Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


НАМУДҲОИ ТАФТИШИ (РЕВИЗИЯ) ГУМРУКӢ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОНҲО

Мақомоти гумрук тафтиши гумрукии декларантҳо ва шахсони дигари анҷомдиҳандаи фаъолиятеро, ки назорати он ба зиммаи мақомоти гумрук аст, дар сурати вуҷуд доштани асоси кофӣ барои гумони аз ҷониби чунин шахсон риоя накрдани қонунгузории гумрукӣ мегузаронад.Нақша:
1. Моҳият, мақсад ва вазифаҳои тафтиши (ревизия) гумрукӣ
2. Намудҳои тафтиши гумрукӣ
Адабиёт:
1. Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,№573 аз 25 ноябри соли 2004 қабул шудааст;
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», №383 аз 02.12.1996 бо иловаҳо №548 аз 5 августи 2009 сол.;
3. Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» аз 27.12.1993; 4. Основы таможенного дело. В.Г. Дроганов., Москва, 1998 изд. «Эономика»;
5. Асосҳои фаъолияти гумрукӣ. М. Оймаҳмадов. Душанбе, Ирфон 1998

1. Моҳият, мақсад ва вазифаҳои тафтиши (ревизия) гумрукӣ
Мақомоти гумрук тафтиши гумрукии декларантҳо ва шахсони дигари анҷомдиҳандаи фаъолиятеро, ки назорати он ба зиммаи мақомоти гумрук аст, дар сурати вуҷуд доштани асоси кофӣ барои гумони аз ҷониби чунин шахсон риоя накрдани қонунгузории гумрукӣ мегузаронад.
Тафтиши гумрукиро мақомоти гумрук метавонад нисбат ба шахсони зерин гузаронанд:
1) декларантҳо ва шахсоне, ки ба мол ҳуқуқӣ соҳибмулкӣ доранд – агар дар натиҷаи татбиқи намудҳои дигари назорати гумрукӣ маълумоте ошкор шуда бошад, ки аз беэътимодии маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукии пешниҳодшуда ё аз истифода ва ихтиёрдории мол бо риоя накрдани талабот ва маҳдудиятҳои муқараршуда шаҳодат медиҳад;
2) брокерҳои гумрукӣ (намояндагон), соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони анборҳои озод, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ва боркашонҳои гумрукӣ – ҳангоми ошкор шудани маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани баҳисобгирии молҳо аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда ва ҳисобот дар бораи онҳо ё риоя накардани дигар талаботу шартҳои фаъолияти навъи дахлдор шаҳодат медиҳанд;
3) шахсоне, ки моли овардаашонро ба таври чакана ё яклухт савдо мекунанд – ҳангоми ошкор шудани маълумот гувоҳидиҳандаи он, ки молҳои ба қаламрави гумрукӣ бо халалдор шудани талаботу шартҳои мукаррарнамуда ворид гаштаанд ва ин боиси вайрон шудани тартиби супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ё риоя накардани мамнӯияту маҳдудиятҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараршуда гардидааст.
Тафтиши гумрукӣ аз анҷом додани тафтиши далели ҷойгиркунонии молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ё таҳти расмиёти гумрукӣ, риоя талаботу шартҳои истифодаи молҳо дар низоми гумрукӣ, расмиёти гумрукии марбута, инчунин дурустии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ нишошдодашуда таввассути муқоисаи ин маълумот бо маълумотҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ, бо ҳисобҳо, бо дигар итилооти аз шахсон гирифташуда иборат аст. Ҳангоми гузоронидани тафтиши гумрукӣ амалиёти дигари назорати гумрукӣ метавонанд истифода гарданд. Тибқи зарурият тафтиши гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақомоти гумрук бо ҷалби мақомоти дигари давлатӣ гузаронида шавад.
Санҷишҳои гумрукӣ метавонанд нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бошанд. Тафтиши гумрукии нақшавӣ санҷишест, ки ба нақшаи даврии фаъолияти назорати мақоми гумрук ворид карда шудааст. Санҷишҳои дигари гумрукӣ санҷишҳои ғайринакқшавӣ мебошанд. Вобаста ба мақсаднокӣ ва ҷойи гузорониданашон санҷишҳои гумрукӣ метавонанд маҷмӯӣ, мавзӯӣ, камералӣ ва сайёр бошанд, ки хусусиятҳои гузарониданашонро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи КГ муайян менамояд.
