Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


МОХИЯТ ВА НАМУДХОИ РАКОБАТ: РАКОБАТИ МУКАММАЛ ВА НОМУКАММАЛ

МОХИЯТ ВА НАМУДХОИ РАКОБАТ: РАКОБАТИ МУКАММАЛ ВА НОМУКАММАЛМохияти ракобат
Вазифахо ва намудхои ракобат
Ракобат дар низоми механизми бозори.
Ракобати мукаммал ва номукаммал.
АДАБИЁТ

Исоматов Бобокалон. Асосхои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно», 2001. Қисми якум. Сах. 181 –182.
Курс экономической теории. Под. общ. ред. проф. Чепурина М.Н. Киров «АСА». 1999, боби 9.
Курс экономики /Под. ред. проф. Райзберга Б.А. ИНФРА – М, 1999. бобхои 22, 25, 28.
Чибриков Г. Г. Экономическая теория. Учебник. ИНФРА, М.: 1999. боби 5, параг. 1 – 4, 8.
Экономическая теория. Учебник. Ростов – на Дону «Фениск», 2001. гл. 9.
Эргашев А., Мухадбердиев Х. Фаъолияти фирма дар шароити бозор. Душанбе, 2001. бобхои 1, 2, 3.
Эргашев А., Мухадбердиев Х. Курси назарияи иқтисод. Душанбе, 2001. бобхои 9, 10, 11.
1. Мохияти ракобат
Хусусияти асосии иқтисодиёти бозори ин интихоби озод мебошад: истехсолкунанда дар интихоби махсулоти истехсол мекарда озод мебошад, истеъмолкунанда – дар интихоби мол озод аст, коргар бошад – дар интихоби чойи кор озод аст ва ғайра. Аммо интихоби озод, мувафаққияти иқтисодиро ба таври автомати таъмин карда наметавонад. Чунин мувафаққият дар муборизаи рақибона дастрас карда мешавад.
Ракобат (аз калимаи лотинии гирифта шуда маънояш – ру ба ру шави мебошад) – ин мубориза байни иштирокчиёни иқтисодиёти бозори барои шароитхои бехтарини истехсолот, хариду фурӯши молхо мебошад.
Рақобат дар натиҷаи ҳолати объективии зерин ба вуҷуд омадааст:
1. Моликияти хусусӣ;
2. Мустақилии молистеҳсолкунандагони гуногун;
3. Алоқамандии харидорону фурӯшандагон аз нархи бозорӣ вобаста аст, чунки қоидаи рафторро бозор муайян мекунад.
Дар механизми муборизаи рақибона ду ҷихатро аз хамдигар бояд фарқ намуд: ҷихати объективи ва ҷихати субъективи. Аз ҷихати объективи, рақобат хамчун қонун баромад мекунад, ки дар он алоқахои байни иштирокчиёни бозор дар ҷараёни муборизаи онхо барои тобовар ва инкишофёби ифода меёбанд. Аз ҷихати субъективи, механизми рақобат бо худ муборизаи иқтисодиро байни хамаи иштирокчиёни бозор дар назар дорад, ки дар ин мубориза хамаи иштирокчиёни муносибатхои бозори манфиатхои худро химоя мекунанд.
Вобаста аз гуфтахои болои метавон се ҷабхаи муборизаи ракибонаро аз хам ҷудо кард:

ракобат байни фурӯшандагон – хама мехохад моли худро кимматтар фурӯшад, локин дар муборизаи ракибона он фурӯшанда голиб мебарояд, ки нархи имконпази пасттаринро пешкаш намояд. Инчунин ракобат байни фурӯшандагон метавонад гайри нархи бошад (вобаста аз шароитхои фурӯш, сифати махулот, сатхи хизматрасони ва гайрахо);
ракобат байни харидорон – хама мехохад, ки молхоро бо нарххои пасттарин харидори намояд, локин дар ин ракобат он харидор голиб мебарояд, ки ба нархи баландтари бозори рози шавад;
ракобат байни фурӯшандагон ва харидорон. Ин ҷабхаи асосии муборизаи рақибона ба шумор меравад, зеро тарафхои муборизабаранда дар мавқеъҳи кулан дигаргун қарор доранд.
Нақши ракобат дар фаъолияти механизми бозори нихоят калон аст.

