Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Беқурбӣ ва вазъи бозор

Беқурбӣ ва вазъи бозорДар боло гуфта шуда буд, ки беқурбшавии баробарвазниро дар байни талабот ва пешниҳод вайрон мекунад. Баробарвазни аз ҳама пеш аз тарафи талабот вайрон карда мешавад. Дар ин шароит беқурбшавии талабот рух медиҳад, ки агар хароҷоти истеҳсоли зиёд шудан гирад, аз он ҷумла нархи пешниҳод боло меравад ва беқурбшавии пешниҳод дар сатҳи хурд (кам) аз сатҳи тарақиёт. Ҷихати се намуди монополия дар иқтисодиёт вобастагӣ дорад:
– монополияи давлатӣ (бо баровардани (эмиссия) пулҳои коғазӣ, савдои беруна, андоз; ба болоравии ғайри истехсолӣ, аз ҳама пеш харбӣ ва дигар хароҷотхо, ки бо функсияҳои давлатии хозиразамон вобастаги дорад);
– монополияи профсоюзҳо, ҳаҷм ва давомноки ин ё он сатҳи музди мехнатро пешниход мекунанд, аз ҳама пеш шартномаҳо бо корхонаҳо ба муҳлати 3-5 сол ва ғайра муҳлатҳо.
– монополияи корхонаҳои калон барои муайянкунии нарх ва хароҷотҳои худӣ.
Ин се – то монополия бо якдигар алоқаманданд ва ҳар кадом бо таъсири худ метавонад ба динамикаи талабот ва пешниҳод зарар расонанд.
Беқурбшави талаботро дурустар дида мебароем. Дар вақти беқурбшави талабот бандшавии пулҳо рух медиҳад нисбати ҳаҷми маҳсулот, нархҳо (боло) зиёд мешаванд. Феълан банд будан дар шароит пурра мебошад ё ҳавасмандона истеҳсолот бояд максималӣ нархҳои баландро ба қувваҳои истехсолӣ пур кунад. Дар ин чунин нест, барои он ки рақобатноки ва демонополизатсия нест: ноёфтии талабот зиёд мешавад, пуркунии кувваҳо зиёд мешаванд, амалиётҳои даромади номиналӣ зиёд мешаванд. Корхонаҳо камтар истеҳсол намоянд ба онҳо фоиданок мебошад ва ҳар як ченаки маҳсулотро қиммат фурушанд.
Беқурбшавии талабот ба чунин омилҳои пули оварда мерасонанд:
-ҳарби қунони иқтисодиёт ва болоравии хароҷотҳои ҳарбӣ.
Техникаҳои ҳарби барои истифода дар соҳаҳои шахрванди кам мешавад, ва дар ин вақт пул эквивалент муқобил техникаи ҳарби, ба омил табдил меёбад, барои муомилот нодаркор мешавад;
-камчин (дефитситӣ) буҷаи давлатӣ ва болоравии қарзҳои дохилӣ. Мисол, камчини реалии буҷаи давлатии Ҷ.Т. дар охирҳои соли 1992, 11% ММД ташкил дод. Пушонидани камчини ба роҳи заёмҳои давлатиро бароварданд дар бозори пул ё бо ёрии банкнотаҳои иловагӣ банки миллӣ пешгири карда мешавад. Роҳи аввал ба ШМА хос мебаранд ва дуюм барои давлатҳои СНГ. Лекин аз моҳи Майи соли 1993 руйпуш кардани буҷаи давлати ҶТ аз ҳисоби ухдадориҳои кутоҳмуддати давлати ба бозор бароварданд (ГКО) дар миёнаи соли 1994 ҳаҷми онҳо то 3020,8 млрд руб ташкил дод;
-Экспансияи (ғазби) қарзи бонкҳо. Ҳаминтавр дар таърихи 1-уми июни соли 1994 ҳаҷмҳои қарзҳои пешниҳод кардашудаи Бонки Миллии ҶТ ба давлат 29146983 млрд руб, ё 38,9%- и баланси ҷамъбастиро ташкил кард.
– Беқурбшави содир мешудагӣ. Ин баровардани пули миллӣ зиёда аз гардиши маҳсулоти истеъмол мешуда дар вақти хариди пули хориҷӣ мамлакатҳое, ки бо баланси пардохти активӣ мебошад;
– сармояҳои эхтиётӣ дар ҳолати истеҳсолоти вазнин. Дар вақти ин аз бозори доимӣ мо элемнтҳои капитали истеҳсоли мебароранд, ки дар ҷои онҳо дар гардиш эквиваленти пулҳои иловагӣ дохил мешавад.
Механизми беқурбшавии талабот дар давлатҳои Осиёи Миёна (камчини иқтисодӣ) асосан аз модели классикӣ ғарби фарқ мекунад. Пеш аз он ки мо кушиши ҳарду механизми беқурбшавии талаботро муқоиса кунем, қайд кардан зарур аст, ки дар механизми 1-ум нархҳо якхела боло мисли камчини боло меравад. Дар механизми болоравии нархи классикӣ бо болоравии истеҳсолот рост меояд, мушгулияти фаровони неъматҳои масолеҳи дида мешавад.