Тафтиши гумрукӣ дар асоси дастури сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ гузаронида мешавад. Дар дастур номгӯи мақоми гумруке, ки санҷишро мегузаронад, номгӯи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном, номи падари шахсоне, ки нисбаташон тафтиши гумрукӣ гузаронида мешавад, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари санҷишгарон, вазифаи онҳо (масъалаҳои) тафтиши гумрукӣ ва мӯҳлати гузаронидани он қайд карда мешавад.
Қабл аз гузаронидани тафтиши гумрукӣ шахсони мансабдори макоми гумруке, ки чунин тафтиши гумрикиро мегузаронад, вазифадоранд ба роҳбари шахси ҳуқуқии (намояндагӣ ва филиалҳо) санҷидашаванда, дар вакти ҳозир набуданаш – ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ё ьа шахсони дигари санҷидашаванда, дар вақти ҳозир набуданашон – ба намояндагони қонунии онҳо шаҳодатномаи хизматӣ ва дастур дар хусусигузаронидани тафтиши гумрикиро нишон диҳанд, инчунин маълумоти заруриро ба китоби баҳисобгирии санҷишҳо (ревизияҳо) сабт намояд.
Мӯҳлати гузарониданитафтиши гумрукӣ набояд сӣ рӯзи тақвими зиёд бошад. Мӯҳлати мазкур метавонад аз сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то сӣ рӯзи дигар тамдид гардад. Тамдиди мӯҳлати гузаронидани тафтиши гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумруқи сурат мегирад. Гузаронидани тафтиши гумрукӣ метавонад вобаста ба фосилаҳои вақте, ки байни башахс изҳор намудани талаботи мақоми гумрук оид ба пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумотҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷату маълумотҳои мазку, инчунин барои бо дархости макмрук дастрас кардани маълумоту ҳуҷҷатҳоидигар сарф шудааст, бо қарори сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ боздошта шавад. Давраи танафусҳо дар гузаронидани тафтиши гумрукӣ ба мӯҳлати умумии гузаронидани санӣши гумрукӣ дохил намешавад.
Ҳангоми гузаронидани тафтиши гумрукӣ мақомоти гумрук хукук доранд:
1) пешниходи ройгони ҳама гуна ҳуҷҷату маълумотро (ҳамчунин ҳуҷҷатҳои бонкиро), аз ҷумла дар шакли хуҷҷатҳои электронӣ, ки ба гузаронидани амалиёти истеҳсолӣ, тичоратӣ ё ғайра бо молҳои тавассути сарҳади гумрукӣ интиколёбанда тааллук доранд, талаб намоянд ва онҳо шинос гарданд;
2) дар доираи салоҳияти худ 6а хазина ва манбаъҳои маълумотии системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотии шахси санҷидашаванда бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи иттилоот роҳ ёбанд;
3) бино ва қаламрави шахси санҷидашавандаро аз назар гузаронанд, инчунин азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукиро мувофиқи талаботи ҳамин Кодекс дар ҳузури намояндагони ваколатдори шахси санҷидашаванда анҷом диҳанд;
4) гузаронидани ҳисобрасии молҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон талаб намоянд инчунин тафтиши дурустии гузаронидани онҳоро анҷом диҳанд;
5) ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро, ки бо имзои шахси мансабдори ваколатдор ва муҳри шахси ҳуқуқй ва соҳибкори инфиродӣ тасдик гардидаанд, аз шахсони санҷидашаванда талаб намоянд;
6) баёноти хаттиро аз шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкориинфиродӣ ва шахсони дигари санҷидашаванда аз рӯи масъалаҳое, ки дар рафти гузаронидани тафтиши гумрукӣ пайдо мешаванд, талаб намоянл:
7) биноҳоро мӯҳри манъи истифода зананд;
8) ҳуҷҷатҳоеро, ки аз содир гаштани ҳуқуқвайронкунӣ шаходат медиханд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ситонанд. Зимнан шахсони санҷишгар ҳуқуқи нусхабардорӣ кардани ҳуҷҷатҳои ситонидашударо доранд;
9) мутобиқи моддаи 418 ҳамин Кодекс молҳоро ситонанд ё ба ҳабс гиранд;
10) амалҳои дигари пешбининамудаи санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳанд.
