Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Моҳият ва ташаккули савдои байналхалқӣ («Савдои байналхалқӣ»)

«Савдои байналхалқӣ» яке за фанҳои тахасусие мебошад, ки барои донишҷӯёни ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракуни дар корхонахо» хонда мешавад. Омӯзиши фанни мазкур донистани фан ҳои зеринро талаб менамояд: математикаи олӣ, назарияи иқтисод, макроиқтисод, иқтисодиёти ҷаҳон ва инчунин технологияҳои информатсионии коркарди ахборот (Word, Excel).Мақсад, предмет ва вазифаҳои фан
Ташаккули савдои байналхалқӣ
Рушди савдои байналхалқӣ дар давраи муосир

Мақсад, предмет ва вазифаҳои фан
Фанни «Савдои байналхалқӣ» яке за фанҳои тахасусие мебошад, ки барои донишҷӯёни ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракуни дар корхонахо» хонда мешавад. Омӯзиши фанни мазкур донистани фан ҳои зеринро талаб менамояд: математикаи олӣ, назарияи иқтисод, макроиқтисод, иқтисодиёти ҷаҳон ва инчунин технологияҳои информатсионии коркарди ахборот (Word, Excel).
Мақсади асосии омӯзиши фанни «Савдои байналхалқӣ» – омӯзонидани масоили асосии назарияви ва амалияи савдои байналхалқӣ, бозори ҷаҳонӣ ва бозорҳои алоҳидаи молӣ ва рушди онҳо дар давраи муосир, инчунин коркарди сиёсати бурунмарзии давлат бо назардошти хусусиятҳои хоси он (дар мисоли Тоҷикистон), мебошад.
Вазифаҳои фанни мазкур аз инҳо иборатанд:

Омӯзиши қонуниятҳо, тамоилҳо ва принсипҳои рушди системаи байналхалқӣ;
Шиносоӣ бо тамоил ва дурнамои рушди савдои байналхалқӣ дар давраи муосир;
Омӯзиши инструментҳои тарифӣ ва гайритарифии амалигардонии сиёсати савдо;
Пайдо намудани тассавурот оиди ҳолат ва таркиби бозори байналхалқии молӣ ва характери тараққиёти он;
Омӯзонидани таҳлили хусусиятҳои хоси рушди савдои берунаи давлатҳои гуногуни дунё;
Омӯхтани нақши Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар танзими савдои байналхалқӣ ва таҳлил карда тавонистани муаммохои воридшаваии Тоҷикистон ба СУС.
Предмети фанни мазкур муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятие мебошанд, ки байни субъектони бозори ҷаҳон оиди мубодилаи мол ва хизматрасонӣ ба миён меоянд.
Методикаи омӯзиши фанни «Савдои байналхалқӣ» дар асоси гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯй бо роҳбарии устод, тайёр намудани маърӯзаҳо ва баромад намудан дар конфронсҳои илмии донишҷӯён, такя ёфтааст.
Савдои байналхалқӣ – шакли қадимтарини муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ мебошад. Вай то ташаккулёбии хоҷагии ҷаҳон вуҷуд дошта буд. Маҳз рушди савдои байналхалқӣ шароити иқтисодии такомули истеҳсолоти мошинагиро барпо намуда, аксар вақт аз воридоти ашёи хом ва талаботи бурунмарзӣ вобастагии калон дошт.

