Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


КОНСЕПСИЯИ РУШДИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ҲАМКОРИИ ОН БО ДИГАР СОХТОРҲОИ НАЗОРАТӢ

Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКонсепсия) ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Консепсия асоси таҳияи барномаю нақшаҳои рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дурнамои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлат ба шумор меравад.Нақша:
1. Дурнамои самтҳои мукаммалгардонии кори мақомотҳои гумрукӣ
2. Амалигардонии масъалаҳои ба пешгузошташуда, дар марҳилаи муосир
3. Тартиби ҳамкории мутақобилаи ХГҲҶТ ва Хадамоти давлати назорати молияивию буҷетӣ

Адабиёт:
1. Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,№573 аз 25 ноябри соли 2004 қабул шудааст;
2. Консепсияи рушди мақомоти гумрукии ҶТ, қарори Ҳукумати ҶТ аз31.10.2008 таҳти №525.; Асосҳои фаъолияти гумрукӣ. М. Оймаҳмадов. Душанбе, Ирфон 1998

1. Дурнамои самтҳои мукаммалгардонии кори мақомотҳои гумрукӣ
Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКонсепсия) ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Консепсия асоси таҳияи барномаю нақшаҳои рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дурнамои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлат ба шумор меравад.
Мақсади Консепсия муайян намудани роҳҳои самараноки амалисозии вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барои ноил гардидан ба мақсади мазкур иҷрои вазифаҳои зерин зарур мебошанд:
– баланд бардоштани сифати танзими гумрукӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавии даромадҳо ба Буҷети давлатӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, муҳофизати объектҳои моликияти зеҳнӣ ва дастгирии фаъолияти савдои хориҷӣ;
– такмили фаъолияти маъмурияти гумрукӣ, аз ҷумла рушди системаи идоракунии таваккал дар асоси амалисозии расмиёти гумрукӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ;
– таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ ва созмонҳои миллӣ, хориҷию байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи силоҳ, маводи нашъаовар ва маҳсулоти қалбакӣ (контрафактӣ), ҳамчунин ҳангоми таъмини амнияти иқтисодӣ, экологӣ ва радиатсионӣ.
Татбиқи вазифаҳои зикршуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини низоми ҳуқуқии босуботи савдои берунаро пешбинӣ намуда, ба принсипҳои зерини байналмилалии аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии гумрук маъқулдониста асос ёфтааст:
– стандарткунонӣ ва такмили қонунгузории гумрукӣ, таҳияи меъёр, қоида ва расмиёт бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ;
– шаффофият ва пешгуипазирӣ. Қонунгузории гумрукӣ, меъёр, қоида ва расмиёт дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба таври мунтазам иҷро карда шуда, якхела ва ба ҳама маълум бошад ва ба маълумоти ҳамаи шахсони манфиатдор расонида шавад;
– дахолати камтарин. Мақомоти гумрук ба ҳадди имкон принсипҳои интихоби ва кифоягии назорати гумрукиро риоя намуда, системаи идоракунии таваккалро истифода мебарад;
– тавҷеҳ ба истеъмолкунанда. Фаъолияти маъмурияти гумрукӣ барои баланд бардоштани сифати гузаронидани расмиёти гумрукӣ нисбати шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, ҳамчун иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ равона карда мешавад;
– ҳамкорӣ ва шарикӣ. Фаъолияти мақомоти гумрук густариши ҳамкориро бо ҳамаи иштрокчиёни раванди савдои хориҷӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ҷамъиятҳои соҳибкорӣ ва мақомоти гумруки дигар давлатҳо пешбинӣ менамояд;
– тавозун дар бобати таносуби байни назорати гумрукӣ дар самти таъмини амният ва чораҳои ба рушди савдо мусоидаткунанда.
Ба сифати заминаи фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои наве истифода хоҳанд шуд, ки дар меъёрҳои стандартии таъмини амният ва сабукгардонии савдои ҷаҳонӣ муайян гардида, аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии гумрук қабул ва аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудаанд.
Аз як тараф, муносибатҳои нав нисбати маъмурияти гумрукӣ ба амал меоянд, ки онҳо таъмини самаранокии бештари онро ҳангоми сабукгардонии беруна ва тезонидани барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ интиқолёбандаро дар назар дошта, аз тарафи дигар ин муносибатҳо ёрӣ мерасонанд, ки мушкилоти вобаста ба паст кардани арзиши гумрукии молҳо ва аз тарафи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ нодуруст декларатсия кардани онҳо ҳал карда шавад.
Самаранокии рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи нишондодҳои зерин баҳо дода мешавад:
– дараҷаи назорати риояи қонунгузории гумрукӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ;
– сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ;
– сарфи вақт барои гузаронидани расмиёти гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ интиқолшаванда, бо шарти таъмини назорати гумрукии самаранок;
– фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ.
Афзалияти самтҳои алоҳидаи фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тибқи вазифаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда тағйир ёбад.

