Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ

Ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ – ин ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи тарафҳои гуногуни фаъолият ва муносибатҳои ҳуқуқии ташкилот, муассиса ва корхонаҳо дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ мебошад.Нақша:
1. Мафҳуми ҳуҷҷатгузории тиҷорати хориҷӣ
2. Таснифоти ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ
Адабиёт:
1. Кодекси гаждании ҶТ (қисмҳои 1,2,3),
2. В. М. Крашенинникова «Валютное регулирование в системе государственного управления экономикой», Москва – Экономика – 2003. 399 с.;
3. С.Р. Моисеев «Международные валютно-кредитные отношения» Москва – «Дело и сервиз» – 2003г.
4. И.Н. Герчикова. Международные экономические организации.//М: \”Консалтинг\” – 2000

1. Мафҳуми ҳуҷҷатгузории тиҷорати хориҷӣ
Ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ – ин ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи тарафҳои гуногуни фаъолият ва муносибатҳои ҳуқуқии ташкилот, муассиса ва корхонаҳо дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ мебошад.
Ҳуҷҷатҳое, ки иҷроиши созиши тиҷорати хориҷӣ, яъне аз тарафи фурӯшанда расонидани мол, кашонидани он, суғуртакунонӣ, нигоҳдорӣ дар анборҳо, гузариш аз расмиёти гумрукӣ ва ғайраро тасдиқ мекунанд, ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ меноманд.
Вобаста аз вазифаҳои иҷроишашон ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷиро ба ҷунин гурӯҳҳо тақсим намудан мумкин аст:

Ҳуҷҷатҳо оид ба таъмини истеҳсолоти молҳои содиротӣ;
Ҳуҷҷатҳо оид ба тайёр намудани мол барои боркунӣ;
Ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ;
Ҳуҷҷатҳо оид ба амалиётҳои пардохтӣ – бонкӣ;
Ҳуҷҷатҳои суғуртавӣ;
Ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ;
Ҳуҷҷатҳои нақлиётию экспидиторӣ;
Ҳуҷҷатҳои гумрукӣ.
Ҳуҷҷатҳое, ки бо ҳамроҳи бор аз нуқтаи фиристонанда то нуқтаи таъинот ҳаракат мекунад, ҳуҷҷатҳои молмушоияткунанда меноманд. Одатан ба он ҳуҷҷатҳое, ки ба гурӯҳи ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва гумрукӣ тааллуқ дорад, дохил мешавад. Ҳуҷҷатҳое, ки вобаста ба борфарорӣ тартиб дода мешавад (одатан онҳо дар шартнома нишон дода мешавад), ҳуҷҷатҳои борфарорӣ меноманд.
Ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ дар варақаҳои (бланкаҳои) махсус тартиб дода шуда, нишонаҳои муайян (реквизит) дорад. Барои тамоми намудҳои ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ чунин реквизитҳо хос аст: номгӯи ташкилот – содиротчӣ (ё молфиристонанда) ва ташкилот – воридотчӣ (ё молқабулкунанда), суроғаҳои ҳуқуқии онҳо, рақами телефон, факс ва ё телекс; номгӯи ҳуҷҷат, сана ва макони навишта шудани он; рақами шартнома ва ё фармоиш ва санаи ба имзо расидани он; рақами фармоиш, транс, хусусиятҳои хоси борфарорӣ; номгӯй ва тасвири мол, миқдори он (миқдори ҷой, вазни нетто ва брутто, ҳаҷм); намуди бастабанд ва тамғагузорӣ.

2. Таснифоти ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ
I. Оид ба таъмини истеҳсолоти молҳои содиротӣ;
1. Супориш барои харидорӣ – ҳуҷҷати аз тарафи ташкилот барои харидории маҳсулот ё ашёи барои истеҳсол ё тайёр намудани молҳое, ки аз тарафи харидор фармоиш шудааст ё дар дигар намуд ба фурӯш пешниҳод карда мешавад, ба ҳисоб меравад.
2. Дастурамал оид ба тайёркунӣ – ҳуҷҷате, ки ба ташкилот барои тайёр намудани моле, ки фармоиш шудааст ё дар дигар намуд ба фурӯш пешниҳод карда мешавад, дода мешавад.
