Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Мавқеи иқтисодиёт дар ҳаёти ҷомеа

Инсон табиатан аз ибтидои офарида то кунун баҳри қонеъ гардонидани талабу ниёзҳои худ эҳтиёҷ ба хӯрдан, пӯшидан, кор кардан, сохтан, хондан, истироҳат, маишат ва ғайра дорадИнсон табиатан аз ибтидои офарида то кунун баҳри қонеъ гардонидани талабу ниёзҳои худ эҳтиёҷ ба хӯрдан, пӯшидан, кор кардан, сохтан, хондан, истироҳат, маишат ва ғайра дорад.
Ҳаёти инсон мисли ҳаёти ҷомеа, бисёрҷабҳаву гуногуншакл ва нисбатан мураккаб мебошад. Онҳамчун низомимуташаккил ва муайяни фаъолият дар ҳавза ва бахшҳои гуногун (сиёсат, идеология, илм, маориф, фарҳанг, маданият, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра) зуҳур мегардад.
Бузургон ва донишмандони аҳли адаб эътироф карданд, Ки мояиҳастиву рушди ҷомеаи инсониро соҳаи иқтисод муайян мекунад.
Чи тавре, ки аз “таърихи афкори иқтисод” зуҳур мегардад, воҷаи иқтисод ҳамчун ваҳдати мафҳумҳои юнони “ойкос” хоҷагӣ ва “номос”- қонун, яъне “ойкономия” ба вуқӯъ пайвастааст. Онсарғоз аз ҷониби Ксенофот ҳамчун фаҳмиш тибқи меъёр, қоида ва қонунҳоипеш бурдани хоҷагӣ истифода карда шудааст.
Тӯли ҳазорсолаҳоинсоният аз зинаи сукунат то ба зинаи фақулинкишоф Рушду камол ёфт. Танасубан, шакл ва намуди хонаводаю хоҷагидорӣ, давлатдорию ҷахондорӣ низ кулан дигар шуд. Дар ин асно, мазмуну мундариҷа, нақш ва мақоми “ойканомия” вобаста ба гузаштани замонҳо бешубҳа, тағйир ёфт.
Аз ин рӯ, таҳти иқтисод на фақат муносибатҳои байни шахсони алоҳида, оила, гуруҳҳо, сифҳо, корхона, соҳа, давлат, оиди тарз вауслуби хонаводаю хоҷагидори ва давлатдори, балки муносибатҳои умумибашари перомуни ташаккули равандхои байналмиллалии истеҳсолот, илму техника, асъор, молия, муҳоҷирати қувваи коргарӣ, ҳамкорӣ доир ба коинот, экология, сарфаю сариштакорӣ ва ғайра дар назар дошта мешаванд.
Тибқи тақозои замони ҳозира иқтисодро ба чунин унсурҳо тафриқабандӣ менамоянд:
— иқтисоди бахшҳои алоҳида (иқтисоди саноат, кишоварз, сохтмон, тиҷорат, нқлиёт…);
— ҷойгиронии ҷуғрофй (иқтисоди ноҳия, вилоят, шаҳр губерния, штатҳо, иқтисоди миллӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ…);
— маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ (муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол);
— зуҳури низомҳои иқтисодӣ ва моликият (иқтисоди суннатӣ, амрӣ, капиталистӣ, бозорӣ, мӯхталат, меъёриӣ воқеӣ..);
— натиҷаи амалиётҳои агентҳо (намояндаҳо) ва субъектҳои иқтисодӣ (иқтисоди хона, оила, корхона, давлат…);
— фанни илмию таълимӣ (иқтисоди сиёсӣ, назарияи умумит иқтисодӣ, “Эканомикс”, “Микро”, “Мезо”, “Микро”, “мегаиқтисод” ва боқимонда фанҳои тахассусии иқтисод – молия, бок, пул, қарз…);
— кули ҳавзҳои дониш оиди истифодаи сифру рақам, тасвири ҳодисаҳои иқтисод ва дигар зергурӯҳҳо (омор, кибернетикаи иқтисолӣ, тамсиласозии иқтисодю риёзӣ, эканометрия, иқтисоди амалӣ,пешбинии иқтисодӣ…).
Дар ин асос метавон гуфт, ки иқтисод дар асл фаъолият ва санъат оиди ташкили хонадорӣ, хоҷагю хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ аст.
Аз нигоҳи дигар иқтисод илм аст. П. Самуэлсон андеша ба он дорад,ки иқтисод, ки иқтисод оиди он, ки чӣ тавр ҷамъият истеҳсоли маҳсулотҳои нафъоварро истифода мебарад ватақсими онро дар байни гурӯҳҳои гуногун ба роҳ мемонад.
Аз ин ҷиҳат,иқтисод ба андешаи мо ҳамчун тадбир, тарз ва усулҳои гуногун оиди фаҳмиш вадарки қонуну қонуниятҳои ташаккули хоҷагидорӣ, низом, марҳала ва таҳаввули он, истифодаи захираҳои иқтисодӣ (табиат,капитал,меҳнат…) барои Қонеъ тигардонилани ниёзу эҳтиёҷи инсону ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои байни агентҳову субъектҳои иқтисодӣ сурат мегирад.