2. Амалигардонии масъалаҳои ба пешгузошташуда дар марҳилаи муосир
Бо мақсади татбиқи муносибатҳои нав дар фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чорабиниҳои зерин оид ба такмили маъмурияти гумрукӣ иҷро карда шаванд:
– ободонии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ташкили анборҳо, терминалҳои гумрукии замонавӣ;
– ҷойгиркунии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар биноҳое, ки моликияти давлатӣ мебошанд;
– ташкили шабакаи комплексҳои статсионарӣ ва сайёри назоративу муоинавӣ;
– ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти таҳлили амалияи ҳуқукӣ ва тағйироти ба меъёрҳои байналмилалӣ дохилгардида;
– ҷорӣ намудани воситаҳои нави таъминоти иттилоотию техникии фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– таъсиси системаи ягонаи автоматикунонидашудаи ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот ҳангоми ба амал баровардани назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла мувофиқсозии базаҳои маълумоти мақомоти андоз ва мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– таъсиси маркази амалиётӣ барои коркарди маълумот ва қабули қарор;
– такмили технологияи ташаккул ва пешбурди маълумоти омории гумрукӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ;
– пурзўр намудани назорати гумрукӣ баъди иҷозат додани мол ба муомилот дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (анҷом додани назорат дар асоси усулҳои аудит).
Баҳодиҳии фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа аз рўи меъёрҳои самараноки ба натиҷаи ниҳоӣ равонагардида анҷом дода мешавад.
Таҳияи стратегияи комплексии таъминоти кадрии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад. Дар ин самт ба сифати тайёрии касбии кадрҳо, такмили дониш ва малакаи онҳо, амалияи идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии системаи музди меҳнат ва обрўи касб, инчунин ба такмили базаи моддию техникӣ ва таълимию илмии Донишкадаи такмили ихтисос таваҷҷўҳи махсус дода мешавад.
Ҳамчунин, рушди самтҳои зерини фаъолият ба нақша гирифта мешавад:
– таъмини ҷамъкунӣ ва гирифтани маълумоти фаврии пешакӣ бо истифодаи манбаъҳои гуногун, аз ҷумла манбаъҳои хориҷӣ, бо мақсади пешгирии расонидани зарар ба манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат (қочоқи силоҳ, маводи нашъаовар, маҳсулоти қалбақӣ (контрафакт) ва пастсифат, нодуруст арз намудани арзиши гумрукӣ ва декларатсиякунонӣ);
– ҳамкории байналмилалии таъминкунандаи мубодилаи иттилоотии дорои аҳамияти фавридошта, гузаронидани амалиёти муштарак бо намояндагони мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ;
– анҷом додани санҷишҳои фаврии пешакӣ дар тамоми шабакаҳои таҳвили мол бо истифода аз усулҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва кофтукови таҳлилӣ;
– мубориза бо зуҳуроти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои вазифавӣ дар мақомоти гумрук.
Ҳамкории байналмилалӣ рушди заминаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва маъмурии соддагардонии расмиёти гумрукиро пешбинӣ мекунад. Васеъ кардани доираи шарикони тиҷоратӣ ва ҷустуҷўи бозорҳои нави фурўши молҳо ва хизматрасониҳо зарурати густариши муносибатҳои дуҷониба ва фаъолгардонии иштироки давлатро дар иттиҳодияҳою созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба миён мегузорад, ки он дар навбати худ зарурати беҳтар намудани сифат ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти намояндагиҳои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа тақозо менамояд. Ҳамкории байналмилалӣ аз рўи самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
– иштирок дар ташаккули иттиҳоди гумрукии назди Ҷомеаи иқтисодии ЕвроОсиё, гузариш ба татбиқи Ҳуҷҷати ягонаи маъмурии Иттиҳоди Аврупо ҳангоми иҷрои расмиёти марбут ба содирот, воридот ва транзити мол, мувофиқасозии низоми транзити гумрукии байналмилалии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаҳои транзитии давлатҳои минтақаи ЕвроОсиё;
– ҳамоҳангсозии меъёру қоидаҳои қонунгузории танзимкунандаи масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии ЕвроОсиё ва давлатҳои қаламрави онҳо Фазои ягонаи иқтисодиро ташаккулдиҳанда, ҳамчунин тайёр намудани созишномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гумрукӣ;
– фаъолгардонии иштироки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ, дигар ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи танзими гумрукӣ;
– идома додани истифодаи ҳуҷҷатҳои транзитии байналмилалӣ тибқи Конвенсияи гумрукӣ оид ба интиқоли байналмилалии борҳо дар асоси истифодаи китобчаи МДП (соли 1975) ва Созишнома дар бораи интиқоли боркашонии байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан;
– густариши амалияи бастани созишномаҳо дар бораи мубодилаи иттилоотии байниидоравӣ ва кўмак дар масъалаҳои гумрукӣ бо мақомоти гумрукии кишварҳои дигар, пеш аз ҳама бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил, Ҷомеаи иқтисодии ЕвроОсиё, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхаӣ, ҳамчунин бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка;
– тайёр намудани кадрҳо дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи гумруки Федератсияи Россия ва Маркази минтақавии омўзиши Созмони умумиҷаҳонии гумрук.

3. Тартиби ҳамкории мутақобилаи ХГҲҶТ ва Хадамоти давлати назорати молияивию буҷетӣ
Хадамоти давлати назорати молияивию буҷетӣ ва ХГҲҶТ бо мақсади таъмини самаранокии назорат аз болои аз тарафи резидентон ва ғайрирезидентон иҷро гардидани санадҳои қонунгузории асъори ҶТ ва санадҳои мақомотҳои танзими асъор, ташкили системаи муқовимат бо қонуншиканиҳои қонунгузории асъор ҳамкории самаранокро ба роҳ мондаанд.
Самтҳои асосии ҳамкории мақомотҳои номбурда зерин ба ҳисоб меравад:
– мубодилаи маълумотҳо вобаста ба амалигардонии фаъолияти ҳифзиҳуқуқӣ;
– мубодилаи санадҳои ҳуқуқӣ, амалигардонии чорабиниҳои якҷоя, тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба масъалаҳои назорати асъор;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.