Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Беқурбшавӣ ва намудхои асосии он

Беқурбӣ ин равандест: ки дар он сатҳи нархҳо афзуда арзиши пул паст мешавад? Аз ин таъриф ду хусусияти беқурбӣ бар меояд…Беқурбӣ ин равандест: ки дар он сатҳи нархҳо афзуда арзиши пул паст мешавад? Аз ин таъриф ду хусусияти беқурбӣ бар меояд? Якум беқурбӣ ин ҳодисаи фавқуллодаи пулӣ мебошад? Ин таъғирёбии сатҳи нарх ва ҳамчунин таъғирёбии арзиши пул бар пастравӣ мебошад на як нархи ягон моли мушаххас? Мисол агар нархи бензин афзояд ва нархи компютерҳо паст шавад он гоҳ ин раванд беқурбӣ нест? Дуюм беқурбӣ ин раванди давомнок буда давраи к.тоёи муайанеро дар бар намегирад? Аниқтараш агар иқтисодиёт дар давоми солҳо афзоиши доимии нархҳоро дар маҷмӯъ дошта бошад он гоҳин раванди беқурбшавӣ аст? Маълумотёои ҷадвали 1 шаҳодат медиҳанд: ки дар Тоҷикистон ҳамасола сатҳи нархҳо меафзояд? Ин афзоиш дар саоли 1997 5:4№-ро (дар моҳи январ бо муқоиса аз моҳи пешина) ташкил дод ва дар моҳи январи соли 1999 ин нишондиҳанда 2:9№-ро ташкил кард? Ҳамин тавр дар Тоҷикитон ҳоло ҳам раванди беқурбӣ идома дорад? Дар баробари бекорӣ ва касри буҷа беқурбшавии пул (инфляция) низ яке аз масъалаҳои асосии номувозинати макроиктисодӣ ба ҳисоб меравад. Беқурбшавии пул – ин номувофиқ будани такозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад. Дар амалияи ҷамъияти дар зери мафҳуми беқурбшавии пул – паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани микдори пули накдро дар муомилот низ мефаҳманд. Ҷараёни беқурбшавии пул аз руи нишондихандаи дараҷаи беқурбшавии пул муайян карда мешавад ва ин нишондиҳанда чунин андоза карда мешавад: Дараҷаи беқурбшавии пул = индекси нархҳои – Индекси нархҳои истеъмоли истеъмоли дар соли ҷорӣ дар соли гузашта _________________________________________________ Индекси нарххои истеъмолӣ дар соли гузашта Беқурбшави (инфлятсия) аз калимаи лотинии «inflanion» гирифта шуда, маънои варам (дам) кардан, беҳад зиёд ё қиммат шуданро ифода мекунад. Мафҳуми беқурбшави бо муносибатхои пулӣ, қарзӣ, молиявӣ, бонкӣ, андозу буҷет алоқаманд буда, зери таъсири онҳо қарор дорад ва мутақобилан ба онҳо таъсири акс мерасонад. Аз тавсифи моҳият ва хусусиятҳои таваррум бар меояд, ки зарурият ва сабабҳои ба вуҷуд омадани таваррум, аз хусусиятҳои омилҳои гуногун вобаста буда, ҷанбаҳои серпаҳлу ва мураккаби иктисоди миллиро дар бар гирифта, вобаста ба онҳо намуд ва навъҳои зиёди онро ба вуҷуд меоваранд. Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани инфляция дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷанги гражданӣ, озод эълон кардани нархҳои бозорӣ, маҳрум шудан аз пасандозҳои худ дар натиҷаи ду маротиба таъғир додани асъори миллӣ, паст шудани иқтидорҳои истеҳсолоти милли, қиммати худро гум кардани илм, маданият, маориф ва нишондиҳандаҳои дигар мебошад. Аз тавсифи моҳият ва хусусиятҳои таваррум бар меояд, ки зарурият ва сабабҳои ба вуҷуд омадани таваррум, аз хусусиятҳои омилҳои гуногун вобаста буда, ҷанбаҳои серпаҳлу ва мураккаби иқтисоди миллиро дар бар гирифта, вобаста ба онҳо намуд ва навъҳои зиёди онро бавуҷуд меоваранд. Ҳама вақт беқурбшавӣ дар тахкурсии худ на якто, балки як чандто сабабҳои бо ҳам алоқаманд дорад, вай на танхо дар болоравии нарх дида мешавад, дар баробари худ кушода, нарх ҷои пушида ҳам дорад, ё фишурда, беқурбшавӣ, намудоршави аз ҳама пеш дар камчинӣ (дифитсит) паст шудани сифати махсулот. