Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ТАЪМИННОКИИ КОРХОНА БО ҚУВВАИ КОРӢ. ҲОСИЛНОКИИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ КОР

Қувваи корӣ, чунон ки дар фанни «Назарияи иқтисодиёт» тавсиф ёфтааст – маҷмӯи тавоноии ҷисмонӣ ва фикрии инсон ва қобилияти ӯ ба меҳнат мебошад.Дарси якум: Мохият ва аҳамияти «қувваи корӣ». Кадрхои корхона
Қувваи корӣ, чунон ки дар фанни «Назарияи иқтисодиёт» тавсиф ёфтааст – маҷмӯи тавоноии ҷисмонӣ ва фикрии инсон ва қобилияти ӯ ба меҳнат мебошад.
Дар шароити иқтисодёти бозорӣ «қобилият ба меҳнат» қувваи кориро ба мол табдил медиҳад. Аммо ин моли оддӣ набуда, аз дигар молҳо фарқ дорад. Аввалан, он арзишеро ба вуҷуд меорад, ки аз арзиши худаш зиёдтар аст; дуввум, бе ҷалб кардани он ягон намуди истеҳсолро ба роҳ мондан номумкин аст ва саввум, аз он дараҷаи самаранокии истифодабарии фондҳои истеҳсолии асосӣ ва гардон, иқтисоди хоҷагидорӣ дар ягонагӣ вобастагии зиёд дорад.
Шуғл (занятость) – фаъолияти шаҳрвандон мебошад, ки бо қонеъгардонии шахсӣ ва ҷамъиятии онҳо дар асоси гирифтани маош (даромад аз меҳнат) алоқаман мебошад.
Андозаи бозори меҳнат аз рӯи захираҳои меҳнатӣ ва миқёси тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда муайян карда мешавад. Ҳар гуна бозори молӣ хусуситяи худро дорад. Хусусияти бозори меҳнат, ки аз дигар бозорҳои молӣ фарқ мекунад, дар он аст, ки киро ва истифодабарии қувваи корӣ, дар асоси розигии коргар ва соҳиби кор, инчунин бо кафолати иҷтимоӣ аз тарафи давлат сурат мегирад.
Нақши асосӣ дар корхона ба иқтидори кадрӣ тааллуқ дорад зеро, маҳз кадрҳо дар ҷараёни истеҳсолот нақши асосиро мебозанд ва маҳз аз онҳо истифодаи самараноки воситаҳои истеҳсолот ва умуман фаъолияти бомуваффақияти корхона вобаста аст. Бинобар ҳамин дар ҳар як корхона бояд сиёсати кадрӣ коркард ва таҳия гардад, ки он ба мақсадҳои зерин расидан имконият медиҳад:

ташкили ҷомеаи солим ва қобилиятнок ба меҳнат;
баланд бардоштани дараҷаи тахассуси коргарони корхона;
ташкили ҷомеаи меҳнатии беҳтарин, аз ҷиҳати ҳайъати ҷинсӣ ва синнӣ ва дарачаи ихтисос;
ташкили табақаи роҳбарикунандаи баландихтисос, ки ба ҳолатҳои зудтағйирёбанда мутобиқ шуда, унсурҳои пешқадамро ҷорӣ намояд ва ба ояндаи дур назар андохта тавонад.
Сиёсати кадрӣ унсурҳои зеринро дар бар мегирад:

интихоб ва пешбарии кадрҳо;
тайёр намудан кадрҳо ва таҳсили мутассили онҳо;
киро намудани коргарон дар шароити шуғли нопурра;
ҷобаҷокунии коргарон мувофиқи сохтори истеҳсолии бавуҷудомада;
ҳавасмандкунии меҳнат;
такмили ташкили меҳнат;
ташкили шароити мусоиди меҳнат барои коргарони корхона ва ғайра.
Ҷараёни идоракунии корхонаро ба таркиботҳои зерин тақсим намудан мумкин аст: идоракунии техника, иқтисодиёт ва кадрҳо.
Агар ду ҷараёни аввалини идоракунӣ барои мутахассис душворие пеш наорад, мураккабтарин ҷараён идоракунии кадрҳо ба шумор меравад. Зеро, ҳар як аъзои ҷомеаи меҳнатӣ истеъдод ва хулқи ба худ хос дошта, (ҳар як инсон) такрорнашаванда мебошад. Бинобар ин роҳбарони зинаҳои гуногун бояд руҳияи ҳар як коргари тобеи худро донанд, ва дар ин асос бо ӯ чунин муносибат намоянд, то ки коргар истеъдоди доштаи худро пурра истифода барад.
Барои таҳлил, банақшагирӣ, рӯйхатгирӣ ва идоракунии ҳайати коркунон, тамоми коркунони корхона аз рӯи якчанд нишонаҳо тасниф карда мешаванд. Аз чиҳати иштирок дар ҷараёни истеҳсолот тамоми коркунони корхона ба 2 гурӯҳ, ҳайъати коркунони саноатӣ-истеҳсолӣ ва ғайрисаноатӣ тақсим карда мешаванд
Ба ҳайъати коркунони саноатӣ-истеҳсолӣ коркуноне дохил мешаванд, ки бевосита ба истеҳсолот ва хизматрасонии он вобаста мебошанд.
Ба ҳайъати коркунони ғайрисаноатӣ коркуноне тааллуқ доранд, ки бевосита ба истеҳсолот ва хизматрасонии он вобаста нестанд. Асосан онҳо коркунони хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, муассисаҳои бачагона ва тиббӣ-санитарии ба корхона тобеъ мебошанд.
Дар навбати худ ҳайъати коркунони саноатӣ-истеҳсолӣ вобаста аз вазифаи иҷрокунандаи худ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд: коргарон, роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён.
Бакоргарон чунин коркуноне тааллуқ доранд, ки бевосита бо сохтани арзиши моддӣ ё хизматрасонии истеҳсолӣ ва нақлиётӣ машғул ҳастанд. Коргарон дар навбати худ ба асосӣ ва ёридиҳанда тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи коргарони асосӣ коргароне дохил мешаванд, ки бевосита бо истеҳсоли маҳсулот вобаста мебошанд, ба гурӯҳи ёридиҳанда бошад, ёридиҳандагони истеҳсолот дохил мешаванд. Ин тақсимот мутлақ шартӣ буда, дар баъзе ҳолат дар амал аз ҳам фарқ кардани онҳо душвор аст.
Ба мутахассисони корхона муҳосибон, иқтисодчиён, техникҳо, механикҳо, руҳшиносон, ҷомеашиносон, рассомон, молшиносон, технологҳо ва ғайра тааллуқ доранд.
Хизматчиёни корхона аз вакилони таъминот, котибаҳо, хазинадор, коргузорон, табелчиён, мудирони ирсол ва ғайра иборатанд. Ғайр аз чунин таснифоти гурӯҳии қабулшудаи ҳайъати коркунони саноатӣ-истеҳсолӣ, инчунин таснифоти дохилигурӯҳӣ низ мавҷуд аст. Масалан, роҳбарони истеҳсолотро вобаста аз ҷомеаи меҳнатии роҳбарикунандаи онҳо ба хаттӣ ва вазифавӣ тақсим намудан мумкин аст.
Дарси дуюм: Таъминнокии корхона бо қувваи корӣ. Ҳосилнокии мехнат ва музди кор
Барои таҳлил (инъикос)-и тағйирёбии миқдор ва ҳайъати коркунон нишондиҳандаҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Ҳайъати рӯихатиро аз миқдори миёнаи ҳайъати рӯихати фарқ кардан лозим аст.

нишондиҳандаи миқдори миёнаи коргарони рӯихатӣ (Р ё Ч) мувофиқи формулаи зерин муайян карда мешавад.
Ч=(1/2Ч1 + Ч2 + Ч3 + … 1/2 Ч12)/12

(8.1.)

ки дар ин ҷо Ч1,Ч2 ,Ч3 – миқдори коркунон дар ҳар моҳ, нафар

коэффисиенти қабули кадрҳо тавассути таносуби миқдори коркунони дар давраи муайяни вақт ба корхона қабулшуда ба миқдори миёнаи ҳайъати коркунон дар ин давраи муайян ҳисоб карда мешавад.
Кп = (Чп /Ч)*100

(8.2.)

ки дар ин ҷо Чп – миқдори коркунони ба кор қабулшуда;
Ч – миқдори миёнаи рӯихатии коргарон.

коэффисиенти аз кор рафтани кадрҳо тавассути таносуби миқдори коркунони бо сабабҳои гуногун дар давраи мазкур хориҷшуда ба миқдори миёнаи коркунони дар давраи мазкур дар рӯихат буда муайян карда мешавад:

Кв = (Чув/Ч)*100

(8.3.)

ки дар ин ҷо Чув – миқдори коркунони хориҷшуда, нафар

коэффисиенти барқарории кадрҳоро ҳангоми баҳодиҳии сатҳи ташкили идоракунии истеҳсолоти корхона дар якҷоягӣ ва ҳам дар шӯъбаҳои алоҳида истифода бурдан тавсия карда мешавад:
Кс = [1-(Чув /Ч)+Чп] *100, Кс = [(1-Чув )/(Ч+Чп)]

(8.4.)

