Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Табиати хароҷот: муҳосиботӣ, алтернативӣ, аён ва ноаён, хароҷоти иқтисодӣ.

Масъалаи марказии омӯзиши хароҷот муайян намудани усулҳои ҳисоб намудани қимати захираҳои дар истеҳсолот сарф мешуда мебошадМасъалаи марказии омӯзиши хароҷот муайян намудани усулҳои ҳисоб намудани қимати захираҳои дар истеҳсолот сарф мешуда мебошад. Назарияи иқтисодӣ ин масъаларо бо воситаи ҳисоб намудани хароҷоти муҳосиботӣ ва хароҷоти алтернативӣ (хароҷоти имкониятҳои аз даст додашуда) ҳал менамояд.
Хароҷоти муҳосиботӣ, моҳият ва сохтори онҳо. Қимати омилҳои дар истеҳсолот истифодашуда, пеш аз ҳама бо нархҳои онҳо ифода ёфта метавонад, ки фирма бо ин нарх онҳоро дар бозор дастрас карда буд. Бо баробари ин ҳама пардохтҳо барои харид ҳатман дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ инъикос мегарданд. Чунин тарзи баҳодиҳии хароҷот муҳосиботӣ номида шуда, хароҷоти бо воситаи он баҳо додашуда бошанд хароҷоти муҳосиботӣ номида мешаванд. Барои аниқтар намудани ҳолати дар боло қайдшуда қисмҳои асосии хароҷоти муҳосиботиро овардан мумкин аст: хароҷоти моддӣ, хароҷот барои парохти музди меҳнат, ҳиссаҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, амортизатсия, дигар хароҷот (масалан, пардохтҳои комиссионӣ ба бонк аз рӯи хизматрасонии хазинагӣ ва бонкӣ, фоиз барои қарзҳо, иҷорапулиҳо ва ғайраҳо).
Андозаи хароҷоти муҳосиботӣ. Ҳаҷми аниқи хароҷоти муҳосиботӣ барои муайян намудани фаъолияти фирма аҳамияти калон дорад, зеро нишон медиҳад, ки фирма фоидаовар аст ва ё зараровар. Барои ин хароҷоти муҳосиботиро бо ҳаҷми даромадҳои (аз тарафи муҳосиботи фирма баҳисоб гирифта мешавад) фирма муқоиса намудан лозим аст.
Маҳдудияти усули муҳосиботӣ. Сатҳи хароҷоти муҳосиботӣ на ҳама вақт имконият медиҳад, ки оид ба вазъияти кори фирма баҳои дуруст дода шавад. Масалан, ҳисоби аниқи хароҷот танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар захираҳои сарфшуда бо нархи бозории онҳо баҳо дода шаванд. Баҳодиҳии бо воситаи усули муҳосиботӣ ба роҳ мондашудаи хароҷоти захираҳои капиталӣ ба меъёрҳои қонунан, яъне субъективона ҷорӣ шудаи ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ такя мекунад. Ҳаҷми ин ҳиссаҷудокуниҳо на ҳама вақт ба хӯрдашавии аслии унсурҳои капитали асосӣ мувофиқат мекунад. Мисоли дигар: дар иқтисоди бозории муосир, махсусан дар ҷамъиятҳои дар гузариш буда, чунин сохтори фиребгарӣ васеъ паҳн гаштааст: хариди захираҳо аз «фирмаҳо – дӯстон» бо нархҳои баланд ва ё фурӯши маҳсулот ба ин гуна фирмаҳо бо нархҳои пастар. Дар натиҷаи чунин фиребгароӣ пулҳо бо осонӣ ба ҳисобҳои фирмаҳои дӯстона мегузаранд.
Боз як норасогии усули муҳосиботии ҳисоб намудани хароҷот дар он аст, ки он танҳо хароҷоти он омилҳои истеҳсолотро дар бар мегирад, ки фирма аз берун дастрас мекунад. Лекин, як қатор омилҳои истеҳсолот дар худи фирма мавҷуд буда метавонанд, бинобар ҳамин онҳоро харидорӣ кардан зарур нест. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки хароҷоти бо омилҳои мавҷуда алоқаманд буда, новобаста аз он ки онҳо вуҷуд доранд, дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ ифода намеёбанд.
Хароҷоти аён ва ноаён. Ба хароҷоти аён он пардохтҳо дохил мешаванд, ки фирма ӯҳдадор аст ба дастраскунандаи берунаи захираҳо бипардозад, ин хароҷот бо хароҷоти муҳосиботӣ мувофиқат мекунад. Ба хароҷоти ноаён харҷи захираҳо дохил мешаванд, ки барои онҳо пардохт амалӣ нашудааст, зеро онҳо моликияти худи фирма мебошанд, масалан иҷорапулӣ (агар бинои ба фирма тааллуқ дошта ба иҷора дода шавад).
