Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Воситаҳои асосӣ ва ахамияти он барои корхона

Барои амиқтар ҳал кардани ҷараёни такрористеҳсоли фондҳои асосӣ нишондиҳандаҳои зеринро монанди коэффисенти таҷдиди фондҳои асосӣ коэфисенти аз корбарии фондҳои асосӣ, фондтаъминотии меҳнат, таъминоти техникии меҳнат ва ғайра истифода бурда мешавад.Намудхои фарсудашави, мафхум ва усулхои хисоби он
Барои амиқтар ҳал кардани ҷараёни такрористеҳсоли фондҳои асосӣ нишондиҳандаҳои зеринро монанди коэффисенти таҷдиди фондҳои асосӣ коэфисенти аз корбарии фондҳои асосӣ, фондтаъминотии меҳнат, таъминоти техникии меҳнат ва ғайра истифода бурда мешавад.
Коэффисенти таҷдиди фондҳои асосӣ тавассути формулаи зерин муайян карда мешавад:
КОБН =(ФВВ/ФК)*100% (4.1)
ки дар ин ҷо КОБН – коэффисиенти таҷдид;
Фк – арзиши фондҳои асосӣ дар охири сол, сомонӣ
Коэффисиенти азкорбарории фондҳои асосӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
КВЫБ =(ФЛ/ФН)*100% (4.2)
ки дар ин ҷо КВЫБ – коэффисиенти азкорбарии фондҳои асосӣ, (%).

Афзоиши андозаи коэффисиенти таҷдид нисбат ба коэффисиенти азкорбароӣ шоҳиди ҷараёни таҷдиди фондҳои асосӣ мебошад, яъне ҷараёни суратгирифтаистодаи таҷдиди фондҳои асосиро нишон медиҳад.
Фарсудашавии фондҳои асосӣ, ҷисмонӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд.
Ҳангоми фарсудашавии ҷисмонӣ барҳамхӯрии арзиши истеҳсолии фондҳои асосӣ ба назар мерасад, яъне бадшавии ҳолати техникӣ- иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар раванди меҳнат, қувваҳои табиат ё истифода набурдани онҳо рӯй медиҳад.
Фарсудашавии маънавӣ одатан пеш аз фарсудашавии ҷисмонӣ рӯй медиҳад, яъне фондҳои асосие, ки онҳоро истифода бурдан мумкин аст, аз ҷиҳати иқтисодӣ бесамар мегарданд ва ин фарсудашавӣ ду намуд дорад.
Фарсудашавии иҷтимоӣ ҳангоми ба талаботи иҷтимоӣ ҷавобгӯ набудани техникаи истифодашаванда, аз қабили ғайриимкон гаштани дараҷаи бланди меҳнати дастӣ, якрангии меҳнат, зарарнокии ихтисос ва ғайра рӯй медиҳад.
Фарсудашавии иқтисодӣ ҳангоми номувофиқ будани техникаи истифодабаранда ба талаботи нави ҳифзи муҳити атроф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ рӯй медиҳад.
Ин намудҳои фарсудашавии таҷҳизот боиси ба вуҷуд омадани зарарҳои гуногуни илмӣ – техникӣ мегарданд. Дар ҳолати истифодаи техникаи кӯҳнашуда онҳоро ҳангоми таъминоти техникӣ, таъмир ва бунёди корхонаи нав ва такмили маҳсулоти истеҳсолшаванда ба эътибор гирифтан лозим аст.
Фарсудашавии ҷисмонӣ дар асоси мӯҳлати кори фондҳои асосӣ муайян карда мешавад:
ИЗНф = (ТФ/ТН)*100%, (4.3)
ки дар ин ҷо Тф – мӯҳлати воқеии кор (сол);
Тн – мӯҳлати нақшавии кор (сол)

Барои аниқтар муайян намудани фарсудашавӣ бояд ҳолати техникии унсурҳои фондҳои асосӣ муайян карда шавад.
Фарсудашавии маънавии намуди якум дар асоси муқоисаи арзиши ибтидоӣ ва барқароркунии таҷҳизот муайян карда мешавад:
ИЗН(№1)= (ФБ –ФВ)/(ФВ)*100%, (4.4)
ки дар ин ҷо ФБ – арзиши ибтидоӣ (сомонӣ);
ФВ – арзиши барқароркунӣ (сомонӣ)

Фарсудашавии маънавии намуди дуюм дар асоси муқоисаи ҳосилнокии таҷҳизот муайян карда мешавад.
ИЗН(№2)= (Пр2 –Пр1)/(Пр2)*100%, (4.5)
ки дар ин ҷо Пр1 – ҳосилнокии фондҳои асосии коркунанда;
Пр2 – ҳосилнокии фондҳои асосии нав.