3.Фармоиш барои баровардан аз анбор – ба ташкилот дода мешавад ва аз нишондоди аз анбор баровардани моли аз тарафи мизоҷ фармоишшуда иборат аст.
4. Ҷадвали фактуракунонӣ – ҳуҷҷате, ки ба ташкилот дода шуда маълумот оиди молҳои фурӯхташуда иборат аст ва ба сифати асос барои тартиб додани ҳисоби тиҷоратӣ истифода карда мешавад.
5. Дастурамал оид ба бастабандкунӣ – ҳуҷҷате, ки ба ташкилот дода шуда дастурамал вабаста тартиби бастабандкунии молро дарбар гирифта аст.
6. Фармоиш барои боркашонии дохилӣ – дастурамал вобаста ба боркашонии мол ба ташкилотро дарбар гирифтааст
7. Ҳуҷҷатҳои оморӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои маъмурии дохилӣ – ба ташкилот бо мақсади ҷамъ намудани маълумотҳои оморӣ дар бораи истеҳсолот ва дигар маълумотҳои омории дохилӣ, инчунин бо дигар мақсадҳои маъмурӣ дода мешавад.
II. Оид ба тайёр намудани мол барои боркунӣ
1. Ариза барои кирокунӣ (фрахтавание) – ҳуҷҷате, ки дар он молрасон аз боркашон дар бораи нигоҳ доштани ҷой барои фиристодани мол дархост мекунад ва воситаи нақлиёт, вақти фиристодани мол ва ғайраро нишон медиҳад.
2. Дастурамал оид ба фиристодан – маълумоти пурра дар бораи бор ва талаботҳои содиротчӣ вобаста ба боркашониро дарбар гирифтааст.
3. Супориш барои фиристодан (боркашонии ҳавоӣ) – ҳуҷҷати аз тарафи борфиристонанда навишташуда, ки дар он маълумоти пурра дар бораи партияи мол нишон дода шудааст ва бо ёрии он борхати нақлиёти ҳавоӣ тартиб дода мешавад.
4. Ордер (фармон) ба боркашонӣ (боркашонии маҳаллӣ) – ҳуҷҷате, ки дастурамал дар бораи боркашонии маҳллии мол, масалан аз анбори ташкилот то анбори боркашон, дарбар гирифтааст.
5. Хабарнома оиди тайёр будани мол ба фиристодан – аз тарафи молрасон дода мешавад ва харидорро дар бораи тайёр будани мол хабардор мекунад.
6. Фармон ба фиристодан – ҳуҷҷате, ки аз тарафи молрасоне, ки молро ба харидор (молқабулкунанда) мефиристонад, дода мешавад.
7. Хабарнома дар бораи фиристодан – ҳуҷҷате, ки бо воситаи онфурӯшанда ё молфиристонанда молқабулкунандаро дар бораи фиристодани мол хабардор мекунад.
8. Хабарнома оиди тақсимоти ҳуҷҷатҳо – ҳуҷҷате, ки дар он тарафҳои барои тайёр намудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тиҷорати хориҷӣ масъулиятдор қабулкунандагони нусха ва нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо, инчунин теъдоди ҳар як ҳуҷҷатҳоро нишон медиҳад.
9. Иҷозатнома барои молрасонӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи харидор дода мешавад ва барои фиристодани мол баъди қабули хабарнома оиди тайёр шудани мол барои боркунӣ иҷозат медиҳад.
III. Ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ:
Ин ҳуҷҷатҳо дар бораи хусусиятҳои миқдорию сифатии мол маълумот медиҳанд. Ин ҳуҷҷатҳоро дар варақаҳои худ фурӯшанда барасмият медарорад ва харидор муқобили он пардохтро амалӣ менамояд. Хусусиятҳои арзишии мол дар ҳисоб ва дар проформа – ҳисоб дода мешавад.
