Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ҶАВОБГАРИИ ШАХСОН БАРОИ ВАЙРОНКАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГУМРУКӢ ВА АСЪОРӢ

Резидентҳо, бо шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо барои надоштани ҳисобу китоби амалиёти асъор, бурдани ҳисоби амалиёти асъор хилофи тартиби муқараршуда, пешниҳод накардан ё дар вақташ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ахборот ба мақомот ва намояндаҳои назорати асъор дар ҳудуди маблағе, ки ба ҳисоб гирифта нашудааст; бояду шояд ба ҳисоб гирифта нашудааст ё оид ба он ҳуҷҷат ва маълумот ба тартиби муқарраршуда пешниҳод карда нашудааст, мавриди ҷарима қарор дода мешаванд.Нақша:
1. Ҷавобгарии шахсон барои вайронкардани қонунгузории гумрукӣ ва асъорӣ
2. Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти гумрукӣ
Адабиёт:
Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,№573 аз 25 ноябри соли 2004 қабул шудааст; Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ; Основы таможенного дело. В.Г. Дроганов., Москва, 1998 изд. «Эономика»; Асосҳои фаъолияти гумрукӣ. М. Оймаҳмадов. Душанбе, Ирфон 1998

1. Ҷавобгарии шахсон барои вайронкардани қонунгузории гумрукӣ ва асъорӣ
Резидентҳо, бо шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳое, ки қонунро вайрон карданд, ба чунин ҷавобгарӣ кашида мешавад:

Ба ҳисоби давлат ситонидани тамоми даромад аз муомилоте, ки қонун ғайриқонуни ҳисоб мекунад;
Ба фоидаи давлат ситонидани он маблағе, ки беасос, на аз рӯи муомила, балки дар натиҷаи амали ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст.
Резидентҳо, бо шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо барои надоштани ҳисобу китоби амалиёти асъор, бурдани ҳисоби амалиёти асъор хилофи тартиби муқараршуда, пешниҳод накардан ё дар вақташ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ахборот ба мақомот ва намояндаҳои назорати асъор дар ҳудуди маблағе, ки ба ҳисоб гирифта нашудааст; бояду шояд ба ҳисоб гирифта нашудааст ё оид ба он ҳуҷҷат ва маълумот ба тартиби муқарраршуда пешниҳод карда нашудааст, мавриди ҷарима қарор дода мешаванд. Тартиби ба ҷавобгарӣ кашидан дар ҳолатҳои пешбинишуда, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя ба дигар мақомоти назорати асъор мувофиқи қонун муқаррар карда мешавад.
Дар суръати такроран вайрон кардани қоидаҳои дар ин модда зикршуда, инчунин барои иҷро накардан ё бояду шояд иҷро накардани дастурҳои мақомоти назорати асъор резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо ба чунин ҷавобгариҳо кашида мешаванд:

ба фоидаи давлат ситонидани тамоми даромад аз муомилоте, ки қонун ғайриқонунӣ ҳисоб мекунад, инчунин ҷаримаҳо дар ҳудуди андозаи панҷкаратаи ин маблағ, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди дигар мақомоти назорати асъор ва мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад,
боздоштани амал ё маҳрум кардани резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор, ё ғайрирезидентҳо ва иҷозатномаҳое, ки мақомоти назорати асъор додааст;
татбиқи ҷаримаҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
Ситонидани маблағи ҷаримаи дар боло пешбинигардида ва ҷаримаҳои дигар аз тарафи мақомоти назорати асъор, аз ҷумла бо пешниҳоди агентҳои назорати асъор ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ сурат мегирад.
Шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳо, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор ва шахсони ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳо, инчунин шахсони воқеӣ, ки ба вайрон кардани қонуни асъор айбдоранд, мувофиқи қонунҳои ҶТ ба ҷавобгари ҷиноӣ, маъмурӣ ва шаҳрвандию ҳуқуқӣ кашида мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.