Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ТАВСИФИ ПРЕДМЕТИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИИ МЕРКАНТИЛИСТӢ, ФИЗИОКРАТҲО ВА КЛАССИКОН

ҳар як илм, предмет ё объекти худро дорад. Дар акси хол он ба қатори илм дохил шуда наметавонад. Дар ҳамин поя аниқ ва возеҳ намудани предмети назарияи иқтисод аҳамияти калониТАВСИФИ ПРЕДМЕТИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИИ МЕРКАНТИЛИСТӢ, ФИЗИОКРАТҲО ВА КЛАССИКОНИ
ИҚТИСОДӢ СИЁСӢ.
ҳар як илм, предмет ё объекти худро дорад. Дар акси хол он ба қатори илм дохил шуда наметавонад. Дар ҳамин поя аниқ ва возеҳ намудани предмети назарияи иқтисод аҳамияти калони илмӣ дорад. Ч хеле, ки ҳаёт ҳамеша рушд меёбад, предмети назарияи иқтисод низ дигаргун ва аниқтар ба вазъи кунунии чомеа мувофиқ мешавад.
Меркантилизм дар замони ғункунии ибтидоии сармоя, чун таълимот мактаби аввали назарияи иқтисодӣ пайдо шуд. Принсипҳои илмии чаҳонбинии меркантилистон аз инҳо иборатанд

Тилло ва ҳамагуна намудҳои чавоҳирот моҳиятан зуҳуроти сарватманд;
Танзими савдои хоричӣ бо мақсади таъмини воридоти тиллою нуқра ба мамлакат;
Дастгирии тараққиёти истеҳсолоти саноати тавассути ба мамлакат ворид кардани ашёи хоми арзон;
Чорӣ намудани нархҳои ҳимоягӣ (протексионалистӣ) ба молҳои саноатии воришаванда бо мақсади ҳимояи истеҳсолот ватанӣ;
ҳавасманд ва дастгирӣ намудани содироти молҳо, асосан мАҳсулоти тайёркардашуда;
ҳаматарафа тарафдорӣ намудани афзоиши аҳолӣ бо мақсади зиёд намудани қувваи коргарӣ ва паст кардани сатҳи музди кор
Хамин тавр ,богарии мамлакатро меркантилистон дар пул-тилло ва
нукра, манбаи богариро бошад, дар муомилот-савдои хоричи медиданд.
Дар нимаи асри ХV1 марҳилаи нави илми иқтисодои фаро расид. Мактабҳову ақидаҳои дар ин марҳила шўҳратёфта унвони мактаби меркантилистон (тиҷоратчиён)-ро гирифтаанд. Тибқи ақидаи онҳо маҳз ботуфайли ривоҷу равнақи тиҷорат мамлакатҳои чудогона метавонанд сарвати худро авзун гардонанд. Он замонҳо ҳамчун сарвати ҳақиқи фузулоти асил (тилло ва нуқра) қадр карда мешуданд. Дар пояи савдои ғайри эквиваленти бурумарзи бойигарии мамлакат ғани мегардад. Содироти молҳо ба хориҷа боиси ба мамлакат ворид гаштани тиллову нуқра мешуд. Бо ин предмети назарияи иқтисоди ҳамчун пул ки тавасути муомилот пайдо мешавад фаҳмида мешуд.
ФИЗИОКРАТҲО
Дар охири асри ХVII ва оғози асри ХVIII марҳилаи нави тадқиқоти омўзишҳои иқтисоди фаро мерасад, ки дар ин давра табиатгароён (физиократҳо ё кишоварзон) шўҳрати баланд пайдо мекунанд. Дар ин давра танқиди бевоситаи меркантилизм сар зада буд
Яке аз хизматҳои асосии физиократҳо дар он буд, ки онҳо предмети назарияи иқтисодиро аз муомилот ба истеҳсолот гузарониданд. Мувофиқи ақидаи онҳо соҳаи ягонаи муҳсулдеҳ мебошад. Дар соҳаи саноат бошад шакли маҳсулот дигар мешаваду халос. Маҳсулоти изофа дар соҳаи мазкур ба вуҷуд оварда намешавад. «Он чи ки дар саноат маҳсулоти замин аз нав кор карда мешавад, арзиши маҳсулотро зиёд намекунад. Меҳнат дар саноат ба маҳсулоти замин танҳо шакли нав медиҳад».
