Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Назарияи хароҷот

Хароҷотро классикони иқтисоди сиёсӣ низ тадқиқ карда буданд. А. Смит мафҳуми хароҷоти мутлақро ворид намуд. Д. Рикардо – муаллифи назарияи хароҷоти муқоисавӣ.Хароҷотро классикони иқтисоди сиёсӣ низ тадқиқ карда буданд. А. Смит мафҳуми хароҷоти мутлақро ворид намуд. Д. Рикардо – муаллифи назарияи хароҷоти муқоисавӣ. Зери мафҳуми «хароҷот» онҳо хароҷоти миёнаи ҷамъиятиро барои воҳиди маҳсулот дарк мекарданд.
Дар назарияи иқтисодӣ ду консепсияи хароҷот пешкаш шудаанд: марксистӣ ва неоклассикӣ.
К. Маркс ба таҳлили хароҷоти истеҳсолот дар иқтисоди бозорӣ диққати калон зоҳир мекард. Лекин хароҷоти истеҳсолотро К. Маркс асосан аз мавқеи таъсисёбии арзиши изофа ва фоида мушоҳида мекард. К. Маркс характери духелагии хароҷоти истеҳсолотро дар шароити капитализм асоснок мекунад. Ӯ хароҷоти капиталистии истеҳсоли мол ва хароҷоти меҳнати зарурии ҷамъиятиро барои истеҳсолот ҷудо мекард. Мувофиқи консепсияи марксистӣ, хароҷоти истеҳсолот – ин арзиши моле, ки ба капиталист тааллуқ дорад, махсусан ҷамъи хароҷот барои дастрас намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваи корӣ (капитали доимӣ ва тағйирёбанда), яъне ин хароҷоти моддии истеҳсолӣ ва хароҷот барои музди меҳнат. Аз байни хароҷоти махсуси капиталистӣ, Маркс хароҷоти аслии истеҳсолотро ҷудо мекунад, ки ба арзиши пурраи мол, яъне C+V+m баробар аст. Хароҷоти аслии истеҳсолот бо худ хароҷоти ҷамъиятиро ифода мекунанд, яъне арзиши молро аз нуқтаи назари ҷамъият.
Хароҷоти ҳақиқӣ ва ё ҷамъиятии истеҳсолот аз хароҷоти капиталист ба андозаи арзиши иловашуда m зиёд аст. «Маркс менависад, ки арзиши мол барои капиталист ва арзиши худи истеҳсолот бузургиҳои гуногунанд… Арзиши мол барои капиталист бо хароҷоти капитал чен карда шуда, арзиши ҳақиқи бошад бо хароҷоти меҳнат чен карда мешавад».
Дар характери духелагии хароҷоти истеҳсолӣ К.Маркс мавҷудияти зиддияти аслиро байни меҳнат ва капитал мушоҳида мекунад. Ин ҳолат ба К. Маркс барои исбот намудани сарчашмаи арзиши изофа танҳо меҳнати зинда мебошад, зарур буд. Фоида капиталист бошад – ин нисбияти арзиши изофа ба тамоми капитали пешпардохт мебошад.
Дар асоси консепсияи муосири хароҷоти истеҳсолот назарияи неоклассикӣ хобидааст, ки асоси фундаменталии онро ақидаҳои назариячиёни фоиданокии интиҳоӣ, яъне маржиналистон ташкил мекунанд. Дар маржиналистон хароҷоти истеҳсолот ҳамчун ҳодисаи психологӣ муайян карда мешавад, ки дар фоиданокии интиҳоӣ асос гирифтааст. Мувофиқи акидаи маржиналистон, нархи омилҳои истеҳсолоти аз тарафи фирма пардохт карда мешуда бо фоиданокии интиҳоӣ муайян карда мешавад, ки он аз нуқтаи назари фурӯшанда муайян карда мешавад. Мафҳӯми хароҷот дар назарияи иқтисодии маржинализм ба корхонаи алоҳида тааллуқ дорад, ки хароҷот ва даромади он ҳамчун функсия аз ҳаҷми истеҳсолот мушоҳида карда мешаванд.
Назариячии австриягӣ Ф. Визер назарияи субъективии хароҷоти имкониятҳои алтернативиро коркард намуд, ки мувофиқи он хароҷоти ҳақиқии моли додашуда ба фоиданокии интиҳоии болоии он неъматҳо баробар аст, ки ҷамъият метавонист дар шароити истифодабарии дигаргуни захираҳои истеҳсолӣ ба даст оварад.
Консепсияҳои неоклассикӣ хароҷоти истеҳсолотро ҳамчун ҷамъи харҷҳо (доимӣ ва тағйирёбанда) барои дастрас намудани омилҳои истеҳсолот мушоҳида мекунад.
Дар даҳсолаҳои охир назарияи хароҷоти трансаксионӣ васеъ паҳн гардид, ки аз тарафи намояндагони неоинститутсионализм коркард шудааст. Ба хароҷоти трансаксионӣ асосан хароҷоти муомилотро дохил мекунад, яъне хароҷоти барои фурӯши мол (реклама, нигоҳдории бозорҳо ва ғайраҳо).
Ҳамин тавр, чунин мавқеъҳои асосии назарияи муосири хароҷоти истеҳсолотро ҷудо намудан мумкин аст:

назарияи муосири хароҷот аз он бармеояд, ки барои соҳибкор ба даст овардани даромад новобаста ҳама хароҷот зарур аст;
назарияи муосири хароҷот вобаста аз манфиатҳои соҳибкор ҷудо намудани хароҷотро ба хароҷоти истеҳсолӣ ва муомилот ба фарқияти мавҷуд будаи байни онҳо нигоҳ накарда ба эътибор намегирад;
назарияи муосири хароҷот даромади (фоидаи) соҳибкорро, ҳамчун пардохти меҳнати соҳибкор шуморида ба хароҷоти истеҳсолот дохил мекунад;
назарияи муосири хароҷти истеҳсолот аз камёфтии захираҳои истифодашаванда ва имкониятҳои истифодабарии алтернативии онҳо бар меояд.
Таркиби мафҳуми «нархи истеҳсолот» дар назарияи марксистӣ ва хароҷоти «иқтисодии» неоклассикон. Дар назарияи иқтисодии марксистӣ ҳолате тасдиқ карда мешавад, ки мувофиқи он дар шароитҳои истеҳсолоти капиталистӣ дар натиҷаи рақобати байнисоҳавӣ нархи истеҳсолот таъсис меёбад, ки аз хароҷоти истеҳсолот ва меъёри миёнаи фоида иборат аст. Дар натиҷаи ҳаракати капитал аз як намуди истеҳсолот ба дигараш, ҳар як капитал фоидаи ба андозаи худ баробарро дастрас мекунад. Пастшавии меъёри фоида аз андозаи миёнаи он ба ҷоришавии капитал аз соҳа оварда мерасонад. Зиёдшавии фоида аз сатҳи миёна ба даст овардани фоидаи барзиёдиро дар назар дошта, капиталро ба соҳа ҷалб мекунад. Он чизе, ки дар назарияи марксистӣ фоидаи барзиёдӣ номида шудааст, дар адабиёти муосири иқтисодӣ ба таври гуногун номгузорӣ карда мешавад. Фоидаи аз сатҳи муқаррарӣ зиёд фоидаи иқтисодӣ ва ё фоидаи барзиёдӣ, ё ин ки барзиёдии истеҳсолот ва ё ба таври оддӣ фоида номида шуданаш мумкин аст.

Мавқеи аз назарияи марксистӣ фарқкунандае, ки дар назарияи иқтисодии муосир паҳн гардидааст, дар он аст, ки хароҷоти истеҳсолот, хароҷоти аён, ноаён ва фоидаи муқаррариро дар бар мегирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.