Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


НИЗОМИ ҚОНУНҲОИ ИКТИСОДӢ

Конунхои махсуси иктисоди конунхое мебошанд, Ки мансуб ба ягон шакли махсуси шакли хочагидори дар доираи зинахои рушди мушаххаси таърихи амал мекунанд. Масалан, конуни таксимот дар давраи гуломдори, капиталисти, сотсиалисти ва гайрахоАдабиёт

Бобокалони Исомат. Назаре ба афкори иктисодии ниёгон. Душанбе. «Амри илм». 1998.
Бобокалони Исомат. Асосхои назарияи иктисод. Китоби дарси. Кисми аввал. – 2006 – 572сах.
Давлатов И., Исоматов Б., Хабибов С. Иктисоди бозоргони. Красноярск. ПИК «Офест». 2001.
Дорнбуш Р., Фиишер С. и др. Экономика. М.: 1992.
Камаев В.Д. и др. Учебник по основам экономической теории (Экономика). М.: 1994.
Камаев В.Д. и колл. Авт. Практическое пособие к семинарским занятиям по экономической теории – М.: Гуманит. изд. Центр ВЛАДОС, 1998 – 272с.: ил.
Кейнс Д.Ж. Избранные произведения. М.: 1993.
Камаев В.Д. Экономическая теория: Учебник. – М.: Гуманит. изд. центр ВЛАДОС, 1998. – 640с.
Аз ин таърифи фанни назарияи иктисоди дар аввал маълум мегардад, ки назарияи иктисоди хамчун илм конунхои иктисодиро меомузад.
Конунхои иктисоди чист? Конунхои иктисоди гуфта, конунхои идора намудани истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмолотро меноманд, ки дар зиннахои гуногуни тараккиёти ҷамъияти инсони амал намуда, робита ва муносибатхои мухимтарини хаёти иктисодии ҷамъиятро ифода менамояд.
Одатан он протсессхои иктисодиро конунхо меноманд, ки чандинбора санҷида шудааанд ва тасдик шудаанд. Конунхои иктисоди вобастагии хамавактаи хусусиятхои ходисахо ва протсессхои иктисодиро ифода менамоянд ва бо вуҷуди ин конунхои иктисоди объективианд.
Объективи будани конунхои иктисоди бо он тавсиф карда мешавад, ки онхо новобаста аз хохишу иродаи одамон амал мекунанд. Умуман, конунхои иктисоди ин шакли инъикосёбии муносибатхои иктисоди мебошанд. Конунхои иктисоди ба ҷамъият таалук доранд ва бо хамин аз конунхои табиат фарк мекунанд, инчунин конунхои иктисоди характери махдудияти таърихи доранд.
Дар вобастаги аз давомнокии фаъолият, конунхои иктисоди ба махсус ва умуми таксим мешаванд. Конунхои иктисодии махсус танхо ба форматсияи ҷамъияти – иктисоди таалук доранд. Масалан: конуни таксимоти неъматхои модди дар ҷамъияти гуломдори ва феодализм.
Конунхои иктисодии умуми бошанд, дар хамаи форматсияхои ҷамъияти – иктисоди амал мекунад. Масалан: конуни баланд кардани хосилнокии мехнат, конуни сарфаи вакти кори ва дигарон.
Дар натиҷаи инкишофи илми иктисоди дар давраи муосир аз тарафи X.М. Кейнс конуни иктисодии субъективи – психологи кашф карда шуд.
X.М. Кейнс дар кори асосии худ «Назарияи умумии шугл, фоиз ва пул» (1936 с.) мохияти он конунро чунин шарх медихад, ки мувофики он хар як шахс кисми муайяни даромади худро пасандоз менамояд.
Дуюм, аз фанни назарияи иктисоди бар меояд, ки он конунхои хочагидории окилонаро дар сатхи гуногуни хоҷагидори меомeзад.
Конунхои иктисоди вобастагию алокамандии сертарафу гуногунпахлу ва зуд-зуд такроршавандаю устувори равишхои иктисодиро тасвир менамоянд. Омузишхо нишондодаанд, ки конунхои иктисоди ба хаёту фаъолияти мардумон мансуб бошанд хам, амалан хислати объективи доранд. Чомиа онхоро омухта, натичахои хосилкардаашро бар нафъи худ равона хохад кард. Барои маънидоди конунхои иктисоди конунхои мархилаги, хос ва умумиро чудо мекунанд. Дар бисёр холатхо конунхои иктисоди хамчун тамоилхои муайян зухур меёбанд. Яъне амали онхо на ба таври мутлак, балки хамчун равишхои маълуму мушохидашаванда зухур меёбанд.
Се гурухи конунхои иктисод чудо карда мешаванд:

Конунхои давраги – ки ба мархиллаи алохидаи хаёти чомиа мувофик меоянд.
Конунхои хос – ба зинахои чудогонаи тамаддун мансуб мебошанд.
Конунхои умуми – дар хамаи мархилаву даврахои мавчудияти тамаддун амал мекунанд.
Конунхои махсуси иктисоди конунхое мебошанд, Ки мансуб ба ягон шакли махсуси шакли хочагидори дар доираи зинахои рушди мушаххаси таърихи амал мекунанд. Масалан, конуни таксимот дар давраи гуломдори, капиталисти, сотсиалисти ва гайрахо
Конунхои хосаи иктисоди конунхое мебошанд, ки дар ин ё он зинахои рушди иктисоди барояшон мухити муфидтарини амалиёт вучуд дошта бошад. Масалан, конуни арзиши изофа (капитализм), конуни тараккиёти муттаносиби ва муозинии хочагии халк (сотсиализм).
Конунхои умумииктимоди – конунхое мебошанд, Ки новобаста ба сират ва хусусиятхои даврахои таърихи дар хамаи зинахои рушди иктисод амал мекунанд. Онхо раванди доимию паихам инкишофёбанда ва рушди истехсолоти чамъиятиро ифода мекунанд. Онхо доимию шахшуда нестанд. Хангоми густариш аз як Зина ба зинаи дигар, шакл ва намуди зохирии худро вобаста ба хусусияти даврахои рушди иктисод дигар мекунанд. Масалан, конуни сарфаи вакти кори, конуни болоравии талабот, конуни таксимоти мехнат ва гайра.
Байни ходисахои хочаги алокаи муайян мавчуд мебошад. Алокахои хочагидори – тасодуфи, гайриасоси ва такрорнашаванда шуда метавонанд. Конунхои иктисоди – алокахои асоси ва мунтазам такрошавии байни процессхоро дар сохаи истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмол аен мекунад.
Вобаста ба он ки кадом сабабхо ходисахои хочагодориро ба характ меоранд ду намуди конунро чудо мекунанд: объективи ва субъективию-психологи.
Истехсолот дар зери таъсири конунхое, ки характери объективи доранд таракки мекунанд. Яъне онхо хамчен конунхои табиат новобаста аз хохиши инсон фаъолият мебаранд. Хамин тавр, иштироккунандагони фаъолияти хочагии бо таври стихияви гузаранда он зарарияти объективие ки ин конунхо аен мекунанд, бояд ин ки ичро кунанд. Дар ин холат инсон имконияти бартараф кардани равиши таоаккиети иктисодиетро надоранд. Масалан кризисхои иктисоди.
Классикхои нав бошанд конунхои иктисодии субъективию-психологиро меомузанд. Чи хел ки маълум аст, психология пеш аз хама холати рухии инсонро муайян мекунад. Дар он пеш аз хама шуур, ирода, эхтиеч ва дигар фаъолияти инсон зохир мешавад. Микдори зиеди одамон нисфи хаети худро дар фаъолияти хочаги мегузаронад. Бо хамин сабаб дар инсон психологияи иктисоди ба вучуд меояд. Ба ин психологияи иктисоди: шуури иктисоди, манфиати фаъолияти иктисоди, ки сабаби реалии иштироки инсон дар истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмол мебошад, дохил мешавад. Масалан, таъсири инсон ба нархи харид асосан бо бахои шахси, манфиатнокии ва кимматнокии неъмат (благо) муайян карда мешавад. Роли асосиро дар ин чо психологияи инсон мебозад, ки он дар хар як шароити конкрети манфиатнокии субъективии неъматро бо дарачаи таъминкунии эхтиечхои худ мукоиса мекунал.
Хар дуи ин конунхоро хамчун ду конуни бо хам тамоман алака надогта тасаввур кардан хато мебошад. Конунхои объективии истехсолот бо таври автоматики фаъолият намебаранд. Зарурияти объективи бо воситаи фаъолияти шуурнокии инсон ба худ рох мекушояд. Инчунин як кисми одамон медонанд, ки процессхои хатмии пай дар паи хочаги ба кадом натича меоранд, ва ба хамин самт фаъолият мебаранд. Дигар кисми одамон бошанд на факат рафти тараккиети иктисодиетро намедонанд, балки ба он (барои манфиати шахсии худ ) мукобил мебошанд. Дар натича конунхои объективии иктисодидар фаъолияти инсон суст аен мешаванд. Яъне, барои хаматарафа омухтани тенденцияхои дарозмуддати фаъолияти хочаги, назарияи иктисоди бояд ин ки хам конунхои объективи ва хам конунхои субъективию-психологиро омузад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.