Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Хароҷоти истеҳсолот, моҳият ва сохтори он

Истеҳсоли мол ва хизматҳо бевосита бо хароҷоте алоқаманданд, ки бо худ хароҷотро барои омилҳои истеҳсолот дар назар доранд.Ҳаёт нишон медиҳад, ки натиҷа бе хароҷот ғайриимконаст. Истеҳсоли мол ва хизматҳо бевосита бо хароҷоте алоқаманданд, ки бо худ хароҷотро барои омилҳои истеҳсолот дар назар доранд.
Оид ба омӯзиш ва мушоҳида намудани хароҷоти истеҳсолот якчанд муносибатҳо вуҷуд доранд. Якум, мушоҳида намудани хароҷоти истеҳсолӣ аз мавқеи иҷтимоӣ – иқтисодӣ. Аз ин нуқтаи назар ҷамъият ба хароҷот харҷҳои ҳамагуна меҳнати зинда ва меҳнати таҷассумёфтаро дохил мекунад, ки дар арзиши маҳсулоти тайёр ифода ёфтаанд. Хароҷоти корхона бо худ натиҷаи ҷараёни такрористеҳсолро ифода карда, хароҷоти пули корхонаро барои дастрас намудани воситаҳои истеҳсолот ва пардохти музди меҳнат инъикос мекунанд. Дуюм, муносибатҳои иқтисодӣ ва муҳосиботӣ ба муайян намудани хароҷоти корхона мавҷуд аст. Ҳангоми муносибати муҳосиботӣ хароҷот бо худ харҷи аслии омилҳои истеҳсолотро барои офаридани миқдори муайяни маҳсулот бо нархҳои харидории онҳо дар назар дорад. Хароҷоти корхона дар ҳисоботҳои муҳосиботӣ ва оморӣ дар намуди арзиши аслии маҳсулот баромад мекунад.
Маънидодкунии иқтисодии хароҷоти истеҳсолӣ ба маҳдудияти захираҳо ва имкониятҳои истифодабарии алтернативии онҳо асос мегирад. Хароҷоти алтернативӣ – ин арзиши ҳама захираҳо барои истеҳсолоти додашуда мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.