Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


ҚУРБИ АСЪОР ВА ОМИЛҲОИ БА ҲАҶМИ ОН ТАЪСИРКУНАНДА

Қурби асъор яке аз унсурҳои асосии асъор мебошад ва ба бисёр ҷараёнҳои иқтисодии дар мамлакат ҷойдошта таъсири калон мерасонад. Бо ёрии қурби асъор нархи молҳо ва хизматҳои гуногун истеҳсолшуда муқоиса карда мешавад. Ба сатҳи қурби асъор рақобатнокии молҳои миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми содирот ва воридот вобаста аст.Нақша:
1. Мафҳуми қурби асъор ва аҳамияти он барои иқтисодиёти кишвар
2. Таъсири қурби асъор ба тиҷорати хориҷӣ
3. Омилҳое, ки ба ташаккулёбии қурби асъор таъсир менамояд: сохторӣ ва конъюктурӣ
4. Интервенсияи асъорӣ ва тартиби гузаронидани он
Адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ш.Душанбе 04.11.1995;
2. Танзим ва назорати асъор. Абдуҳамидова Г.М., Комплекси таълимӣ – методӣ, Хуҷанд, 2013

1. Мафҳуми қурби асъор ва аҳамияти он барои иқтисодиёти кишвар
Қурби асъор яке аз унсурҳои асосии асъор мебошад ва ба бисёр ҷараёнҳои иқтисодии дар мамлакат ҷойдошта таъсири калон мерасонад. Бо ёрии қурби асъор нархи молҳо ва хизматҳои гуногун истеҳсолшуда муқоиса карда мешавад. Ба сатҳи қурби асъор рақобатнокии молҳои миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми содирот ва воридот вобаста аст.
Қурби асъор – нархи воҳиди пули мамлакат, ки ба воҳиди пули дигар мамлакат ифода меёбад.
Дар натиҷаи тараққиёти шаклҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ба қурби асъор, хусусан қобилияти харидории асъор, таъсир мерасонад, ки ба назардошти он сатҳи миёнаи нархи миллии молҳо, хизматҳо, сармоягузориҳо муайян карда мешавад. Дар асоси ин омил ду усули муайяннамоии нархи асъор ҷой дорад.
1. Қурби номиналиии асъор – нархи нисбии асъорҳои ду мамлакат, ё ин ки асъори як мамлакат, ки дар воҳидҳои пулии мамлакати дигар ифода ёфтааст. Масалан, 1 доллари ИМА ба 4,45 сомонӣ баробар аст.
Қурби номиналии асъор барои ҳисоби муомила ва ҳисоббаробарунии ҷорӣ бо мизоҷон аз тарафи субеъктҳои бозори асъор истифода мешавад.
2. Қурби аслии асъор – ин қурбе мебошад, ки бо назардошти тағирёбии сатҳи нархҳо дар ду давлати муқоисашаванда ҳисоб карда мешавад. Ё ба таври дигар ин нархи нисбии молҳои истеҳсолшуда дар ду давлат аст. Сатҳи нарх бо намояи нарх муайян карда мешавад.
Қурби аслии асъор рақобатнокиро дар бозори ҷаҳонии молҳо ва хизматҳо муайян мекунад. Истеҳсолкунандагон ва харидорони молҳо ва хизматҳо ба ёрии қурби ҳақиқии асъор нархҳои миллиро бо нархҳои дигар мамлакатҳо муқоиса менамоянд. Дар натиҷаи муқоиса дараҷаи фоиданокии тараққиёти ин ё он истеҳсолот дар ин мамлакат, ё ин ки сармоягузорӣ дар хориҷа ошкор карда мешавад.
Таносуби нархҳо дар асоси талабот ва пешниҳод ба асъори муайян дар шароити бозори озод ё ин ки низоми сатҳи идоракуни давлатӣ ё ин ки мақомотҳои молияви-қарзӣ, одатан бонки маркази муқаррар мекунад.
Қурби асъор зарур аст барои :
– ивази ҳамдигари асъорҳо дар вақти савдои молҳо, хизматҳо, дар гардиши сармояҳо ва қарзҳо;
– муқоисаи нархҳои ҷаҳони ва бозорҳои миллӣ.
Намудҳои қурби асъор.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои интихоб намудаи гурӯҳбанди қурби асъорҳо ба чунин намудҳо ҷудо менамоянд:
Қурби асъори «шиноварӣ» – мутаносибии қурби байни асъори миллӣ ва асъори давлатҳои дигаре, ки дар натиҷаи талабот ва пешниҳод дар бозори асъорӣ муайян мешавад, мефаҳманд.
Қурби асъори сабтшуда (фиксированный). Қурби асъори сабтшуда дар асоси як асъор бо роҳи вобаста кардани воҳиди пули милли ба асъори давлате, ки шарики асосии савдо ба ҳисоб меравад ё ба доллари ИМА, евро, ё ин ки ба асъорҳои давлатҳои ҳамсоя дар асоси чунин нишондиҳандаҳо: ба монанди мутаносиби нархҳо дар давлати зерин, сатҳи захираҳои асъорӣ, хаҷми даромадҳои содироти ва ғайраҳо муайян карда мешавад.
Қурби кросс – ин нархгузори ду асъори хориҷӣ, ки иштирокчи хариду фурӯш ягонтояш асъори милли намебошанд. Масалан Бонки Миллӣ хариду фурӯши евроро ба доллари ИМА гузаронанд, он вақт қурби кроссро истифода мебарад, барои ҳисоби таносуби ин асъорҳо бо сомони Тоҷикистон.
Масалан дар Бонки Милли чунин нархгузори асъор муқаррар карда шуданд:
1USD = 4,45 сомонӣ
1EURO = 5,75 сомонӣ
USD\\EURO = 4,45\\5,75
Қурби асъори расмӣ – ин қурби асъорест, ки аз тарафи Бонки Милли давлат муқаррар карда мешавад. Қурби асъори расмӣ барои ҳисоб, андозбандӣ, гузаронидани ҳамаи амалиётҳои асъории давлат хизмат мекунад.
Қурби асъори озод (бозорӣ) – аз рӯи натиҷаҳои харидуфурӯш бо асъор дар асоси қонуни талабот ва пешниҳод муайян карда мешавад.
Вобаста ба муносибат ба иштирокчиёни харидуфурӯши асъор ба қурби харидор, қурби фурӯшанда ва қурби миёна ҷудо мешавад.
Қурби харидор – ин қурбест, ки аз рӯи он бонк асъорро мехарад.
Қурби фурӯшанда – ин қурбест, ки аз рӯи он бонк асъорро мефурӯшад.
Фарқияти байни қурби фурӯшанда ва қурби харидор қурби миёна номида мешавад, ки барои фаъолияти миёнаравҳо зарур аст (диллерҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ).

