Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ХАТАРИ АСЪОРӢ ВА УСУЛҲОИ СУҒУРТАКУНОНИИ ОН

Дар зери мафҳуми хатар (риск) эҳтимоли зарар ва ё фоидаи аз дастрафта, нобоварӣ бо гирифтани фоида фаҳмида мешавад. Хатари асъорӣ қисмати хатари тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба он дучор ҳастанд.Нақша:
1. Мафҳум ва моҳияти хатари асъорӣ ва намудҳои он
2. Мафҳуми хеҷинггардонӣ

Адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ш.Душанбе 04.11.1995;
2. Танзим ва назорати асъор. Абдуҳамидова Г.М., Комплекси таълимӣ – методӣ, Хуҷанд, 2013;
3. В. М. Крашенинникова «Валютное регулирование в системе государственного управления экономикой», Москва – Экономика – 2003. 399 с.

1. Мафҳум ва моҳияти хатари асъорӣ ва намудҳои он
Дар зери мафҳуми хатар (риск) эҳтимоли зарар ва ё фоидаи аз дастрафта, нобоварӣ бо гирифтани фоида фаҳмида мешавад. Хатари асъорӣ қисмати хатари тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба он дучор ҳастанд. Дар зери мафҳуми хатари асъорӣ хатари аз даст рафтани асъор дар натиҷаи дигаргуншавии курси асъор нархҳо нисбати асъори пардохт дар марҳилаи байни имзо намудани шартнома ва ё рухсатномаи қарзӣ ва амалӣ намудани пардохт фаҳмида мешавад. Дар асоси хатари асъорӣ тағйирёбии арзиши аслии ӯҳдадории пулӣ дар марҳилаи додашуда меистад. Ба хатари асъорӣ ҳар ду тараф-иштирокчиёни муомилаи додугирифт дучор ҳастанд.
Дар ҳар як муомилаи харидуфурӯши асъорӣ ё қарзӣ ки баста мешавад, намудҳои гуногуни таваккал вуҷуд дорад, ки шартан онро ба 2 гурӯҳи калон ҷудо намудан мумкин аст: хатари бозорӣ ва хатари контрагентӣ (ҳарифона)
Дар таҷрибаи амалӣ мафҳумҳои «суғуртаи хатари асъорӣ» ва «хеҷинг» (аз англисӣ hedging) ҳастанд. Ин мафҳумҳо аз ҳамдигар аз рӯи аломатҳои зерин фарқ мекунанд:

сатҳи истифодабарии онҳо гуногун аст, чун истилоҳи «суғурта» ҳам аз ҷиҳати миқёси (ҳаҷми) истифодабарӣ ва ҳам аз ҷиҳати субъектҳо васеътар мебошанд. (ширкатҳои суғуртавӣ…)
истилоҳи «суғурта» ҳангоми таҳлили амалиётҳои дарозмӯҳлат истифода мешаванд, «ҳеҷинг» бошад, ҳангоми амалиётҳои кӯтоҳмӯҳлат истифода мегардад.
ва дар охир хеҷинг – қатъиян шакли бозории суғурта мебошад.
Дар таҷрибаи байналхалқӣ се роҳи асосии суғуртаи хатар вуҷуд дорад:
– фаъолияти яктарафаи яке аз шарикон;
– амалиётҳои ширкатҳои суғуртавӣ, кафолати бонкӣ ва давлати;
– розигии тарафайн ҳангоми муомилот.
Интихоби усулҳои асосии суғуртаи хатар аз хусусиятҳои ба худ хос доштаи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ бо давлати шарики хариду фурӯш вобаста аст, ҳамчунин аз қобилияти ба рақобатпазирии мол, аз қобилияти пардохтпазирии шарики муомилот, маҳдудиятҳои асъориву молиявӣ, ки дар давлати номбурда амал мекунад, мӯҳлати пӯшидани хатар, тағйирёбии қурби асъор ва ё мизони фоизӣ дар бозор низ вобастагӣ доранд.

2. Моҳият ва зарурияти «ҳеҷинг»
Ҳеҷинг (аз англисӣ hedging) – ин асбобу воситаҳое, ки барои ҳарчи камтар намудани зарарҳои пасту баландшавии қурби асъор истифода бурда мешавад. Дар зери мафҳуми ҳеҷинггардонӣ амалиётҳои ҷубронӣ, ки аз тарафи харидор ё фурӯшанда дар бозори асъорӣ барои ҳифзи даромади худ дар оянда аз тағйирёбии қурби асъор иҷро мешавад, фаҳмидан мумкин аст.
Ҳеҷинггардонии кӯтоҳмӯҳлат бо ёрии харидуфурӯши форварди ба амал оварда мешавад. Вазифаи муҳим ин малакаи пешгӯи ва пешбинӣ намудани ҳодисаҳоро доштан ва сари вақт аз шартномаҳои фючерсӣ даст кашиданро дар худ ҷой медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.