Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Фанни таълимии «Ташкили назорати гумрукии асъор» барои масъалаҳои мукаммалгардонии ташкили назорати асъор ҳангоми рушди муомилоти тиҷорати хориҷӣ аз тарафи иштирокчиёни ФИХ, инчунин тартиби гузаронидани тафтишоти (ревизия) гумрукӣ дар фаъолияти иштирокчиёни ФИХ мусоидат менамояд.Нақша:
1. Мақсад ва моҳияти фанни «Ташкили назорати гумрукии асъор»
2. Моҳият, шакл ва шартҳои рушди ФИХ
3. Шаклҳои асосии алоқаҳои беруниқтисодӣ

Адабиёт:
1. Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,№573 аз 25 ноябри соли 2004 қабул шудааст;
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», №383 аз 02.12.1996 бо иловаҳо №548 аз 5 августи 2009 сол.; Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» аз 27.12.1993;
3. Основы таможенного дело. В.Г. Дроганов., Москва, 1998 изд. «Эономика»;
4. Асосҳои фаъолияти гумрукӣ. М. Оймаҳмадов. Душанбе, Ирфон 1998;
5. Танзими муносибатҳои иқтисодии гумрукӣ. Орифов А.О., Азизов Ф.Ҳ.. «Хуросон», Хуҷанд-2009

1. Мақсад ва моҳияти фанни «Ташкили назорати гумрукии асъор»
Фанни таълимии «Ташкили назорати гумрукии асъор» барои масъалаҳои мукаммалгардонии ташкили назорати асъор ҳангоми рушди муомилоти тиҷорати хориҷӣ аз тарафи иштирокчиёни ФИХ, инчунин тартиби гузаронидани тафтишоти (ревизия) гумрукӣ дар фаъолияти иштирокчиёни ФИХ мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи омӯзиши фанни мазкур донишҷӯн бояд:
-аз худ намоянд:
принсипҳо ва методҳои асосии ташкили назорати асъор ҳангоми муомилоти тиҷорати хориҷие, ки аз тарафи иштирокчиёни ФИХ бо асъори хориҷӣ содир карда мешавад; мафҳумҳои асосие, ки дар соҳаи ташкили назорати асъор мавҷуд аст
– омӯзанд:
қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тартиби амалигардонии ташкили назорати асъор ҳангоми муомилоти тиҷорати хориҷие, ки аз тарафи иштирокчиёни ФИХ содир карда мешавад
– тавонанд:
қабули қарори мустақилона вобаста ба масъалаҳои ташкили назорати асъордар минтақаҳои гуногуни гумрукӣ.
Фанни «Ташкили назорати гумрукии асъор» самти махсуси омӯзиши сохтори мақомоти гумрукӣ ба роҳ монда, ҳамкории онро бо дигар ташкилотҳои назоратӣ меомӯзад.
Ҳангоми омӯзиши мукаммали фанни мазкур донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки ба дониши назариявӣ ва амалии комплексӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин ҳангоми омӯзиши масъалаҳои фаъолияти асъорӣ,масъалаҳои танзим ва назорати асъор соҳиб шаванд.
Барномаи омӯзиши фанни мазкур чунин ба нақша гирифта шудааст, ки диққати донишҷӯ ба ҳолатҳои асосии ташкили назорати асъор ва сиёсати молиявӣ – пулие, ки аз тарафи Бонки миллӣ гузаронида мешавад, ҷалб карда шавад.