Хронологияи зинаҳои рушди савдои байналхалқӣ

Зинаи аввала (аз асри 18 то нимаи аввали асри 19)
Нимаи дуюми асри 19 то оғози ҷанги якуми (1914сол.)
Давраи байни ду ҷангӣ ҷаҳон (1914-1939сол)
Давраи баъди чангӣ (солҳои1950-1960)
Давраи муосир (аввали солҳот 1970 то имрӯз).
Боиси қайд аст, ки ҳар як давра хусусиятҳои хоси худро дошт, ки байналмилликунонии истеҳсолот ва нақши савдои байналхалқӣ дар тараққиёти иқтисодиёти давлат, истифодабарии усулҳои танзими давлатӣ ва бартариятҳои онро ифода мекунад..
Барои зинаи аввал инқилоби саноатӣ, аз он ҷумла тараққиёти соҳаи нақлиёт ва алоқа хос аст. Ба ғайр аз ин, дар ин равандҳо то як дараҷа бартарият доштани содироти молҳо, афзун гаштани суръати гирдгардиши мол нисбати афзун гаштани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ, бартарият доштани Англия дар мубодилаи молҳо, мушоҳида мешуданд. Дар танзими давлатии иқтисодиёт консепсияҳои протектсионистӣ бисёртар истифода бурда мешуданд.
Дар давраи дуюм, нақши прогрессии илмӣ-техникӣ дар истеҳсолоти молҳо, тарақкиёти роҳҳои нақлиётӣ ва худи нақлиётҳо, ташкил ёфтани истеҳсолоти монополӣ хело хам калон аст.
Дар равандҳои савдо содир намудани сармоя, бо суръати баланд афзун гаштани гирдгардиши молҳо, тағйир ёфтани таносуби қувваҳо аз ҳисоби паст шудани таъсири Фаронса ва Англия, такомул ёфтани муносибатҳои савдогӣ байни давлатҳои тарақкикарда бисёртар ба чашм мерасиданд. Протекционзим чун омили махкам намудани бозори дохила ҳар чӣ бисёртар дар танзими давлатии иқтисодиёт истифода бурда мешуд.
Зинаи сеюм, аз ҳама давраҳои пурталотумро дар бар мегирад, зеро ки маҳз дар ин давра оқибатҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки бисёртар дар шакли бӯҳрони иқтисодӣ зоҳир мешуданд, ҳисс мешуданд. (солҳои 1920-1933). Дар ин давра ду шакли хоҷагидории ҷаҳон ҷой дошт. Вайрон шудани муносибатҳои савдогӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот, бартари доштани ашёи хом дар содироту воридот амсоли нуқсони ин давра ба хисоб мерафт. Танзими давлатӣ аз бисёр ҷиҳат бо пурзӯршавии протектсионизми гумрукӣ, ташкил шудани блокҳои асъорӣ ифода меёфт.
Зинаи чаҳорум, – дар ин давра таназзули системаи мустамликадорӣ, ташкил ёфтани иттиҳодияҳои интегратсионӣ, пайдо шудани ташкилотҳои байналхалқӣ, пурзӯр гаштани ду системаи хоҷагидори ба чашм мерасиданд. Дар танзими давлатии иқтисодиёт бо таври назаррас сиёсати либерализатсияи муносибатҳои савдо ва истифодабарии чораҳои гумрукӣ ва тарифӣ бо роҳбаладии ГАТТ истифода бурда мешуданд.
Дар давраи муосир пурзӯр шудани рақобати байналхалқӣ , пайдо ва ташаккул ёфтани иттиҳодияҳои интегратсионӣ, барҳам ёфтани хоҷагидории сотсиалистӣ мушоҳида мешуданд. Бо суръати баланд афзун гаштани ҳаҷми савдо, тағйир ёфтани сохтори содирот, фаъол гаштани савдои мутақобила низ нишонаҳои давраи муосири рушди савдои байналхалқӣ мебошанд.
В регулировании также протекают процессы перехода от тарифного к нетарифному регулированию, культивируется неопротекционизм, как инструмент стимулирования экспортного производства, завершается создание замкнутых экономических блоков.