Бо воситаи амали конуни арзиш ва конуни талаботу пешниход, ракобат хароҷотхои инфиродии молистехсолкунандагонро бо арзиши бозории молхо (хароҷтхои зарурии мехнати ҷамъияти) мукоиса менамояд.
Ракобат истехсолкунандагон ва истеъмолкунандагонро маҷбур месозад, ки талабхои бозор ба эътибор гирифта шаванд.
Ракобат механизми худтанзимшавии бозорро бо воситаи механизми тағйирёбии нарххо ба миён меорад.
Ракобат вазифаи ҷойгиркунии бозории захирахоро иҷро мекунад, чунки дар натиҷаи таъсири механизмхои ракобат захирахо бетагйир ба он сохахо харакат мекунанд, ки дар онхо боздех калонтар аст.
Ракобат байни молистехсолкунандагон рафтори мутобикшавиро пойдор мекунад, ки бо азнавтаҷхизонидани истехсолот алокаманд мебошад. Ин рафтори истехсолкунандагон барои ишгол намудани мавкеъи голибият бар ракибон асос меёбад.
Ракобат вазифаи назоратиро мебозад, то ки ягон субъект натавонад, ки аз хисоби субъекти дигар манфиати максималиро сохиб гардад.
Ракобат вазифаи хавасмандкуниро мебозад: яъне ракобат хар як истехсолкунандаро барои баланд намудани самаранокии истехсолоти худ, сарфа намудани захирахо равона мекунад; аз хамин сабаб ракобат хамчун мухаррики прогресси иктисодиёт баромад мекунад.
9.2. Масъалаи намудхои муборизаи ракибона, яке аз масъалахои зарури ба шумор меравад. Ду хусусияти асоси мавҷуд аст, ки бо воситаи онхо намудхои ракобат муайян карда мешаванд: соха ва характери муборизаи ракибона.
Аз нуктаи назари сохаи муборизаи ракибона, ракобати дохилисохави ва байнисохавиро аз хам ҷудо мекунанд.
Ракобати дохилисохави нархи бозории ягонаро дар сохаи додашуда таъсис медихад. Бо вуҷуди ин дар холати хароҷотхои инфиродии гуногун ва нарххои инфироди ин намуди ракобат фаркиятро дар фоидахои корхонахо таъмин менамояд, ва дар натиҷа истехсолкунандагонро ба баланд намудани самаранокии истехсолот равона мекунад. Ракобати байнисохави нархи истехсолии ягонаро дар сатхи макроиктисоди таъмин намуда, бо баробари ин вазифаи танзимкуниро иҷро мекунад, фоидаи баробарро ба капитали якхелла таъмин менамояд ва мувозинатии бозории макроиктисодиро таъмин менамояд.
Инчунин дар адабиёти иктисоди ракобати нархи ва гайринархиро аз хам фарк мекунанд.
Ракобати нархи ин ракобате, ки дар он истехсолкунандае, голиб мебарояд, ки нархи пасттарини молро пешкаш намояд.
Ракобати гайринархи муборизаи истехсолкунандагоро вобаста аз сифати мол, сифати хизматрасони, ҷойгиршавии фурӯшанда дар назар дорад.
Аз нуктаи назари хусусияти муборизаи ракибона ракобати мукаммал ва номукаммалро фарк мекунанд.
Ракобати мукаммал ба асри ХIХ хос буд. Дар асри ХХ ва дар давраи муосир дар бозор ракобати номукаммал хукмрон аст. Кайд кардан зарур аст, ки классикони илми иктисоди А. Смит, Д. Риккардо ва К. Маркс истилохи ракобати «озод» ва «монополиро» истифода мебурданд. Дертар, дар асри ХХ ин истилоххо ба гардиши илми дохил карда шуданд. Истилоххои «ракобати мукаммал» ва «ракобати номукаммалро» ба илми иктисоди, иктисодчии англис Дҷоан Робинсон (1903 – 1983) ворид намуд, ки дар байни иктисодчиён бо китоби «Иктисодиёти ракобати номукаммал» (1933) машхур гаштааст. ӯ исбот намуд, ки дар иктсодиёти бозории муосир ракобати мукаммал ба монанди монополияи софи мутлак ходисаи камёфт мебошад. Ба акидаи Дҷ. Робинсон дар хаёти асли холате мушохида карда мешавад, ки дар байни ин ходисахо карор дорад. Бо ибтикори Дҷ. Робинсон ин истилоххо дар илми иктисодии мусоир васеъ пахн шуданд.
Ракобати мукаммал – ин чунин холати системаи хоҷагидории бозори мебошад, ки:

дар бозор харидор ва фурӯшандагони зиёд мавҷуданд ва ягон гурӯхи ин агентхои бозор ба холат ва тагйирёбии вазъияти бозори таъсир расонида наметавонад;
барои фуруш молхо ва хизматхои якхела пешкаш карда мешаванд;
ягон иштирокчии бозор оиди бозор нисбат ба дигар иштирокчи маълумоти изофаги надорад, бинобар хамин хамаи фурӯшандагон ва харидорон оиди бозор ахбороти якхела ва пурра доранд;
харидорон ва фурӯшандагон озодона ба бозор ворид шуда озодона онро тарк карда метавонанд.
Ракобати номукаммал – ин чунин холати системаи хоҷагидории бозори мебошад, ки дар он акалан ягон аз хусусиятхои ракобати мукаммали дар боло оварда шуда вайрон карда мешавад:

шумораи фирмахо дар бозор то як вохид кам шуданаш мумкин аст, ва худи фирмахо бо худ корхонахои хурдро не, балки корхонахои калонро инъикос мекунанд;
хусусияти махсулоти фурӯхта мешуда намудхои гуногун дошта метавонад;
иштирокчиёни бозор барои дастрас кардани ахборот шароитхои якхела надоранд;
дар холати дохилшави ба бозор ва тарк намудани он корхонахо монеъахои зиёдеро паси сар карданашон зарур аст.
9.3. Вобаста аз он, ки иштирокчиёни бозор байни хамдигар бо кадом тарз ракобат мекунанд, бозори ракобати мукаммал ва бозори ракобати номукаммларо аз хам фарк мекунанд.
Бозори ракобати мукаммал бо худ бозореро нишон медихад, ки дар он новобаста аз хамдигар истехсолкунандагон ва истеъмолкунандагони бисёр фаъолият дошта, имкониятхо ва хукукхои якхеларо доранд.
Ракобати мукаммал дар шакли мукаммал дастнорас аст. Чунин ракобат бо як катор фарзиятхо бозори миёнаи асри ХIХ мисол овардан мумкин аст.
Барои дарк намудани хусусияти бозори ракобати мукаммал хусусияти реаксияи нархро ба тагйирёбии талабот ва пешниход дида мебароем.
Агар молистехсолкунанда молро дар хачми дилхох ва кудрати доштааш фурӯшад, ва нархи бозори дар ин холат бетагйир боки монад, ин хусусияти бозори ракобати мукаммал ба хисоб меравад ва худи молистехсолкунанда ракиби мукаммал бахисоб меравад.
Дар бозори ракобати мукаммал нарх – ин бузургии додашуда мебошад: агенти алохидаи бозор ба нарх таъсири мустаким расонида наметавонад. Агар фурӯшанда нархи нисбатан баландро дархост намояд, харидорон ба ракибони ӯ барои харидории мол муроҷиат мекунанд. Агар истехсолкунанда нархи нисбатан пастро ҷори намояд, дар ин холат ӯ талаботи бозориро пурра конеъгардонида наметавонад, чунки хиссаи ӯ дар бозори моли додашуда махдуд аст.

Бозори ракобати мукаммал афзалият ва норасогихои худро дорад. Ба афзалиятхои бозори ракобати мукаммал чунин хусусиятхои онро дохил кардан мумкин аст:

истехсолкунандагонро барои баланд намудани самаранокии истехсолот, сарфаи мехнат ва хароҷотхо водор месозад;
ба таври стихияви сохтори истехсолотро ба эхтиёҷотхои харидорон мутобик мекунад;
истехсолот барои истехсолотро рад мекунад;
системаи худтанзимшавии бозорро таъсис медихад.
Норасогихои бозори ракобати номукаммал дар хусусиятхои зерин зохир мегарданд:

мувозинатии бозори бо рохи вайрон намудани чунин мувозинати пойдор карда мешавад;
системаи хоҷагидории динамики вале номӯътадил таъсис дода мешавад;
ин гуна бозор барои инъикори худ шароитхоро фарохам меоварад – дар ҷараёни мубориза монополизм тавлид меёбад, ки баръакси мутлаки ракобати мукаммал мебошад;
имкониятхои ягонаро барои дохилшави ба бозор фарохам меоварад, вале натиҷахои якхелаи фаъолиятро кафолат намедихад. Исботи ин – муфлисшавии як катор корхонахо ва бойгардии дигар корханахо.
ҳамаи ин хусусиятхо ба он оварда расонид, ки ракобати мукаммал дар ҷараёни инкишофи иктисодиёти бозори мавкеъи худро ба ракобати номукаммал аз даст додааст.
Бозори ракобати номукаммал ин бозорест, ки дар он ягон шарти бозори ракобати мукаммал иҷро карда намешавад.
Масалан, агар фирма шумораи молхои ба бозор пешкаш мекардаашро зиёд намояд ва нарх паст шавад, дар ин холат ин гуна бозор бозори ракобати номукаммал номида мешавад
Дар бозори ракобати номукаммал молистехсолкунанда кушиш мекунад, ки пастшавии нархро хангоми афзоиши хаҷми фуруш боз дорад ва дар баъзе холат ин чорабини ба ӯ дастрас меградад, аммо тамоюли асосии тагйирёбии нарх – ин пастшави мебошад.
Ракобати номукаммалро ба се намуд ҷудо мекунанд: ракобати монополи; олигополия; монополияи соф.
1. Дар холати ракобати монополи дар бозор шумораи зиёди фурӯшандагон ва харидорон боки мемонанд. Аммо ходисаи нав пайдо мешавад – дифференсиатсияи (фаркгузории) махсулот, яъне чунин хусусияти махсулот, ки онро аз дигар молхои монанд фарк мекунонанд. Ба чунин хусусиятхо дохил мешаванд: сифтаи баланди мол, куттихои хушрӯй, шароитхои хуби фурӯш, сатхи баланди хизматрасони ва гайрахо.

Дорои чунин афзалиятхо гашта, сохиби моли фарккунанда дар сатхи муайян мавкеъи монополиро сохиб мегардад ва имконияти ба нарх таъсир расониданро пайдо мекунад.
2. Ракобати олигополи бо чунин бозорхо тавсиф карда мешавад, ки дар онхо танхо якчанд фирмахо мавкеъи хукмрониро сохиб гаштаанд. Барои ракобати орлигополи мавҷудияти махсулоти якхела ва ё моли дифференсиони хос аст. Хусусияти асосии ракобати олигополи – ин ҷори намудани нарх ба принтсипи голибият мебошад.
Ин принтсип дар назар дорад, ки аксарияти фирмахо кӯшиш мекунанд, ки нархи худро ба монанди нархи фирмаи нисбатан пуркувват ҷори кунанд.
ходисаи баръакси олигополия ин олигопсония мебошад, вакте, ки дар бозор якчанд фурӯшанда не, балки якчанд харидор вуҷуд дорад.
3. Монополияи соф дар бозор хамон вакт мавҷуд аст, ки агар дар он танхо як фурӯшанда бе ягон ракиб карор дошта бошад. Хусусияти чунин бозор дар он аст, ки фурушанда метавонад нархро дар худудхои васеъ тагйир дихад. Нархи баланди максимали танхо бо талаботи кобилияти пардохт дошта махдуд карда мешавад.
Инчунин холате мушохида карда мешавад, ки дар бозор танхо як харидор ба назар мерасад, ин холатро монопсония меноманд.
Максади монополия – ин ба даст овардани даромади максимали бо воситаи назорат аз болои нарх ва ё хаҷми фуруш дар бозор мебошад.
Монополия бо рохи якҷояшавии якчанд корхонахо таъсис меёбад ва чунин шаклхои ташкили монополия мавҷуданд:
Картел – созишнома оиди квотаи (микдори) махсулоти бароварда мешуда ва таксими бозори фурӯш.
Синдикат – ташкилот бо максади ташкили фурӯши якҷояи махсулот.
Трест – монополия, ки дар он моликият, истехсолот ва фуруши махсулоти фирмахо ба он дохил мешуда, муттахид карда мешаванд.
Контсерн – монополия бо маркази ягонаи молиявии хамаи фирмахои сохахои гуногуни ба он дохил шаванда мебошад, технологияи умуми доранд.
Конгломерат – ташкилоте, ки бо дохилшавии корпоратсияхои калон ба сохахое, ки алокаи техники ва истехсоли надорад алокаманд аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.