Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗИИ БОНКИ МИЛЛИИ ҶТ ДАР МАРҲИЛАИ МУОСИР

Сиёсати пулию қарзӣ яке аз қисмҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Сиёсати пулию қарзӣ – ин маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз тарафи банки марказии кишвар дар якҷоягӣ бо ҳукумати кишвар дар соҳаи ташкили муносибатҳои пулию қарзӣ бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар муомилот амалӣ карда мешавад. Бо ёрии чунин чорабиниҳо бо мақсади танзими рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳолот, таъминоти шуғли аҳолӣ, мӯтадилии алоқаҳои беруниқтисодӣ таъсири сиёсати пулию қарзӣ ба раванди такрористеҳсолӣ таъмин карда мешавад.Нақша:
1. Самтҳои асосиии сиёсати пулию қарзии Бонки миллии ҶТ дар марҳилаи муосир
2. Сиёсати асъорӣ ҳамчун як қисми сиёсати пулию қарзии Бонки миллии ҶТ
3. Намудҳои сиёсати асъорӣ
Адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», №383 аз 02.12.1996 бо иловаҳо №548 аз 5 августи 2009 сол.;
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», №648 аз 23.03.1998 бо иловаҳо №524 аз 19 майи 2009 сол.;
3. Кодекси гаждании ҶТ (қисмҳои 1,2,3);
4. И.Н. Герчикова. Международные экономические организации.//М: \”Консалтинг\” – 2000

1. Самтҳои асосиии сиёсати пулию қарзии Бонки миллии ҶТ дар марҳилаи муосир
Сиёсати пулию қарзӣ яке аз қисмҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Сиёсати пулию қарзӣ – ин маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз тарафи банки марказии кишвар дар якҷоягӣ бо ҳукумати кишвар дар соҳаи ташкили муносибатҳои пулию қарзӣ бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар муомилот амалӣ карда мешавад. Бо ёрии чунин чорабиниҳо бо мақсади танзими рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳолот, таъминоти шуғли аҳолӣ, мӯтадилии алоқаҳои беруниқтисодӣ таъсири сиёсати пулию қарзӣ ба раванди такрористеҳсолӣ таъмин карда мешавад.
Дар шароити муосир давлатҳое, ки иқтисодиёташон иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб меравад, чунин намудҳои сиёсати пулию қарзиро истифода мебаранд:
– сиёсати экспансияи қарз (ё пулҳои «арзон»);
– сиёсати рестриксияи қарз (ё пулҳои «қимат»).
Сиёсати экспансияи қарзӣ бонки марказӣ барои зиёд намудани захираҳои бонкҳои тиҷоратӣ равона карда шудааст, ки дар натиҷа миқдори амалиётҳои бонкҳои тиҷоратӣ зиёд гардида барои зиёд шудани ҳаҷми пул мусоидат мекунад.
Сиёсати рестриксияи қарзӣ захираҳои бонкҳои тиҷоратиро маҳдуд мегардонад, ки барои кам гаштани амалиётҳои бонкҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд ва дар натиҷа ба кам гаштани ҳаҷми пул оварда мерасонад.
Усулҳои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ зерин ба шумор меравад:
1. Сиёсати бақайдгирӣ – яке аз усулҳои маъмултарин ва санҷидашудаи танзими қарз ба ҳисоб меравад. Агар мизони бақайдгирӣ баланд карда шавад, амалиётҳои бонкҳои тиҷоратӣ вобаста ба додани қарз кам гашта, пешниҳоди пул дар иқтисодиёт паст мешавад. Агар мизони бақайдгирӣ паст карда шавад, амалиёт баръакс мешавад: амалиётҳои бонкҳои тиҷоратӣ вобаста ба додани қарз зиёд гашта. пешниҳоди пул дар иқтисодиёт зиёд мегардад.
2. Амалиётҳо дар бозори кушод – харидорӣ ва ё фурӯши қоғазҳои қиматнок аз тарафи бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ.
3. Муқарар намудани меъёри ҳатмии захираҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар – ин усул ба захираҳои бонкҳо таъсири бовосита мерасонад. Мутобиқи ин усул бо мақсади танзими ҳаҷми пул меъёри муаяни захираҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар суратҳисоби онҳо дар бонки марказӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мақсадҳои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ:
1. Мақсадҳои аввалия – мӯътадилии нарх, шуғли пурраи аҳолӣ, рушди мӯтадили иқтисодиёт, мӯтадилии беруниқтисодӣ;
2. Мақсадҳои тактикӣ – шакли каҷхатаи пешниҳоди пул, сатҳи афзоиши ҳаҷми пул;
3. Мақсадҳои муваққатӣ – мизони қарз, ҳаҷми номинали истеҳсолот, сатҳи нарх
Объект ва субъекти сиёсати пулию қарзӣ:
Объекти сиёсати пулию қарзӣ талабот ва пешниҳоди пул дар бозори пулӣ ба ҳисоб меравад.
Ба сифати субъекти сиёсати пулию қарзӣ пеш аз ҳама бонки марказӣ мутобиқи функсияҳои ба зиммааш гузошташуда гузаронандаи сиёсати пулию қарзии давлат, инчунин бонкҳои тиҷоратӣ дар доираи салоҳияти худ ба ҳисоб меравад.
Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои муҳимтарини сиёсати пулию қарзиро барои соли 2014 бо мақсади – нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва таъмини устувории низоми бонкй муайян намуда ва ҳисобот оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Чумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2013 дар бар мегирад.
Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Точ,икистон барои соли 2014:
1. Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти солим ва устувории низоми бонкии кишвар равона мегардад.

