Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


НАМУДҲОИ АСОСИИ ШАРТНОМАҲОЕ, КИ АЗ ТАРАФИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФИХ БАСТА МЕШАВАД

Шартнома – ин созиши ду ва ё якчанд шахсон оиди муқарар намудан, тағйир додан ва қатъ намудани мунражданосибатҳои ҳуқуқи гаждани мебошад. Мутобии қонунгузории ҶТ созишҳои иқтисоди хориҷӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Тамоми шартномаҳои тиҷорати хориҷиро аз рӯи таъиноташон ба чунин гурӯҳҳо тақсим менамоянд:Нақша:
1. Маълумоти умумӣ дар бораи шартномаҳои тиҷорати хориҷӣ
2. Конвенсияи Вена оиди шартномаҳои хариду фурӯш (1980)
3. Шартҳои базисии молрасонӣ
Адабиёт:
1. Кодекси гаждании ҶТ (қисмҳои 1,2,3),
2. В. М. Крашенинникова «Валютное регулирование в системе государственного управления экономикой», Москва – Экономика – 2003. 399 с.;
3. С.Р. Моисеев «Международные валютно-кредитные отношения» Москва – «Дело и сервиз» – 2003г.;
4. И.Н. Герчикова. Международные экономические организации.//М: \”Консалтинг\” – 2000

1. Маълумоти умумӣ дар бораи шартномаҳои тиҷорати хориҷӣ
Шартнома – ин созиши ду ва ё якчанд шахсон оиди муқарар намудан, тағйир додан ва қатъ намудани мунражданосибатҳои ҳуқуқи гаждани мебошад. Мутобии қонунгузории ҶТ созишҳои иқтисоди хориҷӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Тамоми шартномаҳои тиҷорати хориҷиро аз рӯи таъиноташон ба чунин гурӯҳҳо тақсим менамоянд:
– шартномаҳо оид ба додани мол;
– шартномаҳо оид ба хизматрасонӣ;
– шартномаҳо оид ба иҷрои кор.
Дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ чунин намуди шартномаҳо бисёртар истифода мегардад: шартномаи хариду фурӯш, шартномаи хизматрасонӣ, шартномаҳои миёнаравӣ, шартномаҳои литсензионӣ, агентӣ, молрасонӣ ва ғ. Созишҳои иқтисоди хориҷӣ бо воситаи шартнома (контракт) барасмият дароварда мешавад, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ онро шартномаи байналхалқии хариду фурӯш меноманд. Шартнома дар ҳамон ҳолат байналхалқӣ ба ҳисоб меравад, ки ташкилотҳои тиҷоратии тарафҳои шартномакунанда дар қаламрави давлатҳои гуногун қарор гирифтаанд.
Шартномаи хариду фурӯши байналхалқӣ дар ҳамон ҳолат басташуда ба ҳисоб меравад, ки агар он ба таври зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ба имзо расида бошад, суроғаҳои ҳуқуқии тарафҳодар он нишон дода шуда бошад. Ҳар як шартнома бояд рақами мушаххас, инчунин маълумот дар бораи сана ва ҷойи баста шудани онро дарбар гирифта бошад. Мавҷуд набудани яке аз чунин нишонаҳо барои нодуруст эътироф намудани шартнома гардиданаш мумкин аст.
Сохтори шартномаи хариду фурӯш:
1. Преамбула:
– дар преамбула номгӯи шартнома, рақами он, ҷои басташавӣ, муайян намудани тарафҳое, ки шартномаро баста истодаанд, истинод (ссылка) ба созишномаҳо ва протоколҳои байналхалқӣ, ки дар доираи онҳо шартнома баста шуда истодааст, нишон дода мешавад;
– предмети шартнома – номгӯи мол (мувофиқи таснифоти гумрукии кишвари харидор), хусусиятҳои он, миқдор ва ассортименти мол (агар мошин ва таҷҳизот бошад нишондоди он дар шартҳои техникӣ, ки бояд ҳамчун замима барасмиятдароварда шуда дар шартнома ба он истинод оварда мешавад) нишон дода мешавад. Миқдори мол мумкин аст вобаста ба хусусиятҳои он ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бо воҳидҳои ченаки гуногун ифода карда шавад.