1. Ҳисобҳои тиҷоратӣ – ҳуҷҷати асосии ҳисоббаробаркунӣ ба ҳисоб меравад. Дар он талаботҳои фурӯшанда ба харидор оиди пардохти маблағи пардохтшаванда бар ивази моли расонидашударо дарбар мегирад. Дар ҳисоб нишон дода мешавад: нарх барои воҳиди ченаки мол ва маблағи умумии ҳисоб ва ё маблағи пардохтшаванда; шартҳои базисии молрасонӣ; тарзи пардохт ва шакли ҳисоббаробаркунӣ; номгӯи бонк, ки дар онҷо пардохт бояд амалӣ карда шавад; маълумот дар бораи арзиши боркашонӣ (кай ва аз тарафи кӣ пардохта мешавад); маълумот оиди суғуртакунонӣ (аз тарафи кӣ пардохта мешавад) ва ҳаҷми маблағи суғурта (ҳангоми молрасонӣ дар шарти CIF).
Ҳисоб одатан дар нусхаи зиёд тартиб дода мешавад (баъзан то 25 нусха). Ҳисоб дар чунин ҳолатҳо пешниҳод карда мешавад: ба бонк барои аз харидор гирифтани маблағи пардохтшаванда;ба ҷамъияти суғуртавӣ барои гузаронидани маблағи суғурта ҳангоми суғуртакунонии бор; ба мақомотҳои танзими асъор дар кишвари воридот ҳангоми мавҷудияти маҳдудиятҳои асъорӣ барои аз тарафи воридотчӣ бадаст овардани асъори хориҷӣ; ба мақомотҳои гумрукӣ барои ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ; ба палатаи савдо ва дигар ташкилотҳо барои гирифтани сертификати кишвари истеҳсолкунандаи мол; ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ барои гирифтани иҷозатномаҳои содиротию воридотӣ; ба ташкилотҳои нақлиётӣ – экспидиторӣ, ки борро барои боркашонӣ қабул мекунад ё роҳи оҳан барои барасмиятдарории борхати роҳи оҳанӣ (зеророҳи оҳан барои бехатарии интиқоли бор ҷавобгар аст); мақомотҳои оморӣ барои пешбурди омори савдои хориҷӣ.
Вобаста ба иҷрои вазифа ҳисобҳо ба чунин намудҳо ҷудо карда мешавад: ҳисоб – фактура, ҳисоби махсусгардонидашуда, ҳисоби пешакӣ.
1.1. Ҳисоб – фактура – баъди аз тарафи харидор қабул намудани мол навишта мешавад. Ғайр аз таъиноти асосии худ ҳамчун ҳуҷҷате, ки ҳаҷми маблағи пардохтшавандаро нишон медиҳад, ҳисоб-фактура ба сифати борхате, ки бо мол равона карда мешавад, истифода шуданаш мумкин аст. Бо талаботи мақомоти гумрукӣ ҳисоб-фактура дар бисёр кишварҳо дар варақаҳои махсус навишта мешавад ва чунин ҳисоб дар як вақт ба сифати сертификати кишвари истеҳсолкунандаи мол баромад карданаш мумкин аст.
1.2. Ҳисоби махсусгардонидашуда – нишондиҳандаҳои ҳисоб ва хусусиятҳои хоси онҳоро мутаҳид месозад. Дар он одатан нархи мол ба воҳиди ченак оид ба намуд ва навъи мол, инчунин арзиши умумии партияи мол нишон дода мешавад. Дар он ҳолат тартиб дода мешавад, ки агар партияи мол ассортименти гуногуни молҳоро дарбар гирифта бошад.
1.3. Ҳисоби пешакӣ – дар он ҳолат тартиб дода мешавад, ки агар қабули мол дар кишвари таъинот амали карда шавад. Он маълумот дар бораи миқдор ва арзиши партияи молро дарбар гирифта бояд пардохта шавад.
