Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Корхона ҳамчун агент дар иқтисоди бозорӣ

Бозор – маҷмӯи ҳавас ва амалиёт, ки фурӯшанда, харидорон ва инчунин шароитҳои имконпазире, ки ҳолат ва ҳаракати ин ҳавас ва амалиётро тавсиф медиҳад, вуҷуд доранд.Ҷои корхона дар системаи муносибатҳои бозорӣ
Бозор – маҷмӯи ҳавас ва амалиёт, ки фурӯшанда, харидорон ва инчунин шароитҳои имконпазире, ки ҳолат ва ҳаракати ин ҳавас ва амалиётро тавсиф медиҳад, вуҷуд доранд.
Бозор – ин ҳамкории харидорон ва фурӯшандагон, ки бо воситаи нархи бозор, мувофиқати талабот ва пешниҳод ба амал меояд, меноманд.
Корхона дар иқтисоди бозорӣ дар якчанд намуд бозорҳо ба амал меояд: захираҳои истеҳсолӣ вамаҳсулоти тайёр, бозорҳои миллӣ, маҳдуд, инчунин дар бозорҳои байналхалқи нигаронида мешавад.
Корхона дар сохти бохорӣ ҳамчун агенти талабот ва пешниҳод баромад мекунад, нархи худро барои истеъмолкунандагон ва таъминкунандагон пешниҳод карда, яквақта нархи дар бозор мавҷуд бударо ба назар мегирад ва таклифоти худро пешниҳод менамояд, Инчунин пешниҳоди дигар агентони бозорро (то ин ё он дараҷа) ба назар гирифта, мувофиқи намудҳои таркиби бозории мавҷуд буда ва вазъияти замонавӣ, стратегия ва тактикаи бозори худро муайян мекунад.
Корхона – субъекти мустақили хоҷагидорӣ мебошад, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи ҷамъият ва гирифтани фоида фаъолияти истеҳсолӣ мебарад ва кору хадамоти мухталифро ба иҷро мерасонад.Пеш аз ҳама ин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, ба миёноии мубодила, ки ба пайдоиши пулҳо оварда расонид, инчунин ҳавасмандиро барори истеҳсоли ин ё он молҳо, ки махсусан барои фурӯш пешбинӣ шудаанд, васеъ намуд. Дар натиҷа истеҳсоли молӣ пайдо шуд, яъне истеҳсоли чунин молҳо, ки ба истеҳсолкунандаи он барои истеъмоли шахсӣ не, балки дар сифати дорандаи арзиш, ки бар ивази он дигар предметҳои муҳимро доро шудан имконият медихад. Лекин, барои он ки хаҷагии бозорӣ самаранок фаъолият барад, шарти –мустақилияти истеҳслкунанда, яъне озодии соҳибкирӣ зарур аст.
Амалӣ намудани танзими хоҷагидории ғайрибозорӣ дар хар як системаҳо роҳ дода мешавад, лекин чӣ қадаре, ки молистеҳсолкунанда кам (скован) бошад, ҳамон қадар озодӣ барои тараққиёбии муносибатҳои бозорӣ зиёд аст.
Корхона дар ташкили истеҳсолот ва савдои озод мустақил мебошад. Он тарз ва роҳҳои фурӯши маҳсулоти худро муайян мекунад, аҳли шартномаҳо, к ибо онҳо кор мекунад, интихоб мекунад ва алоқаҳои иқтисодиро бо воситаи шартномаҳо ба вуҷуд меорад. Инчунин шарти муҳими савдои озод нархгузории озод ба ҳисоб меравад.
Дар иқтисодиёт озодии мутлақи истеҳсолкунандагон вуҷуд надорад. Корхона дар он вақт мустақил мешавад, ки агар пеши роҳи он ягон монеа, ки ба идоракунии фаъолияти хоҷагидори он халал мерасонад, вуҷуд надошта бошад вале корхона аз бохор ва талаботҳои бозор озод шуда наметавонад, барои ҳамин танҳо дар бораи рамкаҳои муайяни мустақилияти он сухан рондан мумкин аст.
Барои фаъолияти ҳар як корхона характер, намуди бозоре, ки дар он фаъолият мебарад, таъсир мерасонад. Намуди бозор аз намуди маҳсулот, шумораи корхонаҳо, мавҷуд будан ё набудани маҳдудият (монеаҳо) барои даромадан ба соҳа ва ё баромадан аз он , дастрас будани ахборот оиди нарх, навоварӣ ва ғайраҳо вобаста мебошад.
Якчанд намудҳои сохтори бозорӣ мавҷуданд: Рақобати соф(мукаммал), монополия, рақобати монополӣ, олигаполия.
Дарси дуюм: Корхона дар сохти бозорӣ
Бозор, ҳамчун ҷузви ҷамъият, таъмингари робитаҳои доимии байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони неъматҳои иқтисодӣ бо воситаи мувофиқати якҷоягии талабот ва таклифот, ташкилёбии нархи бозор мебошад. Асоси тарки би механозми бозорӣ иин талабот, таклифот ва нарх ба ҳисоб меравад.
Талабот ин хоҳиш (имконият)-и харидорон барои ба даст овардани миқдори муайяни маҳсулот бо нархи муайян мебошад.
Қонуни талабот – вобастагии чаппаи нарх ва микдори маҳсулоти харида мешударо нишон медиҳад.
Функсияи талабот – функсияе мебошад, ки вобастагии бузургии талаботро аз якчанд омилҳо нишон медиҳад. Дар намуди умумӣ:
Qd = F(P, I, T, Psub, Pcom, N, B), (2.1)
ки дар ин ҷо Qd – бузургии талабот; P – нархи мол; I – сатҳи даромади истеъмолкунандагон; Т – ифодаи миқдории афзалиятҳои иқтисодӣ; Psub – нархи молҳои -субститутӣ; Pcom – нархи молҳои комплементарӣ; N – миқдори харидорон; B – омилҳои дигар.
Каҷхаттаи талабот – каҷхаттае мебошад, ки чӣ миқдори неъматҳои иқтисодиро харидорон тайёранд дар айни замон ба даст оваранд, нишон медихад.Тағирёбии нарх ҳаракати каҷхаттаро нишон медиҳад, таъсироти дигар омилҳои ғайринархӣ ин каҷхаттаро ба тарафи муайяни чап ё рост мекӯчонад.
Пешниҳод – миқдори неъматҳои иқтисодӣ, ки фурӯшандагон ба истеъмолкунандагон тайёранд, к ибо нархи муайян пешниҳод кунанд.
Қонуни пешниҳод – робитаи ростаи байни нарх ва миқдори маҳсулоти пешниҳодшаванда мебошад.
Каҷхаттаи пешниҳод – каҷхаттае, чӣ миқдор неъматои иқтисодиро истеҳсолкунандагон ба истеъмолкунандагон тайёранд, ки бо нархи муайян пешниҳод кунанд, нишон медиҳад.Тағирёбии нарх ҳаракати каҷхаттаро мефаҳмонад.
Функсияи пешниҳод пешниҳодро аз вобастагии якчанд омилҳои таъсиррасон муайян мекунад.Дар намуди умумӣ:
Qs = F(P, Pr, T, K, N, B), (2.2)
ки дар ин ҷо Qs – бузургии пешниҳод; P – нархи мол; Pr – нархи захираҳо; T – андозҳо ва субсидияҳо; K – дараҷаи технология; N – миқдори фурӯшандагон; B – омилҳои дигар.
Тағирёбии омилҳои ғайри нархӣ ҳаракати каҷхаттаро ба тарафи муайяни рост ва ё чап мекӯчонад.Буриши каҷхаттаи талабот ва пешниҳод дар нархи баробарвазнӣ ва миқдори баробарвазнӣ инъикос меёбад.Нархи баробарвазнӣ (Ре)-нархе, ки фурӯшандагон тайёронд ба бозор пешниҳод намоянд. Харидорон ни з ба даст овардани он мол тайёранд, яъне ин нархе мебошад, ки ҳам харидорон ва ҳам фурӯшандагон бо он розӣ мебошанд.
Миқдори баробарвазнӣ гуфта он миқдорро меноманд, ки дар бозор пешниҳод мешавад, ва ҳамаи оназ тарафи харидорон харида мешавад.