2. Нархи мол ва арзиши умумии шартнома. Нарх барои ҳар як мол бо ягон воҳиди ченаки муайян муқарар карда мешавад. Интихоби воҳиди ченаке, бо он нархи мол муқарар ксрда мешавад, вобаст аба хусусияти мол ва таҷрибае, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳангоми тиҷорати моли мазкур дида мешавад, амали карда мешавад.
3. Шартҳои пардохт. Намуди асъори пардохт, мӯҳлат, восита ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ барои моли расонидашуда, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми пардохт пешниҳод карда мешавад, инчунин чораҳои ҳимоявӣ бар зиддӣ тамдидҳои беасоси мӯҳлати пардохт ва ё дигар роҳҳои вайрон кардани шартҳои пардохт, ки дар шартнома қайд шудааст, нишон дода мешавад. Тарзҳои пардохти нақдӣ:
– чек (фармоиши хаттии харидор ва ё фармоишгар ба бонкҳои худ оиди пардохти маблағи нишондодашуда ба шахси онро пешниҳодкунанда ва ё бо фармони ӯ ба шахси дигар);
– интиқоли бонкӣ (интиқоли пул дар асоси ҳисобҳо);
– инкассо (ӯҳдадории бонк бо дархости содиротчӣ оиди аз воридотчӣ қабули маблағи пардохт мувофиқи шартнома бар ивази ба охирон, яъне ба воридотчӣ додани ҳуҷҷатҳои моли ва гузаронидани он маблағба ҳисоби содиротчӣ);
аккредитив (ӯҳдадории харидор оиди дар мӯҳлати дар шартнома муқараргардида дар бонк – эмитенти муайян кушодани аккредитив бар фоидаи фурӯшанда дар доираи маблағи мувофиқашуда);
Пардохт бо қарз – дар таҷрибаи тиҷорати байналхалқӣ қарзи тиҷоратӣ истифода мешавад – қарзи содиротчӣ ба воридотчӣ ва ё додани аванси (пешмузди) воридотчӣ ба содиротчӣ ва қарзи бонкӣ. Шарти қарз одатан 80 – 85 %-и арзиши шартномаро рӯйпӯш менамояд ва боқимондаи он бо таври нақдӣ пардохта мешавад.
4. Бастабанд ва тамғагузорӣ. Нисбат ба бастабанди мол талаботҳои умумӣ ва махсус муайян карда шудааст. Талаботҳои умумӣ аз ӯҳдадории фурӯшанда оиди таъмини бехатарии бор ҳангоми воситаи муайяни боркашонӣ бармеояд. Талаботҳои махсус аз тарафи воридотчӣ нишон дода мешавад, одатан онҳо бо хусусиятҳои хоси боркашонӣ ва нигоҳдории мол дар қаламрави давлати воридотчӣ алоқаманд аст.
Тамғагузории борҳо – маълумоти молмушоияткунанда, ки нишонаҳои (реквизитҳои) воридотчӣ, рақами шартнома, рақами воситаи нақлиёт, хусусиятҳои ҳаҷмии ҷой дар нақлиёт, рақами ҷой ва шумораи ҷой дар партияро дарбар мегирад. Ин ӯҳдадории фурӯшанда ба ҳисоб меравад.
Мӯҳлати молрасонӣ – ин давраи аз ҷониби тарафҳо мувофиқакардашудае мебошад, ки дар давоми он бояд мол ба нуқтаи муайянгардидае, ки дар шартҳои базисии молрасонӣ нишон дода шудааст, расонида шавад.
Агар дар шартнома имкониятҳои пешазмӯҳлат расонидани мол пешбинӣ карда нашуда бошад, ин ҳолат танҳо ҳангоми мувофиқа ба харидор имконпазир аст, зеро ин ҳолат пешпардохтро пешбинӣ менамояд.
6. Кафолати сифати рекламатсия, сифати мол – маҷмӯи хусусиятҳои мол, ки мутобиқи таъиноти он имконияти ба талаботҳои муайян ҷавобгӯ будани онро муқарар менамояд, ба ҳисоб меравад. Тарзҳои муайянкунӣ:
– бо стандарт – мутобиқатии хусусиятҳои сифати мол, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ муайян карда шудааст;
– бо шартҳои техникӣ – мутобиқат бо Шартҳои техникӣ;
– ва ғайра;
7. Санксияҳои ҷаримавӣ ва товони зарар.
Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайронкардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ бо қонунгузории миллӣ (дар ҶТ Кодекси граждании ҶТ) ва созишномаҳои байналхалқӣ, махсусан Конвенсияи Вена ба танзим дароварда мешавад. Дохил намудани шартҳои санксияҳои ҷаримавӣ одатан аз ҷониби тарафҳо ҳамчун воситаи баланд бардоштани ҷавобгарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ дида баромада мешавад.
8. Суғуртакунонӣ
9. Форс – мажор
10. Арбитраж
11. Моддаҳои хотимавии шартнома
12. Суроғаҳои ҳуқуқии тарафҳо

2. Конвенсияи Вена оиди шартномаҳои хариду фурӯш (1980)
Конвенсияи Вена соли 1980 дар шаҳри Вена дар доираи СММ қабул карда шудааст, ки муносибатҳои байнлхалқиро дар доираи шартномаи хариду фурӯ ба танзим медарорад.
Мутобиқи конвенсияи мазкур, шартномаи хариду фурӯш – ин ҳуҷҷати тиҷоратии аз ҷониби тарафҳо мувофиқакардашудае мебошад, ки мутобиқи онфурӯшанда ӯҳдадор аст молро ба моликияти харидор супорад ва харидор ӯҳдадор мешавад, ки молро қабул намояд ва маблағи онро пардозад. Асоси шартномаи хариду фурӯш ин додани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба ҳисоб меравад.
Конвенсияи Вена муносибатҳоро танҳо дар доираи шартномаи хариду фурӯш ба танзим дароварда, чунин муносибатҳоро ба танзим намедарорад:
– харидории мол барои истифодаи шахсӣ;
– хариду фурӯши киштиҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ;
– қоғазҳои қимматнок;
– фурӯши қувваи барқ;
Конвенсияи Вена бо риояи чунин шартҳо барои ҳалли низоъҳои истифода мегардад:
– иштирокчиёни низоъ тобеи давлатҳое бошанд, ки конвенсияи мазкурро имзо намудаанд;
– дар шартнома бевосита истифодаи конвенсияи мазкур дар ҳолатҳои низоӣ пешбинӣ шуда бошад.

3. Шартҳои базисии молрасонӣ
Шартҳои базисии молрасонӣ дар шартномаи хариду фурӯш ин шартҳои махсусе мебошад, ки ӯҳдадории фурӯшанда ва харидорро оид ба расонидани молро муайян менамояд ва лаҳзаи гузариши хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз фурӯшанда ба харидорро муқаррар мекунад. Яъне, шартҳои базисӣ аз тарафи кӣ рӯйпӯш гардидани хароҷотҳое, ки ҳангоми кашонидани мол аз фурӯшанда – содиротчӣ то харидор – воридотчӣ ба вуҷуд меояд муаян менамояд. Он хароҷотҳо оид ба расонидани мол, ки фурӯшанда ба ӯҳда мегирад. ба нархи мол дохил карда мешавад. Ин шартҳоро барои он базисӣ меноманд, ки онҳо асоси нархро ташкилл намуда ба сатҳи нарх таъсир мерасонад.
Дар таҷрибаи муосири тиҷорати байналхалқӣ истифодаи васеи «Инкотермс» дида мешавад, зеро тафсири мафҳумҳои алоҳидае, ки дар он дода шудааст, ба қоидаҳо ва анъанаҳои паҳнгаштаи тиҷоратие, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба миён омадааст, мутобиқат мекунад.
Қоидаҳои байналхалқии тафсири мафҳумҳои тиҷоратӣ «Инкотермс» дар соли 1936 аз тарафи Палатаи савдои байнхалқӣ қабул карда шудааст. Баъдан солҳои 1953, 1967, 1976, 1980, 1990 ва 2000 сол иловаҳо дароварда шудааст. Дар замони ҳозира ду нашрияи охир, яъне «Инкотермс – 1990» ва «Инкотермс – 2000» амал карда истодааст.
