Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Мафхум, таснифот, таркиб ва усулхои баходихии фондхои асоси

Қисми таркибии воситаҳои истеҳсолотр воситаҳои асосӣ (фондҳои асосӣ) ташкил медиҳад, фондҳои асосӣ бевосита дар офаридани арзишҳои моддӣ истифода шуда, бо рақобатнокии маҳсулот алоқаи зич дорад.Қисми таркибии воситаҳои истеҳсолотр воситаҳои асосӣ (фондҳои асосӣ) ташкил медиҳад, фондҳои асосӣ бевосита дар офаридани арзишҳои моддӣ истифода шуда, бо рақобатнокии маҳсулот алоқаи зич дорад.
Фондҳои асосӣ – қисми фондҳои истеҳсолӣ (воситаи меҳнат) мебошанд, ки дар якчанд гардиши истеҳсоли истифода шуда, шакли табиии худро нигоҳ медорад ва арзиши худро тадриҷан ба қадри фарсудашавӣ ба арзиши маҳсулоти тайёр мегузаронанд.
Фондҳои асосӣ бо гуногунии таркибашон тавсиф мешаванд: таҷҳизот, бинои истеҳсолӣ ва мавзеи анбор, шабакаҳои барқӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва ғайра. Аммо на ҳамаи унсурҳои фондҳои асосӣ дар ҷараёни истеҳсолот аҳамияти якхела доранд. Баъзеи онҳо бевосита барои баровардани маҳсулот таъсир мерасонанд, аз ин рӯ онҳоро ба қисми активи фондҳои асосӣ дохил мекунанд, аз қабили машина ва таҷҳизот.
Унсурҳои дигари фондҳои асосӣ аз қабили бинои истеҳсолӣ ва анборҳо, ки танҳо барои ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни истеҳсолот шароит фароҳам меоваранд, таъсири ғайримустақим дошта, онҳо ба қисми пассиви фондҳои асосӣ таалуқ доранд.
Барои ба қайд гирифтан, баҳо додан ва таҳлил намудани фондҳои асосӣ онҳоро мувофиқи нишонаҳои муайян тасниф мекунанд.
Фондҳои асосӣ аз рӯи таркиби моддӣ – натуралӣ тасниф мешаванд, ки бинохо, иншоотхо,дастгоххои интиколи, машина ва тачхизотхо, воситаи наклиёти, асбобхо, чорвои кори, чорвои озукави ва фондхои асосии бокимондаро ташкил медиханд.
Ба қисми пассиви фондҳо биноҳо ва иншоот, яъне фондҳое, ки барои ба амал омадани ҷараёни истеҳсолот замина фароҳам меоваранд, дохил мешаванд.
Барои таҳлили сифатнокии фондҳои асосӣ дар корхона донистани таркиботи онҳо зарур аст, ки онҳо якчанд намуд доранд, монанди истеҳсолӣ, технологӣ ва синнӣ.
Вазни қиёсии ҳар як гурӯҳҳои фондҳои асосӣ дар арзиши умумии худ таркиби истеҳсолиро ташкил медиҳанд.
Таркиби истеҳсолии фондҳои асосӣ ва тағироти он дар ин ё он давра ба тавсифи дараҷаи техникии саноат ва истифодаи самараноки маблағгузориро ба фондҳои асосӣ имкон медиҳад. Дар ҳақиқат дар таркиби фондҳои асосӣ машина ва таҷҳизот ва дигар унсурҳои қисми активи фондҳои асосӣ зиёд бошад, ҳамон қадар ба ҳар воҳиди пулии фондҳои асосӣ маҳсулот истеҳсол мешавад.
Таркиби технологии фондҳои асосии истеҳсолӣ тақсими онҳоро ба қисматҳои таркибии корхона бо ҳисоби фоиз аз арзиши умумиашон ифода менамояд.
Таркиби синнии фондҳои асосии истеҳсолӣ тақсими онҳоро ба гурӯҳҳои синнӣ (то 5 сола, аз 5 то 10 сола, аз 10 то 15 сола, аз 15 то 20 сол; зиёд аз 20 сол) ифода менамояд.