Қайд бояд кард, ки таълимоти физиократҳо на фақат аз онт иборат буд,ки тадқиқоти илмиро аз соҳаи муомилот ба соҳаи истеҳсолот гузарониданд, инчунин мафҳуми «маҳсулоти соф»-ро сарвати милли, меҳнати маҳсулдиҳанда ва бесамарро муайян намуданд. Ба ақидаи онҳо танҳо меҳнате,ки ба замин сарф карда мешуд маҳсулдеҳанд, меҳнати коркунони соҳаи саноат ки маҳсулоти заминро кор карда мебароянд бесамар ҳисоб мекарданд. Асосгузори мактаби физиократҳо, олими барҷастаи франсави Франсуа Кэнэ ,(1694-1774) пулро ҳамчун воситаи муомилот, сарвати бебаҳо меҳисобид. Вай пулро андозаи сарвати милли меҳисобид. Ў аввалин шуда «Ҷадвали иқтисоди»-ро кор карда баромада аст, ки дар он чи тавр байни синфҳои ҷамъияти маҷмўи маҳсулоти ҷамъияти тақсим мешавад, даромади онҳо ба вуҷуд меояд ва чи тавр байни синфҳо даромад ба маҳсулот иваз карда шуда, ҷои хароҷоти ҳар як синф ҷуброн мешавад нишон дода аст. Ба ақидаи Ф. Кэнэ миллат аз се синфи шаҳрвандон синфи маҳсул диҳанда, синфи мулкдорон ва синфи бесамар иборат аст.
Дар давраи физиократҳо мавқеи асосиро дар зумраи соҳаҳои мухталиф кишоварзӣ мебозид. ҳисси саноат хело ночиз буд. Бинобар ин, физиократҳо предмети назарияи иқтисодиро бо саҳаи мазкур маҳдуд менамуданд. Камбудии онҳо на дар он буд, ки мавқеи саноатро паст менамуданд, балки дар он буд, ки объекти бевоситаи таҳлили дар зинаи пасти инкишоф қарор дошт.
КЛАССИКОНИ ИҚТИСОДӢ СИЁСӢ
Бо тадричан инкишоф ёфтани иқтисод, ва баъд аз революсияҳои бурунмарзӣ, рушди капитализм аз остонаи он, яъне гункунии ибтидоии сармоя ба зинаи авали капитализм омада расид. Предмети назарияи иқтисодӣ низ такомули худро ёфт аз пайдоиш ва инкишофи мероси илмии классикони иқтисоди оғоз ёфт. Таърихан олими инглис У. Пети мавқеи аввалро дар инкишофи предмети назарияи иқтисодӣ ишғол мекунад.
Уилям (Вилям) Петти (1623-1687) асосгузори илми иқтисоди сиёсии классикӣ буд. E ба тариқи мушаххас мавзуи фанни иқтисод ҳамчун илм дар бораи сарват ва алоқамандии но ба муносибатҳои иқтисоди муайян кард. Маҳз ба У. Петти саухани безаволи зерин таалуқ дорад: «меҳнат падар ва принсипи фаъоли сарват аст, замин бошад-модари вай».
Барчастатарин намояндаи иқтисоди сиёсии классикӣ Адам Смит (1723-1790) аст. Ақидаҳои асосии e дар асари машҳуртараш «Тадқиқот дар бораи табиат ва сабабҳои боигари халқҳо» (1776) интишор шудааст. Асари мазкур аз панч китоб иборат аст. Дар он, Адам Смит сарват ва рушди онро ҳамчун предмети назарияи иқтисодӣ асоснок менамояд. E дар сарсухан гузориши масъалаи зерин менамояд: барои чи баъзе миллатҳо хело дараxаи баланди зисту зиндагонӣ дораду, миллатҳои дигар қашоқона, ё хатто чисми мурдагонро истеъмол менамоянд?