Аҳамияти хоси шартҳои молрасонӣ барои муайян кардани чунин ҳолатҳо зоҳир мегардад:
– кӣ ва аз ҳисоби кӣ кашонидани молро дар қаламрави кишвари фурӯшанда, харидор таъмин мекунад;
– ӯҳдадории фурӯшанда оиди бастабанд ва тамғагузории мол;
– ӯҳдадориҳо оид ба суғуртакунонии бор;
– ӯҳдадориҳо оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории тиҷоратӣ;
– макон ва замони гузариши хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз фурӯшанда ба харидор.
Тамоми мафҳумҳои савдоро дар «Инкотермс – 1990» ва «Инкотермс – 2000» ба чор гурӯҳ ҷудо карда шудааст:
1. Гурӯҳи Е – фиристониш, яъне фурӯшанда молро ба ихтиёри харидор дар ташкилоти худ пешниҳод мекунад;
2. Гурӯҳи F – фрахти (киропулии) асосӣ пардохта нашудааст, яъне фурӯшанда молро ба ихтиёри боркашони якуме, ки аз тарафи харидор нишон дода шуда аз тарафи ӯ киро карда шудааст, дастрас мекунад;
3. Гурӯҳи С – фрахти асосӣ пардохта шудааст, яъне фурӯшанда шартномаи боркашониро мебандад ва молро ба ихтиёри боркашон дастрс мекунад;
4. Гурӯҳи D – расониш (прибытие), яъне фурӯшанда шартномаи боркашониро мебандад ва молро ба ихтиёри харидор дар ҷои таъингардида бо пардохти боҷҳо ва ё бе пардохти боҷ дастрас менамояд.
Шартҳои молрасонӣ:
Гурӯҳи Е – фиристониш
1. Франко – завод (аз корхона, аз коргар, аз анбор) (…дар ҷои муайяншуда) – EXW- ExWorks (… namedplace)
Ҳангоми истифодаи ин шарти базисӣ фурӯшанда аз тамоми ӯҳдадориҳо оид ба кашонидани мол озод аст. Фурӯшанда ӯҳдадории худро оид ба расонидани мол ҳангоми ба ихтиёри харидор дар минтақаи худ (масалан дар завод, корхона, анбор ва ғ.) дар ҷойи муайяншуда ва дар мӯҳлати муайян, ки дар шартнома қайд карда шудааст, пешниҳод намудани мол иҷро мекунад. Фурӯшанда барои ба воситаи нақлиёт бор кардани мол, тайёр намудани мол барои содирот, агар дар шартнома чораҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҷавобгар нест.
Харидор аз лаҳзаи қабули мол аз нуқтаи муайяншуда тамоми хароҷотҳо ва хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, ба ӯҳдаи худ мегирад. Ин шарт ӯҳдадории минималие, ки аз тарафи фурӯшанда иҷро карда мешавад, пешбинӣ менамояд. Он набояд истифода гардад, агар харидор наметавонад расмиятҳои содиротиро бавосита ё бевосита иҷро карда натавонад.
Гурӯҳи F – фрахти асосӣ пардохт нашудааст
2. Франко – боркаш (… дарҷойимуайяншуда) – FCA- Free Carrier (… named place)
Фурӯшанда дар ин шарти базисӣ ӯҳдадории худро иҷро мекунад, вақте ки ӯ молро бо гузаронидани расмиёти гумрукӣ ба ихтиёри боркашон дар ҷой ва ё нуқтаи муайяншудаи аз тарафи харидор нишондодашуда супорад. Агар нуқтаи аниқ аз тарафи харидор нишон дода нашуда бошад, фурӯшанда метавонад ҷойи расонидани молро дар доираи қаламраве, ки боркашон метавонад молро ба ихтиёри худ қабул намояд, худаш интихоб намояд. Одатан таҷрибае, ки ба миён омадааст, нуқтае интихоб карда мешавад, ки ба роҳҳои байналхалқии нақлиётии асосӣ наздиктар қарор гирифта бошад. Инҳо мумкин аст нуқтаи дохилии кишвари фиристонанда, портҳои баҳрӣ, терминали бории боркашон бошад. Ба сифати ҳуҷҷатҳое, ки ба боркашон додани молро тасдиқ менамояд, фурӯшанда мутобиқи шартҳои базисӣ бояд каносамент, борхат ё забонхати боркашонро пешниҳод менамояд. Харидор бояд дар вақташ нуқтаи таъинотро нишон дода, маблағи боркашониро пардозад.