Ба ҳисобгирӣ ва ба нақшагирии фондҳои асосӣ дар намуди нишондиҳандаҳои натуралӣ ва арзишӣ ба амал бароварда мешаванд.
Нишондиҳандаҳои натуралӣ фондҳои асосии истеҳсолиро чун воситаи муайянӣ меҳнат тавсиф мекунанд: миқдори машина ва таҷҳизот, тавсифи техникии онҳо, масоҳат ва ғунҷоиши биноҳои истеҳсолӣ ва ғайра.
Баҳодиҳии пулии фондҳои асосӣ барои баҳисобгирии ҷараёни инкишофи онҳо, банақшагирии такрористеҳсоли муайян намудани фарсудашавӣ ва маблағи амортизатсионӣ, арзиши аслии маҳсулот ва даромаднокӣ зарур аст.
Арзиши ибтидоӣ – нархи хариди намуди мазкури фондҳои асосӣ (дастгоҳ ва асбоб); хароҷоти нақлиёт барои дастраснамоӣ, арзиши васл, танзим ва ғайра мебошад. Ин арзиш бо нархи ҳангоми харидани ашёи мазкури барқарорбуда муайян карда мешавад ва дар асоси он андозаи арзиши он дар корхона, рӯихатгирии унсурҳои фондҳои асосӣ, қайди онҳо дар баланси корхона сурат мегирад, ки бо ин сабаб онро арзиши балансии фондҳои асосӣ низ меноманд. Ин нарх дар тамоми муддати кори воситаҳои меҳнат бетағйир боқӣ мемонад ва ҳангоми азнавбаҳодиҳии арзиши фондҳои асосии корхона аз нав дида баромада мешавад. Ҳангоми замонавӣ ё таъмири асосиро иҷро кардан, арзиши онҳо аз нав муайян карда мешавад.
Амортизатсияи фондҳои асосӣ низ мувофиқи ҳаҷми пурраи арзиши ибтидоӣ изофанависӣ карда мешавад.
Арзиши барқароркунии фондҳои асосӣ – арзиши такрористеҳсоли онҳо дар шароити имрӯза мебошад. Андозаи тамоили арзиши барқароркунии фондҳои асосӣ нисбат ба арзиши ибтидоии онҳо аз суръатнокии пешрафти илмӣ – техникӣ, дараҷаи беқурбшавӣ ва ғайра вобаста мебошад.
Арзиши боқимонда – фарқи байни арзиши ибтидоӣ ва барқарорӣ ва маблағи фарсудашавӣ мебошад, ки он ҳоло ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшаванда нагузаштааст.
Баҳои арзишии фондҳои асосӣ барои баҳисобгирӣ, таҳлил ва банақшагирӣ, инчунин барои муайянкунии ҳаҷм ва таркиботи маблаггузорӣ лозим аст.Арзиши боқимонда бо чунин формула хисоб карда мешавад:
Фост = Фп + Ф кап *((Ан*Фп*Т)/100), (3.1)
ки дар ин ҷо Фп – арзиши ибтидоии фондхои асосӣ; Ф кап – арзиши таъмири асосӣ дар тамоми мӯҳлати хазмати фондхои асосӣ; Ан – меъёри амортизатсионии солона %; Т – мӯҳлате, ки дар даввоми он воситаҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд, сол.
Арзиши барҳамдиҳӣ – нархи фурӯши фондҳои асосии фарсуда ва аз кор гирифташуда аст, яъне нархи оҳанпора мебошад.
Азнавбаҳодиҳии фондҳои асосӣ бо ду роҳ сурат мегирад: мумайизӣ ва тавассути маҷмӯи шохисҳои нархӣ.
Дарси дуюм: Такрористехсолии фондхои асоси: Мафҳум, тавсифоти миқдорӣ ва нишондиҳандаҳои ҷараёни тарористеҳсоли фондҳои асосӣ
Такрористеҳсоли фондҳои асосӣ – ҷараёни мунтазами барқароркунии фондҳои асосӣ тавассути ба даст овардани фондҳои асосии нав, таҷдид, таъминоти техникӣ, замонавӣ кардан ва таъмири асосӣ мебошад.