Мӯҳри манъи истифода задан ба биноҳо ва ситонидани ҳуҷҷатҳое, ки аз содир гаштани ҳуқуқвайронкунӣ шаҳодат медиҳанд, дар мавридҳои истисноӣ, дар сурате ки наандешидани тадбирҳои мазкур боиси пинҳонии мондани ҳуқуқвайронкунӣ мегардад, анчом дода мешаванд.
Барои мақсадҳои гузаронидани тафтиши гумрукӣ мақомоти гумрук метавонанд натиҷаҳои ҳисобрасии молҳоро, ки шахси дорои ваколат нисбати молхо ё дорои масъулияти нигахдории чунин молҳо ё мақомоти назоратй гузаронидааст, хулосаҳои аудиторӣ, инчунин санаду хулосаҳоеро, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардаанд, истифода намоянд.
Натиҷаҳои гузаронидани тафтиши гумрукӣ бо акте ба расмият дароварда мешаванд, ки шакли онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар кардааст. Акти тафтиши гумрукӣ дар давоми 10 рӯз пас аз ба анҷом расидани тафтиши гумрукӣ дар на камтар аз ду нусха тартиб дода мешавад.
Дар акти тафтиши гумрукӣ бо назардошти хусусиятҳои гузаронидани намудҳои алоҳидаи санҷишҳои гумрукӣ бояд инҳо дарҷ ёбанд:

асоси таьин шудани тафтиши гумрукӣ, сана на рақами дастур барои гузаронидани он, вазифаҳо, насаб ва сарҳарфҳои ном ва поми падари шахсоне, ки санҷишро гузаронидаанд;
санаи оғоз ва анҷоми тафтиши гумрукӣ (дар мавриди ҷо доштани танаффусҳо фосилаи онҳо нишон дода мешавад). инчунин маконн тартиб дода шудани акти тафтиши гумрукӣ;
вазифаҳо, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари кормандони шахси санҷидашаванда, ки вазифадоранд акти тафтиши гумрукиро имзо намоянд, бо зикри хатмии давраи кориашон дар вазифаҳои ишғолнамуда, насаб ва сарҳарфи ном ва номи падари роҳбари шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ва шахси ба зиммааш вазифаҳои сармуҳосиби (муҳосиби калон бо ҳуқуқҳои сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродии санҷидашаванда, ки мансабҳои зикршударо дар давраи тафтиши ишғол менамуданд, инчунин шахсони дигаре, ки ба тафтиши гумрукӣ ҷалб гардидаанд;
4) номгӯ, мақони воқеъшавӣ ва тобеияти шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падар, ҷойи истиқомати соҳибкори инфиродии санҷидашаванда, рақами инфиродии андозсупорандаи онҳо, рақами суратҳисобҳои ҷорӣ бо зикри бонкҳо ва (ё) ташкилотҳои қарздиҳию молиявии ғайрибонкие, ки дар онҳо ҳисобҳои мазкур кушода шудаанд (дар сурати мавҷуд буданашон);

мавҷуд будани китоби баҳисобгирии санҷишҳо (ревизияҳо), инчунин иттилоъ дар хусуси навиштаҷоти дар он сабтшуда оид ба тафтиши гумрукии мазкур;
кӣ ва каӣ санҷишҳои гумрукиро дар давраи. тафтиши бо худи ҳамон мавзуъ қаблан гузаронидааст, чӣ гуна тадбирҳо вобаста ба далелҳои ошкоршудаи қонуншиканӣ андешида шудаанд;
кадом амалиёти (ҳуҷҷатҳои) молиявию хоҷагидорӣ, бо кадом усул ва мансуб ба кадом давра санҷида шудаанд;
макон, замон (агар он муқаррар карда шуда бошад) ва хусусияти ҳуқуқвайронкунии содиршуда, санадҳои қонунгузорие, ки талаботашон вайрон карда шудааст;
андозаи зарари расонидашуда (агар он мавчуд бошад) ва оқибатҳои дигари ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоршуда;
10) маълумоти пешбининамудаи кисми 8 моддаи 418 ҳамин Кодекс;
11)маълумоти дигаре, ки барои баррасии мавод оид ба натиҷаҳои тафтиши гумрукӣ ва қабули қарорҳо аз рӯи онҳо зарур аст.