2. Таъсири қурби асъор ба тиҷорати хориҷӣ
Қурби асъор дар рушди тиҷорати хориҷии кишварҳо бо роҳи таъсиррасонӣ ба мутобиқатии нархҳои воридоту содирот, тағйир додани вазъияти иқтисодиёти дохилӣ, инчунин таъсиррасонӣ ба сатҳи рақобатпазирии ташкилотҳо ва фоидаи корхонаҳо, таъсири назаррас мерасонад. Қурби асъорро истифода намуда соҳибкор хароҷотҳои истеҳсолии худро бо нархҳои бозори ҷаҳонӣ муқоиса менамояд.
Пастубаландшавии ногаҳонии қурби асъор номӯътадилии муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, аз ҷумла муносибатҳои молиявӣ ва асъорию қарзиро мустаҳкам мегардонад ва оқибатҳои манфии иҷтимоӣ – иқтисодӣ дорад. Хусусан, беқурбшавии асъори миллӣ имконият медиҳад, ки содиротчиёни ин кишвар нархи маҳсулотҳои худро дар асъори хориҷӣ паст намуда, ҳангоми ивази асъори хориҷии қурбаш баландшуда ба асъори миллии қурбаш пастшуда маблағи иловагӣ гирифта, метавонанд молҳои худро бон архи пасттар аз нархи миёнаи ҷаҳонӣ фурӯшанд, ки ин ба зиёдшавии маблағи онҳо аз ҳисоби талафи моддии мамлакати худ оварда мерасонад. Ҳамзамон, пастшавии қурби асъори миллӣ ба қиматшавии воридот оварда мерасонад, зеро содиротчиёни хориҷӣ барои гирифтани миқдори маблағи худ бо асъори миллии кишвари молқабулкунанда маҷбур ҳастанд, ки нархи моли худро баланд намоянд, ки ин боиси афзоиши нархи ин мол дар ин кишвар, камшавии воридоти ин мол ба ин кишвар ва ё сабаби рушди истеҳсолоти мол дар дохили кишвар бар ивази моли воридотӣ мегардад.
Пастшавии қурби асъор қарзи ҳақиқии бо асъори миллӣ ифодаёфтаро кам намуда, қарзҳои берунаи бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро зиёд менамояд. Дар ин ҳолат содироти фоида, фоизҳо, дивиденде, ки аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ дар ин кишвар гирифта мешавад, муфид нест. Чунин фоида азнавмаблағгузорӣ карда мешавад ё ки барои харидории молҳо бо нархҳои дохилӣ бо мақсади содироти онҳо истифода бурда мешавад.
Дар кишваре, ки қурби асъори миллӣ баланд аст, ҳаҷми воридоти мол афзоиш ёфта, воридоти сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба ин кишвар зиёд мешавад, инчунин содироти фоидаҳо оид ба маблағгузориҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Ҳаҷми ҳақиқии қарзи беруние, ки бо асъори хориҷии қурбаш пастшуда ифода гаштааст, кам мешавад.
Бисёр кишварҳо қурби асъорро барои ҳалли мушкилиҳои худ дар соҳаи рушди иқтисодиёт ва ё дар соҳаи ҳимоя аз хатари асъорӣ истифода мебаранд. Барои ин як қатор чорабиниҳо мавҷуд аст: сунъӣ паст намудан ва ё баланд намудани қурби асъори миллӣ , истифодаи тариф ва иҷозатнома, истифодаи механизми интервенсияи асъор.
Қурби баландкардашудаи асъори миллӣ – ин қурби расмие, ки аз сатҳи қурби паритетӣ баланд муқарар карда шудааст.
Қурби пасткардашудаи асъори миллӣ – ин қурби расмие, ки аз сатҳи қурби паритетӣ паст карда шудааст.
Сараввал, дар кишварҳое, ки сунъӣ қурби асъори худро паст намудаанд, бо сабаби рақобатпазирии содирот, авҷи иқтисодиёт дида мешавад. Аммо дар оянда проблемаҳои маҳдудиятҳои азнавтақсимкунии дохилисоҳавӣ ва байнисоҳавии захираҳо пайдо мешавад, қисми зиёди даромад аз ҳисоби кам намудани ҳиссаи истеъмолӣ дар он, ба соҳаи истеҳсолот равона карда мешавад, ки ин ба баландшавии нархҳои истеъмолӣ дар кишвар оварда мерасонад, ки боиси паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Инчунин, доимо сунъӣ дар сатҳи муайян нигоҳ доштани қурби асъор, ки сатҳи ҳақиқии он аз сатҳи қурби паритетӣ куллан фарқ мекунад, ба тағйирёбии мутобиқатии хоҷагии халқ таъсири манфӣ мерасонад.
Пастубаландшавии қурби асъор аз потенсиали асъорию иқтисодии кишвар, квотаи содиротии он, мавқеи он дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ вобаста аст. Қурби асъор ба сифати объекти мубориза байни кишварҳо, содиротчиён ва воридотчиёни миллӣ, сарчашмаи ихтилофоти байни давлати хизмат карда метавонад. Ба қурби асъор миқдори он дар муомилот таъсири калон мерасонд, зеро чи қадаре, ки дар муомилот арзиши асъор паст бошад, ҳамон қадар миқдори он дар муомилот зиёд мешавад ва баръакс. Бояд қайд кард, ки пул бояд бо молҳое, дар кишвар истеҳсол карда мешавад (МУМ), таъмин карда шавад. Афзоиши МУМ (маҳсулоти умумии миллӣ) ҳолати қаноатбахши иқтисодиёт, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ, афзоиши сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт, афзоиши содироти молҳоро мефаҳмонад. Афзоиши сармояи хориҷӣ ва содирот ба афзоиши талабот ба асъори миллӣ аз тарафи хориҷиён оварда мерасонад, ки боиси баландшавии қурби он мешавад. Яъне, афзоиши МУМ ба афзоиши қурби асъор мусоидат мекунад.