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳама болоравии нарх ба нишондиҳандаҳои беқурбшавӣ вобастагӣ дорад. Нархҳо аз руи бехтар шудани сифати маҳсулот ҳам баланд шаванд, аз руи вазнин шудани шароитҳои коркарди захираҳои гармкунию – ашёи (нефтгаз ва дигар ашёҳои хом), аз руи дигаргуншавии талаботи ҷомеъа. Вале ин ҳамчун қонун, на беқурбшавӣ, балки мантиқан болоравии нарх дар як катор махсулотҳо дида мешавад. Якчанд намуди бекурбшави мавҷуд мебошад. Аз ҳама пеш аз руи болоравии нарх ҷудо мекунанд ва шуморавӣ: 1. таврруми бомаром (муътадил) – 5-10 фоизи баланд рафтани нархи миёна дар давоми 1-сол; Беқурбшавии муътадил, ки барои на он қадар сатҳи нархи баланд хос мебошад, тақрибан 10% ё ин ки якчанд фоиз зиёд дар як сол мешавад. Чунин намуди беқурбшави дар мамлакатҳое, ки ру ба болоравии иктисоди бозоргони доранд, дида мешавад. Маълумотҳои, солҳои 70-ум, 80-ум ва аввалин солҳои 90-ум дар ШМА, Япония ва мамлакатҳои ғарб, дар бораи беқурбшавӣ печанда сухан меронанд. Сатҳи миёнаи беқурбшави дар мамлакатхои Аврупо дар солхои охир аз 33,5%-ро ташкил мекунанд. Он ҳамчун натиҷаи беқурбшавии бомароми ҳаҷми пул дар муомилот, дар давоми сол ба амал омада, лаҳзаи заруртарин ва сарчашмаи таккони иқтисоди бозори қадр карда мешавад. 2. Таварруми ҷаҳанда – 10-50 ( ё худ 20-200 фоиз) дар 1 сол; Беқурбшавии ҷаҳанда – равандеро ифода мекунад, ки дар он иқтисод дар ҳолати баланд шудани садҳо фоизи нарх қарор дорад. Нарх дар ин давра бо суръати хеле ҳам баланд беқурб мешавад. Дар ин ҳолат ба сифати пардорхт воситаҳои пули (асъор) истифода карда мешаванд. Баъзан дар нархҳо дараҷаи интизори таваррум ба ҳисоб гирифташуда, фарқи он ҷуброн карда мешавад. Он асосан бо воситаи индексатсияи нархҳо ба роҳ монда мешавад. Чунин сатҳи болоравиҳо дар солҳои 80-ум дида мешавад, барои мисол дар бисёр мамлакатҳои Америкаи лотинӣ, якчанд мамлакатҳои осиёи ҷанубӣ дида мешавад. Аз рӯи ҳисоботҳои Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгуи (индекси) нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурии мо дар соли 1992 то 2200 баланд шуда буд. Нархҳои истеъмоли рушти даромадҳои пулии аҳолиро пешгирӣ кард. Нишондиҳандаҳои дар поён рушди сатҳи даромади пулӣ ва нархҳои истеъмолӣ дар мамлакатҳои СНГ солҳои 1991-1992 давлатҳо Нарххои истеъмоли Саршумори миёнаи даромади ахоли озорбоёчон 12,1 5,0 Арманистон 9,0 2,8 Белоруссия 11,6 8,2 Қазоқистон 10,7 6,7 Қирғизистон 11,9 4,3 Молдавия 12,1 4,9 Руссия 15,7 7,5 Тоҷикистон 10,1 3,4 Туркманистон 8,7 7,1 Узбекистон 5,1 5,2 Украина 12,5 — 3.Таврруми тозанда- мебошад, ки дар давоми моҳ суръати болоравии нарх дар иктисодиёт зиёда аз 100% ташкил диҳад. Ин ҳолат хислати хоси давлатҳои фавқулинкишофи бозори мебошад. Аксар вақт он дар ҳолати гузариши давлатҳо аз як низом ба низоми дигар, яъне давраи гузариш бештар рух медиҳад ва дурудароз амал мекунад. Нархҳои астрономии баланд мешаванд, фаркияти нарх ва музди меҳнат садамавӣ шавад, ҳатто сатҳи ҷамъиятҳои ба ҳама чиз таъминбуда ҳам вайрон мешавад. Ҳамин хел дар Аргентина дар моҳи апрели соли 1990 сатҳи болоравии нарх то 200 маротиба зиёд шуда (сатҳи болорави беқурбшавӣ – 200%) буд. Аргентинагиҳо ҳамон ёри дод, ки онҳо хоҷагиҳои қишлоқи табии доштанд, ки бо муомилотҳои бозори зиндаги кардан мумкин буд. Ба наздики Никарагуа рекорд нишон дод: Дар давраи ҷанги шахрванди болоравии нархи миёнасолона то 3300%- ро ташкил дод. Аз ҳама ҳайратовараш дар таърих гинербекурбшавӣ дар Венгрия соли 1946 вакте, ки форенти (ченаки пули Венгрия) то ҷанги 829 октилиони форунтҳои ҳозира меарзид, ва долари ШМА 3*10 у.