3. Молрасонӣ то назди киштӣ (… бандари нишондодашудаи боркунӣ)– FAS-FreeAlongsideShip (… namedportofshipment)
Ҳангоми шарти базисии мазкур фурӯшанда ӯҳдадор аст аз ҳисоби худаш молро дар бандари молборкуние, ки дар шартнома нишон дода шудааст дар ҷойи аз тарафи харидор нишондодашуда дар мӯҳлати муайян то борти киштие, ки аз тарафи харидор киро кардааст, мерасонад.
4. Молрасонӣ то болои киштӣ (… бандари нишондодашудаи боркунӣ) – FOB-FreeOnBoard (… namedportofshipment)
Дар ин шарти базисӣ фурӯшанда ӯҳдадор аст аз ҳисоби худ молро то болои киштие, ки аз тарафи харидор киро карда шудааст, дар бандари нишондодашудаи боркунӣ дар мӯҳлати муайяншуда расонад ва коносаменти киштиро супорад. Коносаменти киштӣ мол дар болои киштӣ буданашро мефаҳмонад. Харидор мувофиқи ин шарт ӯҳдадор аст аз ҳисоби худ киштиро киро (фрахт) кунад ва саривақт фурӯшандаро оиди мӯҳлат ва ҷойи боркунӣ, номгӯй ва вақти расидани киштӣ, шартҳои боркунӣ хабардор кунад. Хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз лаҳзаи гузариши мол аз поручни судна ба бандари боркунӣ аз фурӯшанда ба харидор мегузарад.
Гурӯҳи С – фрахти асосӣ пардохт шудааст
5. Арзишвакиро (фрахт) (… бандаринишондодашудаитаъинот) – CFR-Cost and Freight (… named port of destination)
Мутобиқи ин шарти базисӣ фурӯшанда ӯҳдадор аст аз ҳисоби худ киштиро киро кунад, арзиши кироро (фрахт) то бандари нишондодашудаи таъинот пардозад ва молро дар бандари боркунӣ ба киштӣ дар мӯҳлати муқараргардида бор кунад. Яъне, мутобиқи ин шарт ба нархе, ки аз тарафи харидор пардохта мешавад арзиши мол ва фрахт дохил мешавад. Хароҷотҳо вобаста ба фаровардани мол дар бандари борфарорӣ ба ӯҳдадории харидор дохил мешавад (ба истиснои ҳолатҳои интиқол бо киштиҳои хатсайрҳои мунтазами баҳрӣ, ки хароҷоти борфарорӣ ба арзиши фрахт дохил карда мешавад, аз ин лиҳоз дар ин ҳолат ин хароҷот ба ӯҳдадории фурӯшанда дохил мешавад)
6. Арзиш, суғуртавакиро (фрахт) (… бандаринишондодашудаитаъинот) – CIF-Cost, Insurance and Freight (… named port of destination)
Ҳангоми молрасонӣ дар шарти мазкур фурӯшанда ӯҳдадор аст киштиро киро кунад, арзиши фрахтро пардозад, молро то бандари фиристонанда дастрас мекунад, онро аз ҳисоби худ ба болои киштӣ дар мӯҳлати муқараргардида бор мекунад ва ба харидор коносаменти киштиро месупорад. Инчунин ба ӯҳдадории фурӯшанда суғуртакунонии мол аз хатари нақлиётӣ дар шароити «озод аз садамаҳои хусусӣ» бо мизони пасттарин дохил мешавад. Фурӯшанда бояд ба харидор полиси суғуртавӣ (ва ё сертификати суғуртавӣ), ки аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ ба номи харидор навишта шудааст, супорад. Ҳамин тариқ ба шарти базисии CIF ба нархи мол, ки аз тарафи харидор пардохта мешавад, арзиши мол, фрахт ва арзиши суғурта дохил мешавад. Хароҷотҳо вобаста ба фаровардани мол дар бандари борфарорӣ, аз ҷумла хароҷотҳои лихтёр (киштии хурди боркаш) ва ҷойгир намудани мол дар бандаргоҳ ба ӯҳдадории харидор дохил мешавад (ба истиснои ҳолатҳои интиқол бо киштиҳои хатсайрҳои мунтазами баҳрӣ, ки хароҷоти борфарори ба арзиши фрахт дохил карда мешавад, аз ин лиҳоз дар ин ҳолат ин хароҷот ба ӯҳдадории фурӯшанда дохил мешавад).
Хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз лаҳзаи гузариши мол аз поручни судна ба бандари боркунӣ аз фурӯшанда ба харидор мегузарад. Ҳангоми молрасонӣ дар шарти «CIF бо борфарорӣ» хароҷотҳои борфарорӣ, аз ҷумла хароҷотҳои лихтёр (киштии хурди боркаш) ва ҷойгир намудани мол дар бандаргоҳ, ба ӯҳдаи фурӯшанда аст. Хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз фурӯшанда ба харидор ҳамчун дар шарти CIF, аз лаҳзаи воқеан аз поручни судна ба бандари боркунӣ гузаштани мол мегузарад.
Дар ин шарт фурӯшанда бояд барои содирот расмитёти гумрукиро иҷро кунад. Ин шарт танҳо ҳангоми интиқоли баҳри ва обҳои дохидӣ истифода бурда мешавад.
7. Интиқол то … пардохта шудааст (… маҳалли нишондодашудаи таъинот) – CPT-CarriagePaidTo(… namedplaceofdestination)
Фурӯшанда дар ин шарти молрасонӣ ӯҳдадор аст: шартномаи боркашонии молро то нуқтаи мувофиқашуда дар маҳалли таъинот аз ҳисоби худ бандад ва маблағи боркашониро пардозад; молро ба боркашони аввал ба терминали бории (анбор) ӯ супорад ва аз ӯ забонхати бориро (забонхати боркашон оиди гирифтани мол) гирад, ки ба шартҳои шартномаи боркашонӣ мутобиқат мекунад, аммо ҳуҷҷати молмушоияткунанда ба ҳисоб намеравад; ба харидор ҳуҷҷатҳои нақлиётиро(коносамент, борхат ва ё забонхати боркашон), ки аз тарафи боркашон дода шудааст, месупорад. Фурӯшанда ӯҳдадор аст барои содироти мол расмияти гумрукиро ба анҷом расонад.
Харидор ӯҳдадор аст саривақт нуқтаи таъиноти аз ҷониби ӯ интихобгардидаро нишон диҳад, хатарро ҳангоми боркашони ба ӯҳда гирад. Хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз фурӯшанда ба харидор аз лаҳзаи додани мол ба боркашони якум дар мӯҳлате, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст (дар терминали бории боркашони якум дар бандари фиристониш) мегузарад.
8. Интиқол ва суғурта то … пардохта шудааст (… маҳалли нишондодашудаи таъинот) – CIP – CarriageandInsurancePaidto (…namedplaceofdestination)
Ин шартҳо нисбати тамоми намудҳои боркашонӣ истифода карда мешавад. Мутобиқи ин шарт фурӯшанда арзиши боркашониро то маҳалли нишондодашудаи таъинот мепардозад (шартномаи боркашониро мебандад), молро суғурта мекунад (шартномаи суғуртаро мебандад ва маблағи онро ба суғуртачӣ мепардозад) ва ба номи харидор полиси суғуртавиро менависад. Инчунин расмиёти гумрукӣ барои содирот ба ӯҳдаи фурӯшанда аст. Фурӯшанда молро ба ихтиёри боркашони якум месупорад ва ба харидор ҳуҷҷатҳои оддии нақлиётиро месупорад. Харидор ӯҳдадор аст саривақт нуқтаи таъинотро нишон диҳад ва хатару хароҷоти боркашониро дар раванди боркашонии мол ба ӯҳда гирад. Хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, аз фурӯшанда ба харидор аз лаҳзаи ба боркашони якум додани мол мегузарад.
