Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ҲИСОББАРОБАРКУНИҲО ОИД ШАРТНОМАҲОИ ФИХ

Иқтисодиёти бозоргонӣ барои пешрафти савдои байналхалқӣ зарурати интихобу истифодаи пули ҷаҳонӣ ё ба таври дигар асъори ҷаҳониро ба миён овард. Он дар навбати худ зарурати ташкили низоми асъорӣ: бозори асъор, қабулу истифодаи қоидаҳои ягонаи табдили асъор, таъмини устувории қурби он ва ҳалли масъалаҳои дигари ба он алоқамандро талаб кард.Нақша:
1. Моҳияти фаҳмиши «ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ»
2. Омилҳое, ки ба самаранокии ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ таъсир менамоянд
3. Намудҳои ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқии асъорӣ
4. Аккредитив ва намудҳои он. Инкассо: соф ва ҳуҷҷатӣ
Адабиёт:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», №383 аз 02.12.1996 бо иловаҳо №548 аз 5 августи 2009 сол.; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», №648 аз 23.03.1998 бо иловаҳо №524 аз 19 майи 2009 сол.; Основы таможенного дело. В.Г. Дроганов., Москва, 1998 изд. «Эономика»; Асосҳои фаъолияти гумрукӣ. М. Оймаҳмадов. Душанбе, Ирфон 1998; В. М. Крашенинникова «Валютное регулирование в системе государственного управления экономикой», Москва – Экономика – 2003. 399 с.;
С.Р. Моисеев «Международные валютно-кредитные отношения» Москва – «Дело и сервиз» – 2003г.

1. Моҳияти фаҳмиши «ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ»
Иқтисодиёти бозоргонӣ барои пешрафти савдои байналхалқӣ зарурати интихобу истифодаи пули ҷаҳонӣ ё ба таври дигар асъори ҷаҳониро ба миён овард. Он дар навбати худ зарурати ташкили низоми асъорӣ: бозори асъор, қабулу истифодаи қоидаҳои ягонаи табдили асъор, таъмини устувории қурби он ва ҳалли масъалаҳои дигари ба он алоқамандро талаб кард.
Албатта, ҳар як кишвар низоми пули миллии худро дорад, ки аз инҳо иборат аст:

воҳиди пули миллӣ (масалан, сомонӣ) ;
режими қурби пул (басташуда ва ё озодшинокунанда) ва таъмини устувории он;
шартҳои табдили пули миллӣ;
тартиби фаъолияти бозорҳои пул ва тилло;
тартиби ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ дар кишвар;
таркиб ва тартиби идораи захираҳои тиллоию асъории кишвар;
ҳуқуқи муассисаҳои танзимкунандаи муносибатҳои пулӣ дар кишвар.
Пешрафти муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ боиси дар асоси низомҳои пули миллӣ ташкил шудани низоми асъории байналхалқӣ гардид. Мақсади ташкили он ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ, қарздиҳию дастгирии якдигар, нигаҳдошти намояндагиҳои дипломатӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари байналхалқӣ мебошад.
Асъори миллӣ, пеш аз ҳама, барои ба амалбарории пардохти берунӣ дар аснои пайдошавии ӯҳдадорӣ дар назди шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ, ба асъори хориҷӣ иваз карда мешавад. Аз нигоҳи дигар, роҳи (канали) асосии воридоти асъори хориҷӣ ба мамлакат пардохти аз хориҷа омада мебошад.
Талабу ӯҳдадориҳои пулӣ ба асъор дар асоси муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ, илмию техникии байни давлатҳо, шахсони ҳуқуқию фардии дар қаламрави мамлакатҳои гуногун буда пайдо мешавад. Ҳисобҳои байналхалқӣ аз ташкилу танзими пардохтҳо оид ба талабу ӯҳдадориҳои муайяншуда иборатанд .
Ҳисобҳои байналхалқӣ ҳамчун фаъолияти ҳаррӯзаи бонкҳои ба хориҷа дар асоси шартномаҳо ва тартиботи баамалбарории ҳисобҳо, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тартиб дода, онҳоро аксари мамлакатҳои ҷаҳонӣ қабул кардаанд, ба роҳ монда мешаванд. Фаъолияти бонкҳо дар соҳаи ҳисоби байналхалқӣ объекти танзими давлатӣ мебошад.
Асосан ҳисоби байналхалқӣ бо роҳи ғайринақдӣ ба воситаи бонкҳо бо роҳи муқаррар кардании муносибатҳои корреспондентӣ (шарномавӣ) байни муассисаҳои қарзии мамлакатҳои гуногун ба амал баромада мешаванд. Бо ҳамин мақсад бонкҳо бо ҳамдигар созишнома хои корреспондентӣ (оид ба кушодани ҳисобот) мебанданд (ностро-хисоботи бонки мазкур дар бонкҳои дигар ва лоро-ҳисоботи дигар бонкҳо дар бонки мазкур), ки дар онҳо тартиби ҳисобҳо, ҳаҷми подоши комиссионӣ, инчунин методҳои пуркунии ҳисоби корреспонлдентӣ бо баробари харҷи воситаҳо нишон дода шудаанд. Бонкҳо метавонанд ҳисоботи байналхалқиро ба воситаи филиалҳо ва шӯъбаҳои хориҷии худ ба амал бароранд.
Вобаста ба шарти созишномахои савдои берунӣ, дараҷаи ивазшавию мавқеи асъорхои миллию хориҷӣ шаклхои гуногуни ҳисоботҳои байналхалқӣ ба кор бурда мешаванд.