Хароҷоти алтернативӣ ва ё иқтисодӣ. Мувофиқи консепсияи хароҷоти имкониятҳои аз даст додашуда, хароҷоти алтернативӣ – ин қимати неъматҳои дигар, ки дар ҳолати истифодабарии тарзи беҳтарини омили истеҳсолоти додашуда нисбат ба дигар тарзҳои имконпазири мавҷуд буда дастрас кардан мумкин аст. Масалан: бигзор Х ин омили истеҳсолоте, ки барои истеҳсолоти якчанд неъматҳо истифода мешавад. Агар омили истеҳсолоти додашуда ҳангоми истеҳсоли неъмати А истифода шавад, он гоҳ онро барои истеҳсоли неъмати В истифода бурдан ғайриимкон аст. Агар маълум бошад, ки неъмати В-ро бо нархи 100000 сомонӣ фурӯхтан мумкин аст, он гоҳ маълум мешавад, ки нархи «дасткашидан» аз истеҳсоли он айнан бо ҳамин маблағ чен карда шуда, ба ҳамин ҳаҷм фирма хароҷоти имкониятҳои аздастдодашударо дорад, зеро фирма моли А – ро истеҳсол кардааст. Яъне хароҷот (бо маънои даромадҳои аздастдодашуда), ки истифодабарии омили истеҳсолот барои истеҳсоли неъмати А алоқаманд аст 100000 сомониро ташкил намуд.
Лекин хароҷоти алтернативиро бо миқдори пулӣ ифода кардан ниҳоят душвор аст. Дар шароитҳои истеҳсолоти бисёрмолӣ ва ҳолатҳои зуд тағйирёбанда тарзи беҳтарини истифодабарии омилҳои истеҳсолоти мавҷудбуда душвор аст. Дар шароитҳои иқтисодиёти бозорӣ чунин интихобро худи соҳибкор ҳамчун сабабгор ва ташкилкунандаи истеҳсолот амалӣ мегардонад. Бо баробари ин даромад аз имкониятҳои аз дастдодашуда ва мувофиқан ҳаҷми хароҷоти алтернативӣ ҳамавақт гипотетӣ мебошанд. Масалан, оиди хароҷоти алтернативии истеҳсолоти неъмати А, ки 100000 сомониро ташкил намуд қайд карда, мо аз эҳтимолияти фурӯхта шудани неъмати В бо ҳамин нарх асос гирифта будем.
Хароҷоти алтернативӣ ва интихоби иқтисодӣ. Хароҷоти алтернативӣ – ин миқдори пулҳое, ки бояд барои ҷудо намудани омили конкретии истеҳсолот аз истеҳсоли неъмати В ва истифодабарии он барои истеҳсоли неъмати А мебошад.
Ҳис намудани ҳамин андоза таркиби савдои байни тарафҳоро ташкил мекунад, ки оид ба амалигардии муомила ба миён меояд. Фурӯшанда кӯшиш мекунад, ки нархро баланд кунад, лекин ӯ тайёр аст нархро то баробари шудани он ба хароҷоти алтернативӣ паст кунад, яъне ба ҳамон маблағе, ки ӯ аз дигар мизоҷон гирифтани буд. Дар навбати худ харидор нархи пастро дархост карда, тайёр аст онро то баробар шудани хароҷоти алтернативии тарзҳои дигари харҷи воситаҳо (нархи хариди моли монанд аз дигар фурӯшандагон ва ё моли ивазшаванда) баланд намояд.
Чунин тавсири хароҷоти алтернативӣ низ фоидаовар аст: хароҷоти алтернативӣ – ин даромад аз тарзҳои нисбатан беҳтари аз дигар тарзҳои истифодабарии дасткашидаи захираҳо мебошад.
Мисол. Фарз мекунем, ки ягон инвестор ду варианти истифодабарии капитали худро дорад:

маблағгузорӣ барои азнавтаҷҳизонидани фабрикаи рӯймолбофии ш. Хуҷанд;
харидани вомбаргҳои давлатӣ.
Тасаввур мекунем, ки инвестор варианти якумро интихоб кард. Ӯ барои истифодабарии технологияи нав патент гирифта, таҷҳизоти муосирро харидорӣ намуд ва коргарони тахассуснокро киро намуд. Ҳангоми ҳисоб намудани хароҷот инвестор бояд натанҳо хароҷоти бо истифодабарии омилҳои истеҳсолти харидорӣ мешуда, инчунин даромади аздастдодашударо, яъне хароҷоти алтернативии бо идоракунии капитал алоқаманд бударо, яъне даромаде, ки аз ҳисоби хариди вомбаргҳои давлатӣ дастрас кардан мумкин буд бояд ба эътибор гирад. Айнан дар чунин хаёлҳо сабабҳои барои чӣ бонкҳои Тоҷикистон ба соҳаҳои саноат қарз намедиҳанд пинҳон аст.