Гурӯҳи D – «Расидан»
9. Молрасонӣ то сарҳад (… ҷойи нишондодашуда) DAF – DeliveredAtFrontier (…namedplace)
Мутобиқи шарти мазкур фурӯшанда ӯҳдадор аст молро дар мӯҳлати мутобиқи шартнома муқараргардида, бо гузаронидани расмиёти гумрукӣ барои содирот дар нуқта ва ҷойи нишондодашуда дар сарҳад то сарҳади кишвари дигар ба ихтиёри харидор мерасонад. Мафҳуми «сарҳад» мумкин аст барои тамоми сарҳадҳо истифода гардад, аз ҷумла сарҳади кишвари содирот. Аз ин лиҳоз, сарҳад бояд аниқ бо роҳи нишон додани номгӯи нуқтаи наздисарҳадӣ ва ё ҷой дар сарҳад муайян карда шавад. Ин мафҳум одатан вақте ки мол бояд бо роҳи оҳан ва роҳи автомобилӣ интиқол дода мешавад. истифода мегардад, аммо он метавонад нисбати тамоми намуди нақлиёт истифода карда мешавад.
10. Молрасонӣазкиштӣ (… бандаринишондодашудаитаъинот)DES – Delivered Ex Ship (…named port of destination)
Ҳангоми истифодаи ин шарт фурӯшанда барои он хароҷотҳоеро, ки дар шарти CIF пешбинӣ гардидааст, ҷавобгар аст. Фурӯшанда ӯҳдадор аст аз ҳисоби худ дар мӯҳлати дар шартнома муқаррар гардида молро то бандари таъинот расонад ва ба ихтиёри воқеии харидор дар болои киштӣ супорад. Фурӯшанда бояд саривақт харидорро дар бораи санаи пешбинишудаи расидани киштӣ хабардор кунад ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ (коносамент), ки барои аз тарафи харидор қабули мол зарур аст, пешниҳод намояд.
Дар таҷриба ҳолатҳое ҷой дорад, ки молҳое, ки ба якчанд харидорон фурӯхта шудааст, бо як коносамент интиқол дода мешавад. Дар чунин ҳолат ордер – деливер тартиб дода шуда тақсимоти коносаментии партияи мол амали карда мешавад. Сардори киштӣ дар бораи додани партияи алоҳидаи мол ба дорандагони чунин ордер – деливер, ки баъзан онро коносаменти корӣ (деловой коносамент) меноманд, фармоиш мегирад.
Фурӯшанда тамоми хароҷот ва хатари молро то ба ихтиёри харидор воқеии харидор то болои киштӣ дар бандари таъингардида дастрас намудан ба ӯҳда мегирад.
Ин шарти молрасонӣ фақат ҳангоми интиқоли баҳрӣ ва истифодаи нақлиёти обҳои дохилӣ истифода бурда мешавад.
11. Молрасонӣ аз бандар (бо пардохти боҷҳо) (… дар бандари нишондодашудаи таъинот) – DEQ- DeliveredExQuay (DutyPaid) (… namedportofdestination)
Дар ин шарт фурӯшанда ӯҳдадор аст молро ба ихтиёри харидор дар бандаргоҳи бандари дар шартнома таъингардида, дар мӯҳлати муайянгардида дастрас намояд.
Фурӯшанда тамоми хароҷотҳои вабаста ба расонидани мол то бандаргоҳи бандари дар шартнома таъингардида, инчунин пардохти фрахт ва хароҷотҳои фаровардани мол ва ҷойгиркунӣ дар бандаргоҳро ба ӯҳда мегирад. Фурӯшанда инчунин ӯҳдадор аст аз ҳисоби худ ба харидор ҳуҷҷатҳое, ки барои аз бандаргоҳ қабул намудани мол ва аз онҷо баровардани мол зарур аст, пешниҳод намояд. Мол бояд аз расмиёти гумрукӣ барои воридот гузаронида шавад. Мутобиқи «Инкотермс – 90» масъалаи пардохти боҷҳо бояд дар шартнома нишон дода шавад: «бо пардохти боҷ» ё «бе пардохти боҷ». Дар ҳолати якум фурӯшанда тамоми хароҷотҳо оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, хироҷҳоро дар кишвари воридот ба зимма мегирад. Дар ҳолати дуюм ин хароҷот ҳо дар зиммаи харидор аст.