2. Проформа-ҳисоб – ин ҳуҷҷате, ки ҳамчун ҳисоб, маълумот дар бораи нарх ва арзиши партияи молро дарбар гирифтааст, ҳуҷҷати ҳисоббаробаркунӣ ба ҳисоб намеравад, зеро дар он талаботи пардохти маблағи нишондодашуда мавҷуд нест. Ғайр вазифаи асосии ҳисоб, яъне ҳамчун ҳуҷҷати пардохтӣ, проформа-ҳисоб тамоми вазифаҳои ҳисбро иҷро мекунад. Агар проформа-ҳисоб маълумот дар бораи нархи ҳар як намуд ё навъи молро дарбар гирифта бошад онро проформа-ҳисоби махсусгардонидашуда меноманд. Проформа-ҳисоб мумкин аст тартиб дода шавад нисбати моли боркардашуда, вале ҳоло фурӯхтанашуда ва ё баръакс.Аксар ҳолат проформа-ҳисоб ҳангоми молрасони ба ярмаркаҳо, намоишҳо, ауксионҳо ва тартиб дода мешавад.
Ба ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи сифатҳои миқдории мол ва ё партияи он маълумот медиҳад спецификация, ҳуҷҷатгузории техникӣ, варақаи бастабандӣ дохил мешавад
3. Спецификация – номгӯи тамоми намуд ва навъи мол, ки як партия дохил мешавад, бо нишондоди барои ҳар яки он ҷой, миқдор ва ҷинси молро дарбар мегирад.
4. Ҳуҷҷатгузории техникӣ – ҳангоми молрасони таҷҳизот ва техникаи молҳои истеъмолии мӯҳлати истифодаашон дарозмуддат лозим аст ва барои таъмини истифодаи саривақтӣ ва дурусти он лозим аст. Ба ҳуҷҷатгузории техникӣ дохил мешавад: шиноснома, варақаи истифодабарӣ ва нишондоди таҷҳизот, дастурамал оиди тайёркунӣ ва истифодабарӣ, сохторҳои (схема) гуногун, нақшаҳо, номгӯи қисмҳои эҳтиётӣ, ва ғ.
5. Варақаи бастабандӣ – дар ин ҳуҷҷат номгӯи пурраи намуд ва навъи мол, дар ҳар як ҷойи (қуттӣ,контейнер ва ғ.) ҷоёгир аст, мавҷуд аст. Варақаи бастабандӣдар ҳолати дар як бастабанд мавҷуд будани якчанд ассортименти мол зарур аст. Ин ҳуҷҷат дар бастабанд чунин ҷойгир карда мешавад, ки харидор онро бемушкилӣ дастрас намояд. Чунин маълумотҳоро дарбар мегирад: миқдори навъҳои мол (миқдори дона дар бастабанд), рақами бастабанд.
Ба ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи сифати мол гувоҳӣ медиҳанд дохил мешаванд:
6. Сертификати сифат – шаҳодатномае, ки дар бораи сифати моли воқеан расонидашаванда ва мутобиқатии он ба шартҳои шартнома шаҳодат медиҳад. Дар он дар бораи хусусиятҳои мол дода мешавад ва ё мутобиқати сифати он ба стандартҳо ва ё шартҳои техникии муқарраргардида тасдиқ карда мешавад. Сертификати сифат аз тарафи ташкилотҳо, мақомотҳои давлатӣ, палатаи савдо, лабараторияҳои махсус ҳам дар кишвари содирот ва ҳам воридот ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дода мешавад. Баъзан тарафҳо дар бораи пешниҳоди сертификати сифат аз тарафи муассисаҳои назоратӣ ва тафтишии гуногун, институтҳо ва дигар ташкилотҳоро муайян намоянд.
7. Ӯҳдадории кафолатӣ (ё хабарномаи кафолатӣ) – ҳуҷҷате, ки мутобиқатии сифати молро ба шартҳои мауйянии шартнома, тасдиқ мекунад. Он мумкин аст, кафолати молрасонро оиди фаъолияти бенуқсони таҷҳизотро ҳангоми истифодаи дурусти он дарбар гирад.
8. Протоколи санҷиш – баъди аз тарафи фурӯшанда бо ҳамроҳи намояндаи харидор гузаронидани тафтиши пурраи мол дар ташкилоти фурӯшанда дар рӯз ва соати пешакӣ муқараргардида тартиб дода мешавад. Ин ҳуҷҷат маълумоти пурра дар бораи натиҷаҳои тафтиши молро дарбар егирад.