3. Омилҳое, ки ба ташаккулёбии қурби асъор таъсир менамояд: сохторӣ ва конъюктурӣ
Тамоми омилҳое, ки ба ташаккулёбии қурби асъор таъсир мерасонад, ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст:
1. Омилҳои конюктурӣ
2. Омилҳои сохторӣ
Ба омилҳои конъюктурӣ, ки ба қурби асъор таъсир мерасонад, дохил мешавад:
1. Вазъияти иқтисодии кишвар: сатҳи таваррум, сатҳи мизони фоиз, фаъолияти бозори асъор, сиёсати асъор, ҳолати баланси пардохт, дараҷаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ва ғ.;
2. Вазъияти сиёсӣ дар кишвар (омилҳои сиёсӣ);.
3. Дараҷаи боварӣ ба асъори миллӣ дар бозори миллӣ ва ҷаҳонӣ (омилҳои психологӣ);
Ба қурби асъор сатҳи истифодаи он дар бозори ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Махсусан, истифодаи афзалиятноки доллари ИМА дар ҳисоббароборкуниҳои байналхалқӣ ва дар бозори байналхалқии сармоя афзоиши доимии талаботро ба он пайдо мекунад ва қурби онро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ медорад.
Ба омилҳои сохторӣ дохил мешавад:
1. Рақобатпазирии молҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва тағйироти он.
2. Афзоиши даромади миллӣ