Талабот ва пешниход аз якчанд омилҳо вобаста мебошанд. Тағирёбии онҳо ба тағирёбии талабот ва пешниҳод оварда мерасонад. Барои ҳамин мафҳуми чандирнокӣ вуҷуд дорад.Чандирноки ин қобилияти одат кардани талабот ва таклифот ба тағирёбии шароити бозор мебошад.
Чандирнокӣ – яке аз категорияҳои муҳими илми иқтисодӣ мебошад. Якумин бор ин мафҳум ба назарияи иқтисодӣ аз тарафи олим А. Маршал дароварда шуда буд ва тағирёбии фоизии як тағирёбандаро дар ҷавоби тағирёбии фоизии дигар тағирбанда мефаҳмонад.
Корхонаҳо ба намудҳои омилҳои истеҳсолот ки барои истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ заруранд, талабот доранд.
Талаботи корхонахо барои захираҳо аз талаботи истеъмолкунандагон ба маҳсулоти ин корхона вобаста мебошад: чи қадаре, ки талабот ба маҳсулот зиёд бошад, ҳамон қадар талабот ба захираҳо зиёд мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар талаботи корхона функсияи ҳосилавиро дорост.
Фаъолияти иқтисодии корхонаро бо воситаи чунин функсияи истеҳсолӣ нишон додан мумкин аст:
Q = f(F1, F2, …Fn), (2.3)
ки дар ин ҷо Q – ҳаҷми истеҳсолот;F1, F2, Fn–миқдори омилҳои истифодашудаи истеҳсолот.
Пешниҳоди корхона аз рӯи се гурӯҳи омилҳо ташкил меёбад:

Аз рӯи талаботи бо қобилияти пардохт карда тавонистани истеъмолкунандагони маҳсулоти корхона тақдим карда шуда;
Соҳиби сатҳи потенсиалии хароҷотҳои истеҳсолӣ будан (хароҷотҳои корхона барои истеҳсоли молҳо);
Бо вазъияти умумии бозорӣ ва рафтори рақибон.
Истеъмолкунанда барои он ягон неъматро ба даст меорад, то ки талаботи худро қонеъ гардонад. Кобилияти конеъ гардонидани он неъмат як ва ё якчанд талаботхоро фоиданокии неъмат меноманд
Фоиданокии неъмат дар шароити доимии хоҳиши истеъмолкунандагон ботағирёбии миқдори неъматҳои истеъмолшуда тағир меёбад. (Қонуни камшавандаи фоиданокии ҳаддӣ)
Дар назарияи интихоби истеъмолӣ фоиданокии ҳаддии истеъмолкунандаи ҳамаи неъматҳои иқтисодӣ ҳамавақт мусбӣ аст.
Харидор миқдори зиёди молро бар минимуми моли дигар афзалият мебинад, яъне истеъмолкунанда аз миқдори муайяни неъмати А розӣ аст даст кашад, агар ба ӯ миқдори зиёди неъмати ивазкунандаро пешкаш намоянд.
Дарси сеюм. Корхона ҳамчун агенти иқтисодиёти бозорӣ
Масъалаи 1. Бузургии талабот ва пешниҳодро муайян кунед, арзиши барзиёдӣ ва камчиниро дар ҳар як номенклатураи мол ва умуман барои ҳамаи молҳо дар асоси рақамҳои дар ҷадвал овардашуда муайян кунед.

№б/т

Нархи як дона маҳсулот, сом.

Талабот

Бузургии талабот,ҳаз.сом

Пешниҳод

Бузургии пешниҳод(даромад)ҳаз.сом.

барзиёдӣ (+) (пешниҳод аз талабот зиёд), норасоӣ (-) (талабот аз пешниҳод зиёд)

Якто харидор, адад

ҳамаи харидорон(20 нафар.) адад

Як то фурӯшанда, адад.

Ҳамаи фурӯшандагон(10наф), адад.

Адад.

Ҳаз.сом.

1

80,0

80

6,4

+80

+6,4

2

70,0

15

300

21

60

600

42

+300

+21

3

60,0

20

?

?

50

?

?

?

?

4

50,0

25

?

?

40

?

?

?

?

5

40,0

30

?

?

30

?

?

?

?

6

30,0

40

?

?

24

?

?

?

?

7

20,0

50

?

?

15

?

?

?

?

8

15,0

60

?

?

12

?

?

?

?

9

10,0

70

?

?

10

?

?

?

?

Ит

?

?

?

?

?

?

Ҳалли масъала:

№б/т
Нархи як дона маҳсулот, сом.

Талабот

Бузургии талабот, ҳаз.сом

пешниҳод

Бузургии пешниҳод(даромад)ҳаз.сом

барзиёдӣ (+) (пешниҳод аз талабот зиёд), норасоӣ (-) (талабот аз пешниҳод зиёд)

Якто харидор, адад

ҳамаи харидорон(20 нафар.) адад

Як то фурӯшанда, адад.

Ҳамаи фурӯшандагон(10наф), адад.

адад.

ҳаз.сом.