9. Иҷозатнома барои борфарорӣ – аз тарафи намояндаи харидор баъди гузаронидани тафтиши таҷҳизот ба ташкилот бо мақсади муқарар кардани мутобиқати мол ба шартҳои фармоиш дода мешавад. Ин ҳуҷҷат маълумот дар бораи санаи расонидани мол мутобиқи шартнома, санаи тайёр будан ва санаи гузаронидани санҷиш, нишондод дар бораи он, ки мол мумкин аст ба кишвари муайян фиристода шавад, дарбар мегирад.
IV. Ҳуҷҷатҳо оид ба амалиётҳои пардохтӣ – бонкӣ
1. Дастурамал оид ба интиқоли бонкӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мизоҷ ба бонки худ оиди иҷрои пардохти маблағи муайян дар асъори аз ҷониби ӯ нишондодашуда, ки худ дар дигар кишвар ҷойгир аст ба тарзи муқараркардашуда ё тарзе, ки бонк худаш интихоб мекунад, фармоиш медиҳад.
2. Заявка на банковскую тратту — заявка, в которой клиент про­сит свой банк выдать банковскую тратту и в которой указываются сумма и валюта тратты, лицо, получающее платеж, место и страна платежа.
3. Хабарнома оидипардохти инкассо – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он бонк дар бораи гузаронидани пардохти инкассо хабар медиҳад. Дар он маълумоти пурра ва усули амалигардонии воситаҳо оварда шудааст.
4. Хабарнома оиди пардохт бо аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он бонк оиди пардохт бо аккредитиви молӣ хабар медиҳад.
5. Хабарнома оиди қабули аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он бонк оиди қабули аккредитиви молӣ хабар медиҳад.
6. Хабарнома оиди қабули ҳуҷҷатҳо бо пардохт бо аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он бонк оиди қабули ҳуҷҷатҳо бо пардохт бо аккредитиви молӣ хабар медиҳад.
7. Дархост барои кафолати бонкӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он мизоҷ аз бонки худ дар бораи додани кафолати бонки ба ӯ, ки дар дигар кишвар ҷойгир аст бо нишондоди маблағ ва асъори пардохт, инчунин шартҳои муайяни кафолат дархост менамояд.
8. Кафолати бонкӣ – ҳуҷҷате, мутобиқи он бонк оиди пардохти маблағи муайяншуда ба шахси гирандаи он дар шароитҳои дар он нишондодашуда ӯҳдадор мешавад.
9. Мактуби кафолатӣ оид ба аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки дар он дорандаи аккредитиви молӣ ба худ ҷавобгарӣ барои иҷро накардани шартҳои аккредитивро мегирад ва ӯҳдадор мешавад, ки ҷуброни маблағи аз аккредитив бадастомадаро бо фоиз амалӣ менамояд.
10. Фармоиши инкассо – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он ба бонк дастурамал ё фармоиши коркарди ҳуҷҷҷатҳои молиявӣ ва ё тиҷоратӣ бо мақсади гирифтани аксепт (тарзи бе пули нақд ҳисоббаробаркунӣ байни идораҳо ва ё розигӣ барои додани пул аз рӯи ҳуҷҷатҳо), ё пардохт дода мешавад.
11. Шакли пешниҳоди ҳуҷҷатҳо – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он тратта ё дигар ҳуҷҷати молиявии шабеҳ ва ё ҳуҷҷати тиҷоратӣ ба бонк барои аксепт, баҳисобгирӣ, коркард, пардохт бо инкассо новобаста аз он, ки бо аккредетиви молӣ пешниҳод карда мешавад ё не, пешниҳод карда мешавад.
12. Дархост ба аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он ба бонк барои кушодани аккредитиви молӣ дар шароити дар ин ҳуҷҷат нишондода шуда супориш дода мешавад.
13. Аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки дар он бонк кушода шудани аккредитиви молиро, ки мутобиқи он бенифитсиар (доранда) бояд пардохтро қабул кунад, тасдиқ ё баҳисобгирии тратта мутобиқи шартҳои муайян ва бар ивази ҳуҷҷатҳои асоснокшударо қабул кунад, тасдиқ менамояд.
14. Хабарнома оиди кушодани аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи бонки хабардиҳанда оиди додани аккредитиви молӣ ба соҳиби он (бенефисиар) ё ба дигар бонки хабардиҳанда дода мешавад.
15. Хабарнома оиди интиқоли аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он бонк оиди интиқол шудани аккредитиви молӣ ба фоидаи соҳиби (бенефитсиари) дуюм хабар медиҳад.
16. Хабарнома дар бораи тағирёбии аккредитиви молӣ – ҳуҷҷате, ки бо воситаи он бонк дар бораи тағирёбии шартҳои аккредитиви молӣ хабар медиҳад.
17. Траттаи бонкӣ – ин тратта, ки ба манфиати тарафи сеюм, ёаз тарафи як бонк ба бонки дигар, ё шӯъбаи бонк ба шӯъбаи марказии бонк (ё баръакс) ё ба дигар шӯъбаи ҳамон бонк пешниҳод карда мешавад. Дар ҳарду ҳолат тратта бояд ба хусусиятҳои хосе, ки барои чекҳо дар кишваре, ки дар он бояд пардохта шавад, пешбинӣ мегардад, мутобиқат кунад.
18. Вексели интиқолӣ – ҳуҷҷате, ки мутобиқи қонунгузорӣ дода шудааст ё имзо шуда, талаботи қатъии як шахс ба шахси дигар оиди пардохти маблағи муайян, ки ҳаҷми он, мӯҳлати пардохт дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда нишон дода шудааст, дарбар гирифтааст.
19. Ӯҳдадории қарзӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи харидор мутобиқи тартиби муқараргардида навишта мешавад, ки дар ӯҳдадории яктарафаи ӯ оиди ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати мазкур пардохти маблағи нишондодашуда ба шахси пешниҳодкунандаро дарбар гирифтааст.
V. Ҳуҷҷатҳои суғуртавӣ:
Ин ҳуҷҷатҳо муносибатҳои мутақобилаи суғуртакунанда ва суғуртакунонандаро инъикос менамояд. Нақши суғуртакунанда дар рӯйпӯшкунии зараре, ки ба суғуртакунонанда бар асари ҳолатҳои нухуш мерасад, ба ивази пардохти маблағи суғуртакунӣ зоҳир мегардад. Ба ҳуҷҷатыои суғуртавӣ дохил мешавад:
1. Полиси суғуртавӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи суғуртакунанда дода шуда, шартномаи суғуртакунониро тасдиқ мекунад ва шартҳои дар он муқараргардидаро дарбар мегирад, ки мутобиқи суғуртакунанда ӯҳдадор мешавад ба маблағи муайян зарари суғуртакунонандаро, ки дар ҳолатҳои дар шартном муқараргардида расиданаш мумкин аст, рӯйпӯш намояд. Полиси суғуртавӣ аз тарафи ҷамъияти суғуртавӣ баъда ба онҳо супоридани маблағи суғурта дода мешавад. Полиси суғуртавӣ якчанд намуд мешавад ва вобаста ба тартиби барасмиятдарорӣ ва хусусияти хатар бо таври гуногун ногузорӣ карда мешавад.
2. Сертификати суғурта – ҳуҷҷате, ки аз тарафи суғуртакунанда дода шуда, суғурта шудан ва дода шудани полиси суғуртавиро тасдиқ мекунад.
3. Эълони суғуртавӣ (бордеро) – ҳуҷҷате, ки дар ҳолати суғуртакунонанда ба суғуртакунанда маълумоти пурра дар бораи молрасониҳои алоҳида, ки онҳо ба шартномаи суғуртакунонӣ дахл дорад, хабардор мекунад, истифода бурда мешавад.
4. Ҳисоби суғуртакунанда – ҳуҷҷате, ки аз тарафи суғуртакунанда бо нишондоди маблағи суғурташуда ва бо талаботи пардохти ин маблағ дода мешавад.