Дар асосиин гунна тафриқабандӣ дар адабиёти Шарб ду тариқи истифодаи “ойкономия” -“экономика” ва “экономикс” ба назар мерасад. Якум, ҳамчун фаъолияти оид ба хоҷагидорӣ дар мазмун ва маънии аслӣ ва дуввум – ҳамчун илми иқтисод, яъне назарияи иқтисод тасаввур карда мешавад.
Қисмеаз иқтисоддонон, вобаста ба хусусиятҳои миллӣ, марҳалаҳои гузариш ба бозор, зарурият ва имконияти истифодаи он (Экономикс) дар Амалия ва сатҳу дараҷаи ташаккулу таҳаввули илми иқтисод назар ба он дорад,ки илми иқтисод на ҳамҷун қисматҳои алоҳидаи “Экономика” ва “Экономис”, балки ҳамчун илми яагонаи “назарияи иқтисодӣ” дониставу эътироф карда шавад.
Субъект ва намояндаҳои иқтисодӣ

Новобаста ба шаклу намуд, меъёр ва ҳаҷму ҷойгиронӣ,иқтисоди ҳамчун натиҷаи амалиётҳоим субъектҳои иқтисодӣ баромад мекунад. Дар шароити бозор шахсиятҳое, ки кор ё худ амалиётииқтисодироанҷом медиҳад, субъектҳои иқтисодӣ номида мешавад. Ба субъектҳои иқтисодӣ дохил мешаванд: фардҳо (шахсҳои алоҳида), оила гурӯҳ, коллектив, корхона, ширкат ва фирмаҳои амалкунанда, давлат тва ғайра.
Субъектҳои иқтисодӣ фишанге мебошанд,ки бо воситаи онҳо вазифа мақсади такрористеҳсол ҳаллу фасл карда мешавад. Дар адабиётимуосир чунин вазифаҳои субъекти иқтисодӣ номгӯ мешаванд:

Кадом намуд молу хадамоти рақобатпазирро истеҳсол кард, дар кадом ҳаҷм ва бок адом сифат? Ҳалли ин масъала шумора ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, меъёр ва мизони тақозои инфиродӣ ( индивидуалӣ) ва истеҳсолиро муайян мекунад.
Чӣ тавр неъматҳоииқтисодӣ (мол, маҳсулот, хадамот…)-ро дар ҳаҷми кофӣ ва бо сифати зарурӣ истеҳсол кард? Ба ин мақсад кадоме аз захираҳоимаҳдудро ҷалб намуд? Ин ҷараён дар асоси кадом техналогия ва ташкили истеҳсолот қарор дошта метавонад? Ҳалли ин қабл масъалаҳо
Барои кӣ истеҳсол намуд? Ҳалл ин масъала таркиби иҷтимоӣ ва истеҳсоли истеъмолгаронро муайян карда, муносибатҳои дараҷаи аввалро дар миёни субъектҳои иқтисодӣ, дар ҳавзаи тавлид, тақсим, мубодила ва истеъмол таъмин менамояад .
Субъектҳои иқтисодӣ ҳамеша бо ҳодисаҳои иқтисодӣ сару кор дорад.
Ҳодисаҳои иқтисодӣ – тадбир, амалиёт ё худ муносибатҳое мебошанд, ки байни субъектҳои иқтисодӣ сурат мегирад. Онҳо дар доираи равандҳои иқтисодӣ амал мекунанд.
Таҳти равандҳои иқтисодӣ – маҷмӯи динамики ҳодисаҳои иқтисодӣ ё худ ҷараёни тавлид ва Рушду таҳаввули ҳодисаҳои иқтисодӣ фаҳмида мешаванд.
Алоқаи динамики ҳодисаҳои иқтисодӣ ва раванди иқтисодӣ механизими иқтисодиро ташкил медиҳад. Охирон, аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ барои ба даст оварданинатиҷаи беҳтарини фаъолият истифода карда мешавад. Механизими иқтисодӣ бидуни намояндаҳои (агентҳои) иқтисодӣ имконпазир аст.
Намояандаҳои иқтисодӣ ҳамчун фаъолияти иқтисодии коргарони муқаррарии ҳавзаҳои миллӣ, менҷерон,банкирҳо, соҳибонихонаву ҷой, саҳмияву обигатсияҳо, қоғазҳои қиматнок, замин, бошу токзорҳо, идоракунандагони ширкату трстҳо ва ғайра сурат мегирад. Фаъоляти агентҳои иқтисодӣ ва қонунитҳои муаянкунандаи он аз ҷониби о илми “Назарияи иқтисод” дарк карда мешавад. Дар шароити иқтисоди бозори иқтисодӣ мустақиман тибқи тарзу услубҳои муайян, масоилаҳои хоҷагидориро аз рӯи мизон ва меъёрҳои айнан мавҷуда ёхуд хости худи инсон ҳаллу фасл енамоянд.

