Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ТАЪРИФИ ЭКОНОМИКС. ТАНОСУБИ БАЙНИ ЭКОНОМИКС ВА НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ. ЭКОНОМИКС ПОЗИТИВӢ ВА НОРМАТИВӢ

Одамон аз давраи пайдоишашон талаботҳои муайян доранд. Дар қатори чизхои зарурӣ ба мо муҳаббат, эътирофи чамъиятӣ, неъматҳои моддӣ ва ғ. зарур аст. Муборизаи мо оиди беҳтар намуданиTТАЪРИФИ ЭКОНОМИКС. ТАНОСУБИ БАЙНИ ЭКОНОМИКС ВА НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ. ЭКОНОМИКС ПОЗИТИВӢ ВА НОРМАТИВӢ
Одамон аз давраи пайдоишашон талаботҳои муайян доранд. Дар қатори чизхои зарурӣ ба мо муҳаббат, эътирофи чамъиятӣ, неъматҳои моддӣ ва ғ. зарур аст. Муборизаи мо оиди беҳтар намудани некӯаҳволи худ ва «ҳаракат оиди зисту зиндагонӣ»- пердмети экономикс-мебошад. Амиқтар, экономикс-тадқиқи рафтору кирдори одамон дар раванди истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли нематҳои моддӣ ва хизматрасонӣ дар чаҳонӣ захираҳои комёфт аст.
Азбаски маҳдудияти захираҳо вучуд дорад, қарори идеалиро мо қабул карда наметавонем. Омили тағирнопазири ҳамаи талаботҳои моддии мо аз имкониятҳои захираҳои мавҷудбуда мегузаронанд. Бинобар ин таъминоти мутлақи пурра вучуд дошта наметавонад. Ин омили раднашаванда, асоси мафҳуми «Эканомикс»-ро ифода мекунад
Экономикс муаммоҳои самаранок истифодабарии захираҳои маҳдуди истеҳсолот ва ё идоракунии онҳоро бо мақсади ноил гаштан ба таъмини максималии талаботи одамон тадқиқ мекунад.
ДАВРАИ ИҚТИСОДДОНҲО.
Оё экономикс илми амалӣ аст?Оё вақти худро барои омeзиши экономикс сарф намудан судманд аст. X.М. Кейнс ба ин суол посух дода қайд карда аст: «Щояҳои иқтисоддонҳо ва Мутафакирони сиёсӣ, вақте, ки онҳо ҳақанд ва вақте ки хатогӣ мекунанд, аҳамияти нисбатан калон доранд дар амал онҳоҷаҳонро идора мекунанд. Одамоне, ки ҳатто фикр мекунанд, ки ғуломи ягон ақида нестанд, одатан бедарак тарафдори ақидаи иқтисодони куҳан мегарданд». Сиёсатмадорон ҳар лаҳза бо масоилҳои иқтисодӣ сару кор доранд. Бинобар ин, онҳо эҳтиёчманди маслиҳати иқтисодчиён мебошанд. Дар ШМА Шӯрои машваратчиёни иқтисодӣ фаъолият мебарад,ки аз маслиҳату пешниҳодҳои онҳо президенти мамлакат истифода мебарад.
Истифодаи инфиродии принсипҳои илми иқтисод.
Экономикс илми ҳаётан муҳим буда бари соҳибкори аҳамияти калон дорад. Дарк намунади характери умумии рафти ҳаракати системаи иқтисоди ба роҳбар бари дуруст муайян намудани сиёсати хоҷагидори ёри мерасонад ва қарори дуруст қабул намуданаш мумкин аст. Донистани инфлятсия одамонро водор менамояд, ки кадом қарори расионалӣ қабул намояд. Агар қурби доллар паст шавад, чи хел аз он худро бояд эҳтиёт намуд. Муҳити фаъолияти бизнес маҳдуд шавад мо чи хел бояд фаъолият барем?
Аммо экономикс илми нозуки ихтисоси набуда, илми академиявӣ аст. Нисбат ба муҳосибот хадамоти рекламавӣ, молия ва маркетинг экономикс пеш аз ҳама илме нест, ки ба суоли чи хел пул карда мешавад чавоб намедиҳад. Вазифаи асосии экономикс дар нуқтаи зерин нест. Масоилҳои экономикс на аз нуқтаи назари инфиродӣ, балки аз нуқтаи назари ҷамъияти омўхта мешавад . Истеҳсолот, муомилот, истъмоли мол ва хизмат на аз рўи мавқеи суатҳисоби бонки шахси алоҳида, балки аз мавқеи умуми ҷамъияти барраси карда мешаванд.