Нақшаи 1
Р
D1
S

D

Q
Нақшаи 1. Схемаи класикии бекурбшавии талабот.
Болоравии талабот нуқтаи баробар вазниро якҷоя мекунад, ҳамчун бо самти шимоли шарқӣ. Нархҳо баланд мешаванд, вале ҳаҷми махсулотҳо ҳам зиёд мешаванд. Камёфтии иқтисодӣ, чи хеле, ки дида истодаем бозори классикиро мантиқан аз сар то по чаппа мекунанд: талабот ба пешниҳод табдил меёбад. Афсус, ки чунин сохти бозори мустаҳкам ҳамчун дар оина иникос меёбад. Акнун ин ҳамчун нусхабардорӣ тарзҳои пешрави микро ва макро иқтисодӣ ғарби ва самтҳои давлатӣ (сиёсати зидди беқурбшави, андозбандӣ ва ғайра). Ба ҷавобҳои мусби оварда мерасонанд. Мисол ба он механизми камчини беқурбшавии талабот ба боло оварда мерасонанд: нархҳо баланд мешаванд, дар вақти паст фаромадани иқтисодиёт, барои он ки ҳаҷми истехсолот, чи хеле, ки дида истодаем паст мешавад.

Нақшаи 2
Р D
S D1

Q
Нақшаи 2 гуруҳи камчини беқурбшави талабот мебошад.
Ҳамчун иловагӣ ба хардуи графики додашуда графики 3 хизмат мекунад. Нуктаи Е ва Е1 нуктаи баробарии талабот ва пешниходро мефахмонад.
Нақшаи 3. Механизми камчинии беқурбшавии талабот.