Объект, нишондиҳанда ва мақсади иқтисод

Аз андешаҳои дар боло зикр гардида хулоса бармеояд,ки иқтисод бидуни объект, яъне мазмуни моддӣ вуҷуд дошта наметавонад. Фаъолияти хоҷагидорӣ маҳх дар меҳвари иттисоли субъект ва объекти иқтисодӣ ба вуқӯъ мепайвандад.Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ ба ҳайси унсурҳои асоси таркибии иқтисод ё худ объекти иқтисод онҳоро номбар мекунанд:

Табиат, ҳамчун сарчашмаи таъминкунанда, бо захираҳои об, офтоб, канданиҳои фоиданок, сӯзишворӣ ва ғайра:
Сармоя (востаҳои истеҳсолот), ки ба туфайли меҳнати гузошта ва ҳозираи одамон ба вуҷуд оварда шудаанд (биноҳо, таҷҳизот, воситаҳои иттилоотӣ ва ғйра, бо ибораи дигар восита ваашёҳои меҳнат);
3. Инсон, одамон. Инсон мояи марказӣ ва ибтидои офариниш ва мақсадноки иқтисод аст. Инсон будани иқтисод ва охирон бидуни инсон вуҷуд дошта наметавонанд. Инсон дар меҳвари иқтисод ҳамчун тавлидгар, тақсимгар, фурӯшанда, истеъмолгар ва идоракунанда нақш мебандад;
4. Предметҳои истеъмолӣ (хӯрока, сарулибос,пӯшиданӣ, нушиданӣ);
5. Воситаҳои пулӣ (пул, асъор, қоғазҳои қиматно, захираҳои пулю молӣ, қарзӣ…);
6. Иттилоот (маълумотҳои мустақим ё ғайримустақим оиди кашфиётҳо, бозёфтаҳо, ихтироотҳо ва истифодаи ғнҳо дар истеҳсолот ва самаранокии онҳо);
7.Зербино (биноҳои ғайриистеҳсолӣ, объектҳои ҳавзаи маданият, маориф, тандурустӣ, илм, кампилексҳои истиқоматӣ…).
Маҷмӯи объектҳо (ё худ унсурҳои таркиби)-и иқтисод захираҳои иқтисодиро ташкил меедиҳад.
Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳамчун воҳидҳои миқдорӣ,шумора,андозаю меъёр, ченак, ҳаҷм ва дигар ҷанбаҳои хоҷагидориро инъикос менамояд. Маҷмӯи ба ҳам алоқаманд ватанзимгарлилан нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ки қабланад вазъ аз ҳолати иқтисодиродар сатҳу доираи корхона, соҳа, ноҳя, гурӯҳҳои якнавохти иқтисодӣ тавсиф намоянд низоми нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ном дорад. Онҳо вобаста ба дараҷаи таҳлили субъект ваобъектҳоииқтисодӣ дар сатҳҳои гуногн (“микро”, “ мезо”, “макро”, “мегоиқтисод”) шаклванамудҳои гуногун дошта метавонанд.
Дар адабиёти марксистӣ, таҳти муносчибатҳои иктисодӣ (истеҳсолӣ) муносибатҳои оид ба истеҳсол, тақсим, мубодила ва истемоли молу маҳсулот дар доираи звеноҳои гуногуни хоҳагии халқ тассавур карда мешавад.
Мақз мутобиқоти муносибатҳои истеҳсолӣ бо қувваҳои истеҳсолкунанда инкишофи муозину ботадриҷ, дараҷаи баланди самаранокии истеҳсолот, тазоу тафриқот, Рушду таҳаввули иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои миллиро муайян мекунад.
Тибқи ақидаи К. Маркс ваҳдати онҳо тарзи истеҳсолотро ташкил медиқад. Аз ин лиҳоз, мамлакатҳоро ба мамлакатҳои ақибмонда, пешқадам, инкишофёфта, рӯ ба тараққӣ ва ғайраҷудо мекунанд. Тамсила (модел) – ҳои амрикоӣ, японӣ, шведӣ, франсавӣ, олмонӣ ва ғайра маҳз дар асоси нерӯю қудрат, дараҷаи рушду камоли иқтисод тасниф ва муқоиса карда мешавад.
Аз нуқтаи назари қадршиносӣ нисбат ба замонҳои гузаштаву ҳозира, мақсади иқтисодро,тибқи ақидаи муаллифони “Экономикс” ҷамъбаст карда қайд кардан мумкин аст, ки он барои таъмин кардани рушди иқтисод, шуғли аҳолӣ, самаранокии баландииқтисод, дараҷаи баланди истиқрори нарх, озодии иқтисодиёт, тақсими одилонаидаромад, мустақилияти иқтисод ватарози “баланс”-и савдо ва ғайра нигаронида мешавад.

1.4. Марҳилатои ташаккул ва андешаҳои иқтисодӣ

Тафаккури иқтисодӣ ҳамсолу ҳаммаслаки ҷомеаи инсонӣ Буда, баробари эҳё ва ташаккули воситаҳои меҳнат зина ба тӯли қарнҳои зиёд инкишофу таҳаввул ёфтааст. Афкори иқтисолӣ дар ибтидо, ҳамчун падидаҳои алоҳидаи ҳикмат ва андешаҳои гусаста, ташаккул ёфта, аз ҷониби донишмандон вамутафаккирон аҳёнан соҳит карда шуданд ва онҳоро дар шакли том муттаҳид кардан номумкин аст.