Дар акти тафтиши гумрукӣ бояд дарҷи воқеӣ, амиқ ва дақиқи далелҳои ошкоршуда риоя гардад. Ба акти тафтиши гумрукӣ ворид кардани гумону тахмин ва маълумоти тасдиқнашуда дар бораи фаъолияти шахси санҷидашаванда мумкин нест. Ҳангоми гузаронидани тафтиши гумрукӣ шахсони мансабдори мақоми гумрук вазифадоранд; ки ҳама гуна далелу ҳолатхои барои қабули қарори асоснок аҳамияти ҷиддӣ доштаро маълум намоянд.
Акти санчиши гумрукӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми гумрук, ки тафтиши гумрукиро гузаронидаанд, ба имзо мерасад. Рохбари шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ на филиалҳо), дар вақти ҳозир набудани он – намояндаи қонунии шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ё соҳибкори инфиродӣ, дар вақти ҳозир набудани он – намояндаи қонунии соҳибкори инфиродӣ, инчунин шахсе, ки вазифаҳои сармуҳосиби (муҳосиби калон бо ҳуқуқҳои сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии санҷидашавандаро ба зимма дорад, вазифадоранд акти тафтиши гумрукиро имзо намоянд. Дар ҳолати саркашӣ кардани шахсони дар ҳамин қисм зикргардида аз имзо кардани акти тафтиши гумрукӣ, дар он навиштаҷоти дахлдор сабт карда мешавад. Пас аз ба имзо расидани акти тафтиши гумрукӣ ё дар ин акт сабт кардани навиштаҷот дар хусуси аз имзо саркашӣ кардани он, нусхаи дуюми ин акт ба шахсе, ки дар ҳамин кисм зикр гардидааст, супорида мешавад. Дар ҳолати саркашӣ кардан аз гирифтани акти тафтиши гумрукӣ, дар он навиштаҷоти дахлдор сабт гардида, нусхаи дуюми акти мазкур ба унвони шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии санҷидашуда равон карда мешавад.
Дар ҳолати вуҷуд доштани раддия нисбат ба акти тафтиши гумрукӣ шахсони онро имзокунанда пеш аз имзо навиштаҷоти дахлдорро дар ин хусус сабт менамоянд ва на дертар аз сй рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба имзо расидани акт раддияи худро вобаста ба мазмуни он ба таври хаттӣ ба мақоми гумруке, ки тафтиши гумрукиро таъин намудааст, пешниҳод мекунанд. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат раддияҳо барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
Асоснокии ваҷҳе, ки дар раддия изҳор шудааст, аз ҷониби шахсони мансабдори тафтиши гумрукиро анҷомдодаи мақоми гумрук санҷида мешавад ва дар ин хусус хулосаи хаттие тартиб дода мешавад, ки бо он шахсони бо тартиби муқарраршуда пешниҳоднамудаи раддия бо акти тафтиши гумрукӣ бояд шинос карда шаванд.
Дар ҳолати ошкор шудани аломатҳои чиноят ё ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми гумрук, ки санҷишро мегузаронанд, то анҷоми тафтиши гумрукӣ акти фосилавии алоҳида тартиб дода мешавад. Дар асоси акти фосилави мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ амал менамоянд. Далелҳои дар акти фосилави нишондодашуда ба акти тафтиши гумрукӣ, ки пас аз анҷоми тафтиши гумрукӣ тартиб дода мешавад, ворид карда мешаванд. Тарзи таҳия кардан, ба имзо расонидан ва супоридани акти фосилавӣ бо ҳамон тартибест, ки барои акти тафтиши гумрукӣ муқаррар шудааст.