Ин ҳолат ду сабаби асосӣ дорад:

Якум—миллатҳои ақибмонда нисбат ба давлатҳои баланд тараққи ҳосилнокии меҳнати баланд доранд.
Дуюм—тарзи тақсимоти мАҳсулоти истеҳсолшуда аҳамияти калони амали дорад.
Яъне агар, мо маҳсулоти истеҳсолшударо мувофиқи меҳнати сарфшудаи субъектони иқтисод тақсим намоед, адолати сосиалӣ ба вуқўъ мепайвандад. Агар маҳсулот ба фоидаи ин гурeҳи муайян тақсим шавад, пас он ба ҳолати ғайри адолати оварда расонида ҳавасмандии гурeҳҳои дигарро нисбати пешрафти иқтисоди пас менамояд. Хусусан ба маъоши мазкур К. Маркс аҳамияти калон додаст. Азони худкунии маҳсулоти изофа дар шакли арзиши изофа, ҳамчун тачасссуми истисмори кувваи коргари, оҳиста—оҳиста қуваеро ба миён меорад, ки сохти капиталисти аз байн мебарад. .
А. Смит назарияи мехнатии арзиши Уилям (Вилям) Петтиро
пурқувват намудааст. «Валям Адам Смит»меҳнатро манбаъи бойигари, арзиши нархгузори, пул фоида,3шаклхои гуногуни фоида меҳисобид.
А. Смит дар равияҳои мухталиф илми иқтисодиро инкишоф ва ғанӣ гардонидааст:

Сарчашмаи сарват меҳнат буда, он бояд мунтазам сарф шуда сарвати миллиро рушд диҳад.
Рушди сарват дар пояи афзоиши ҳосилнокии меҳнат ба вучуд меояд. Баландшаваии ниҳои бошад-натичаи инкишофи тақсимоти меҳнат аст, ки зарурати он дар муомилоти молии чомеа аст.
«Адам Смит доир ба мавҳуми нарх ҳам ақидаи хоси худро дошт. Тибқи ин ақида ду навъ нархи молро фарқ кардан зарур аст: яке аз нархи табиӣ ё нархи воқеӣ ва дигаре нархи чорӣ ё нархи бозор».
Яке аз навоварии А. Смит дар он аст, ки e исбот менамояд, ки иқтисоди капиталистӣ бо таври стихиявӣ «дасти ноаён» танзим мешавад. Он- рақобат аст, ки қувваи ҳаракатдиҳандаи иқтисодӣ капиталистӣ мебошад.
Яке аз шахсони бузурги иқтисоди инсони классикӣ Давид Риккардо (1772-1823) буд. Асари асосии e «Оғози иқтисоди сиёсӣ ва андозбандӣ» аст. Мувофиқи ақоиди Д.Рикардо тақсими сарватро ҳамчун предмети назарияи иқтисоди таҳлил карда шуда аст.
Сармоядорон ҳАмон вақт онро сарф менамоянд, ки агар фоида гиранд. «Фоида ба ақидаи Риккардо Касри» арзиши музди кор аст: ин маҳсули кори музди ба коргар надода аст.
Ба зумраи намояндагони мактаби классикӣ Т.Р. Малҳтус, Ч.Б.Сэй ва дигарон дохил мешавад.
Тамомкунии иқтисоли сиёсӣ ҳамчун илм маҳз дар давраи иқтисодӣ сиёсии классикӣ ба миён омадааст. Бинобар ин, тавсифи предмети назарияи иқтисодӣ дар ин давра мақоми махсусро мегирад. Бо инкишофи ҳаёти иқтисодӣ предмети он низ рушд меёбаду, мукаммалтар мегардад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.