Типқи назардошти мутафаккирон, заминаҳои ибтидоии афкори иқтисодӣ ҳанӯз дар Юнони Қадим, дар достонҳои Хомер “ ва “Иллиада” (асри X-VIII пеш аз милод) пазируфта шудаанд.
Минбаъд андеша ва ҳикматҳои иқтисодӣ, мушаххасан аз ҷониби Ксенофонт, Платон ва Аристотел ҳидояткарда шудаанд.
Ксенофонт. Дастуреро ба номи “Истеҳком” ё худ “Экономикс” («ойкос» – хона, хоҷагӣ, «номос» – қоида, қонун ) оиди идора кардани фаъолиятҳои хоҷагидорию хонаводаи ғулому ғуломдор пешкаш кардааст. Он ҳамчун санъат (қонун) перомуни танзим ва тарзу услуби идораи фаъолияти хоҷагидорӣ дар доираи оила (хона, хоҷагӣ) тавсифкарда мешавад.
Мувофиқи ақидаи Ксенофонт, хонадорӣ ва афзунгардонии он даруслубҳои манфиятнокӣ, ҳавасмандӣ,вамаҳорати ғулом асос меёбад.
Асоси рушди ҷомеаро соҳаи кишоварзӣ, меҳнати ғулом васарват (андӯхт) ташкил медиҳад.
Платон (Афлотун). Дар рисолаи худ «Давлат» ва «Қонунҳо» таҳлили амиқи меҳнат, моликияти хусусӣ, мубодилаи хусусӣ, тафриқабандии синифҳо, хоҷагиву хоҷагидорӣ, муносибатҳои пулю молиявӣ ва дар ин асос ташкил шудани давлат, идора ва танзими онро тавсиф медиҳад.
Тибқи ақидаи ӯ асоси ташкили шаҳру давлатро талабот :хӯрока, сарулибос, хонаю ҷой) ташкил медиҳад. Давлат тамоми фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро муайян мекунад.Асоси истиқрорро « модинаи фазилатҳо» -и муайян (озодии инсон, истиқрори давлати ғуломдорӣ, истеъмоли коллективӣ ва зиндагӣ кардан дар лагерҳо ва ғайра) ташкил медиқад.
Вай тарафдори тақсимоти баробар, доштани сарвати баробар, зану кӯдакони умумӣ, молкияти хусусӣ, тарзи абадан нигоҳ доштани ғуломию ғуломдорӣ мебошад.
Дар ҷомеаи нисбатан хаёлии пешниҳодкардаи ӯ ҳар кас бояд мувофиқи табъ, истеъдоди табии худ варзад.
Аристотел (Арасту). Дар китоби худ «Сиёсат ва илми ахлоқ» , ба тарзу услуби идораи мамлакат, наъи мамлакат, навъи ҳукумат, хусусиятҳои молупул аҳмияти хосае додааст.
Мувофиқи ақидаи ӯ, ғуломдорӣ табиатан бояд вуҷуд дошта, аз ғулому ғуломдор, шаҳрвандон, сарбозону канизону, ҳукумронон ва кишоварзон иборат буда, аз ҷонибитабақаҳои мутавассит (миёна) идора карда мешавад.
Аристетел таҳти иқтисоди муносибатҳои одамонро оиди нархнокии чизҳо, истифодаи сарват ва мубодила мефаманд. Вай аз ҷумлаи олимоне мебошад, ки якумин шуда оиди хусусиятҳои духелаи мол (арзиши истеъмолӣ, арзиш), ягонаги молу маҳсулот ва арзиши мубодилшавии онҳо маълумот додааст.

1.5. Афкори иқтисодиву иҷтимоии халқи тоҷик

Афкори иқтисодии ниёгон, бино ба қисматҳои тақдир, ноқисиҳову носозиҳо, бурдбориҳову нонокомиҳи таърих, мушахасон, аз ҷониби ягон мутафаккроу бузургони гузашта мавриди лаҳлил қарор нагирифта буд.
Авасто. Падидаҳои иқтисодӣ зиёда аз 3-ҳазор сол қабл аз ин дар китоби осмоню динии муқаддас Зардушт (Авасто) андӯхта шуда, минбаъд дар асри ҳазорон бузургони фарҳанг ва илму адаб рушду камол ёфтаанд. Дар он оиди тасис ва тақсими кор (меҳнат) шикорчигӣ, моҳидорӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ.. табақабанди ҳайати иҷтимоия, рӯҳониён, ҷанговарон. пешаварон (ҳунармандон), кишоварзон, ғуломон, сохти идораю давлатдорӣ, вазъ ва амволи шахсӣ, низомҳои ҳуқҳқӣ, шарту шароитҳои ташкили оила, аҳком (қоида қонун) ва мазҳабу навиштаҷотҳои зиёдеро дарёфт кардан мумкин аст.