Р
S D
E D1
E1
Q
Сабаби асосии қайд кардани «иникоси оинавӣ» сохти мустаҳками вай дар СНГ манаполияи корхонаҳои истеҳсоли афзалиятноки намудҳои хусусигардони давлати мебошад. Асоси кор дар он аст, ки механизми камчини беқурбшави тала6от ба онҳо нағз мебошад.
Майдони хат – хат нокашидаи росткунҷа даромад аз ҳисоби беқурбшавӣ болоравии нархҳо мебошад. Ҳамин тариқ пул бисёр шуд. Зиёдшави онҳо – амалиётҳои молиявӣ фикрронӣ мебошад. Якбора бо зиёдшавии тудаи пулҳо ҳаҷми истеҳсолот паст мешавад, камчини бисёр тез афзоиш меёбад. Ин корхонаҳои манаполистиро барои боз гирифтани даромади калони номинали соли оянда ёри медиҳад, то ба охир, аниктараш то барҳам хурдани иқтисодиёт агар ки ягон чораҳои зидди беқурбшавӣ дида намешаванд.
Бо мурури замон чунин механизм мустаҳкам мешавад. Аз ҳама маблаги корхонахои охиста-охиста хароб мешавад. Ин ба корхонахои дахл дарод, ки камтар манаполизатсия кардашудаает. Талабот ба
махсулоти онхо охиста – охиста кам мешавад нисбат ба дигар
корхонахо. Ба дида боромадани механизми бекурбшави пешниход, ки
ҳамагуна болоравии хароҷотҳои истеҳсолиро (музди меҳнат ва дигар воситаҳои иетеҳсолот) дида мебароем. Беқурбшавии харочот ин таъсири чунин омилҳои ғайри пули дар рафти нархгузорӣ шарҳ медиҳам.
– Пастшави рушти иетеҳсолоти меҳнат ва пастшавии иетеҳсолот чунин ҳодиса дар нимаи дуюми солҳои 70-ум пайдо шуда буд мисол, агар дар иктиеодиёти ШМА сатҳи миёна солонаи махсулноки меҳнат дар солҳои 1961 – 1973, 2,3% ташкил медод, лекин дар солҳои 1974-1980 0,2% ва дар саноат 3,5 ва 0,1 – ро ташкил медод. Чунин нишондиҳандаҳо дар дигар давлатҳо тарақи карда дида мешуд. Мавқеъи муҳимро дар рушди маҳсулнокӣ меҳнати заминдорӣ вайроншави шароитҳои истеҳсолӣ ҳамчун даври ва кризиси пайдарпай бозӣ мекард.
– ба вуҷудоии соҳаи хизматрасонӣ ва аҳамияти он. Ин аз як тараф хело суст болорави рушди маҳсулотнокӣ меҳнат нисбат ба соҳаи истеҳсолии масолеҳ ва аз тарафи дигар бошад ҳаҷми қиёси зиёди музди меҳнат бо ҳама хароҷотҳои истеҳсолоти шаҳр медиҳад. Бо суръати тез машғул шудан бо маҳсулоти соҳаи хизматӣ дар нимаи дуюми соли 60-ум ва аввали соли 70-ум оҳиста – оҳиста қимматшавии он дида мешуд: дар давлатҳои тарақикарда болоравии нарх хизмат ба 1,5-2 вохид аз нархи соҳави зиёд шуда буд.
-суръат додани рушди хароҷот алалхусус музди меҳнат ба вохиди маҳсулот.
Қувваи иқтисодӣ синфи коргариро фаъолноки ташкилотҳои провсоюзӣ иҷозат намедиҳанд, ки корхонаҳои калон музди меҳнатро то сатҳи суст шудани рушти маҳсулотнокӣ паст кунанд. Дар Айни ҳолл дар натиҷаи таҷриба омузӣ монаполияи нархгузорӣ ба корхонаҳои калон ёрдампулӣ аз ҳисоби тезонидани болоравии нарх, музди мехнати – нархҳо «печон» ташкил шуда буд.
– кризиси энергетикӣ, ки (буҳрони энергетикӣ). Ин солҳои 70-ум рух дод, ки нефт ва дигар захираҳои энергетикӣ хело қиммат шуда буданд. Дар натиҷа дар солҳои 60-ум болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба махсулотҳои саноати давлатҳои тарақи карда миёнасолона 1,5%-ро ташкил медод, солҳои 70-ум бошад зиёда аз 12%-ро ташкил мекард. Механизми классикӣ беқурбшавӣ пешниҳод дар нақшаи 4 нишон дода шудааст.