Ин шарт наметавонад истифода бурда шавад, агар фурӯшанда наметавонад бевосита ва ё бавосита иҷозатномаи воридотро гирад. Ин шарти молрасонӣ фақат ҳангоми интиқоли баҳрӣ ва истифодаи нақлиёти обҳои дохилӣ истифода бурда мешавад.
12. Молрасонӣ бидуни пардохти боҷ (… дар маҳалли нишондодашудаи таъинот) – DDU – DeliveredDutyUnpaid (…namedplaceofdestination)
Дар ин шарт фурӯшанда ӯҳдадор аст молро ба ихтиёри харидор то маҳалли нишондодашудаи таъинот дар кишвари воридот дастрас намояд. Фурӯшанда тамоми хароҷотҳо ва хатари молро то воқеан дастрас намудани мол дар ҷойи муайянгардида ва дар мӯҳлати муайянгардида ба зимма мегирад. Ӯ боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ва дигар пардохтҳои расмие, ки дар кишвари воридот пайдо мешавад, инчунин хароҷотҳо ва хатар оид ба иҷрои расмиёти гумрукиро пардохт намекунад. Харидор хароҷотҳои иловагӣ ва хатари вобаста ба саривақт нагузаронидани расмиёти гумрукӣ барои воридотро ба зимма дорад.
13. Молрасонӣ бо пардохти боҷ (… дар маҳалли нишондодашудаи таъинот) – DDP – DeliveredDutyPaid (…namedplaceofdestination)
Дар ин шарти молрасонӣ фурӯшанда ӯҳдадор аст молро ба ихтиёри харидор дар маҳалли нишондодашудаи таъинот дар кишвари воридот дастрас намояд. Фурӯшанда тамоми хароҷотҳо ва хатари молро вобаста ба расониданим мол дар маҳал ва мӯҳлати муайяншуда ба зимма дорад. муайянгардида ва дар мӯҳлати муайянгардида ба зимма мегирад. Ӯ боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ва дигар пардохтҳои расмие, ки дар кишвари воридот пайдо мешавад, инчунин хароҷотҳо ва хатар оид ба иҷрои расмиёти гумрукиро пардохт мекунад, яъне молро барои воридот аз расмиёти гумрукӣ мегузаронад. Фурӯшанда ба харидор ҳуҷҷатҳои заруриро (ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва шаҳодатномаи анборӣ) медиҳад, то ки ӯ тавонад молро қабул кунад. Фурӯшанда аз ҳисоби худ шартномаи боркашониро мебандад ва ё воситаи нақлиёти шахсии худро истифода мебарад.
Аз тамоми шартҳои базисии молрасонӣ, ки дар боло дида баромада шуд, шартҳои FOB ва CIF васеъ истифода бурда мешавад. Дар таҷрибаи байналхалқӣ нархи FOB одатан нархи содиротии мол ва нархи CIF нархи воридотӣ фаҳмида мешавад.
Фурӯши молҳодар шартҳои FOB ва CIF барои фурӯшанда қулай мебошад, зеро дар ҳарду ҳолат хатари ногаҳоние, ки ба мол ҳангоми интиқол расиданаш мумкин аст, ба харидор аз лаҳзаи боркадани мол ба киштӣ ва ё додани коносамент, дар баъзе ҳолат – аз лаҳзаи қабули мол дар бандари боркунӣ ба харидор мегузарад.
Сохтори ҳисоббаробаркунӣ, ки вобаста аз шартҳои молрасонӣ тамоми намуди хароҷотҳо баҳисоб гирифта мешавад:
1. арзиши аслии мол + фоидаи калькулятсияшуда = нархи EXW;
2. нархи EXW + боркашони то нуқтаи аз тарафи харидор наишондодашуда + арзиши хизматрасонии экспидитор + суғуртакунонӣ + арзиши боркунӣ = нархи FCA;
3. нархи FCA + фрахт то сарҳад = нархи CPTва ё DAF;
4. нархи CPTва ё DAF + фрахт то бандари боркунӣ = нархи FAC;
5. нархи FAC + хароҷотҳо дар бандар = нархи FOB;
6. нархи FOB + хароҷотҳо барои ҳуҷҷатҳо + хароҷотҳо барои коносамент + фрахти баҳрӣ = нархи CFR;
7. нархи CFR + суғуртакунонӣ = нархи


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.