2. Моҳият, шакл ва шартҳои рушди ФИХ
Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ФИХ) – ин фаъолияти бурунмарзии корхона, ташкилот ва ё давлат мебошад, ки бо содирот ва ё воридоти молу хизматрасонӣ алоқаманд аст. ФИХ яке аз шохаҳои алоқаҳои беруниқтисодӣ мебошад, ки қисми ташкилӣ, иқтсодӣ ва тиҷоратии фаъолияти ташкилотро дарбар мегирад, ки ба ҳамкории мутақобила бо шарикони хориҷӣ равона карда шудааст.
Ба намудҳои ФИХ дохил мешавад:
– фаъолияти тиҷорати хориҷӣ;
– ҳамкории байналхалқии инвеститсионӣ;
– кооператсияи истеҳсолии байналхалқӣ;
– амалиётҳои молиявию асъорӣ ва қарзӣ;
– ҳамкории байналхалқии илмӣ – техникӣ.
Фаъолияти тиҷорати хориҷӣ – ин соҳибкорӣ дар соҳаи мубодилаи байналхалқии мол, кору хизматрасонӣ, инчунин натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ мебошад.
Шаклҳои зоҳиршавии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ чунин мебошад:
– содирот;
– воридот;
– реимпорт;
– реэкспорт.
Ҳамкории байналхалқии инвеститсионӣ – ин ҳамкории мутақобила бо шарикони хориҷӣ дар асоси муттаҳидгардонии дороиҳои молиявӣ ва моддӣ – техникӣ мебошад. Мақсади чунин ҳамкорӣ – васеъ намудани истеҳсолоти маҳсулотҳои содиротӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонӣ ва осон намудани раванди амалигардонии он дар бозор мебошад.
Ҳамкории байналхалқии инвеститсионӣ дар амал дар чунин шаклҳо зоҳир мегардад:
– лизинги молиявии байналхалқӣ;
– ташкили корхона бо иштироки сармлоягузорони хориҷӣ
Кооператсияи истеҳсолии байналхалқӣ – ҳамкорӣ байни шарикон барои васеъ намудани истеҳсолоти маҳсулот дар раванди тақсимоти технологии меҳнат ба ҳисоб меравад.
Кооаератсияи истеҳсолии байналхалқӣ мутобиқи таснифоти Комиссияи иқтисодии Аврупо дар чунин шаклҳо зоҳир мегардад:
– додани иҷозатнома барои истеҳсоли намуди мушаххаси мол бо маблағи муайян;
– дастрас намудани таҷҳизотҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли намуди мушаххаси мол бо маблағи муайян;
– истеҳсолоти муштарак дар асоси махсусгардонии истеҳсолот;
Амалиётҳои молиявию асъорӣ ва қарзӣ – ба сифати як намуди ФИХ аз як тараф ҳамчун мушоияткунандаи сизиши беруниқтисодӣ дар намуди ӯҳдадориҳои молиявие, ки бо таъминоти пардохт алоқаманд аст, дида баромада шуда, аз тарафи дигар ба сифати амалиётҳои мустақил, ки ба мақсади пешгирӣ намудани зараре, ки дар натиҷаи пасту баланд шудани қурби асъор ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, гузаронида мешавад, дида баромада мешавад.
Ҳамкории байналхалқии илмӣ – техникӣ – дар намуди мубодилаи техникӣ, иҷроиши таҳқиқотҳои илмӣ дар асосӣ фармоши тарафҳо зоҳир мегардад.
Вазифаҳои асосии ФИХ:
1. Ба рушди боустувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад;
2. Барои муқоиса намудани маҳсулотҳои истеҳсоли миллӣ бо маҳсулотҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд;
3. Афзалиятҳои тақсимоти байналхалқии меҳнатро амалӣ менамояд.
ФИХ аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ танзим карда мешавад. Танзими давлатии ФИХ аз ду усул иборат мебошад:
– танзими тарифӣ;
– танзими ғайри тарифӣ.
Танзими тарифии ФИХ ин чунин шакли танзими ФИХ мебошад, ки ба истифодаи тарифи гумрукӣ асос ёфта,бо мақсади танзими воридот ва содирот амалӣ карда шуда, воситаи асосии он муқаррар кардани боҷҳои гумрукӣ ба молҳое, ки аз сарҳади гумрукии ҶТ интиқол дода мешавад, ба ҳисоб меравад.
Танзими ғайритарифии ФИХ – чораҳои танзими давлатии ФИХ ба ҳисоб рафта, бидуни истифодаи тарифи гумрукӣ амалӣ карда мешавад.
Мақомотҳои давлатие, ки танзими ФИХ – ро амалӣ менамоянд:
1. Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Мақсади асосӣ – амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ФИХ, мутобиқгардонӣ ва танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ташкилотҳои миллӣ, танзими муносибатҳои қарзӣ – асъорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ҷойгиркунии онҳо дар қаламрави гумрукии ҶТ.
2. Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати ҶТ – мақомоти марказии ҳифзиҳуқуқӣ дар соҳаи ФИХ.
Вазифаҳои асосӣ:
– бехатарии иқтисодиро таъмин мекунад ва манфиатҳои давлатро ҳимоя менамояд;
– бо ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мубориза мебарад ва риояи қонунгузориро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд;
– пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукиро меситонад;
– назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукиро амалӣ менамояд;
– омори гумрукии савдои беруна ва НМФИХ-ро пеш мебарад;
– иҷроиши ӯҳдадориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон
Вазифаи асосӣ: манфиатҳои давлатро дар бонкҳои дигар давлатҳо, дар ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ҳимоя мекунад; ба бонкҳои тиҷоратӣ барои иҷроиши амалиётҳои молиявӣ бо асъори хориҷӣ иҷозатнома медиҳад.
Ҳамчун мақоми идоракунанда дар соҳаи ФИХ Бонки миллӣ идораи захираҳои расмии тиллоию асъории кишварро амалӣ менамояд, дар фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратӣ назорати асъорро амалӣ менамояд.
Маҷмӯи беруниқтисодии кишвар ва сохтори он
Асоси моддии ФИХ – ро маҷмӯи беруниқтисодӣ ташкил медиҳад. Маҷмӯи беруниқтисодии кишвар ин маҷмӯи соҳаҳо ва зерсоҳаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои содиротӣ ва истеъмолкунандагони молҳо ва хадамоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба сохтори маҷмӯи беруниқтисодӣ ташкилотҳо – истеҳсолкунандагон ва зерсохторҳои ба ФИХ мусоидаткунанда иборат мебошад. Ба зерсохторҳои ба ФИХ мусоидатткунанда дохил мешавад:
– сохторҳои машваратӣ – маълумотӣ;
– системаҳои бонкию кредитӣ;
– ташкилотҳои суғуртавӣ;
– бозорҳои аввалияи молӣ;
– ташкилотҳои миёнарав
– хадамотҳои нақлиётӣ – экспидиторӣ;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.