е форинт иваз карда мешавад. Бо тиҷорати нағз ва хуб дар шароити гинербекурбшави қариб, ки ноил шудан мумкин нест. Сухан танҳо дар ин ҷо дар бораи стратегияи зиндамондан меравад. Дастури зинда мондан чунин мебошад. Автономии ва худ таъминкуни, сода кардани истехсолот, кам кардани алоқаҳои беруна мавқеъи элементҳои табии кунонидан. Аз ҳама бисёртар корхонаҳои саноати гармхонаҳои худро мегиронанд, электростансияҳои хурд амалиётҳои худро ба тарзи бартер ива шартномавӣ кушиш мекунанд, ки ба роҳ монанд. Акнун мо аз нуқтаи назари дуюми беқурбшавӣ дида мебароем – муайянкуни болоравии нарх бо гуруҳҳои ҳаргуна маҳсулот ва сатҳи болоравӣ ва баробарии онҳо: А) баробарии беқурбшавӣ; Б) нобаробарии беқурбшавӣ; Дар вақти баробари беқурбшави нархи ҳар гуна маҳсулотҳо дигар намешаванд, нисбат ба якдигар ва дар вақти нобаробари (баланс надодан) – нархҳои ҳар гуна маҳсулотҳо аз якдигар ҳама вақт иваз мешаванд, аз он ҷумла дар ҳар гуна тартибҳо. Баробари беқурбшави барои бизнес кардан бе хавф мебошад. Маҷбур мешавем, ки ҳама вақт нархи маҳсулотро зиёд кунем: ашёи хом 10- маротиба зиёд шавад, ва шумо нархи маҳсулоти охирини худро зиёд мекунед. Хатари аз даст додани даромад танҳо ба корхонаҳое хос мебошад, ки дар қатор аз ҳама охирон нарх ҳояшонро зиёд мекунанд. Ин ҳамчун қонуни истеҳсолкунандагони маҳсулоти вазнин ширкатҳои беруна ва алоқаҳои асосӣ бо шиддат шурӯъ мекунанд. Нарх ба маҳсулоти онҳо маблағи ҳамаи корҳонаҳои берунаро нишон медиҳад ва онхо хавфи нигоҳдории маҳсулоти қимматро ба зиммаи худ мегиранд. Ба ин намуди тиҷорат машғул шудан хатарнок аст ва нағз мешуд ки аз ин намуди фирмаҳо сахмияҳоро нахарем. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон ва давлатҳои маштарк-ул-манофеъ (СНГ) нобаробарӣ беқурбшавӣ дида мешавад. Болоравии нархи ашёи хом аз маҳсулоти охирон тезтар ҳаракат мекунанд, арзиши дастаи компонентҳо аз нархи асбобҳои махсус зиёд мешавад. Мисол: заводи «Текстилмаш» – и ш. Душанбе насосҳои истеҳсолиро мебарорад. Дар насосҳо монометр ҷойнир карда мешавад. Нобаробарии беқурбшавӣ ба он оварда мерасонад, ки нархи монометр (аз хориҷ дохил мешавад) қариб, ки аз нархи худи насос зиёд мебошад. Агар, ки нархи монометрҳоро ба насосҳо ҳамҷоя карда фурушем, он гоҳ фуруши насосҳо қин мешавад. Тариқи аз ин шароит баромадан: монометрро дар дохили ҷумҳуриамон истеҳсол кадан лозим аст, ба дигар намуди истеҳсолот гузаштан лозим ё камчинии беқурбшавиро интизор шудан, кадом вақт мо метавонем фурушем. Нобаробарии беқурбшавӣ барои иқтисодиёт аз ҳама бадбахтии сахт мебошад. Лекин аз ҳама воҳиманокаш он аст, ки дар бораи оянда ягон маълумот надорем. Ягон бовари нест, ки ақалан гурҳи маҳсулотҳои пешсафи болоравии нархҳо пешсаф ба роҳ ва баъд аз як ҳафта ё баъд аз як сол мемонанд ё не номаълум мебошад ба мо. Шароите нест, ки кадом сохаро ҷудо карда капиталро гузорад, ҳисоб карда ва роҳҳои сармоягузорӣ ва даромаднокиро мукоиса кардан мумкин нест. Истеҳсолот дар ин шароит рафтан наметавонад ва саноатикунонӣ дар Ҷ.