Қарорро аз рӯи акти тафтиши гумрукӣ сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ дар доираи салоҳияташон, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, дар мӯҳлати на дертар аз сй рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани маводҳои тафтиши гумрукӣ қабул мекунанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
Ҳангоми тафтиши гумрукӣ мол дар ҳолатҳои зерин ба ҳабс гирифта мешавад:
1) ҳангоми ошкор намудани моле, ки маркаи махсус, воситаҳои ҳаммонандсозӣ, ё тарзҳои дигари нишонагузорӣ надорад ва чунин нишонагузориро ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи он, ки мол бо роҳи қонунӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, пешбинӣ намудаанд ё онҳо дорои маркаю нишонаҳои қалбакӣ мебошанд;
2) дар ҳуҷҷатҳои тиҷоратии шахси санҷидашаванда маълумот оид ба иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрук қайд нашуда бошад, ба шарте ки мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора шудани чунин маълумот дар ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ҳангоми муомилоти мол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад, ҳамчунин ҳангоми ошкор намудани нодурустии ин гуна маълумот ё вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, ки дар онҳо чунин маълумот бояд зикр шаванд;
3) ошкор намудани далелҳои истифода ва (ё) ихтиёрдории моли шартан барои муомилот иҷозатшуда бо мақсади дигар, нисбати оне, ки онҳо аз пардохти боҷи гумрукию андозҳои воридотӣ қисман ё пурра озод карда шудаанд.
Моле, ки нисбаташ ҳабс муқаррар карда шудааст, барои нигоҳ доштан ба соҳибаш ё дигар шахсе, ки нисбати ин мол ваколатдор аст, дода мешавад. Ҷои нигоҳдории чунин мол минтақаи назорати гумрукӣ эълон карда мешавад (моддаи 403).
Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон молро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё ба муомилот баровардан мумкин набошад, инчунин ҳангоми будани асоси кофӣ оид ба эҳтимоли он, ки ҳабси мол барои эҳтиёт кардани он кофӣ нест, мақомоти гумрук онро меситонанд.
Моли ситонидашуда дар анборҳои муваққатӣ ё дар дигар ҷой, ки минтақаи назорати гумрукӣ мебошад, ҷойгир карда мешавад.
Ситонидан ё ба ҳабс гирифтани мол метавонад анҷом дода нашавад. Агар шахси молаш ошкоргардида таъмини супурдани пардохтҳоро, ки метавонад ситонида шавад, пешниҳод намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муомилоти онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст ё нисбати ин молҳо маҳдудияти миқдорӣ муқаррар шудааст, мол метавонад ситонида ё ба ҳабс гирифта нашавад.
Боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо мақсади муайян кардани маблағи таъмини пардохти онҳо мутобиқи моддаи 372 ҳамин Кодекс ҳисоб карда мешавад.
Мол дар асоси қарори асосноки шахси мансабдори мақомоти гумрук, ки тафтиши гумрукӣ мегузаронад, дар ҳузури соҳиби мол ё намояндаи ў, инчунин дар ҳузури ду шахси холис ситонида ё ҳабс карда мешавад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ барои ситонидан ё ба ҳабс гирифтани мол мутахассис даъват карда мешавад (моддаи 425).
Пеш аз ситонидан ё ҳабси мол шахси мансабдори мақомоти гумрук вазифадор аст ба шахсе, ки молаш ситонида ё ҳабс карда мешавад, қарори ситонидан ва ҳабс намудани молро пешниҳод кунад.
Оид ба ситонидан ё ҳабс кардани мол протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол ё рўйихати ба он замимагардида моли ситонидашуда ва ё ҳабсшуда номгўи он, миқдор ва нишонаҳои хоса пурра қайд карда мешавад. Протоколи мазкурро шахси мансабдори мақоми гумрук, ки молро ситонидааст ё ҳабс кардааст ва шахс ё намоянда, ки молаш ситонида ё ҳабс карда мешавад, инчунин шахсони холис имзо мекунанд. Нусхаи протокол ба соҳиби мол ё намояндаи ў супурда мешавад.
Моли ситонида ё ҳабсшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки он метавонад мавриди мусодира қарор гирад, барои далели шайъӣ зарур гардад ё аз ҳисоби он боҷи гумрукӣ пардохта шавад, баъди як рўзи анҷом ёфтани тафтиши гумрукӣ баргардонида ё аз ҳабс озод карда мешавад. Агар дар рафти санҷиш муқаррар нашавад, ки нисбати чунин мол қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда нашудааст, он ба соҳибаш баргардонида ё фавран аз ҳабс озод карда мешавад, вале хароҷоти нигоҳдории муваққатии мол аз ҳисоби буҷети давлат пардохта мешавад.
Оид ба ихтиёрдории моли ситонидашуда ё ҳабсшуда дар акте, ки дар он натиҷаи тафтиши гумрукии гузаронидашуда инъикос меёбад, қайд карда мешавад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.