Ҳадафи ниҳой. Бо назардошти вазъи нисбатан муътадили бозорҳои молиявй, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонй, таъсири омилҳои хусусияти мавсимй ва маъмурй дошта, дар соли 2014 сатҳи таваррум дар доираи то 7,5 фоиз пешбинй мегардад.
Нишондиҳандаҳои даврие, ки дар ин раванд барои расидан ба сатҳи таварруми пешбинигардида мусоидат менамоянд, ин ҳаҷми пулҳои захиравй, захираҳои софи байналмилалй, дороиҳои софи дохилй ва дороиҳои умумии хориҷй мебошанд, ки танҳо дар натиҷаи истифодаи бомаврид ва саривақтии фишангҳои сиёсати пулию қарзй онҳоро метавон дар доираи барномаи пулию қарзй иҷро намуд.
3. Нишондиҳандаҳои пулй. Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пулию қарзй дар соли 2014 зиёд гардидани сатҳи таъминокии иқтисодиёт бо пул, афзоиши ҳиссаи пасандозҳои бонкй бо пули миллй ва таъмини рушди муътадили нишондиҳандаҳои пулй дар назар аст. Вобаста ба ин, афзоиши миёнасолонаи пулҳои захиравй дар соли оянда то 16,0 фоиз ва афзоиши нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул то 14,0 фоиз пешбинй карда мешавад.
Дурнамои афзоиши дороиҳои умумии хориҷй бошад, дар сатҳи на кам аз 17,0 фоиз пешбинй гардида, дар робита ба ин афзоиши захираҳои софи байналмилалй дар сатҳи на камтар аз 15,0 фоиз пешбинй мегардад.
4. Фишангҳои сиёсати пулию қарзй. Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 бо дарназардошти раванди тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодй, молиявй ва таъсири омилҳои интизорй такмили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзиро ба роҳ мемонад.
Истифодаи меъёрҳои фоизй, бахусус меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмй дар соли оянда вобаста ба тағйирёбии сатҳи таваррум, вазъи бозори молиявй дар кишвар ва тағйирёбии нишондиҳандаҳои пулй ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин, бо мақсади кам намудани таъсири омилҳои монетарй ба сатҳи таваррум ва иҷро гардидани нишондиҳандаҳои барномавй, вусъат додани фаъолияти Кумитаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои пардохтпазирй ва ҳамзамон гузаронидани амалиёт дар бозори озод дар назар аст. Истифодаи бомавриди воситаҳои мазкур метавонад дар ҷараёни татбиқи сиёсати пулию қарзй ва таъсири босамари он ба иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд.

Амалиёт дар бозори озод. Дар соли оянда барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва векселҳои давлатии хазинадорй мувофиқи талаботи ташкилотҳои қарзй идома ёфта, роҳҳои ташаккул ва вусъат додани бозори мазкур бо дарназардошти истифодаи босамари имкониятҳои вуҷуддошта дар назар аст. Дар робита ба ин ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзй бо сиёсати буҷету андоз идома ёфта, он ба фароҳам овардани шароит барои татбиқи босамари Дурнамои сиёсати пулию қарзй нигаронида мешавад.
6. Низоми пардохт. Фаъолияти низоми пардохт яке аз омилҳои муҳими суботи низоми молиявии кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонй, ҷавобгӯ намудани он ба меъёрҳои ҷаҳонй ва бо дарназардошти тавсияи ташкилотҳои молиявии байналмилалй, Бонки миллии Тоҷикистон такмилдиҳии низоми пардохтро дар соли 2014 идома медиҳад.
Вобаста ба ин, баҳри баланд бардоштани самаранокй, эътимоднокй ва бехатарии низоми пардохти Чумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2014 таҳияи “Стратегияи рушди низоми пардохти миллии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ба нақша гирифта шудааст.
7. Рушди низоми бонкй. Баҳри беҳтар намудани фаъолияти
низоми бонкй дар доираи Стратегияи рушди бахши бонкй барои
солҳои 2010-2015, андешидани тадбирҳои зерин дар назар аст:
– идома додани сиёсати солимгардонии бонкҳои аз ҷиҳати молиявй мушкилотдошта бо роҳи такмили сохтори онҳо;
– такмил додани идоракунии босамари дороиҳо ва уҳдадориҳо
дар ҳамаи ташкилотҳои қарзй;
– вусъат додани ҳаҷми қарздиҳй ба бахшҳои асосии
иқтисодиёт ва зиёд намудани дастрасии муштариён ба қарздиҳии
хурд;