ки дар ин чо Чув – миқдори коркуноне, ки бо хоҳиши худ ва бо сабаби вайрон намудани қоидаи меҳнат дар давраи ҳисоботӣ хориҷ шудаанд, нафар.

коэффисиенти аз кор рафтани кадрҳо тавассути тақсими миқдори коркунони корхона (коргоҳ, қитъа), ки дар давраи мазкур аз кор рафтаанд ё хориҷ шудаанд ба миқдори миёнаи коргарони рӯихатии ин давра муайян карда мешавад:
Кт = (Чув/Ч)*100

(8.5.)

Барои интихоби кадрҳо усулҳои гуногун истифода мешаванд: тавассути дӯсту хешовандон, эълон дар рӯзномаҳо, садо ва симо, паҳнкунии эълонҳо, инчунин тавассути марказҳои шуғли аҳолӣ.
Барои муайян кардани ҳосилнокии меҳнат, самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ дар саноат ду нишондиҳандаи асосӣ истифода бурда мешаванд: коркард ва меҳнаталабӣ. Коркард бо миқдори маҳсулоти дар воҳиди вақт истеҳсолшуда ба як нафар коргар ё коркуни рӯихатӣ муайян карда мешавад. Ин нишондиҳандаи маъмултарин ва комили ҳосилнокии меҳнат мебошад. Се усули муайянкунии коркард вуҷуд дорад: натуралӣ, арзишӣ ва меҳнатӣ.
Коркард бо усули натуралӣ ё арзишӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Пт = Q/Чср (8.6)
ки дар ин ҷо Q – ҳаҷми маҳсулоти молӣ ё (умумӣ ё фурӯхташуда) ё ҳаҷми маҳсулот дар ифодаи натуралӣ, сомонӣ
Чср – миқдори миёнаи рӯихатии коргарон (коркунон).

Дарси сеюм: «Таъминнокии корхона бо қувваи корӣ»

Масъалаи 1. Дар соли ҳисоботи ҳаҷми барориши маҳсулот 750 млн.сомониро ташкил дод, шумораи миёнаи ҲКСИ 150 нафар мебошад. Дар соли нақшавӣ ҳаҷми маҳсулоти молӣ 810буда, ҳосилнокии меҳнати як коргар бояд ба 7% зиёд шавад.Муайян намоед: 1) ҳосилнокии меҳнати як коргарро дар соли нақшавӣ ва ҳисоботӣ; 2) шумораи миёнаи рӯихати коргарони ҲКСИ – ро дар соли нақшавӣ.
Ҳалли масъала:
1) Птб = TRб/Nб = 750/150 = 5 млн.сомони/ба 1 наф.
Пт.пл = Птб +7% от Птб = 5 + 0,35 = 5,35 млн.сомони/ба 1 наф.
2) N.пл = TR.пл/ Пт.пл = 810/5,35 = 151,4 ≈ 151 нафар коргар
Масъалаи 2. Шумораи миенаи рӯихатии коргарони корхона дар як сол 600 нафарро ташкил дод. Дар давоми сол азкор рафтагон бо хоҳиши худ 36 нафар, барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ 5 нафар, ба нафақа баромадагон 11 нафар, ба такмили ихтисос ё ба хизмати ҳарбӣ рафтагон 13 нафар, ба дигар ихтисос ё ба дигар қисматҳо гузаштагон 30 нафарро ташкил медиҳад.Муайян намоед:

коэффисиенти аз кор рафтани кадрҳо бао хоҳиши худ ва вайронкунии интизоми меҳнатӣ;
коэффисиенти аз кор рафтани кадрҳо
Ҳалли масъала:
1) Кт = Чув.п.ж/Чср = (36 +5)/600 = 0,068 ё 6,8 %
2) Кв = Чув/Чср = (36 + 5 + 11 + 13)/600 = 65/600 = 0,108 ё 10,8%
Масъалаи 3. Аз ҳисоби аз навкунии таҷҳизот миқдори коркарди маҳсулот ба як коргар дар давраи нақшавӣ аз 60000 то 64000 зиёд шуд. Ҳаҷми маҳсулоти баровардашуда дар ин вақт 120 ҳаз.сомониро ташкил дод.Муайян намоед, ки болоравии ҳосилнокии меҳнат ва сарфаи қувваи корӣ чӣ гуна тағир меёбад?
Ҳалли масъала
Ҳангоми коркарди базисӣ шумораи коргарон: 120 000 000/60 000 = 2000 нафарро ташкил дода буд, ҳангоми баланд шудани ҳосилнокии меҳнат чунин мешавад: 120 000 000/64 000 = 1875 нафар; сарфаи қувваи корӣ бошад: 2000 – 1875 = 125 нафар; ҳосилнокии меҳнат ба 6,6% [(64 000/60 000)100]боло меравад.