Аммо ҳангоми чунин муайянкунӣ сарфаи ашёи хом ва масолеҳ ё ки сарфаи қувваи корӣ ба ҳисоб гирифта намешавад, ки аз тарафи фондҳои асосии нав таъмин мегардад. Бинобар ин, барои аниқтар муайян намудани фарсудашавии маънавии намуди дуюм, тавассути истифодаи формулаи зерин фондҳои асосӣ ва хараҷоти истеҳсолотро муқоиса намудан мумкин аст;
ИЗН(№2)= (ИЗД2 –ИЗД1)/(Изд2)*100%, (4.6)
ки дар ин ҷо ИЗД1 – хароҷоти истеҳсолии фондҳои асосии коркунанда;
ИЗД2 – хароҷоти истеҳсолии фондҳои асосии нав
Дарси дуюм: Сиёсати амортизатсиони. Усулхо ва формулахои хисоби ҳиссаҷудокунии амортизатсионӣ
Истилоҳи амортизатсия дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ маънои «ҷовидӣ»-и фондҳои асосӣ, қобиляти ҷуброни фарсудашавӣ ва барқароршавии фондҳои асосиро дорад.
Ҳиссаҷудокунии амортизатсионӣ – ин ифоданамоии пулии андозаи амортизатсия, дараҷа фарсудашавии мувофиқи воситаҳои асосӣ.
Арзиши гузаронидашудаи фондҳои асосӣ дар таркиби маҳсулот доираи истеҳсолотро тарк намуда ба доираи муомилот дохил мешавад.
Баъди фурӯши маҳсулот (табдилёбии М-П) қисми маблағи пулии ба арзиши гузарандаи фондҳои асосӣ, баробар ба хазинаи амортизатсиони дохил шуда, то он андозае андӯхта мешавад, ки асосан ба арзиши ибтидоӣ (ғайр аз фондҳои асосии фарсудашуда) баробар аст.
Хазинаи амортизатсионии мазкур барои харидани унсурҳои нави молии фондҳои асосӣ ба ҷои фарсудашудаи онҳо истифода бурда мешавад, яъне ҷараёни барқароркунии фондҳои асосӣ сурат мегирад.
Вазифаҳои асосии амортизатсия – таъмини такрористеҳсолӣ, барқароркунӣ ва ба ҳисобгирии фондҳои асосӣ мебошад.
Дар таҷрибаи хоҷагидорӣ барои ҳисоби амортизатсия маблағи амортизатсия, яъне ифодаи пули арзиши гузаронидашуда истифода бурда мешавад. Маблағи амортизатсия ба таркиби арзиши аслии маҳсулот дохил мешавад.
Андозаи маблағи амортизатсия мувофиқи меъёри амортизатсия нисбат ба арзиши ибтидоии фондҳои асосӣ бо эътибори мӯҳлати хизмати онҳо муайян карда мешавад. Бинобар ин, меъёри амортизатсия бо формулаи зерин муайян карда мешаванд:

На = (Фп(б) –Фл)/(Фп(б)*Тсл)*100%, (4.7)

ки дар ин ҷо На– меъёри амортизатсияи фондҳои асосӣ дар як сол;
Фп(б) – арзиши ибтидоии (мувозинатии) фондҳои асосӣ;
Фл – арзиши барҳамдиҳии фондҳои асосӣ;
Тсл – мӯҳлати хизмати фондҳои асосӣ

Меъёри амортизатсия – фоизи солонаи бозпардохти фондҳои асосӣ мебошад.

Дар системаи амортизатсия усулҳои изофанависии он аҳамияти калон доранд. Чунки ин усулҳо ба ҳаҷми хазинаи амортзатсионӣ, ба дараҷаи мутобиқати захираҳо дар давраҳои гуногуни кори фондҳои асосӣ, ба андозаи маблағе, ки ба арзиши аслии маҳсулот дохил мешавад, таъсири фаъол доранд.
Дар таҷрибаи изофанависии амортизатсия ду усул: мутаносибӣ ва пастшаванда ё ки усули амортизатсияи суръатнок истифода бурда мешавад.

