30 саволу чавоб аз фанни назарияи иктисод

1. КАС – чист?
Ҷавоб: КАС – гуфта маҷмуи соҳаҳои хоҷагии халқ фаҳмида мешавад, ки бо рушди кишоварзӣ алоқаманд буда, бо истеҳсолоти он хизмат карда маҳсулоти кишоварзиро то истеьмолкунанда бурда мерасонад;
2. Меҳнат чист?
Ҷавоб: Меҳнат амалиёти бошуурона ва мақсадноки фаъолиятии инсон буда, бо ёрии он одамон неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамотро ба вуҷуд меоранд;
3. Мол чист?
Ҷавоб: Он қисми маҳсулоте, ки дар бозор фурухта мешавад, мол ном дорад;
4. Истеҳсолот чист?
Ҷавоб: Истеҳсолот гуфта ҷараёни истифодабарӣ ва дигаргункунии неъматҳои табиатро аз тарафи инсон меноманд, ки ба хотири таъмини талаботи онҳо сурат мегирад;
5. Муносибатҳои истеҳсолӣ чист?
Ҷавоб: Муносибатҳои истеҳсолӣ – муносибатҳое мебошанд, ки байни одамон оиди тавлид, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамот ба вуҷуд меоянд;
6. Қувваи истеҳсолкунанда чист?
Ҷавоб: Қувваҳои истеҳсолкунанда гуфта мазмуни қувваи корӣ ва воситаҳои истеҳсолотро меноманд;
7. Қувваи корӣ чист?
Ҷавоб: Қувваи корӣ гуфта қобилияти ҷисмонӣ ва маънавии инсонро меноманд;
8. Ашёи меҳнат чист?
Ҷавоб: Ашёи меҳнат гуфта он чизҳоеро меноманд, ки меҳнати инсон ба онҳо нигаронида шудааст;
9. Предметҳои меҳнат чист?
Ҷавоб: Предметҳои меҳнат гуфта воситаҳоеро меноманд, ки таввасути онҳо инсон ба ашёи меҳнат таъсир мерасонад;
10. Рентаи замин чист?
Ҷавоб: Даромаде, ки аз замин гирифта мешавад, рентаи замин меноманд;
11. Музди кор чист?
Ҷавоб: Даромаде, ки аз меҳнат гирифта мешавад, музди кор ном дорад;
12. Истеҳсолоти натуралӣ чист?
Ҷавоб: Истеҳсолоти натуралӣ гуфта, чунин шакли истеҳсолотро меноманд, ки дар он маҳсулот танҳо барои истеъмоли шахси истеҳсол карда мешавад;
13. Истеҳсолоти молӣ чист?
Ҷавоб: Истеҳсолоти молӣ гуфта чунин шакли истеҳсолотро меноманд, ки дар он мол барои таъмини талаботи дигарон ва барои фуруш истеҳсол карда мешавад;
14. Моликият чист?
Ҷавоб: Мафҳуми моликият аз калимаи Арабии мулк гирифта шуда, маънояш ба касе ба чизе таалуқ доштанро ифода мекунад;
15. Субъектҳои моликият чист?
Ҷавоб: Субъектҳои моликият гуфта шахсони алоҳида ё гуруҳи одамоне фаҳмида мешавад, ки иқтидор ва идоракуни моликиятро ба уҳда дорад;
16. Даромад чист?
Ҷавоб: Даромад гуфта суммаи маблағҳои пулиеро меноманд, ки дар муҳлати муайяни вақт ба даст меояд;
17. Фоида чист?
Ҷавоб: Фоида гуфта маблағи пулиеро меноманд, ки баъд аз хараҷотҳо дар ихтиёри соҳибкор мемонад;
18. Рақобат чист?
Ҷавоб: Рақобат гуфта мусобиқаи байни мол ва маҳсулоти якхеларо меноманд;
19. Рақобати мукаммал чист?
Ҷавоб: Рақобати мукамал гуфта чунин рақобатеро меноманд, ки дар бозор чунин шарт ҷой дошта бошад;
20. Рақобати монополия чист?
Ҷавоб: Чунин рақобатест, ки дар бозор як истеҳсолкунанда фаъолият мекунад;
21. Рақобати олигаполи чирт?
Ҷавоб: Чунин рақобатест, ки дар бозор ду ва ё зиёда истеҳсолкунандагон дар асоси созишнома фаъолият мекунанд;
22. Рақобати моносония чист?
Ҷавоб: Чунин рақобатест, ки дар бозор дар миқдори зиёди фурушандагон ва як харидор фаъолият мекунад;
23. Назарияи иқтисод аз 3-қонун иборат аст:
– Қонуни махсуси иқтисодӣ;
– Қонуни хосаи иқтисодӣ;
– Қонуни умумии иқтисодӣ;
24. Назарияи иқтисод аз 4-вазифа иборат мебошад:
– Вазифаи эҳсос ва дарки ҷараёнҳои иқтисодӣ;
– Вазифаи методологӣ;
– Вазифаи амалия ва таҷриба экспремент;
– Вазифаи таҳлилу тафриқасози факту рақамҳо ва дурнамои онҳо;
25. Назарияи иқтисод аз 4-қисм иборат аст:
– Микроиқтисод;
– Макроиқтисод;
– Мегаиқтисод;
– Мезаиқтисод;
26. Назарияи иқтисод аз 5-услуб иборат аст:
– Индуксия;
– Дудуксия;
– Анализ;
– Экспредмент;
– Абстраксия;
27. Шаклҳои моликият:
– Моликияти давлатӣ;
– Моликияти хусусӣ;
– Моликияти колективӣ;
– Моликияти шахсӣ;
– Моликияти омехта;
28. Намудҳои бештари паҳншудаи бозор инҳоянд:
– Бозори байналмилалӣ;
– Бозори минтақавӣ;
– Бозори маҳаллӣ;
29. Омилҳои истеҳсолот аз 2-қисм иборат аст:
– Моддӣ;
– Инсонӣ;
30. Моделҳои асоси бозори иқтисодӣ инҳоянд:
– Модели бозори озод;
– Модели бозори иҷтимои иқтисодӣ;
– Модели содироти иқтисоди бозорӣ;
– Модели омехтаи иқтисоди бозорӣ.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.