Дар «Авасто» ба қатори масъалаҳои муҳимтарин динию мазҳабӣ, масоили ҳифзи ҳайвонот (махсусан ҳайвонҳои корю хонагӣ), равобити тичоратии байни мамлакатҳои алоҳида, муносибатҳои молиявӣ, рӯёнидани андозаҳои нақтӣ ва ҷисмӣ ба ҳаӣси таллою нуқра, ғалладона, хӯрока, канизон (зану мард). аспу уштур ва ғайра тасвир шудаанд. Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии дар «Авасто» зикр ёфта, бо ибораҳои профессор Б. Исматов, ҳазорсолаҳо пеш аз «Таврот», « Инҷил» ва пиндори нек ва рафтори нек то кунун нерӯ ва қудрати худро гум накардааст.
Ал – Форобӣ . Мувофиқи татқиқот зёда аз 160 асари шаҳсутуни Ал – Форобӣ дастраси хонандагон гардидаст. Он бештар ба мутафаккир ва файласуфи Юнони қадим Арасту (Аристотел) пайравию тақлид карда, қисме аз асарҳои худро дар асоси шоҳкориҳои он иҷро кардааст. Дар адабиёти асримиёнагӣ онро ҳамчун шахси дуввум баъд аз Арасту «Устоди сони» мешинохтанд.
Абӯали ибни Сино. дар замони гузаштаю ҳозира ӯро бештар ҳамчун табиби ҳозиқ ва файласуфи мумтоз қадр мекунанд. Шояд аз ҳамин нуқтаи назар бошад, ки ӯдар асарҳои худнисбат ба масъалаҳои инсону инсонпарварӣ, одоби намунавию беғаразонаи инсон, қуввати тавоноӣ ва хулқу одоби он, тавофути инсону ҳайвонот, сабаби тавлду таназзули онҳо, тарзу услуби хонадорию хоҷагидорӣ, шаклҳову зинаҳои амалии тадбиркорӣ (соҳибкори), сиёсати танзимгарию хоҷагидории подшоҳону бузургон, бобати ислоҳи нафс, дахлухарҷ, нақшу мақом ва сиёсати мард оиди зан, фарзандон ва хизматгузорон шуғли беназире пайдо карда, онҳоро аз диди худ баҳо додааст.
Бояд иқрор шуд, ки падида ва кандаҳои парокандаву барҷомондаи иқтисодиёт дар шакли ниҳон, дар асарҳои мутафакирони зиёде (« Сиёсатнома» -и Низомулмулк, «Қобуснома» -и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон» -и Саъдии Шерозӣ, Ғазолӣ, Аҳмати Дониш, С. Айнӣ ва дигарон) маҳфузанд. Дар хусуси онҳо метавон маълумоти пурраеро дар китобҳои Б. Исматов, С. Исломов ва дигарон дастрас намуд.
1.6. Рукунҳои асоси таълимот ва иравияву мактабҳои иқтисодӣ

Сарнахуст. муқарароти иқтисодӣ дар шакли мактаби махсус – мактаби савдогарӣ ( меркантилизм) таъсис ёфтааст. Намояндагони асоси он: Т. мен, А. монкретейн, У. Стаффорд, Х. Калбер;дар Россия – Ордн-Нашокин, И.И. Посошков ва дигарон буданд. Он дар ибтидои асри XV оғозёфта. то охирҳои қарни XVII дар аксарияти давлатҳо (Испания, Португалия, Фаронса, Галландия) ҳамчун равияи иқтисоди хоси бунёдгашта бар муомилоту тиҷорат, ҷанбаи ба даст овардани ҳар чӣ бештар туллову нуқра ва содироти бештари молҳои саноатӣ ташкил ва гусариш ёфтааст.
Меркантилизим нахуст (XV-XVI) ҳамчун монетаризим густариш меёбад. Таҳкурсӣ ва моя асосии назариёти онҳоро андӯхти сарват (фузулати қиматнок – тилло, нуқра) ташкил медиҳад. Тибқи ақоиди онҳо ҳар давлате, ки дорои истихроҷи тиллову нуқра бошад, худ онро пасандоз ё содир намеояд, дар акси ҳол, онро бо таври тиҷорат (воридот) ба даст орад. Таносуби воридоту содирот бояд захираҳои фузулат ва тарзи (баланси) бозоргонии мусбатро таъмин намояд . Онҳо назарияаи «тарзи пулӣ»- ро пешбарӣ карда, содироти пулиро аз ҳудуди мамлакат манъ карданд.
Меркантилизим ниҳоӣ (пасина, асрҳои XVI-XVII) аз таҳлили мубодилаи пулӣ даст кашида, рӯ ба мубодилаи тиҷорат гардониданд. Аз ҷониби онҳо назарияи «тарози тиҷорат» пешниҳод гардидааст. Ба содироти пул, воридот ва содироти молҳои саноатӣ иҷозат дода мешуд. Бояд ҳаҷм ва таркиби молҳои содиршашанда зиёду беҳтар ба молҳои воридшаванда андозаи баланд ваиқтисоди миллӣ ва таҷовузи онҳо ҳифз гардад. Ин сиёсат минбаъд ҳамчун сиёсати «ҳимоятгарӣ) маъмул гардид.