5. Ковернот – ҳуҷҷате, ки аз тарафи суғуртакунанда барои хабардор намудани суғуртакунонанда дар бораи иҷро шудани дастурамали ӯ оиди суғуртакунонӣ дода мешавад.
VI. Ҳуҷҷатҳи нақлиётӣ:
Ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи боркашон барои тасдиқи факти аз тарафи ӯ қабул шудани мол барои боркашонӣ тартиб дода мешавад. Ба ҳуҷҷатҳои нақлиёти дохил мешавад:
1. Ҳангоми боркашони баҳрӣ – ин коносамент, борхати баҳрӣ, забонхати роҳбаладӣ (штурманӣ), забонхати докӣ;
2. Ҳангоми боркашониӣ бо роҳи оҳан – борхати роҳи оҳан, ведемости роҳӣ;
3. Ҳангоми боркашони ҳавоӣ – борхати ҳавоӣ;
4. Ҳангоми боркашонии автомобилӣ – борхати боркашонии автомобилӣ;
5. Ҳангоми боркашонии дохилӣ – ҳуҷҷати ягонаи нақлиётӣ, ҳуҷҷати боркашонии омехта;
VII. Ҳуҷҷатҳои нақлиётию экспидиторӣ:
Ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи содиротчӣ иҷро шудани амалиётҳои гуногун оид ба коркади бор, нигоҳдорӣ дар анборҳо, ташкили боркашонӣ, аз ҷумла азнавборкунӣ, нигоҳдорӣ, пешниҳоди воситаи нақлиёти маҳаллӣ, тафтиши ҳолати бастабанд ва тамғагузорӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои гуногун ва ғ-ро барсмият медарорад.
Супоришҳо ба экспидитор барои иҷрои амалиётҳои муайян ҳуҷҷатҳои махсуси барасмиятдароварда мешавад, ки бо таври гуногун номида мешавад: супориши борборкунӣ, супориши нақлиётӣ ё дастурамали нақлиётӣ ва ғ.
1. Супориши борборкунӣ – ҳуҷҷате, ки вобаста ба шарти молрасонӣ ё аз тарафи борфиристонанда ё борқабулкунанда дар варақаи (бланкаи) ташкилоти нақлиётӣ экспидиторӣ тартиб дода шуда номгӯи амалиётҳое, ки ба экспидитор супориш дода мешавад ва дастурамали пурра оид ба иҷроиши онҳоро дарбар мегирад.
2. Дастурамали экспидиторӣ – ҳуҷҷате, ки ба экспидитор дода мешавад ва дастурамал оиди чораҳое, ки ӯ бояд барои экспидитсияи молҳои дар он нишондодашуда амалӣ намояд, дарбар мегирад.
3. Хабарнома ба агенти воридотчӣ –
4. Хабарнома ба содиротчӣ
5. Суратҳисоби экспидитор
6. Шаҳодатномаи экспидиторӣ дар бораи қабули бор (ФИАТА)
7. Хабарнома дар бораи фиристодан
8. Забонхати анбории экспидитор
9. Забонхат дар қабули мол (расиди анборӣ)
VIII. Ҳуҷҷатҳои гумрукӣ:
Ҳуҷҷатҳои гумрукӣ барои расмиёти интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ зарур аст. Ба ин ҳуҷҷатҳо дохил мешавад:
1. Декларатсияи гумрукӣ (ДГ) – ин ҳуҷҷати дорои шакли муайян буда, дар он маълумотҳои барои мақомоти гумрукӣ зарурӣ дарҷ гаштааст. ДГ ба мақомоти гумрукӣ дар мӯҳлати мқараргардида пешниҳод карда мешавад, ки ин мӯҳлат аз як рӯз то ду ҳафтаро дарбар мегирад.
2. Иҷозатномаҳои воридотӣ ва содиротӣ – ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақомотҳои махсуси давлатӣ ҳангоми мавҷудияти назорати конкретии воридот ва содирот дода мешавад. Ин ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи воридотчӣ ва ё содиротчӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда дода мешавад.