4. Интервенсияи асъорӣ ва тартиби гузаронидани он
Яке аз олотҳои зарурии сиёсати асъорӣ ин интервенсияи асъорӣ мебошад. Интервенсияи асъорӣ – ин таъсирасонии мақсадноки бонки марказии давлат ба бозори асъор ва қурби асъор, ки бо роҳи харидорӣ ва ё фурӯши миқдори калони асъори хориҷӣ амалӣ карда мешавад, мебошад. Интервенсияи асъорӣ барои танзими қурби асъор амалӣ карда мешавад.
Мақсади асосии интервенсияи асъорӣ – тағйир додани сатҳи қурби асъор ба ҳисоб меравад. Ҳаракати интервенсияи асъорӣ чунин аст: барои баланд бардоштани қурби асъори миллӣ бонки марказӣ бояд асъори хориҷиро фурӯхта, асъори миллиро мехарад. Ҳамин тариқ, талабот ба асъори хориҷӣ паст мешавад ва ин ҳолат боиси баланд шудани талобот ба асъори миллӣ ва баланд шудани қурби он мегардад. Барои паст намудани қурби асъори миллӣ бонки марказӣ асъори миллиро мефурӯшад ва асъори хориҷиро мехарад, ки боиси баланд шудани қурби асъори хориҷӣ ва паст шудани қурби асъори миллӣ мегардад.
Барои интервенсия, ҳамчун қоида, захираҳои расмии асъориро истифода менамоянд ва тағирёбии сатҳи он миқёси мудохилаи давлатиро дар раванди ташаккулёбии қурби асъор нишон медиҳад. Миқёси интервенсияи бонки марказӣ ҳамчун маълумоти махфӣ ба ҳисоб меравад.
Интервенсияҳои расмӣ бо усулҳои гуногун гузаронида мешавад: дар биржаҳо (кушод) ва ё дар бозори байнибонкӣ (махфӣ) бо воситаи брокер ва ё бевосита бо амалиётҳои бонкӣ,дар мӯҳлати муайян ва ё бемӯҳлат гузаронида мешавад.
Интервенсияи асъорӣ бавосита ва бевосита мешавад
Ҳангоми амалигардонии интервенсияи бевосита бонки марказӣ аз номи худ дар бозори асъорӣ ин амалиётро мегузаронад, ки ин ҳолат баъдан аз тарафи оҷонсиҳои ахборотӣ оиди андоза ва мӯҳлати гузаронидани он хабар дода мешавад.

Ҳангоми амалигардонии интервенсияи бавосита амалиётҳ аз тарафи як қатор бонкҳои тиҷоратӣ бо супориши бонки марказӣ амалӣ карда мешавад. Маҳз чунин интервенсия дар таҷриба бисёртар истифада бурда мешавад, зеро ин намуди интервенсия самараи бештар медиҳад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.