баҳри беҳтар гардонидани ҷараёни қарздиҳй ва паст намудани хавфи қарзй дар низоми бонкй, мусоидат намудан ба фаъолияти Бюрои қарзй;
қонеъ намудани талаботи аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва соҳибкории хурду миёна бо хизматрасониҳои бонкй бо роҳи зиёд намудани шумораи филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзй;
– вусъат додани фаъолияти бозори байнибонкии қарзй;

таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзй баҳри зиёд намудани эътимоди муштариён ва ҷалби сармояи дохилй;
бо мақсади пурзур намудани танзим ва назорати бонкй такмил додани механизми баҳогузории хавфҳо ва ҷорй намудани таҳлили васеи ҳолати молиявии бонкҳо тавассути сифатан баланд бардоштани низоми автоматикунонии коркарди ҳисоботҳои молиявии онҳо;
таъмини шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявй;

васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдй бо роҳи татбиқи технологияҳои муосири пардохтй ва ҷорй намудани шаклҳои нави хизматрасониҳо;
мутобиқ намудани қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои ФАТФ ва бастани созишномаҳо бо мақомотҳои кашшофии молиявии хориҷй, ки ба рушди низоми миллй муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.
8. Заминаи ҳуқуқй. Дар соли 2014 баҳри идомаи ислоҳоти
соҳаи бонкдорй такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти
низоми бонкй мутобиқ ба қонунгузории ҷорй дар назар аст. Аз
ҷумла, таҷдид намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим ва
назорати асъор мутобиқ ба Қонуни нави Чумҳурии Тоҷикистон
\”Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” пешбинй шудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонй ва ҷавобгӯ намудани он ба меъёрҳои ҷаҳонй дар самти рушди низоми пардохт, дар соли оянда таҳияи лоиҳаи Қонун “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтй ва низоми пардохт” дар назар аст.
9. Ҳамкориҳои байналмилалй. Яке аз самтҳои асосии
фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 идома
додани ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои молиявии
байналмилалй ва дигар бонкҳои марказии кишварҳои хориҷаи
дуру наздик дар самти татбиқи барномаҳои маблағгузории
Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар соли оянда мутобиқи Стратегияи миллии рушди Чумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2015, ҳамкориҳои судмандро бо шарикони байналхалқй ва маблағгузорони хориҷй ҷиҳати ҷалби бештари қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва сармоягузорй ба иқтисодиёти кишвар равона созад.

2. Сиёсати асъорӣ ҳамчун як қисми сиёсати пулию қарзии Бонки миллии ҶТ ва намудҳои он
Сиёсати асъорӣ якке аз қисмҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, низоми гардиши асъори миллӣ ва хориҷӣ дар кишвар, инчунин ҷорӣ намудан ва ё боздоштани маҳдудиятҳоро дар соҳаи танзим ва назорати асъор муайян менамояд. Сиёсати асъорӣ ин фаъолияти мақсадноки давлат оид ба истифодабарии мақсадноки воситаҳои асъорӣ ба ҳисоб меравад. Мазмуни сиёсати асъорӣ хеле васеъ буда, аз ташаккули самтҳои асосӣ ва истифодаи воситаҳои асъорӣ, коркарди чорабиниҳое, ки ба истифодаи самараноки ин воситаҳо равона карда шудааст, иборат мебошад. Соҳаи истифодаи сиёсати асъорӣ ин бозори асъор ва бозори сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ба ҳисоб меравад. Сиёсати асъорӣ, ҳамчун як қисми сиёсати пулию қарзӣ ба бартараф намудани таъсироти манфӣ дар соҳаи истеҳсолот мавҷуд аст, таъмини рушди иқтисодиёт, нигоҳ доштани сатҳи тавозуни пардохт, нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва шуғли аҳолӣ ва ғ. равона карда шудааст. Ин сиёсат маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки барои мустаҳкам гардонидани ҳолати асъорию молиявии давлат ва қурби асъорӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ, боздоштани содироти сармоя ба хориҷа, ҷалби сармояи хориҷӣ равона карда шудааст.
Мақсади асосии сиёсати асъорӣ ин мусоидат намудан ба мӯътадилии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин нигоҳ доштани сатҳи банақшагирифташудаи таваррум мебошад.
Ҷузъҳои сиёсати асъории давлат ин иштироки он дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, пеш аз ҳама дар Фонди байналхалқии асъор, инчунин мутобиқ намудани фаъолият дар соҳаи танзими асъор бо дигар давлатҳо мебошад.
Олоти асосии сиёсати асъории давлат интервенсияи асъорӣ мебошад. Интервенсияи асъор ин аз тарафи бонки марказии кишвар харидорӣ ва ё фурӯши асъори хориҷӣ бо мақсади таъсир расонидан ба қурби асъри миллӣ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.