Масъалаи 4 Ғунҷоиши нақшавии меҳнати мол 500 соат (нормо-часов), хароҷотҳои хақиқии меҳнат 420 соатро ташкил медиҳад. Чорабинии техники-организатсионӣ аз рӯи нақша ворид карда шуд, ки барои кам кардани ғунҷоиши нақшавии меҳнат то 440 соат (дар меъёри иҷроиши нақша 110%) равона карда шудаст.
Ҳалли масъала

Нишондиҳандаҳо
хароҷоти маҳнат, соат

Ҳосилнокӣ %

ғунҷоиши меҳнатии нақшавӣ то ворид намудани чорабинӣ

500

ғунҷоиши ҳақиқии нақшавӣ то ворид намудан

420

ғунҷоиши меҳнатии нақшавӣ баъди ворид намудан

440

ғунҷоиши меҳнатии нақшавӣ баъди воридот (ҳосилнокии нақшавӣ 110%)

440/1,1=400

420/400=105%
яъне ба 5% зиёд мешавад.

Масъалаи 5. Дар завод 2100 коргарон мавҷуданд. Ҳамаи коргарон дар соли нақшавӣ ба отпуски навбатӣ ҳуқуқ доранд. Аз миқдори умумии коргарон 1555 нафар дар шароити мӯътадили меҳнат машғул мебошанд, аз онҳо 5 нафар наврасон тосинни 18 сола, ки ба онҳо отпускаи моҳона дода мешавад, 245 нафар коргарон дар шароити зараровари меҳнат кор карда, хуқуқи 6 рӯз ба отпуск илова карданро доранд, 300 нафари онҳ дар шароити аз ҳама зараровари мехнат кормекунанд, ва ба отпускаи онҳо 12 рӯз илова карда мешавад.
Муайян намоед:

вазни хоси ҳар як гурӯхи дар боло овардашударо ёбед;
2. шумораи рӯзҳои отпук барои ҳар яки ин гурӯҳҳо
Ҳалли масъала.

Категорияи коргарон
шумораи коргарон

вазни қиёс

отпуски додашуда, рӯзҳо

коргарон
ҳамагӣ:
коргарон
инчунин
наврасон

2100
1555

5

100
74

30

когарони дар шароити зараровар

245

11,67

36

еоргарон дар шароити махсусан зараровар.

300

14,3

42

Маводҳо барои санҷиши ҳафтаина доир ба мавзӯи «Таъминнокии корхона бо қувваи корӣ»

Масъалаи 1. Дар соли ҳисоботи ҳаҷми барориши маҳсулот 350 млн.сомониро ташкил дод, шумораи миёнаи ҲКСИ 100 нафар мебошад. Дар соли нақшавӣ ҳаҷми маҳсулоти молӣ 420 буда, ҳосилнокии меҳнати як коргар бояд ба 8% зиёд шавад.
Муайян намоед:
1) ҳосилнокии меҳнати як коргарро дар соли нақшавӣ ва ҳисоботӣ;
2) шумораи миёнаи рӯихати коргарони ҲКСИ – ро дар соли нақшавӣ.
Масъалаи 2. Шумораи миенаи рӯихатии коргарони корхона дар як сол 400 нафарро ташкил дод. Дар давоми сол азкор рафтагон бо хоҳиши худ 15 нафар, барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ 5 нафар, ба нафақа баромадагон 11 нафар, ба такмили ихтисос ё ба хизмати ҳарбӣ рафтагон 13 нафар, ба дигар ихтисос ё ба дигар қисматҳо гузаштагон 30 нафарро ташкил медиҳад.
Муайян намоед:

коэффисиенти аз кор рафтани кадрҳо бао хоҳиши худ ва вайронкунии интизоми меҳнатӣ;
коэффисиенти аз кор рафтани кадрҳо
Масъалаи 3. Шумораи миёнаи рӯихатии коргарони корхона дар як сол 1200 нафарро ташкил медиҳад. Давомнокии ҳафтаи кории 920 нафари онҳо 40 соат, 200 нафари дигарашон 70 соат, ва 10 нафаридигар бошад, 24 соатро ташкил медиҳад. Ҳамаи коргарон дар як ҳафта панҷ рӯз кор мекунанд.
Муайян намоед:

вазни хоси ҳар як гурӯҳи номбаршуда;
давомнокии миёнаи рӯзи корӣ;
давомнокии миёнаи ҳафтаи корӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.