Нақшаи 4

Р
D

E
S1 s
Q
Чи хеле, ки дар нақша дида мешавад, зиёдшавии нархи пешниҳод (зиёдшавии хароҷот) ва хати каҷи пешниҳодро вертикали боло мекунад. Дар натиҷа дар як вақти муайян баробарвазнии байни талабот ва пешниҳод дар нуқтаи нархи баланд омада мерасанд.
Камчинии иқтисодӣ усулҳои худро дорад нисбат ба механизми беқурбшавии пешниҳод ( ба беқурбшавии талабот монанд). Хотиррасон мекунем, ки мантиқӣ талабот дар ин ҷо «чаппа шуда» мебошад: камчинии болоравии нархи бозорӣ дар якҷоякуни бо рухафтодаги интизорияти оқилонаи аҳолии ва тиҷорат, номуайянкунӣ доир ба зиёдшавии талабот дар воҳиди ҳаҷми гумонҳои, иғанок медихад.
Хулоса карда гуем, чи қадаре, ки маҳсулоти қимат бошад ҳамон қадар зиёдтар мегиранд. Мантиқӣ пешниҳод ҳам чунин «чаппа мебошад» муқоиса бо классикӣ: чи қадаре, ки маҳсулот қиммат бошад, ҳамон қадар кам истеҳсол мекунад. Сабаби асосӣ қайд каданҳои ғайримантиқӣ – ҷамъшавии кмачинӣ иктисодӣ, мустаҳкамкунии техно-иктисодӣ монополияҳо дар ҳама сатҳ ва тобиши нав додан мегирад.
Дар қувваи сабабҳои аввали камчинии талабот дар нақша нишон дода шудааст, ки болоравии талабот муқоиса бо болоравии пешниҳод бо суръати тезтар ҳаракат мекунанд.
Нақшаи 5
Р s1 D1
S E1

E

Q
Нақшаи 5. Гурӯҳи камчинии беқурбшавии пешниҳод.