2.Моҳияти савдои байналхалқӣ
Савдои байналхалқӣ яке аз шаклҳои муҳимтарини муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ба ҳисоб рафта ба рушди хоҷагии ҷаҳон таъсири калон мерасонад.
Савдои байналхалқӣ – ин соҳаи муносибатҳои пуливу молӣ буда, маҷмӯи савдои берунаи тамоми давлатҳои ҷаҳонро дар маҷмӯъ дар бар мегирад.
Савдои байналхалқӣ — шакли муҳими муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ буда, на танҳо савдои молҳоро, балки хизматрасониҳои гуногунро аз зумраи хизматрасонии нақлиёти, сайёҳӣ, молиявӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Инчунин шакли тараққӣ ёфтаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ савдои бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Ба он, 80%-и тамоми муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ рост меояд.
Дар шароити муосир, иштироки фаъолонаи давлат дар савдои байналхалқӣ бо афзалиятҳои зиёд алоқаманд мебошад. Он имкон медиҳад, ки захираҳои мавҷудаи давлат самаранок истифода бурда шаванду, аз дастовардҳои илмиву техникӣ тамоми давлатҳо баҳраманд шаванд, дар муддати нисбатан кӯтоҳ азнавсозии сохтории иктисодиётро ба роҳ монанд, инчунин ба пуррагӣ талаботи мардум қонеъ гардонида шавад.
Адам Смит асоснок кард, ки асоси савдои байналхалқӣ фарқияти хароҷотҳои мутлақ мебошад. Вай қайд карда буд, ки воридоти мол бояд аз давлате шавад, ки дар он хароҷотҳо паст бошанд. Д.Рикардо назирияи Смитро ривоҷ дода, оиди хароҷотҳои нисбӣ назария пешкаш намуд. Ба ақидаи Рикардо аз савдои байналхалқӣ тамоми давлатҳо бурд мекунанд.
Барои рушди дилхоҳ давлат нақши савдои бурунмарзӣ хело ҳам калон аст. Аз рӯи ақидаи олими амрикоӣ Ҷ.. Сакс « мувафаққияти дилхоҳ давлат аз савдои бурунмарзӣ иборат аст. То ҳол ягон давлат натавонистааст иқтисодиёти пуриқтидорро аз системаи байналхалқӣ бо таври ҷудогона барпо намояд.
Савдои байналхалқӣ шакли муносибати байни молистеҳсолкунандагони давлатҳои мухталифба ҳисоб рафта, дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ташаккул меёбад. Савдои байналхалқи вобастагии мутақобилаи иқтисодии байни давлатҳоро ифода менамояд.
Гуфтан лозим аст, ки инқилоби илмӣ-техникӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти давлат, махсусгардонӣ ва кооператсияи истеҳсолот, ҳамкории байни давлатҳоро афзун менамояд. Ин омил ба пурзӯр шудани савдои байналхалқӣ таъсири калон мераоснад. Мувофиқи тадқиқотҳои СУС ба ҳар 10%- афзуншавии истеҳсолоти ҷаҳонӣ, 16% зиёд шудани савдои байналхалқӣ рост меояд. Ҳангоми суст шудани савдои байналхалқӣ рушди истеҳсолоти ҷаҳонӣ низ коҳиш меёбад.
Ҳамин тариқ мафхуми савдои байналхалқӣ маънои савдои як давлат бо диагр давлатҳоро ифода менамояд, ки аз воридоту содироти молҳои пардохткардашуда иборат мебошад. Аз рӯи махсусгардонии молӣ, фаъолияти бурунмарзии давлат ҷудо мешавад ба: савдои маҳсулоти тайёр, савдои машинаву таҷҳизотҳо, савдо боа шёи хом ва савдои хадамот (хизматрасонӣ).
Мафҳуми васеи савдои байналхалқӣ бошад, маҷмӯ и гирдгардиши (мубодилаи) байни давлатҳо молҳои фурӯхташударо ифода менамояд. Дар мазмуни нисбатан танг бошад, маҷмӯаи мубодилаи молҳоро байни давлатҳои мутараққӣ ё рӯ ба инкишоф, ё дар миқёси ягон минтақа ё худ иттиҳодияҳои интегратсионӣ низ савдои байналхалқӣ фаҳмида мешавад.