2. Омилҳое, ки ба самаранокии ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ таъсир менамоянд
Барои самараноки ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ чунин омилҳо таъсир мерасонанд:

муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ байни мамлакатҳо;
қонуниятҳои асъорӣ;
қоидаҳо ва анъанаҳои савдои байналхалқӣ;
таҷрибаҳои бонкӣ;
шартҳои созишномаҳои савдои беруна ва шартномаҳои қарзӣ;
қобилияти пардохтӣ иштирокчиёни ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ.
Муносибатҳои асъорӣ наметавонанд бе қоидаҳои муайяну ба талаботи ҷонибҳо ҷавобгӯй таш­кил карда шаванд. Бо мақсади ташкили дурусти му­носибатҳои асъорӣ, истифодаи асъори муносиб, таъмини устувории қурби он ва ҳалли масъалаҳои дигари ба он алоқаманд кишварҳои ба ҳам муносибати зичи иқтисодӣ дошта, аз асри XIX шурӯъ карда, байни худ шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баста, дар онҳо масъалаҳои заруриро пешбинӣ намудаанд. Ҳамин тариқ, тартиби муайяни истифодаи асъор ё низоми асъорӣ ба миён омад, ки он бо мурури замон ба шароити нав мутобиқ карда мешуд.

3. Намудҳои ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқии асъорӣ
Бонкҳо, ки на танҳо хизматрасони харидору фурӯшанда, балки инчунин мутасаддии таъмини муносибатҳои молиявии мизоҷону буҷет, муассисаҳои ғайрибуҷетӣ, хазинаҳои нафақаю суғурта мебошанд, сари вақт гузаронидани пул ва риояи қоидаҳои ҳисоббаробаркуниро назорат мекунанд.
Зарурати таъмини самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо ба истифодаи ҳуҷҷатҳои шакли муайян дошта оварда расонд. Масалан, ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ истифодаи шакли ягонаи супоришномаи пулдиҳӣ аз ҷониби ҳама корхонаю соҳибкорон ҳатмист. Дар арсаи байналхалқӣ низ мувофиқи қарордодҳои умумӣ ҳуҷҷатҳои шаклан якхела ва бо тартиби муайян пур кардашуда истифода мешавад. Масалан, ҳангоми фиристодани мол ба воситаи нақлиёти обӣ ба фурӯшанда ҳуҷҷате дода мешавад, ки шакли муайян дошта, истифодаи он барои тамоми ширкату корхонаҳои дунё ҳатмӣ ҳаст.
Вобаста ба шарти созишномаҳои савдои берунӣ, дараҷаи ивазшавию мавқеи асъорҳои миллию хориҷӣ шаклҳои гуногуни ҳисоботҳои байналхалқӣ ба кор бурда мешаванд.
Амалияи ҷаҳонӣ чунин шаклу методҳои ҳисоботро ба мисли : инкассо, аккредитив, пул гузарониҳои бонкӣ, ҳисоботҳои авансӣ, ҳисобу китоб аз рӯи ҳисобкуниҳои кушод, инчунин ҳисобҳо дар шакли вексел, чекҳо, варақаҳо ба кор бурда мешаванд.
Инкассо ва аккредитив шакли асосии ҳисоби байналхалқӣ мебошад.
Шакли ҳисоббаробаркуниҳои тибқи инкассо. Моҳияти ин шакл аз он иборат аст, ки бонк бо супориши мизоҷи худ (содиротчӣ ё қарздеҳ) аз водиротчӣ пардохтро қабул мекунад (баъди фиристодани мол ва адои хизмат). Воситаҳои гирифташудаи дар ҳисоби бонк будаи мизоҷ навишта мешаванд. Дар ин асно пардохт аз воридотчӣ дар асоси ҳуҷҷатҳо ва фақат ҳуҷҷатҳои молиявии ҳуҷҷатҳои ҳамсафдоштаи тиҷоратӣ, ё фақат тиҷоратӣ (инкассои ҳуҷҷатӣ) рӯйонида мешавад.
Схемаи ҳисоббаробаркунии инкассавӣ чунин аст. Баъди бастани шартнома дар он бо воситаи кадом бонк баамалбарории ҳисоббарорбаркуни гузаронида мешаваду содиротчӣ молро бояд фиристонад, нишондода мешавад. Баъди аз молбиёр қабул кардани ҳуҷҷатҳои нақлиёти содиротчӣ тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро ба бонк гузошта супориш медиҳад, ки инкассоро ба амал барорад.
Ҳисобу китоб дар шакли аванс.
Барои содиротчи ҳисоббаробаркунӣ дар шакли аванс муфид аст. Чун қоида, пардохт дар шакли аванс ба 1/3 ҳиссаи суммаи шартнома расида метавонанд. Вале ин шакл фақат ҳамон фақт истифода карда мешавад, ки агар воридотчӣ барои гирифтани мол аз ҳад зиёд завқманд бошад ва ё вақте, ки содиротчӣ ба ӯ фишор орад ва воридотчӣ бо сабабҳои гуногун ба ин фишор тоб оварда натавонад.
Пардохтро баъди фиристодани мол ва харидор баъди гирифтани ахбороти телеграфӣ ё телексӣ аз фурӯшанда бо шарҳи молҳои фиристонида шуда шурӯъ менамояд.
Дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ.
Дар байни шаклҳои дигари ҳисоббаробаркунии системаи СВИФТ (шабакаи ҷаҳонии байнибонкии молиявии коммуникатсионӣ) вақти камро мегирад, ки он соли 1973 дар Бруссел таъсис дода шудааст. Ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли чеку вексел давраи таърихи тӯлонӣ дорад.
Солҳои охир дар ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ торафт бештар варақаҳои қарзӣ (ҳуҷҷатҳои пули номӣ, ки ба дорандаи худ ҳуқуқи имконияти ба дастории молу хизматро, ба таври насия медиҳад) истифода бурда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.