Ба усули мутаносиби изофонависии амортизатсия инхо тааллук доранд; мунтазам ростхатта, изофанависии фарсудашави вобаста ба мухлати мукарраршудаи хизмати воситахои мехнат ва изофанависии амортизатсия вобаста ба кори ичрошуда.
Нақшаи ҳавасмандкунии амортизатсия бо истифодаи усулҳои амортизатсияи суръатноки фондҳои асосӣ зиёд мегардад. Дар таҷрибаи ҷаҳонb усулҳои гуногуншакли амортизатсияи суръатнок аз қабили пастраванда ва афзуншаванда истифода мешавад. Се намуди асоситарини онҳоро номбар мекунем:

усули қатъи муайяннамудаи мӯҳлати хизмати воситаҳои меҳнат;
усули бақияи камшаванда дар ҳолати меъёри дукарата ё усули фоизи доимӣ;
усули кумилятивӣ, ё усули «ҳосили ҷамъи рақамҳо»
Ҳангоми истифодаи усули якум мӯҳлате, ки дар муддати он арзиши сармояи асосӣ бояд ба хазинаи амортизатсионӣ хориҷнависӣ шавад, муқаррар карда мешавад.

Мафҳуми усули бақияи камшаванда ё ин ки фоизи доимӣ чунин мебошад, ки андозаи амортизатсия аз рӯи меъёри дукаррата (нисбат ба усули мунтазами) бо арзиши боқимондаи фанҳои асосӣ ҳисоб карда мешавад.

Усули куммулятиви, ё усули «ҳосили ҷамъи рақамҳо» ҳар ду усули аввалинро дар бар гирифта аст. Мувофиқи он мӯҳлати хизмати воситаҳои меҳнат ба меъёр дароварда шуда меъёри фарсудашави дар авали истифодаи он зиёд мешавад.

Воситаҳои асосӣ ва аҳамияти он барои корхона

Масъалаи 1. Суммаи солонаи ҳиссагузории амортизатсиониро аз рӯи ин шартҳо муайян намоед:
1) Усули мунтазам росхатта.
Таҷҳизоти арзишаш 120 ҳазор сомонӣ ба даст аворда шуд, ки мӯҳлати фоиданокии истифодаи он 5 сол мебошад. Арзиши барҳамдиҳии таҷҳизот 4000 сомониро ташкил медиҳад.
2) Усули меъёри дукарата.
Таҷҳизоти арзишаш 100 ҳазор сомонӣ ба даст аворда шуд, меъёри амортихатсия 7% ро ташкил медиҳад. Арзиши барҳамдиҳии таҷҳизот 5000 сомониро ташкил медиҳад.
3) усули кумулятивӣ.
Таҷҳизоти арзишаш 15 ҳазор сомонӣ ба даст аворда шуд, ки мӯҳлати фоиданокии истифодаи он 5 сол мебошад. Арзиши барҳамдиҳии таҷҳизот 7000 сомониро ташкил медиҳад
Ҳалли масъала.
1) усули мунтазам росхатта:
1. Меъёри амортихатсионии ҳарсоларо меёбем.
На = 1/5=20%
2. Суммаи солонаи ҳиссагузории амортизатсиони чунин мешавад.:
Аотч = (Фн-Фл)*На = (120 ҳаз.сомонӣ – 4 ҳаз. сомонӣ)*0,2 = 23,2 ҳаз. сомонӣ.
2) усули меъёри дукарата:
1. Меъёри амортизатсионӣ = 2*7% = 14%