Хароҷоти алтернативӣ ва омили вақт. Консепсияи хароҷот омили вақтро инъикор мекунад. Он хароҷотро аз рӯи натиҷаҳои муомилаҳои амалӣ шуда баҳо медиҳад. Ҳангоми муайян намудани хароҷоти алтернативӣ дарк намудани он зарур аст, ки самара аз ин ё он тарзи истифодабарии омилҳои истеҳсолот метавонад дар давраҳои гуногун ифода ёбад. Бинобар ҳамин интихоби алтернатива одатан бо ҷавоби саволи чӣ беҳтар аст алоқаманд аст: фоидаи ҷорӣ аз қоғазҳои қимматнок бар зарари оянда ва ё зарарҳои ҷорӣ баҳри фоидаҳои оянда.
Хароҷоти алтернативӣ ва ҳисоби хароҷоти ноаён. Нисбат ба усули муҳосиботӣ, консепсияи хароҷоти алтернативӣ бо баҳодиҳии худ ҳам хароҷоти аён ва ҳам ноаёнро дар бар мегирад. Он даромаде, ки фирма метавонад аз истифодаи алтернативии омилҳои истеҳсолот дастрас намояд, танҳо дар ҳолати амалигардонии хароҷоти аён ва ноаён имконпазир аст. Дар мисоли дар боло оварда шуда, барои истеҳсоли неъмати В замини ба фирма дахл дошта истифода мешавад, ки барои он пардохти иҷорапулӣ лозим нест. Танҳо дар ҳолати тайёрӣ оид ба ҳар ду намуди хароҷот истеҳсолот ва ба даст овардани даромад имконпазир мегардад. Бинобар ҳамин муносибати иқтисодӣ нисбат ба муҳосиботи пурратар мебошад.
Хароҷоти алтернативӣ ва самаранокии иқтисодиёт. Барои хоҷагидории бозорӣ алтернативнокӣ ва интихоб хислатҳои хос мебошанд. Захираҳо истифодабарии нисбатан фоидаоварро ҷустуҷӯ доранд. Пуррагардии бозор бо мол ва хизматҳои ниёзи мардум, натиҷаи устувори хароҷоти алтернативии низоми бозорӣ мебошад.
Консепсияи хароҷоти алтернативӣ фишанги амалкунанда дар қабули қарорҳои самараноки иқтисодӣ мебошад. Баҳодиҳии хароҷоти омилҳои истеҳсолот дар ин консепсия дар асоси муқоиса намудан бо тарзи аз ҳама ҳам самараноки истифодабарии захираҳои маҳдуд амалӣ гардонида мешавад.
Хароҷоти трансаксионӣ – ин хароҷоти фирма барои ҷустуҷӯи ахборот, амалигардонии гуфту-шунидҳо, хароҷоти намояндагӣ. Хусусияти хоси фарқкунандаи хароҷоти трансаксионӣ дар он иборат мебошад, ки онҳо ба ҷараёни истеҳсолот муносибати бевосита надоранд. Лекин фирмаи муосир бе хароҷоти трансаксионӣ вуҷуд дошта наметавонад, чунки ин хароҷот дар муборизаи рақибона воситаи пурқувват мебошад.
Хароҷоти истеҳсолот дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат. Ба ҳисоби хароҷоти истеҳсолот омили вақт – даврае, ки дар он баҳодиҳии хароҷоти амалӣ гардида ва даромадҳои бадастовардашуда ба миён меояд, таъсири назаррас мерасонад. Аз ин лиҳоз хароҷоти истеҳсолотро бояд дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар алоҳидагӣ таҳлил намуд. Қайд кардан зарур аст, ки истифодабарии ин мафҳумҳо набояд бо лаҳзаҳои муайяни вақт вобаста карда шаванд. Вобаста ба ҳар як соҳа ин мафҳумҳо дар фосилаи васеъ тағйир меёбанд. Бинобар ҳамин барои ҷудо намудани давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат нишондоди тағйирнопазирӣ ва ё тағйирёбии шароитҳои истеҳсолот истифода мешавад.

Агар шароитҳои истеҳсолот, технология бетағйир боқи монда, иқтидори корхона доимӣ бошад, он гоҳ сухан оид ба таҳлили хароҷоти истеҳсолоти корхона дар давраи кӯтоҳмуддат меравад. Давраи дарозмуддат бо тағйиротҳои шароитҳои амал намудани корхона тавсиф шуда, бо азнавташкилкунӣ ва азнавсозии истеҳсолот алоқаманд аст. Дар ин ҳолат ҳама намудҳои хароҷот тағйир меёбанд, ки ҳамчун натиҷаи баҳодиҳии арзишии ҳар як захираи истифодашаванда баромад мекунанд. Дар натиҷа, ҳама намуди хароҷот бузургии тағйирёбанда мешавад. Бо ибораи дигар нишондоди тақсимоти давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат вақт набуда, балки мавҷудият (дар давраи кӯтоҳмуддат) ва ё мавҷуд набудани (дар давраи дарозмуддат) тақсимоти омилҳои истеҳсолот ба доимӣ ва тағйирёбанда мебошанд, ки вобаста ба ин хароҷот ба тағйирёбанда ва доимӣ ҷудо мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.