МЕТОДОЛОГИЯ
Фаъолияти иқтисоддонҳо дар чист? Иқтисоддонҳо кадом мақсадҳо доранд. Кадом умулҳоро онҳо истифода мебаранд? Иқтисоддонҳо принсипҳоеро ташаккул менамоянд,ки барои муқаррар намудани сиёсате, ки дар назди худ мақсади ҳалли муаммоҳои иқтисоди нафънок мебошад. Иқтисоддон сараввал факту рақамҳоро чамъ менамояду ба системаи муайян, онҳоро медарорад. Зинаи мазкурро иқтисодӣ эмперикӣ ё шакли (описателҳная) меноманд. Дар пояи таҳлил иқтисодчӣ чамъбаст мекунаду, принсипҳои муайянро пешниҳод менамояд. Таҳия намудани принсипҳо аз фактҳоро назарияи иқтисодӣ меноманд.
Усулҳои муайяни таҳия намудани принсипҳо аз факту рақамҳо вучуд дорад. Индуксия-усулист, ки омeқзиши рафтор иқтисодӣ аз факту рақамҳо сар мезанад. Дар баъзе шароитҳо иқтисоддонҳо принсипҳоро пешниҳод менамоянду, онҳоро дар амал санчиш мекунанд. Агар факту рақамҳо принсипҳоро инкор намоянду, онҳо истифода намешаванд. Дар ин ҳолат, принсип бе санчиш бо факту рақам муайян карда мешавад, ки онро гипотез меноманд.
Индуксия ва дедуксия ҳамдигарро-ҳамчун усулҳои тадқиқи рафтори иқтисодӣ пурра менамоянд.
Дар пояи таҳияи принсипҳои рафтори иқтиисодӣ, сиёсати иқтисодӣ муайян ё ислоҳ намуда мешавад, ки онро «илми иқтисодии амалӣ» ё сиёсати иқтисодӣ меноманд.
НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ.
Вазифаи назарияи иқтисодӣ дар он аст, ки факту рақамҳоро чамъбаст шударо ба системаи муайян дарорад. Присипҳо ва назария-натиҷаи ниҳоии таҳлили иқтисодист. «Назария бидуни факту рақам як чизи холист, аммо факту рақамҳо бе назария мазмун надорад».
Факту рақамҳо, яъне рафтори ҳақиқии шахсони алоҳида ва институтҳо дар раванди истеҳсол, мубодилава истеъмоли молҳо ва хизматрасонӣ бо мурури вақт таъғир меёбанд. Бинобар ин, бояд принсипҳо ва назарияро ҳамеша бояд бо ҳаёт таққос намуд.
Мавҳумҳо. Иқтисоддонҳо мавҳуми зеринро истифода мебаранд: «қонунҳо», «принсипҳо», «назария», ва «моделҳо». Истиллоҳои зерин умуман як чизро ифода мекунанд: онҳо чамъбасти қонуниятҳои муайян дар рафтори иқтисодии шахсони инфиродӣ ва институтҳо мебошанд. Истиллои «қонуни иқтисоди» хело амиқ буда, исифодаи умумии онро пешбинӣ менамояд, истиллоҳи «принсип» бо дараҷаи камтар дар ин мазмун истифода дорад. Ин ҳолатро, то як андоза истиллоҳи «модел» ислоҳ менамояд. Модел- ин ҳақиқати соддакарда шудаи ҳаёт, чамъбаст абстрактии фаъолияти субъективонаи иқтисодист. Ҳангоми таҳлил чор истилоҳ ҳамчун индекс истифода бурда мешаванд.
Жамъбаст. Принсипҳои иқтисодӣ- чамъбасти муайян аст. Субъектони иқтисодӣ ҳархела рафтор меанмоянд. Принсипҳои иқтисодӣ ҳамчун бузургиҳои миёна ё ин, ки эҳтимолияти оморӣ намоён мешавад. Масалан, вақте ки иқтисоддонҳо мегўянд,ки дар соли 1988 хоҷагиҳои хонаги ба ҳисоби миёна 32 ҳазор доллар даромад гирифт бо ҳамин ҳамаро ҷамъбаст мекунанд.