Солҳо

суммаи ҳиссагузории амортизатсиони, ҳаз. сомонӣ

арзиши боқимонда, ҳаз. сомонӣ

1-ум сол

100 * 0,14 = 14

100 – 14 = 86

2-ум сол

86 * 0,14 = 12,04

86– 12,04 = 73,96

3-ум сол

73,96 * 0,14 = 10,35

73,96 – 10,35 = 63,61

4-ум сол

63,61 * 0,14 = 8,9

63,61 – 8,9 = 54,7

5-ум сол

54,7 * 0,14 = 7,7

54,7 – 7,7 = 47

6-ум сол

47 * 0,14 = 6,6

47 – 6,6 = 40,4

7-ум сол

40,4 * 0,14 = 5,7

40,4 – 5,7 = 34,7

8-ум сол

34,7 * 0,14 = 4,9

34,7 – 4,9 = 29,8

9-ум сол

29,8 * 0,14 = 4,2

29,8 – 4,2 = 25,6

10-ум сол

25,6 * 0,14 = 3,6

25,6 – 3,6 = 22

2. Усули кумулятивӣ

мӯҳлати хизмат, солҳо

Шумораи солҳо дар тартиби баръакс навишташуда

меъёри амортизатсия

суммаи ҳисагузории амортизатсионӣ, ҳаз. Сомонӣ

арзишӣ боқимонда, ҳаз.. сомонӣ

1

5

5/15

((150-7)*5)/15 = 47,67

143 – 47,67= 95,33

2

4

4/15

143*4/15 = 38,13

95,33 – 38,13 =57,2

3

3

3/15

143*3/15 = 28,6

57,2 – 28,6 = 28,6

4

2

2/15

143*2/15 = 19,067

28,6 – 19,067 = 9,533

5

1

1/15

143*1/15 = 9,533

9,533 – 9,533 = 0

5 сол

15 ҳисса

0

Масъалаи 2 Арзиши ибтидоии дастгоҳ – 50 ҳаз.сомониро ташкил медиҳад пас аз 5 сол арзиши ҳамин гунна дастгоҳҳо 40 ҳаз. сомониро ташкил до, меъёри амортизатсия бошад пештара боқӣ монд– 10%.
Муайян намоед:
А) арзиши боқимондаро дар авали соли шашум;
Б) суммаи талафот аз фарсудашавии маънавӣ.
Ҳалли масъала:

1) Суммаи ҳиссагузории амортизатсионӣ 10% аз 50ҳаз. сомонӣ – 5 ҳаз. сомонӣ.
Арзиши гузаронида шаванда = 5ҳаз . сомони*5сол= 25ҳаз. сомонӣ
Арзиши боқимонда = 50ҳаз. сомонӣ – 25ҳаз. сомонӣ = 2ҳаз. сомони
2) Суммаи талафот (5 сол боқӣ монд)
10% аз 50ҳаз. сомони = 5ҳаз. сомонӣ
5ҳаз. сомони*5 лет = 25 ҳаз. сомонӣ
10% аз 40ҳаз. сомони=4ҳаз. сомонӣ
4ҳаз. сомони*5 сол = 20ҳаз. сомонӣ
Суммаи талафот = 25ҳаз. сомонӣ – 20 ҳаз. сомонӣ = 5ҳаз. сомонӣ ташкил дод.
Маводҳо барои санҷиши ҳафтаина доир ба мавзӯи «Воситаҳои асосӣ ва аҳамияти он барои корхона»
Масъалаи 1.
Суммаи солонаи ҳиссагузории амортизатсиониро аз рӯи ин шартҳо муайян намоед:
1) Усули мунтазам росхатта.
Таҷҳизоти арзишаш 200 ҳазор сомонӣ ба даст аворда шуд, ки мӯҳлати фоиданокии истифодаи он 6 сол мебошад. Арзиши барҳамдиҳии таҷҳизот 5000 сомониро ташкил медиҳад.
2) Усули меъёри дукарата
Таҷҳизоти арзишаш 150 ҳазор сомонӣ ба даст аворда шуд, меъёри амортихатсия 8% ро ташкил медиҳад. Арзиши барҳамдиҳии таҷҳизот 4000 сомониро ташкил медиҳад.
3) усули кумулятивӣ.
Таҷҳизоти арзишаш 250 ҳазор сомонӣ ба даст аворда шуд, ки мӯҳлати фоиданокии истифодаи он 6 сол мебошад. Арзиши барҳамдиҳии таҷҳизот 7000 сомониро ташкил медиҳад
Масъалаи 2
Арзиши ибтидоии дастгоҳ – 70 ҳаз.сомониро ташкил медиҳад пас аз 5 сол арзиши ҳамин гунна дастгоҳҳо 50 ҳаз. сомониро ташкил до, меъёри амортизатсия бошад пештара боқӣ монд– 10%.
Муайян намоед:
А) арзиши боқимондаро дар авали соли шашум;
Б) суммаи талафот аз фарсудашавии маънавӣ.
Масъалаи 3
Арзиши ибтидоии дастгоҳ – 450 ҳаз.сомониро ташкил медиҳад пас аз 5 сол арзиши ҳамин гунна дастгоҳҳо 400 ҳаз. сомониро ташкил до, меъёри амортизатсия бошад пештара боқӣ монд– 10%.
Муайян намоед:
А) арзиши боқимондаро дар авали соли шашум;
Б) суммаи талафот аз фарсудашавии маънавӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.