Мактаби физиокиратҳо. Бо мурури пешрафт ҷомеа ба хулосае меояд, ки асоси рушд ва рифоҳи башарият на мубодилаву тиҷорат, балки истеҳсолот мебошад. Аз ин ҷиҳат, таҳлили ҳодисаҳои иқтисодӣ аз соҳаи муомилот ба тавлидот (истеҳсолот) гузаронида шавад. Мутафаккирон муътақит буданд,ки сарчашмаи сарвату дорои на тиҷорат, бали истеҳсолот мебошад. Дар соҳаи тиҷорат (савдо) маҳс мубодилаи молу хизматҳо сурат мегирад. Бойгарии асоси на пул, балки мол мебошад. Бамин тариқ, заминаи айнӣ ба эҳёи (иқтисоди сиёсии клвссикӣ) гузашта мешавад.
Фаъолияти ин мактаб бо номи физокиратҳо дар таърихи иқтисод бештар маъруф аст. Он дар Фаронса аз ҷониби Франсуа Кнэ эҳё шуда, мибъад аз тарафи В.Мирабо, Д. Неймур ва Ҷ. Тюрго идома ёфтааст.
Назариёти Ф. Кенэ дар адабиёти кунуни иқтисодӣ бештар бо унвони ҷадвали иқтисодии Кенэ маъруф аст. Он аз нигоҳи имрӯз, ҳамчун сарнахуст чадвали тароз(баланс)-и байни соҳавӣ таҳлили «макроиқтисод» дар асоси меъёр ва тамсила (модел)-ҳои риёзиёт, таҳсиси ҳисоб (счет)-ҳои миллӣ ва ғайра доиставу қадр карда мешавад.
Мактаби килассикҳо – ҳамчун кулли ақоидҳои мухталифи мактабҳои меркантализму физиократҳо ва зеҳниёни (интеллигентсияи) ангилис, дар овозҳои эҳиё ва ташаккули низоми бозори сармоядорӣ ба миён омадааст. Намояндагони мактаби ҷадиди ангилис (А.Смит, Д,Рикардо, В.Петти) афзалиятан, тарафдори «тиҷорати озод» ва маҳдуд крдани дахолоти давлат ба иқтисодиёт буда, гумон доранд, ки раванду ҷараёнҳои онро на қонунҳои табиӣ балки қонунҳои иқтисодӣ идора мекунанд.
Нақш ва мақоми мактаби асосгузорони иқтисоди сиёсӣ дар он аст, ки онҳо талили ҷараёнҳои иқтисодиро аз соҳаи муомилот ба истесолот гузаронидаанд; исбот намуданд, ки меҳнат асос ва меъёри қадркунӣ (ченкунӣ)-и нархии ҳамаи молҳо мебошад;иқтисод бояд аз ҷониби бозор танзим карда шавад. Бозор дорои қонунҳои худ мебошад. Қонунҳо хислати айнӣ (объективӣ) доранд ва аз ҷонибӣ ягон кас(королу ҳукумат)ҷорию танзим ва манъкарда намешаванд; сарчашмаи даромади ҳамаи табақаи ҷомеаро (саноатчиён, кишоварзон, савдогарон, бонкирон…) муайян намуданд.
Адам Смит – мӯътақид аст, ки қудрат ва нерӯи инсонӣ меҳвари таҳрикдиҳандаи рушди иқтисод буда, ҳамчун озодии табиӣ, яъне тиҷорати озод, таҳрикаи (харакати) озоди қувваи коргарӣ, савдои озоди замин, манъ кардани маҳдудият ва монеъгарии ҳукумат оиди руди саноату савдо ва ғайра сурат мегирад,
Давид Рикардо – итминони комил дорад, ки асосу таҳкурсии рифоҳи (беҳбуди) вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро истеҳсолот ташкил медиҳад,Охирон сарчашмаи арзиши мол ва даромади табаҳои гуногун (коргарон, сармоядорон, моликони замин) мебошад, Маҳз, ин нерӯи мавҷуда мояи таҳриқдиҳандаи ҷомеае мебошад, ки дар асоси он масоили умеди дигари иқтисод ҳалли худро меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки давраи пас аз классикӣ давраи мурккабу мушкиле буэ. Иқтисоди сиёсӣ як муддате ба вуқӯъ пайваст ва оқибат дар нимаи аввали асри XIX ба ҷунбиш даромада, ба ду ҷамба- марксизим ва марҷинализм тафриқ гардид.
Марксизим – ё худ назаряи илмии сотсиализим (каммунизим) ҳамчун самти ҷадид дар иқтисоди назарявӣ ба вуқӯъ пайта, сармоядорӣ, таназзулу заволи он ба барпо кардани ҷомеаи нави сотсиалистӣ (комуннистӣ) хизмати шоёнае кардааст.
Марксизм, афзалиятан дар мояи баланди илмии мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ ва утопистони хайоли ба саҳнаи таърих омадааст. Асосгузорони он К. Маркс, Ф.Энгелс, В.И.Ленин ва иқтисодчиёни минбаъдаи рус ва собиқ сотсиалистӣ мебошад.