1

80,0

80

800

6,4

+80

+6,4

2

70,0

15

300

21

60

600

42

+300

+21

3

60,0

20

400

24

50

500

30

+100

+6

4

50,0

25

500

25

40

400

20

-100

-5

5

40,0

30

600

24

30

300

12

-300

-12

6

30,0

40

800

24

24

240

7,2

-560

-16,8

7

20,0

50

1000

20

15

150

3

-850

-17

8

15,0

60

1200

18

12

120

1,8

-1080

-16,2

9

10,0

70

1400

14

10

100

1

-1300

-13

Итог

6200

170

181

-2990

+11

Хулосаҳо
Дар ифодаи натуралӣ талабо 6200 донаро ташкил дод, пешниҳод бошад 3210 дона. норасоӣ 2990 донаро ташкил медиҳад (6200 – 3210), бузургии умумии талабот 170000 сомон мебошад. Пешниҳод 181 ҳаз.сомони. изофа дар ифодаи қиматӣ ба 11ҳазор сомон расид.
Масъалаи 2. Бузургии талабот, чандирнокии талабот аз рӯи нарх, тағирёбии даромадро муайян намоед, агар талабот ҳар моҳ ин тавр бошад:Q 1 = 800 дона.; Q 2= 1500 дона.; Q 3 = 2500 дона.; Q 4 = 4000 дона.;Q 5 = 4500 дона. Р 1 = 30 сом.; Р 2 = 20 сом.; Р 3 = 16 с.; Р 4 = 12 с.
Ҳалли масъала: Бузургии талаботи (даромад) ҳар як мол (ВС = бузургии талабот)
ВС 1 = 30*800= 24 хаз. Сом
ВС 2 = 20*1500= 30 хаз. сом
ВС 3 = 16*2500= 40 хаз. сом
ВС 4 = 12*4000= 48 хаз. сом
ВС 5 = 10*4500= 45 хаз. сом
Коэффисиенти чандирнокии нархдар вақти гузариш ба истеҳсоли маҳсулотЕd = (1+(Q2 – Q1)/((Q2 +Q1)/2) / (1+(Р2 – Р1)/((Р2 +Р1)/2)
Ed (1,2)= (1500 – 800)/((1500+800)/2) / (30-20)/((30+20)/2) = 0,6/0,4 = 1,5 Еd >1(гузариш ба модели нав чандирноктар)
Еd (2,3) = (2500 – 1500)/((2500+1500)/2) / (20-16)/((20+16)/2) = 0,5/0,22 = 2,04, Еd >1 (гузариш ба модели нав чандирноктар)
Еd (3,4) = (4000 – 2500)/((4000+2500)/2) / (16-12)/((16+12)/2) = 0,46/0,285 = 1,58, Еd >1 (гузариш ба модели нав чандирноктар)
Еd (4,5) = (4500 – 4000)/((4500+4000)/2) / (12-10)/((12+10)/2) = 0,12/0,18 = 0,66, Еd <1 (гузариш ба модели нав ночандир)
Аз рӯи баҳодиҳии умуми:Еd (1,2)= (1500/800) / 30/20 = 1,87/1,5 = 1,25 – даромад зиёд шуд то 30 хаз. сом (24*1,25)
Еd (2,3)= (2500/1500) / 20/16 = 1,67/1,25 = 1,33 – даромад зиёд шуд то 40 хаз. сом (30*1,33)
Еd (3,4)= (4000/2500) / 16/12 = 1,6/1,33 = 1,2 – даромад зиёд шуд то 48 хаз. сом (40*1,2)
Еd (4,5)= (4500/4000) / 12/10 = 1,125/1,2 = 0,937 – даромад зиёд шуд то 45 хаз. сом (45*0,937)
Маводҳо барои санҷиши ҳафтаина доир ба мавзуи : Корхона ҳамчун агенти иқтисодиёти бозорӣ
Дар дарс пурсиши донишҷӯён аз рӯи мавзӯи назариявии гузашта гузаронида мешавад.
Якчанд саволҳо.

Дар зери мафҳуми бозор чиро мафаҳмед?
Маънои корхонаро маънидод кунед?
Типҳои гуногуни сохти бозорирокушода диҳед.
Дар зери мафҳуми мустақилияти корхона чиро мефаҳмед?
Таркиби асосии механизми бозориро медиҳад?
Талабот чист?
Каҷхаттаи талабот чиро нишон медиҳад?
Омилҳои ба талабот таъсиррасонро номбар кунад.
таклифот чист?
Каҷхаттаи таклифот чиро нишон медиҳад.
Омилҳои ба таклифот таъсиррасонро номбар кунед.
Нархи баробарвазнӣ чир нишон медиҳад?
Оқибатҳои нобаробарии мқдори талабот ва таклифотро нишон диҳед
.Маънои чандирнокиро кушода диҳед.
Чандирнокии талабот чист?
Чандирнокии таклифот чист?
Қонуни камшавандаи фоиданокии ҳаддӣ чиро мефаҳмонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.