Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Вазифа ва мақсадҳои асосии корхона дар шароити иқтисоди бозорӣ

Ҳадафи асосии корхона дар иқтисоди бозорӣ – гирифтани фоида ва таъмини мунтазами устувории молиявии он мебошад. Корхонаҳо он гоҳ ба мақсади худ ноил мегарданд, ки дар ҷараёни фаъолияти худ шартҳои муайян ва вазифахои заруриро сармашқи кори худ қарор диҳадҲадафи асосии корхона дар иқтисоди бозорӣ – гирифтани фоида ва таъмини мунтазами устувории молиявии он мебошад.
Корхонаҳо он гоҳ ба мақсади худ ноил мегарданд, ки дар ҷараёни фаъолияти худ шартҳои муайян ва вазифахои заруриро сармашқи кори худ қарор диҳад.

Олими маъруфи немис, иқтисоддон Г. Шмалензӣ намудҳои зерини усули идоракунии корхонаро номбар мекунад:

сарфакорӣ;
устувории молиявӣ;
фоида.
Принсипи сарфакорӣ:
– натиҷаи муайян дар ҳолати камии хароҷот – принсипи минималӣ;
– дар ҳолати ҳаҷми додашуда натиҷаи баланд – принсипи максималӣ.
Принсипи устувории молиявӣ: дар ҳар ҳолат қарзи худро бо маблағи хусусии худ ё тавассути ба дертар гузоштани мӯҳлати он аз ҳисоби гирифтани қарз дода тавонистан.

Мақсади олии фаъолияти соҳибкорӣ – зиёд будани даромад нисбат ба хароҷот, яъне ба даст овардани фоида ва даромаднокии зиёди имконпазир ба шумор меравад.

Барои ба мақсад ноил шудан корхонаҳо бояд шартҳои зеринро риоя кунанд:

маҳсулоти аълосифат истеҳсол намуда, онро бо мурури замон такмил диҳанд ва ба қадри талабот ва имкониятҳои истеҳсолӣ хадамоти гуногун иҷро намоянд;
ба истеҳсолот, ташкили меҳнат ва идоракунӣ ба қадри имкон навоварӣ дароваранд.
дар хусуси коргарони худ, баланд бардоштани ихтисос ва беҳтар кардани некӯаҳволии онҳо ғамхорӣ намуда, муҳити мусоиди иҷтимоӣ-руҳиро дар ҷомеаи меҳнатӣ ба вуҷуд оваранд;
рақобатнокии корхона ва маҳсулоти онро таъмин намоянд.
Лекин корхона бояд инро ба эътибор гирад, ки корҳое, дар марҳилаи забти бозор иҷро мекунад, пеш аз ҳама барои бояд татбиқи стратегияи таҳияшуда ва мақсади дарпешгузошта равона карда шуда, ба даст овардани фоида ба навбати сонӣ гузошта шавад.

Калимаи омил (фактор) чун қувваи ҳаракаткунандае, ки як ҷараён ё яке аз шартҳои асосии онро иҷро мекунанд, маънидод карда мешавад.
Дар матни мазкур зери мафҳуми омил (фактор) – қувваи ҳаракаткунандае фаҳмида мешавад, ки ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо дар иқтисоди бозоргонӣ таъсир мерасонад. Ин мафҳумро набояд бо мафҳуми «омилҳои истеҳсолот» омехта намоем, ки ба онҳо, чуноне, ки ба мо маълум аст, воситаҳои меҳнат дохил мешаванд.
Дар иқтисоди бозоргонӣ ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо омилҳои зиёде таъсир мерасонанд, ки онҳоро мувофиқи нишонаҳои гуногун тасниф менамоянд.

Омилҳо: мусбӣ, манфӣ, дохилӣ, хориҷӣ (объективӣ, субъективӣ).
Ба омилҳои мусбӣ ворид намудани техникаи нав дохил мешавад.
Омилҳои манфӣ дар ҳолате рӯй медиҳанд, ки агар барои пешгирии шароити бади меҳнат чораҳои зарурӣ андешида нашаванд ва боиси беморӣ ва беҳолии (мондашавии) коргарон гардад.
Омилҳои дохилӣ инҳоанд:

ба шахсияти роҳбар, ба қобилияти ӯ дар фармондиҳӣ ва роҳбарикунӣ дар иқтисоди бозоргонӣ;
ба суръати пешрафти илмӣ-техникӣ;
ба такмили ташкили истеҳсолот ва меҳнат;
ба шакли ташкилӣ-ҳуқуқии хоҷагӣ;
ба ташкил намудани муҳити мусоиди иҷтимоӣ-руҳӣ;
ба миқдор ва рақобатнокии маҳсулот;
ба идоракунии хароҷот ва сиёсати нархгузорӣ вобаста аст.
Омилҳои объективӣ – омилҳое мебошанд, ки бо шахсияти шахсони роҳбарикунанда умуман алоқае надоранд ва ба ҷумлаи онҳо офатҳои табиӣ, бад шудани ҳолати кӯҳӣ-геологӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Омилҳои субъективӣ пурра аз шахсони роҳбарикунанда вобаста мебошанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.