Назарияи бунёд кардани ҷомеаи бидуни истисмору моликияти хусусӣ ва воситаҳои истеҳсолот дар асоси танзими давлатии иқтисод, асоси,ва ҷониби К.Маркс дар китоби безаволи ӯ «Капитал»,ки онро Ф.Энгелс «башорати синфи коргар» номидааст, бештар маъмулу маъруф аст.
Назарияи иқтисодии К.Маркс зиёда аз 100 сол инҷониб, (беназардошти тағйирот дар соҳаи иқтисодию иҷтимоиёт) дар илми иқтисод истифода шуда, зиёда аз 70 сол ҳамчун шоҳроҳи асосии ҷомеаи шӯравӣ (советӣ) хизмат намудааст.
Мактаби кейнсгаро, асосан,ба номи бунёддиҳандаи он Ҷон Мейннард Кейнс машҳур аст. Дар олами иқтисод онро баъди А.Смит ва К.Маркс ҳамчун шахси саввум қадршиносӣ мекунанд.
Тибқи ақидаи Ҷ.Кейнс танзими бозорй дар сатҳи «микроиқтисод» истиқрори комили иқтисодро таъмин карда наметавонад, аз ин ҷиҳат: а) таҳлил бояд сатҳи «макроиқтисод»-ро фаро гирад; б) танзими иқтисод аз ҷонибидавлат ба роҳ монда шавад. Ин ғояи асосӣ дар асари оламшумули ӯ, «Назарияи умумии шуғл, рента ва пул» маҳмули хонандагон гардидааст.
Ҷ.Кейнс ақида ва навиштаҷоти худро дар пояи таҳлил ва қиёси назарияҳои килассиҳову марҷинализм ва неоклассикҳо ба роҳ монда, на ба таҳлилу таҷриба ва вазъу ҳолатҳои иқтисоди, балки бештар бо роҳи мушаххси ҳал дарку баёни мушкилиҳо, таҳлили сабабу натиҷа ва омилҳои муайанкунандаи онҳо машғул шудааст.
Назарияи Ҷ,Кейнс то ибтидои солҳои 70-ум ҳамҷун ғояи маъмулу ҳамарофарогиранда амал менаму. Баъд аз 70-ум дар раванди таҳаввули « назари иқдисод» равия ва руҳди ҷадид, «инсетитутсионализми иҷтимои» бо шаклу тамсилаҳои гуногун густариш меёбад. Намоядагони асосии он: Т.Веблен, У Митчл, М. Вебер, В.Зомбарт, Д. Гелбрейт, Г.Мюрда, Дю Коммонс ва дигарон мебошанд.
Ф.Хайек (дорандаи мукофоти нобелӣ дар соҳаи иқтисод, соли 1974) дар китоби худ, «Роҳ ба сӯи сорат» таъкид мекунад, ки даст кашидан аз озоди иқтисодӣ ва нархгузаронии бозорӣ ба сӯи диктатура ва асорати иқтисодӣ роҳ мекушояд. Иқтисоди бозорӣ нисбатан баиқтисоди «маъмури» ва «иқтисоди омехта» бартари дорад, капитал доими буда, дар замони капитализим истисмор вуҷуд надорад мояҳои иқтисоди давлати майли завол доранд ва табиатан ҳалокатпазиранд.
Дар доира ва ҳаҷми як савол таҳлили равишу паҳлӯҳои гуногунравишии афкори иқтисоди имконнопазиранд. Онҳо минъбад дар раванди таълими мавзӯъҳои алоҳида ё худ фанҳои «Таърихи иқтисод», «Таърихи афкори иқтисод», «Микро- ва Макроиқтисод» ва ғайра мустақил омӯхта мешавад.

1.7. Тавсифи фанни назарияи иқтисод

Илми иқтисод, алалхусус назарияи иқтисод дар ҷараёни инкишоф ва таҳҳавули худ, давраву зинаҳои тӯлонии таърихро аз сар гузаронидааст. Падидаҳову андешаҳои нахустини он ҳанӯз дар асри IX-X пеш аз солшумории мо, аз ҷониби мутафаккирони мамоликҳои Бостони Юнон, Чин, Ҳинд, Рим, Шарқ оиди тарзу услуб ва қоидаву қонунҳои гуногуни хонадоию хоҷагидорӣ мавриди баҳсу мунозира қарор доштанд.
Назарияи иқтисод (иқтисоди сиёсӣ) таърихан ҳамчун илм дар хусуси таҳлил ва таҳқиқи қонунҳову қонуниятҳо, бунёду инкишоф, ташаккули ҳаёти иқтисодивуиҷтимоӣ ва давраву марҳалаҳои рушди ҷомеаи инсонӣ густариш ёфтавст.
Аристотел бошад, предмети таҳлил ва тадқиқи худро дар истеъдод, маҳорат оиди афзунгардонии сарвату давлат, алалхусус дороию пул мебинад.
А. Монкретейн предмети иқтисоди сиёсиро дар дарки ҷоҷагиҳои давлатӣ, ки монархияи мутлақ фаъолияти онҳоро танзим ва идора мекунад, тасаввур менамояд. Маҳз бо ташабуси А. монкретйн хоҷагидорӣ ба ду қисмат ҷудо мешавад:
1. Илм оид ба хонадорӣ ва хоҷагидорӣ;
2. Хоҷагидории давлатӣ ё худ иқтисоди сиёсӣ.
