Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Дараҷаи беқурбшавӣ

Одатан барои муайян кардани дараҷаи беқурбшавӣ институтҳои молиявию қарзӣ нарх (вазъу ҳолат, дараҷаи таъғирот, суръат), индекс ё худ динамикаи таъғироти онро истифода мекунанд…Одатан барои муайян кардани дараҷаи беқурбшавӣ институтҳои молиявию қарзӣ нарх (вазъу ҳолат, дараҷаи таъғирот, суръат), индекс ё худ динамикаи таъғироти онро истифода мекунанд.
Индекси нарх ҳамчун таносуби ба амал омадаи нархи миёна дар як давраи муайян нисбат ба нархи амалкунандаи соли аввал (соли базавӣ) ҳисобу китоб карда мешавад. Он нишондиҳандаи нисби буда, таносуби нархҳоро дар муҳлатҳо вакт, (давраҳо-и гуногун) нишон медиҳад.
Дар таҷрибаи ҷахонӣ ба ин мақсад бештар индекси нархҳои яклухт, индекси нархҳои чакана, индекси нархҳо – дефлятори МУМ, индекси нархҳои воридотию содироти истифода карда мешавад.
1. Индекси нархҳои яклухт ( индекси нархҳои тавлидгарон) ҳамчун кулли нархҳои: молҳои интиҳои (охирон)-и молҳое, ки пурра барои истеъмол (истифода) тайёр буда, ҳануз ба истеъмолгарон (харидорон) пешниход (фурухта) нашудаанд; молҳои мутавассит (дар ҳолати миёна мавқуфгузошташуда); ашёҳое, ки барои минбаъда (оянда) истифода бурдан омода карда шудаанд ба назар гирифта мешаванд. Бо воситаи индекси нархҳои яклухт таъғироти дараҷаи миёнаи нархҳои ба фуруш баровардашудаи молҳои корхонаҳои саноат ва сохтмонро дар як давраи муайян тасвир мекунанд.
2. Индекси нархҳои чакана.( матлуботи, истеъмоли) барои хисобу китоб кардани гуруҳи молҳо ва хадамотҳое, ки ба сабати истемолии аҳолии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна гузошта мешавад истифода карда мешавад.
Одатан ба сабати истеъмоли миқдори молҳои муайяни саноати, сохтмон, хоҷагии қишлоқ ва дигар хадамотҳо гузошта мешаванд. Он тибқи меъёрҳои байналхалқӣ муайян карда шуда, миқдори онҳо дар ҳар як мамлакат ҳархела сурат мегирад. Дар шакли умум индекси нархҳои чаканаро чунин тасвир мекунанд:

ИНЧ=СИ/СИ 100
Дар инҷо :
ИНЧ – индекси нархҳои чакана,
СИ – сабати истеъмолӣ дар ифодаи нархҳои ҷорӣ,
СИ – сабати истеъмолӣ дар ифодаи нархҳои базавӣ.

3. Ба индекси нархҳо – дефлятори МУМ гуруҳи индекси нархҳое, ки таъғирёбии нархҳои бозории маҳсулотҳои асосии интиҳоӣ ва хадамотиро дар бар мегирад дохил карда мешавад. Бо воситаи он арзиши ҷории ҳаҷми истехсолот бо нархҳои ҷори ифода карда мешавад.
Дефлятор асосан ба молу хадамоте, ки онро ба вуҷуд меорад алоқаманд мебошад. Индекси нархҳои чакана бошад, фақат бо молҳои сабати истеъмолӣ дохил буда алоқаманд мебошад.
Дефляторӣ МУМ=ХИ/ХИ 100
Дар ин ҷо:
МУМ – маҳсулоти умумии миллӣ.
ХИ – ҳаҷми истеъмол дар соли ҷори дар ифодаи нархҳои ҷорӣ

ХИ – бошад ҳаҷми истеъмол дар соли ҷори дар ифодаи нархҳои базавӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.