Т. номумкин аст. Мумкин аст, ки амалиётҳои миёнаравӣ ақалан кутоҳмуддат, нуриҳои табии пойгаи нобаробари нисбии нарх ҳамчун дар соҳавӣ ва аз нуқтаи назариявии тереторияви дида шавад. Аз нуқтаи назарии сеюм (интизориявӣ ва пешгуикунии беқурбшавӣ) ба чунин қисмҳо ҷудо карда мешаванд: а) интизориятӣ; б)ғайри интизорӣ беқурбшавии интизориявӣ- мумкин аст, ки пешаки пешбини кунем, аз сатхи номуайяни корӣ; ғайриинтизорӣ – табии сар мезанад, баъзан руйдиҳанда, пешгуикуни номаълум аст. Омилҳои интизори пешгуикуни аз нав пайдошавии беқурбшавӣ ба стратегияи тиҷорат ба миён меояд: агар ҳамаи фирмаҳо ва ҳамаи аҳолии эхтимолӣ он, ки соли оянда нархҳо баланд мешаванд, тахмин 100 маротиба, он гоҳ дар шароити бозорӣ озод як сол вақт дорад, барои пешаки мутобик шудан ба пойгаи нархҳои пешгӯи карда шуда. Ҳама корхонаҳо ва аҳолии ҳамин хел 100 – маротиба нархи маҳсулоти худро зиёд мекунанд ( асбобхо, таҷҳизотҳо, хизматҳо, қувваи коргарӣ ва ғ). Ҳеч кас ҳамин тариқ ҳатто аз гипер беқурбшавӣ зарар намебинад, ва дар вақти ғайри пешгуикуни ногаҳони болоравии нарх ҳатто ба 10% ( беқурбшави муранда, аз рӯи муайянкунии мо) пастшавии даромадноки корхонаҳои муносиб метавонанд гузароанд. Мувофиқи баробари ба беқурбшавии интизори зарари иқтисодӣ намерасонанд, ва нобаробари ва ғайриинтизорӣ – алалхусус хатарнок аст, барои нақшаҳои мутобиқшави бисёр хароҷот кардан хавфнок аст. Ҳар гуна намуди беқурбшавиро схемавӣ чунин нишон додан мумкин: баробарӣ №1 №2 нобаробарӣ №3 №4 Камбинатсияи №1 дар схема (интизори +беқурбшавӣ баробари) он қадар хатарнок нест. Камбинатсияи №2 хавфнок мебошад (ғайриинтизорӣ, лекин баробарӣ). Камбинатсияи №3 чунин маъно дорад, ки зиёдшавии оқибатхои нисбии беқурбшавӣ барои тиҷорати шумо. Ва дар охир камбинатсияи №4 (ғайри баробарӣ +ғайриинтизорӣ) – аз ҳамааш хатарнок мебошад. Болорави рақами камбинатсияҳо чунин маъно дорад, ки зиёдшавии мусибатҳои мутобиқшавӣ нисбати вай. Ба ин гуфтаҳо қайд кардан лозим аст, ки ҳарчи қадар нархҳо боло раванд (аз нуқтаи назарияи сатҳи болоравии нархҳоро ба ёд меорем) ҳарчи қадар ҷавоби манфи дорад барои ҳар чорто комбинатсия. Таъсири баръакс фарқ мекунад, фақат камбинатсияи 31 якҷоякунӣ бо болорави нархи муранда (то 10% дар як сол). Вай сармояи хақиқатро чақонтар мекунад, аз он ҷумла каме корхонаҳоро дар раҳи ивазкунӣ ва модернизатсияи қувваҳои истеҳсоли доир ба истеҳсолоти ягон маҳсулоти дигар ё пул ба зуди, ба сахмиягузори истехсоли мегузарад. Ғайри балансӣ ва гайри пешгуикунӣ беқурбшавӣ дар ҷумҳурии мо психологияи одамонро вайрон мекунад, ки ҳама камтар бовари доранд, ки болоравии нархҳо дар як ҳо меистад. Бисёр давлатҳои тарақикарда ба беқурбшавии муранда (карахт) майл мекунанд, зиёдшавии бекурбшави аз тохта ба гипер беқурбшави омада расидан роҳи гурез нест. Сиёсати давлати устоворона барои болоравии нархҳо қувваҳои худро сарф намоянд ва кушиш кунанд. Афсус, ки мавқеъи корхонаҳои ҷудогона хело кам аст. Таъсир дар ин ба давлат танҳо асатсиатсияи истеҳсолкунандагони беқувват дар маҷлиси шурои олӣ муқобил шуда метавонанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.