Намояндагони мактаби физиократҳо (махсусан, Франсуа Кенэ, Анн Тюго…) объекти таҳлили фанни назарияи иқтисодиро сарвати миллӣ қарор дода, онро аз соҳаи мубодила ба соҳаи истеҳсолот гузарониданд.
Ғояи муҳимтарини назарияи иқтисодӣ дар асарҳои классикони англис А. Смит, Д.Рикардо идома меёбад. Онҳо объекти омӯзиши иқтисоди сиёсиро аз соҳаи мубодила ба соҳаи истеҳсолот гузаронида, исбот намуданд, ки манбаи «сарвати мардум» маҳз истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. Назарияи илмии арзишии меҳнатро ба вуҷуд оварда, дар ин асос нишон доданд,ки меҳнат ҳамчун андозаи(ченаки)молҳо мебошад.
А.Смит предмети иқтисоди сиёсиро дар андӯхти сарвати милӣ, таркиби он вақонунҳои амали бозори равобатӣ комил мебинад.
К.Маркс ба ҳайси фанни назарияи иқтисодӣ муносибатҳои истеҳсолӣ (иқтисодӣ)-ро пешниҳот намудааст.
Бо ибораи К Маркс истилоҳоти гуногуне, ки олимони давраи гузашта оиди фанни «иқтисод» истифода намудаанд (истеҳсолот, тақсим, мубодила, сарват, талабот, захираҳои коёб, идораи давлат, хонадорию хоҷагидорӣ…), дар асл унсурҳои таркибии муносибатҳои истеҳсолӣ мебошанд. ин ақида дар китоби нахустион «Сармоя (Капитал)» мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтааст.
К.Маркс предмети татқиқоти худро дар таҳлили «тарзи сармоядории истеҳсолот», муносибатҳо оиди истеҳсолу муомилот вакашфи қонунҳову қонуниятҳои инкишофу таҳоввули онҳо тасавур мекунад.
Мувофиқи ақидаи к.Маркс моя асосикапитализимро истисмор ва азхудкуни арзиши изофа ташкил мекунад. Охирон сарчашмаисарват вакдороии сарватмандон мебошад.
Дар сатҳ ва доираи микроиқтисод муносибатҳо оиди тарзу услуби ташкили фаъолияти истеҳсолии фирма, хулқу атвори онҳо ҳамчун намояндаи (субъекти) иқтисодӣ (коргарон,хизматчиён,муҳандисон, мениҷерон, бонкирон, соҳибони ҳавлию хона, фермерҳо,соҳибкорону тадбиркорон, бизнесменон, тоҷирон ва ғайра) оиди тарз ва услуби ташкили хоҷагидорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, бурунмарзӣ, молияву қарзӣ ва ғайра ифода мекунад.
Бо ибораи дигар, объекти дарк ва омӯзиши муносибатҳои иқтисодӣ дар сатҳи микроиқтисод, ҳамчун фишурдаи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи истеҳсол, тақсим, мубодилаваистеъмоли неъматҳои моддӣ оид ба истифодаи захираҳои иқтисодии маҳдуд ташкил ёфта, барои ҳалли масали: чӣ бояд истеҳсол кард? чӣ қадар истеҳсол кард?, барои кӣ истеҳсол кард? Нигаронида мешавад. Дар амалияи хоҷагидорӣ он ҳамчун иқтисодиёти корхона (саноат, нақлиёт, алоқа, савдо) баромадмекунад.
Мезоиқтисод ҳамчун иқтисодиёти алоҳидаву мустақили соҳаҳои хоҷагии халқ: комплексҳои истеҳсолӣ, комплексҳои кишоварзию саноатӣ, сохтмон, саноатию ҳарби, иқтисодиёти ноҳия (регион) ё худ ҳавзаҳои алоҳидаи маъмурии хоҷагии халқ- минтақаҳои озоди иқтисодӣ, штатҳо ташкил карда мешавад.
Микроиқтисод – таҳлил ва тадқиқоти муносибатҳои (агентҳо) иқтисодиро бештар дар сатҳи болоии ҷомеа дар бар мегирад. Он ҳамчун кулли муносибатҳои иқтисодӣ (микроиқтисод, мезоиқтисод) дар доираи давлати миллӣ оиди ташаккули маҳсулоту даромади миллӣ, мувозинатии макроиқтисодӣ, бӯҳронҳои иқтисодӣ, суръату афзоиши рушди иқтисодӣ, таваррум (инфлятсия). шуғули аҳолӣ, сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати иқтимоӣ, хазинадорӣ ва ғайра густариш меёбад.
Мегаиқтисод – ҳамчун иқтисодиёти ҷаҳон кулли муносибатҳои иқтисодӣ, алоқаҳои дохиливу берунмарзиидавлатҳои алоҳидаро оиди ба ташаккул ваистифодаи қонунҳову қонуниятҳои иқтисодӣ вафаъолиятуамалиёти иқтисодиёти халқҳои ҷаҳон дар якҷоягӣ ифода мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.