3. Рушди савдои байналхалқӣ дар давраи муосир
Аз нимаи дуюми асри ХХ мубодилаи молҳои характери «тарканда» доранд, яъне ки савдои байналхалқӣ бо суръати хело ҳам баланд афзоиш меёбад. Таҳаввули савдои бурунмарзии ин давра вобаста аст аз чунин омилҳо:
-бартарафсозии оқибатҳои вайроншавии ташкили мубодилаи молҳо аз сабаби таназзул ёфтани системаи мустамликадорӣ;
– такомул ёфтани бозори ҷаҳонӣ аз ҳисоби тараққии прогресси илми-техникӣ;
– ҷой доштани бӯҳронҳои иқтисодӣ, асъорӣ-молиявӣ ва сӯзишворву ашёи хом.
Дар давраи муосири рушди иқтисодиёти ҷаҳон тамоили бе ҳадд васеъ шудани хаҷми истеҳсолот ба назар расида истодааст, ҳол он ки ғунҷоиши бозори дохилии баъзе давлатҳо аз сабаби паст будани қобилияти пардохтнокии аҳолӣ, кам аст. Бинобар ҳамин, соҳибкорони давлатҳои дунё барои пайдо кардани мақоми худ дар бозорҳои беруна муборизаи шадид мебаранд.
Ба савдои байналхалқии муосир чунин хусусиятҳо хос аст:

Бо суръати баланд афзоиш ёфтани савдои байналхалқӣ таҳти таъсири прогресси илмӣ-техникӣ, чуқур шудани интернатсионализатсияи истеҳсолот, афзун гаштани истеъмоли нафт ва маводҳои нафтӣ, зиёд шудани талабот ба таҷҳизотхои техникӣ, инчунин баланд шудани суръати сохтмонҳои саноатӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва дар давраи гузариш буда вобастагии калон дорад;
Тағйир ёфтани сохтори ҷуғрофии савдои байналхалқӣ аз ҳисоби зиёд шудани вазни қиёсии давлатҳои рӯ ба тараққӣ;
Характери динамикӣ доштани савдои байналхалқӣ;
Тағйир ёфтани сохтори савдогии содирот таҳти таъсири прогресси илмӣ- техникӣ. Дар шароити муосир вазни қиёсии махсулоти тайёр дар сохтори содирот баланд шуда истодааст ва он 2/3 ҳиссаи тамоми арзиши мубодилаи молҳоро дар бар мегирад;
Пайдо шудани сохаҳои нави истеҳсолот, ки як қатор давлатҳоро аз воридоти нафт ва ашёи хом (бо монанди металлҳои ранга, газ ва ғ.) вобаста кардааст;
Барпо шудани муносибатҳои устувор байни корхонаҳои давлатҳои мухталиф (асосан дар соҳаҳои машинасозӣ, кимиё, саноати электротехникӣ ва электронӣ).
Адабиёт

Михайлушин А.И., Шимко П.Д. Международная экономика: теория и практика – СПб.: Питер, 2008
Основы торговой политики и правила ВТО. –М.: Международные отношения, 2005
Сидирова Е.Ю. Международная торговля –М.: Издательство «Экзамен», 2006
Фомичев В.И. Международная торговля. Учебник.-М.: ИНФРА-М. 2001
Трухачев В.И., Лякишева И.Н. Ерохин В.Л. Международная торговля: Учебное пособие.- 2-изд., перераб. И доп.-М.: Финансы и статистика; Ставрополь: АГРУС, 2006
Филиппова И.А. Организация международной торговли: Учебное пособие. – Ульяновск: УлГТУ, 2002
Холопов А.В. Теория международной торговли – М.; РОССПЭН, 2000
Ҳабибов С.Ҳ.,Ҷамшедов М.Ж. Тиҷорати байналмиллӣ: Китоби дарсӣ барои мактабҳои олии иқтисодӣ. – Душанбе: «Ирфон», 2007


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.