аз рўи вайроншавии таносуб дар системаи хоҷагӣ. Бўҳронҳои умумӣ тамоми хоҷагии миллиро фаро мегиранд. Бўҳронҳои ҷузъӣ як ришта ё соҳаи иқтисодиётро фаро мегиранд. Маслан, бӯҳрони молияви вайроншавии амиқи молияи давлати буда, дар қасрҳои доимии буҷа (назаррас афзудани хароҷоти давлат нисбати даромади он).
Бўҳрони пулию қарзӣ шикасти системаи пулию қарзӣ аст .Қарзи тиҷоратию бонкӣ якбора кам мешавад, одамон амонаташонро аз бонкҳо мегиранд ва бонкҳо бо қасод дучор мешаванд, ҳамчунин меъёри фоизи бонк паст мешавад.
Бўҳрони арзӣ (асъорӣ) дар барҳам хӯрдани стандарти тиллоӣ дар муомилоти бозори ҷаҳонӣ дар пастшавии қурби арзи давлатҳои алоҳида (норасоии арзи «устувор»-и хориҷӣ, хеле камшавии захираи арзи бонкҳо, пастшавии қурби арзҳо) ифода меёбад.
Бўҳрони биржавӣ – пастшавии ногаҳонии қурби қоғазҳои қимматнок, ихтисори назарраси барориши онҳо ва танзулли амикӣ фаъолияти биржаи фонди мебошад.
Асоси дуюми таснифи бӯҳронҳо аз рӯи доимияти вайроншавии таносуб иқтисодиёт.
Бӯҳрони даврӣ – баъди фосилаи муайяни вақт такрор меёбад. фосилавӣ- имкони оғози доираи пурраи корро намедиҳад ва дар ягон марҳилаи кор қатъ гардида, нисбатан сатҳи ва акмдавом мебошад.
Бӯҳрони номунтазам сабабҳои махсуси бавуҷудоӣ дорад.
Таҷаззули соҳави дар натиҷаи тағирёбии сохтори истеҳсолот, вайроншавии робитаҳои мӯтадили хоҷагидори ва ғайра ба вуҷуд омад, яъне аз соҳаҳои хоҷаги халқро фаро мегирад.
Бӯҳрони аграрӣ (кишоварзӣ)- якбора бад шудани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ (паст рафтани нарх ба маҳсулоти кишоварзӣ) мебошад.
Бӯҳрони сохторӣ дар натиҷаи вайроншудани таносуби мӯътадили байни соҳаҳои истеҳсолот , инкишофи яктарафаю нодурусти як соҳа бар зарари соҳаи дигар ба вуқӯъ мепайвандад.
Асоси сеюми таснифи бӯҳронҳо аз рӯи характери вайроншавии таносуби такрористеҳсол мебошад. Дар ин ҷо ду намуди он махсус зикр мегардад.
Бӯҳрони истеҳсолӣ барзиёди мол мебошад ки харидор надорад.
Бӯҳрони истеҳсоли ғайрикофии мол- норасоии шадиди мол барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии қобили пардохт.
Аз тамоми намудҳои гуногуни бӯҳрон намудеро мавриди омӯзиш қарор медиҳем, ки он ба доираи иқтисодӣ тааллуқ дорад.

2. Моҳияти иқтисодии доира.
Аз рӯзе, ки ҷамъияти капиталистӣ гузариш ба истеҳсолоти индрустиалӣ ба вуқӯъ пайваст, дар такрористеҳсолот тағйироте ба вуҷуд омад, ки характери сиклӣ гирифтанд. Доира (сикл) як қатор марҳилаҳои пай дар пай ивазкунандаи ҳамдигарро дар бар мегирад.
Марҳилаи хотимавии доира бӯҳрон ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила пастшавии суръати инкишофи иқтисодиёт ва баъдтар чун қоида ихтисори барориши маҳсулот ба назар мерасад.
Баъдан марҳилаи дигар-таназзул (депрессия) фаро мерасад, ки дар ин марҳила пастшавии истеҳсолот ва нархҳо боздошта мешаванд, захираи мол тадриҷан кам карда мешаванд.
Дар марҳилаи дигар – эҳёшавӣ истеҳсолот то ба давраи саршавии бӯҳрони аввала бардошта мешавад. Дараҷаи захираи мол то сатҳи барои таъмини бозор зарурӣ расонида мешавад. Мунтазам болоравии нарх боиси афзудани талаботи харидорон мегардад. Биллохир, марҳилаи болоравии истеҳсолот фаро мерасад. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулот аз дараҷаи қабл аз бӯҳрон зиёд мешавад. Дар натиҷаи ба кор даромадани корхонаҳо сатҳи бекорӣ дар ҷомеъа кам карда мешавад. Баробари афзоиши талаботи харидорон нархи маҳсулот низ боло меравад, ки ин боиси зиёдшавии фоиданокии корхона мегардад. Болоравии талабот ба қарз ва мутаносибан афзоиши фоизи бонк зиёд мешавад.
Дар нимаи дуюми қарни омили якуми болоравии такрористеҳсоли мол инқилоби илмию техникӣ ба шумор меравад.
Омили дуюм мудохилаи фаъолонаи давлат ба рафти доираи иқтисодиёт бо мақсади устуворгардонии инкишофи иқтисодиёт миллӣ мебошад.
Дар соли 90-ум қарни XX ба болоравии муттасилии иқтисодиёт омили нав-глобализатсияи иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири муфид расонд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.