Фишурдани камчинии талабот ба стратегияи ҳамавақта зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот беманфиат (бефоида) мекунад. Ба корхонаҳо фоидаовар аст, ки барои тохти (чорхез) нархи оянда барои баъд истеҳсол кардани маҳсулоти худ интизор ва таёр шуда истанд. Ҳамин тариқ соли 1991 ҳаҷми маҳсулоти фурухташуда кам шуда ва нархҳо бошад боло рафтанд.
Ҳамин тариқ дар шароитҳои камчинии иқтисоди бозоргонӣ беқурбшавии пешниҳод ҳамчун дубора дида мешавад нисбат ба беқурбшавии талабот.
Болравии хароҷоти корхонаҳо хати пешниҳодро боло мекунонад ва нархи мувозинати зиёд мешавад; лекин асосан пайдошави болоравии нарх ҳатто дар ин шароит ивазшаванда нест – ин камчини талаботҳои ғун мешудагӣ, мебошад.
Стратегияи рафтори фирмаҳо дар шароити камшавӣ беқурбшавӣ бо тарзи худ нақз мебошад. «Корхонаро мумкин аст, ки ба автомобил монанд кунем, чи хел маторашро мегиронанд. Ронанда намедонад куҷо равад ва ба вай ба ҳар куҷо рафта бе манфиат мебошад; хароҷоти сузишворӣ дар қувваи ғайри балансӣ беқурбшавӣ мисол барои кашонидани мусофирон ё ягон маҳсулот беманфиат мебошад. Афсус, ки сузишворӣ ҳатто дар мавриде хароҷот мешавад, ки ягон амалиёти ҳақикқӣ нест; матор бояд гарм шавад, таёри барои ҳаракат бояд максималӣ бошад. Хароҷотҳои сузишворӣ барои даргирони матор – ин сарфҳои корхона барои нигоҳдории колективӣ қобилияти меҳнат дошта мебошад, нигоҳдорӣ таҷҳизотиҳои истеҳсолӣ ва дигар сарфҳо ба ин алоқаманданд».
Мумкин аст, ки тавсияҳо барои стратегия ва тактикаҳои зинда мондани тиҷорат дар шароити беқурбшавии ҳозиразамон дар Ҷумхурии Тоҷикистон.
1. Кушиш кардан даркор, ки сохаи асоси тиҷоратро нигоҳ дорем. (маҳсулот ё намудҳои хизмат).
2. Дивертификатсия (нигоҳдорӣ аз бухрони туҳматҳо) ҳам дар дохили сохаи асосии худ ва берун аз он.
3. Ҷудокуни аз сохтори корхона ва ё сохтани савдои хурди фирмаҳои миёнарави афзалитнок.
4. Лаҳҷа (аксент) барои дигаргункуни ва бисёр кутоҳ бо вақт ва амалиётҳои даромадноки калон бо сатҳи баланди тавакалнокӣ.
5. Сохтани фонди сугуртавӣ барои тавакалнокиро минимали бо ҳамаи маҷмуи амалиётҳои қайд кардашуда.
Шиносои бо гуруҳи маҳсулотҳо бо даромади мустаҳкам кам мебошад, гарчанде, ки ҳақиқии онҳоро «пайгир» кардан вазбинтар мебошад, муайян кардан лозим аст, ки бо кадом сабаб тохти ғайрибаланси болоравии нархҳои мутаносиб зиёд мешавад. Ҳоло ҳисобкунии доимии байни хароҷотнокӣ ва даромаднокии ҳама гуруҳҳо такрибан хамагуна тиҷоратҳо давом дорад.
Ҳамин тариқ тарзи ҳақиқии зинда мондани бисёр тариқа – тохта намуди амалиётҳои савдо истеҳсолӣ. Асли кор дар ҳамин аст, ки корхона тактикаи интизоршавии беқурбшавиро мегирад. Албата, ки дар шароити каме фоиданок колективҳо меистанд, ки тарзи истеҳсолоташон иҷозат намедиҳанд, ки бетелбагӣ (ҷасту хез) кор кунанд, танафус кардани истеҳсолот номумкин аст. Мисол: Танури хонагиро манъ кардан номумкин аст, бо мақсади каме шароит хуб шудани байни нархи харочот ва даромаднокии истифодабарии он интизор шавем. Қайд мекунем, ки бетанафусиро чунин фаҳмидан даркор, ки зарурияти нигоҳдорӣ сатҳи ихтисосноки мутахасисан мебошад.
МУШКИЛИҲО:
Дар дунёи муосир мушкилтар мебошад, ки фарзкуни ҷудокунӣ беқурбшавии одди ба ду намуд ҷудо мешавад, беқурбшавии талаботи зиёдшави фарёдкарда ва беқурбшавии болоравии хароҷот вобастаги дорад. Дар таҷриба фарқ кардани ин ду сохтро мушкил мебошад. Мисол: фарз мекунем, ки хароҷотҳои ҳарбӣ ба зуди зиёд шудаанд ва ҳамин тавр бошад хароҷотҳои умуми зиёданд, беқурбшавии талаботро мебиёрад. Вақте, ки сабабҳо барои зиёдшави талабот ба маҳсулотҳо ва захираҳои онҳо барои музди меҳнат, захираҳои масолеҳӣ ва сузишвориҳо зиёд шуда истодаанд. Барои ҳавасмандии худ онҳо зарур мешаванд, ки нархҳоро баланд кунанд, аз баски хароҷотҳои истеҳсолӣ зиёд мешаванд. Аммо дар ин шароит бояд ҷои беқурбшавӣ талаботро дошта бошад, барои бисёр корхонаҳо ҳамчун ба беқурбшавии болоравӣ хароҷот вобастагӣ мекунад. Муайянкуни намуди беқурбшави мушкил мебошад, агар сарчашмаи аввлинро надонем, онгоҳ сабаби хакикии нарх ва музди меҳнат мавҷуд аст.
Бисёр иқтисодчиҳо меҳисобанд, ки беқурбшавӣ, зиёдшави хароҷот вобастагӣ дорад ва беқурбшавӣ талабот дар як мулоқоти зарурӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Беқурбшавии талабот то даврае давом мекунад, ки хароҷотҳои умумӣ аз ҳадди имкон зиёд мавҷуд мебошанд.
Аз тарафи дигар бекурбшави ба болоравии хароҷот вобаста карда шудааст, автоматики худро маҳдуд ва ё оҳиста-оҳиста нест мешаванд ё ин ки худ ба худ шифо меёбанд. Инчунин эзоҳ медиҳанд, ки аз руи камшавии ҳаҷми ҳақиқии маҳсулоти миллӣ ва машғулиятнокӣ кам мешавад, ва ин хароҷотҳои ояндаи зиёд мешудагиро маҳдуд мекунад.
Дигар хел карда гуем, беқурбшавӣ ба болоравии хароҷот вобаста аст, пайдошавӣ камшавӣ дар навбати худ зиёдшавии хароҷтоҳои иловагиро боз медорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.