3. Декларатсияи нзорати асъор (содирот) – ҳуҷҷате, ки аз тарафи содиротчӣ – фурӯшанда пур карда мешавад ва бо ёрии он мақомоти дахлдор мутобиқи шартҳои пардохт ва қоидаҳои амалкунандаи назорати асъор метавонад ба кишвар воридшавии суммаи асъори хориҷӣ, ки аз содирот ба даст меояд, назорат намояд.
4. Декларатсияи нзорати асъор (воридот) – ҳуҷҷате, ки аз тарафи воридотчӣ – харидор пур карда мешавад ва бо воситаи он мақомотҳои дахлдор аз болои иҷроиши шартномаҳои тиҷорати хориҷӣ, ки барои онҳо асъори хориҷӣ ҷудо карда шудааст ва интиқоли маблағ мутобиқи шартҳои пардохт ва қодиҳои амалкунандаи назорати асъор пешбинӣ мешавад, назорат мебарад.
5. Сертификати (шаҳодатномаи) истеҳсолкунандаи мол – ҳуҷҷати махсусе, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдори кишвари содиротчӣ дода шуда, имконият медиҳад мол муайян карда шавад ва дар он мақомоти давлатӣ ва ё мақоми ваколатдор, ки ин ҳуҷҷатро бояд диҳад, тасдиқ менамояд, ки моли мазкур дар ҳамон кишвари конкретӣ истеҳсол шудааст.
6. Сертификат (ЮНКТАД) – сертификати махсуси кишвари истеҳсолкунандаи мол буда, дар он молҳое, ки ба онҳо системаи имтиёз дар доираи системаи умумии имтиёзҳо таъсир мекунад, нишон дода мешавад.
7. Шаҳодатномаи бойторӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти дахлдори кишвари содирот дода мешавад ва тасдиқ менамояд, ки ҳайвон ва ё парандаи воридшаванда бо паразит ва дигар намуди касалӣ заҳролуд нашудааст.
8. Шаҳодатномаи санитарӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти дахлдори кишвари содирот дода мешавад ва тасдиқ менамояд, ки маҳсулотҳои хӯрока ва маҳсулотҳои чорводорӣ барои истеъмол мувофиқ аст.
9. Шаҳодатномаи фитосанитарӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти дахлдори кишвари содирот дода мешавад ва тасдиқ менамояд, ки растанӣ, мева ва сабзавоти воридшаванда барои истеъмол мувофиқ аст, аз ҷумла маълумот дар бораи дезинфексия ва дигар коркардҳои химиявиро дарбар мегирад.
10. Шаҳодатномаи карантинӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти расмӣ оид ба карантин ё ҳифзи растании кишвари содирот дода мешавад ва тасдиқ менамояд, ки молҳои мазкур заҳролуд нашудааст ва онҳо аз минтақаи бо шароити аз нигоҳи карантин мусоид бармеояд.
11. Декларатсия дар бораи молҳои барои транзити гумрукӣ – ҳуҷҷате, ки бо ёрии он борфиристонанда дар бораи молҳои барои транзити гумрукӣ арзшаванда маълумот медиҳад.
12. Декларатсияи гумрукии байналхалқӣ, намунаи МЖДП – ҳуҷҷати байналхалқии транзити гумрукӣ, ки бо ёрии он борфиристонанда дар бораи молҳои бо роҳи оҳан интиқолшаванда мутобиқи Конвенсияи байналхалқии соли 1952 дар бораи соддагардонии шартҳои боркашонӣ бо роҳи оҳан бо воситаи сарҳадҳо маълумот медиҳад.
13. Дафтарчаи МДП (Международная дарожная перевозка) – ҳуҷҷати байналхалқии транзити гумрукӣ, ки аз тарафи мақомоти гумрукӣ дода мешавад ва мутобиқи он бор интиқол дода мешавад, дар аксар ҳолат бо мӯҳр ва пломбаҳои гумрукӣ дар воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳо мутобиқи талаботҳои Конвенсияи гумрукӣ дар бораи боркашонии байналхалқӣ бо истифодаи дафтарчаи МДП.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.