Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Нишондодхои бекурбшави

Аз баски мавзӯъ беқурбшавӣ ва пул номида, шудааст мо бояд, каме пулро ҳам эзох диҳем. Пулҳо аз замонҳои қадим ба мо маълуманд. Онҳо дар натиҷаи тарақиёт баланди қувваҳои истеҳсолӣ ва тақсимоти ҷамъияти меҳнати хоҷагиҳои натуралӣ мавҷуданд будаанд, ки ба онҳо сатҳи пасти тарақиёти истеҳсолкунанда хос буд…Аз баски мавзӯъ беқурбшавӣ ва пул номида, шудааст мо бояд, каме пулро ҳам эзох диҳем. Пулҳо аз замонҳои қадим ба мо маълуманд. Онҳо дар натиҷаи тарақиёт баланди қувваҳои истеҳсолӣ ва тақсимоти ҷамъияти меҳнати хоҷагиҳои натуралӣ мавҷуданд будаанд, ки ба онҳо сатҳи пасти тарақиёти истеҳсолкунанда хос буд.
Хоҷагиҳои натуралӣ ҳамон гуна хоҷагиҳои мебошанд, ки барои истеъмоли шахси худ, мол истеҳсол мекунанд. Дар ин гуна хоҷагиҳо ивазшавии мол тасодуфӣ буд. Баъзе тақсимоти ҷамъияти меҳнати яъне ҷудошавии аҳолии ба се табақа:
1 Чорводорӣ
2 Кошбон
3 Зироатчигӣ
Тақсим шудани зарурияти ивазшавии мол ба вуҷуд омад.
Ивазшавии ин ҳаракати якуми моли истеҳсолкунанда ба моли истеҳсолкунандаи дигар, ки дар натиҷаи моли аввала молҳо эквиваленти худро пайдо мекунанд. Аз давраи пайдошавии ивазшави якчанд давраҳоро аз сар гузаронидааст:
1 шакли оддӣ ё тасодуфӣ
2. шакли васеъ пахншудаи арзиш
3 шакли умумии арзиш
4 шакли пули арзиш.
Шакли якуми ин намуд асосан ба хоҷагиҳои натуралӣ таалуқ дорад.
Шакли дуюми дар ин давра дар бозор молҳои пайдо шудаанд, ки қобилияти ба якчанд мол ивазшавиро доро буданд. Барои мисоли молӣ.
А=B+C+Д 1 гов = 1 табар ва ғайра…
Шакли сеюм дар давоми ин давра дар бозор якчанд мол ба вуҷуд омад, ки онҳо қобилияти ба як мол ивазшавиро доштанд. Дар ин давра дар бозор металҳо пайдо шудан гирифтанд. В+А+Г+С
Шакли чоруми ин давра дар бозор моли махсусе пайдо шуд, ки роли эквиваленти молҳои дигарро иҷро мекард. Ин метал тилло буд.
Пул ин моли махсус буда барои молҳои дигар эквиваленти умумӣ мебошад. Пулҳо аз замонҳои пайдоиши худ якчанд маротиба шаклҳои худро иваз кардаанд:
1) пулҳои ҳақиқӣ ё металӣ
2)пулхои қоғазӣ
3)пулҳои қарзӣ ё шакли нави пулҳои қарзӣ пулҳои электронӣ.
Шакли дуюми пулҳои қоғази онҳо чойнишинонӣ ё нишонаи пулҳои ҳақиқӣ дар муомилот мебошад.
Шакли сеюм васеъшавии тиҷорат дар хоҷагиҳо ва байни мамлакатҳо ба пайдошавии шакли пули нав оварда расонид, ки ин шакли пулҳо мебошанд. Вуҷуд доштани ин шакли ба таракиёти баландии ҷамъиятӣ таалуқ дорад. Шакли бевоситаи муомилоти молӣ ин мол – пул мебошад.
Пулҳои қарзӣ аз давраи пайдошавиашон то ба якчанд, шакл омада расидаанд то ин замон.
1) Вексел
2) Бонкнота (пулхои қоғазӣ)
3) Чек
4) Пулхои электронӣ
5) Варакаҳои қарзӣ
Моҳичти пул ҳамчун категорияи иқтисодӣ дар вазифаҳои пул зоҳир мегардад. Пул 5 вазифаро иҷро мекунад.
1. пул ҳамчун ченаки арзиш.
2. пул ҳамчун воситаи муомилот
3. пул ҳамчун воситаи ғункунӣ ва нигоҳдорӣ
4. пул ҳамчун воситаи пардохт
5. пулҳои ҷаҳонӣ.
Шояд пайдошавии пул ҳам ба туфайли ҳамин вазифаи вай ҷой дошта бошад. Мазмуни ин вазифа аз он иборат аст, ки ба воситаи пул бузургии арзиши молҳоро чен ва муқоиса мекунанд.
Ин вазифа ҳам боиси пайдошавӣ ва ҳам устувору барқарор давом ёфтани амалиётро иҷро мекунанд, чунки ҳангоми фурухтани мол, пул ба даст оварда зуд моли дигар харида мешавад.
Аҳамияти ин вазифа аз он иборат, ки одамон кушиш мекунанд, пулҳоро зиёдтар ғунн доранд ва дар хазина нигоҳ доранд.
Дар натиҷаи ин қисми пулҳо аз муомилот боз дошта мешаванд ва ба Хазина фоида намебахшанд. Ин шакли баробари тарақиёти муомилоти қарзи мамолики сармоядор ба вуҷуд омада аст.
Ин вазифаи пул пеш аз формасияи капиталиест, ки ба вуҷуд омада ва созишдиҳи бозори ҷахон тарақӣ кард. Дар ин бозор пулҳо бо намуди $ ИМА, функстерленги Ангия, ЕВРО, ЕКЮ, ва ғайра роли пулҳои ҷахониро бозӣ мекунанд.
Яке аз ҷойҳои асосии беқурбшавӣ – ин он аст, ки нарххо кушиши баландшавии нобаробарро доранд. Якехо метозанд, дигаребо Каме сатхи суст ва сеюминхо бошанд тамоман баланд намешаванд. Яке аз нишондихандахои мавчуда ё набудани бекурбшави, ва тохти вай нишондод ва индекси нарх беҳисоб меравад. Нишондодҳои беқурбшавӣ бояд баҳои шуморавӣ протсесҳои беқурбшавиро диҳанд.
Индексҳо – ин нишондиҳандаҳои нисби муносибати нарх дар воҳиди вақт шарҳ медиҳад. Сатҳи беқурбшавӣ барои соли додашуда бо чунин намуд ҳисоб кардан мумкин аст: индекси нархҳои соли гузаштаро аз индекси соли ҷори тарх карда ин ҳосилшавиро ба индекси соли гузашта тақсим карда, ва ба 100 – зарб кардан лозим аст. Мисол: агар дар соли 1994 индекси нархи маҳсулотҳои истеъмолӣ ба 113,6 баробар буд ва дар соли 1995 118,3 ташкил медод. Барои соли 1995 муайянкуни сатхи беқурбшавӣ чунин намудро мегирад: дар байни суръати беқурбшави = 11,8 – 113,6/118,3*100=4%
Чунин « бузургӣ қонуни 70» номбаршуда ба мо дигар шароити шуморави чен кардани беқурбшавиро медиҳад. Аниқтар карда гуем ин ба мо шароит медиҳад, ки ба зуди шумораи солҳоро барои нархҳои дугона ҳисоб кунем. Танҳо рақами 70-ро ба сатҳи беқурбшавии ҳарсола тақсим мекунем: тақрибан шуморавӣ
(сол)=——-+70———–сол. Сол барои дар байни суръати беқурбшави асоси суръати сатхи нархҳои ҳарсола зиёд мешудагӣ заруриро мегирад.
Чунин нишондиҳандаҳои асосии инфляцияро аз ҳам ҷудо мекунанд:

Ҷори кардани монополияи давлатӣ ва пулҳои коғази ба савдои беруни ва хароҷотҳои ғайри истеҳсолӣ ва сохаи ҳарби ва рукнҳои дигари давлатӣ.
Монополияи давлат ва итифоқҳои касаба ба таъғирёбии сатҳи музди кор дар ҷамъият.
Монополияи фирмаҳои калон барои муаян кардани фоида ва хароҷот дар бозор.
Инфляция ба он оварда меасонад, ки ҳамаи даромадҳои пули аҳолии, давлат ва корхонаҳо якбора паст мешавад. Ин ҳолатро ҳамчун фарқияти байни даромадҳои номиналӣ ва реалии аҳолӣ фаҳмидан мумкин аст.
Даромади номиналӣ гуфта – миқдори маблағҳои пулиеро меноманд, ки дар шакли музди кор, рента, фоиз ба даст меояд.
Даромади реалии ё ҳақиқӣ гуфта – ин миқдори молу хизматҳоест, ки бо даромади номиналӣ харидорӣ кардан мумкин аст.
Агар даромади номиналӣ бетаъғир бошад ё ин ки аз суръати инфляция паст бошад, пас даромадҳои ҳақиқӣ низ паст мешавад.
Барои пешгири нашудани инфляция дар ҷамъият чунин роҳҳоро истифода бурдан лозим аст.

Бо ёрии каҷхатаи Филипс таносуби байни суръати бекорӣ суръати инфляция ва дараҷаи музди коро барои 5-10 соли оянда муаян кардан лозим аст.
Бо истифодаи назарияи сатҳи табии бекорӣ муайян кардани омилҳое, ки боиси таъгирёбии дараҷаи нарх ва музди кор дар ҷамъият мегардад.
Қатъ гардидани интишори пулҳои иловагӣ аз тарафи давлат ва бо ёрии бонки миллии он.

Ба тартиб даровардани таносуби байни қисмҳои даромад ва хароҷоти бучети давлатӣ.
Бе таъғир нигоҳ доштани музди кор дар муддати муайян.
Монеъ шудан ба афзоиш бо суръати нархҳо дар ҷамъият.

Пешниҳод намудани кумаку имтиёзҳо ба пиронсолон, маъюбон, донишҷуён, оилаҳои камбизоат ва серфарзанд.
Иқтидорҳои иктисодии давлатро истифода бурда ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар монополияи давлатӣ нигоҳ доштани муассисаҳои калони истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои истеъмолӣ.

истифодаи самаранок аз инвеститсияҳои дохилӣ ва берунӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат.
Чи тавре ки маълум гардид, таваррум таҳти таъсири омил ва сабабҳои гуногун, вобаста ба хусусиятҳои низомҳои иқтисодӣ, дар шакл ва дараҷаҳои гуногун ба миён омада, мавқеъи худро дар ҳаёти иктисодӣ ва иҷтимоӣ пурзур мегардонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.