Абстраксияҳо. Принсипҳо ё назарияҳо абстраксияҳо ҳастанд. Онҳо ҳақиқати ҳолро ҳаматарафа нишон дода наметавонанд., Ҷаъоварии фактҳои лозими ва ҷудо намудани рақамҳои ғайри иқтисоди худаш абстраксия мебошад. Ин ҳолат, зумраи одамоне, ки назарияи иқтисодиро намедонанд ба чунин андеша меорад, ки гeё он характери амаливу ҳаётӣ надорад. Аммо, ин ҳолат нодуруст аст. Дар ҳақиқат назарияҳои иқтисодӣ характери амалӣ зеро,ки вай абстраксияро ифода мекунад. Хаёт хело мураккаб ва бисёрчабҳа буда, мантиқи муайян ё тартиби муайян надорад. Дар ин ҳолат, иқтисоддонҳо таҳлили худро ба он равон менамоянд, ки мантиқи муайянеро кашф намоянд. Чамъбаст намудаи чунин маъно дорад, ки асбтраксияҳои муайяни илмиро бояд истифода кард.
Назарияи иқтисодӣ- модели соддакардашудаи ягон соҳаи иқтисод аст. Модели зерин ҳақиқати воқеиро ба мо дуруст нишон дода майда-чуйдаро инкор менамояд. Назарияи хуб пояи худро дар факту рақам барало менамояд назарияи баъд бошад чунин поя надорад.
Экономикси позитивӣ ва нормативӣ.
Экономикси позитивӣва нормативӣ бо он факту рақамҳои чамъбастшуда ва ба назария гузашта сару кор дорад. Экономикси позитивӣ тавасути илмиро дар бораи рафтори иқтисодиро нишон медиҳад. Экономикси нормативӣ вазифаи дигарро дорад: Мулоҳизаҳои ниҳои оиди он, ки иқтисодиёт бояд чи хел бошаду, дар вазъи мушаххас дар асоси назарияи иқтисоди муайяне ё муносибати муайяни иқтисоди чигуна сиёсат тавсия карда шавад.
Бо таври оддӣ гeем экономиксӣ позитивӣ он чӣ ҳаст меомeзаду, экономикси нормативӣ бо суоли зерин чавоб медиҳад: он чи ки бояд шавад. Экономикси позитивӣ вазъи воқеъии иқтисодиётро тадқиқ менамояд, экономикси нормативӣ мебояд, ки кадом равияи иқтисод дуруст аст ва кадомаш нодуруст муайян намояд. Тасдиқи позитивӣ: «Бекорӣ 7% қувваи кориро ташкил медиҳад». Ақидаи нормативи «Бекориро бояд кам намуд»мебошад.
Мақсадҳои иқтисодӣ. Якчанд мақсадҳои асосӣ вучуд дорад:

Рушди иқтисодӣ
Шуғли пурра
Самаранокии иқтисоди
Дарачаи мeътадили нархҳо
Озодии иқтисодӣ
Тақсимоти адолатноки даромадҳо
Таъминоти иқтисодӣ
Баланси савдо.
УСЛУБИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД.
Ҳар як илм услуби муайяни худро дорад, ки бо он тадқиқот намудани ҳаёти реали ба миён меорад.Назарияи иқтисодӣ низ услуби муайяни худро дорад, ки он диалектика аст. Диалектика гуфта илмеро меноманд, ки инкишофи чамъият, шуури чамъиятӣ ва табиатро тадқиқ намуда, онҳоро бо ҳам алоқамандии зич меомўзад. Диалектика оиди тадқиқи иқтисодиёт қонунҳои асосии худро дорад: қонуни инкори инкор, қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо қонуни гузариши миқдорӣ ва сифатӣ. Диалектика зумраи калони мавҳумҳо ва категорияҳое дорад, ки ҳаёти иқтисодиро чуқур тадқиқ менамоянд. Ба онҳо дохил мешаванд: моҳият ва шакл, мазмун ва шакл, сабаб ва оқибат, таҳлили таърихи ва мантиқӣ, тадқиқи абстарктӣ ва конкретӣ ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.