Ҳадафи асосии такрористеҳсоли фондҳои асосӣ – таъмини корхонаҳо бо миқдор ва сифати фондҳои асосӣ, инчунин нигоҳдории онҳо дар ҳолати корӣ мебошад.
Тавсифи миқдории такрористеҳсоли фондҳои асосӣ дар баланси ин фондҳо бо арзиши пурраи ибтидоӣ сабт мешавад, ки барои соҳаҳои гуногуни саноат таҳия шуда, бо формулаи зерин ифода карда мешавад:
Фк = Фн + Фв – Фл
ки дар ин ҷоФк – арзиши фондҳои асосӣ дар интиҳои давраи пешбинишуда;
Фн – арзиши фондҳои асосӣ дар ибтидои давраи пешбинишуда;
Фв – арзиши фондҳои асосие, ки дар муддати давраи пешбинишуда ба кор дароварда мешаванд;
Фл – арзиши фондҳои асосие, кидар муддати давраи пешбинишуда барҳам мехӯранд;
Ба кор даровардани фондҳои асосӣ дар ҳаҷме, ки афзоиши бардавоми дастгоҳҳои истеҳсолиро бо мақсади васеъкунии миқёси истеҳсолот таъмин менамояд, унсури асосии ҷараёни такрористеҳсоли фондҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба кор даровардани сохтмони асосӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

бунёди корхонаҳои нав дар заминҳои нав азхуднамуда;
васеъкунии корхонаҳои фаъолиятбаранда бо воситаи иншооти иловагӣ ба кор даровардани коргоҳҳо ва истеҳсолоти иловагӣ, васеъкунии коргоҳҳои асосӣ ва ёридиҳанда;
таҷдиди корхонаҳои фаъолиятбаранда;
таъминоти техникии истеҳсолоти коркунанда (ҷорӣ намудани техника ва технологияи нав, механикунонӣ ва автомитикунонии ҷараёнҳо).
Одатан ин корҳо аз ҳисоби маблағи хусусӣ ва қарзҳо ба амал бароварда шуда, аз тарафи худи корхона ба нақша гирифта мешаванд.
Арзиши миёнаи солонаи фондҳои асосӣ дар асоси арзиши ибтидоӣ бо эътибори мӯҳлати ҷорикунӣ ва барҳамдиҳии онҳо бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Фср= Фн + ФВВ * ЧВВ/12-Фл*Чл/12 (3.3)
ки дар ин ҷо, Фср – арзиши миёнаи солонаи фондҳои асосӣ;
Фн – арзиши ибтидоии фондҳои асосӣ;
ЧВВ – миқдори моҳҳое, ки фондҳои асосии ҷоришаванда кор мекунанд;
ФЛ – арзиши барҳамхӯрии фондҳои асосӣ;
ЧЛ – миқдори моҳҳое, ки фондҳои асосии барҳамхӯранда кор кардаанд.
Таъмини сатҳи баланди истеҳсоли саноатӣ ва баланд бардоштани самаранокии он такрористеҳсоли васеи заминаи моддӣ-техникии саноатро дар муддати дастгоҳ (аппаррат)-и истеҳсолии он талаб мекунад.
Дар ҷараёни такрористеҳсоли фондҳои асосӣ масъалаҳои асосии зерин ҳал мешаванд:
1) Бо мақсади пешгирии пастравии иқтидори истеҳсолии саноат, ҷуброни воситаҳои меҳнат, ки бо сабабҳои гуногун аз кор баромадаанд;
2) Зиёд кардани миқдори воситаҳои меҳнати истифодашаванда бо мақсади фароҳам овардани заминаи моддӣ барои васеъкунии миқёси истеҳсолоти саноатӣ;
3) Беҳтар намудани таркиби технологии дастгоҳи истеҳсолот ва такмили техникии он.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.